logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 8 сентябри соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Бист сол пеш халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ - истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди бузургро бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.
Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлил ва ҷамъбасту хулоса намудани рӯйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрӯза ва чашмандозӣ ба оянда водор мекунад. Аз ин нуқтаи назар, истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо дар марзи ду садсола падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем.
Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
 Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд.
Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.
Бинобар ин, бо камоли ифтихор фарорасии ин ҷашни сарнавиштсозу муқаддаси миллӣ - бистумин солгарди истиқлолияти давлатиро ба тамоми мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва кулли тоҷикони ҷаҳон, ки Меҳани азизи моро хонаи умеди худ меҳисобанд, самимона табрик мегӯям.
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Роҳи таърихие, ки мову шумо дар бист соли охир тай кардем, шоҳроҳи ҳамвор набуд ва ёфтани миёнроҳи тиллоӣ низ амри маҳол менамуд.
Тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла шумо - ҳозирини гиромӣ, хуб огоҳед, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза мо чӣ қадар мамониату маҳрумият ва мушкилоти сахту сангинро паси сар кардем.
Аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд.
Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрванди мо ҷони худро аз даст дода, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуд. Ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмӯъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид.
Даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад. Зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳарашон маҳрум гардида, зиёда аз  50 ҳазор кӯдак ятим мондааст.
Зиёда аз ин,  миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Вале бархилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, нерӯҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро  интихоб карданд.
Бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир  гузошта шуд.
Имрӯз бо гузашти бист сол бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва ба дӯши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсӯз зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, чӣ масъулияти бузурге афтода буд. Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд.
Зеро ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб менамуд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, шӯълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд. Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба нерӯҳои солим ва рӯҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам.
Аз ин лиҳоз, дар ин лаҳзаҳои таърихӣ бори дигар дар назди халқи куҳанбунёду солори тоҷик сари таъзим фуруд меорам.
Мо аз рӯзҳои аввали фаъолиятамон дар баробари амалӣ намудани ҳамаи тадбирҳо дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва хомӯш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ ба барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ шурӯъ намудем.
Бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумат гуфтушунид бо мухолифин ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори сулҳ оғоз гардид. Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт, ба мо муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи худ 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расонем.
Баъди зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик дар даврони истиқлолият мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст. 
Имрӯз аз ин минбари баланд бо сарфарозӣ ба мардуми Тоҷикистон изҳор менамоям: мо ҳама якҷо аз имтиҳони сангини таърих бо матонату сарбаландӣ гузаштем.
Яъне вазифаҳои асосиеро, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат муайян гардида буданд, бо вуҷуди ҳама монеаву мушкилот дар амал татбиқ намудем: як миллион гурезаҳои иҷбориро ба Ватан баргардонидем, созишномаи сулҳро ба имзо расонидем, фаъолияти тамоми шохаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонунро барқарор намудем ва роҳи бунёдкориву созандагиро пеш гирифтем.
Маҳз дар заминаи қарорҳои қабулнамудаи иҷлосияи мазкур вазифаҳои муҳими ояндасоз, пеш аз ҳама,  барқарор кардани харобаҳои ҷанг, баррасӣ ва қабули рамзҳои давлати соҳибистиқлол, ҷорӣ намудани муносибатҳои нави сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ  зина ба зина ҳаллу фасл гардиданд.
Дар зарфи бист сол мо падидаву омилҳои сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, бо дарназардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем.
Дар ин давра бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он парламенти касбии иборат аз ду палата ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин замина фаъолияти мақомоти олии қонунгузор ва иҷроияи  мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шуданд.
Маҳз дар ҳамин давра мо ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тамоми халқу миллатҳои мутамаддин барои эъмори он талош меварзанд, шурӯъ намудем. Имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои рушду такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар ин замина таъмин намудани фаъолияти озодонаи ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори омма тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.
Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд; яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил - Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ таҳти назорати онҳо қарор дода шуд.
Бо дарназардошти роҳи пуршебу фарози дар тӯли ин солҳо тайшуда, мо  доим таъкид месозем, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Албатта, рушди устувори давлату давлатдорӣ дар заминаи хушку холӣ ва фосилаи кӯтоҳи таърихӣ аз имкон берун буда, барои амалӣ намудани он вақт ва шароити муносиби иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарур аст.
Аз ин рӯ, мо ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосии ин давра эълон намудем.
Яъне таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумат мебошад.
Дар ҳамин асос ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян шуданд.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати татбиқи минбаъдаи ин ҳадафҳо Ҳукумати кишвар азми қатъӣ дорад, ки масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, ҳамчунин тақвияти иқтидори содиротии кишвар, беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳсозии вазъи бозори меҳнат ва рушди инсонро пайгирона ҳаллу фасл намояд.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоид ба вуҷуд омад, ки раванди ислоҳот ва рушди бонизоми иқтисоди миллӣ мунтазам идома ёфта, тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум бемайлон татбиқ карда шаванд.
Дар ин замина ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои амалкунанда аз соли 1997 то имрӯз 58 баробар зиёд шуда, соли ҷорӣ тақрибан 30 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод, ки қариб ба 4000 сомонӣ ба ҳар сари аҳолии кишвар баробар мебошад ва афзоиши миёнаи солонаи он беш аз 7 фоизро ташкил медиҳад.
Агар ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба сари ҳар нафар аҳолии кишвар дар соли 1997 ҳамагӣ 19,8 сомониро ташкил карда бошад, пас он дар соли 2011 1060 сомониро ташкил медиҳад.
Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба соли 1997 - ум 43 баробар ва дигар нишондиҳандаи муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар - даромади буҷети давлатӣ ба сари ҳар нафар аҳолии кишвар аз соли 1998 инҷониб тадриҷан афзоиш ёфта, соли ҷорӣ қариб 54 баробар зиёд гардидааст.
Бояд гуфт, ки мақсади асосии сиёсати хароҷоти буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, дастгирии ҳамаҷонибаи рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, инчунин тадриҷан зиёд кардани андозаи маошу нафақаи аҳолии мамлакат ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.
Ҳамин тавр, музди миёнаи як коргар дар мамлакат соли ҷорӣ нисбат ба соли 1997-ум 89 баробар зиёд гардида, ҳоло беш аз 440 сомониро ташкил медиҳад ва андозаи миёнаи нафақа 118 баробар афзудааст.
Илова бар ин, дар натиҷаи татбиқи Стратегияи миллии рушд муяссар шуд, ки суботи иқтисодӣ таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ба таври назаррас коҳиш дода шавад. Солҳои охир ин нишондиҳанда 30 фоиз паст шуда, вазъи иқтисодиву иҷтимоии зиёда аз ду миллион нафар сокини кишвар беҳтар гардид.
Дар 13 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 109 миллион сомонии соли 1997, имсол ба 8,3 миллиард сомонӣ мерасад, ки ин рақам нисбат ба соли зикршуда 76 баробар зиёд аст. Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки ҳамаи ин нишондиҳандаҳо моро ҳоло ҳам қонеъ карда наметавонанд.
Дар ин давра Ҳукумат як силсила барномаҳои сармоягузории давлатиро таҳия ва қабул кард, ки дар онҳо ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ афзалият дода шудааст.
Ҳоло дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ 56 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,2 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Дар маҷмӯъ тӯли даҳ соли охир зиёда аз 150 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард  сомонӣ ва 200 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақим амалӣ шудааст.
Лоиҳаҳои мазкур, пеш аз ҳама, барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо роҳи сохтмон ва таҷдиди иншооти иҷтимоӣ ва инфраструктура равона шудаанд.
Яке аз рукнҳои асосии иқтисодиёт саноат буда, сатҳи рушди он далели иқтидору имкониятҳои ҳар як давлат аст. Дар кишвари мо имрӯз барои таъмини рушди соҳа заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва мо тавассути қабули барномаҳо, аз ҷумла дар самти коркарди ниҳоии алюминий, маъдан, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, саноати сабук ва хӯрокворӣ ба пешрафти ҳамаҷонибаи соҳа аҳамияти  махсус медиҳем.
Ҳоло истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 1997 беш аз 2,5 баробар афзоиш ёфта, пешрафти назарраси бахшҳои саноати сабук, металлургия, хӯрокворӣ, истеҳсоли таҷҳизот, саноати химия ва масолеҳи сохтмон ба даст омадааст.
Агар дар соли 1991 миқдори корхонаҳои хусусиву ғайридавлатӣ ҳамагӣ 2400 адад бошад, пас дар натиҷаи амалишавии сиёсати дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ шумораи корхонаҳои хусусиву муштарак дар соли 2011 ба 18 680 адад расидааст, яъне қариб 8 баробар зиёд гардидааст.
Танҳо дар даҳ соли охир шумораи корхонаҳои ғайридавлативу муштарак аз 10600 то ба 18680 афзудааст.
Дар соҳаи саноат дар давоми даҳ соли охир беш аз 90 ҳазор ҷои корӣ таъсис гардида, имрӯз зиёда аз 40 фоизи маҳсулот дар бахши хусусӣ истеҳсол мешавад.
Минбаъд низ зарур аст, ки барои боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва пеш аз ҳама, маҳсулоти саноатӣ  ворид кардани таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолии нав ва таҷдиди корхонаҳои мавҷуда густариш дода, иқтидори содиротии мамлакат таҳким бахшида шавад.
Бояд гуфт, ки кишвари мо дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, ояндаи он низ аз истифодаи самарабахшу оқилонаи ин навъи нерӯ вобастагии калон дорад, зеро танҳо таъмини истиқлолияти энергетикӣ метавонад ба рушду тавсеаи ҳамаи соҳаҳои иқтисоди мамлакат такони ҷиддӣ бахшад.
Аз сабаби коҳиш ёфтани захираҳои нафту газ дар ҷаҳон нархи маҳсулоти нафтӣ торафт баланд шуда истодааст, ки ин ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мо таъсири манфӣ расонида, сабаби асосии болоравии арзиши молу маҳсулот мегардад.
Чунин вазъият моро водор сохт, ки барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ таваҷҷӯҳи бештар диҳем. Солҳои охир дар кишвар зиёда аз 260 нерӯгоҳи хурду миёнаи барқи обӣ, инчунин хатҳои баландшиддати интиқоли барқ бунёд гардида, шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ба вуҷуд оварда шуд.
Ҳоло корҳои сохтмону таҷдид дар иншооти азиму стратегии кишвар - нерӯгоҳҳои барқи обии "Роғун", "Сангтӯда - 2", инчунин нерӯгоҳҳои хурду миёна дар ҳавзаи дарёҳои Вахшу Зарафшон ва Варзоб, аз ҷумла нерӯгоҳи "Норак" босуръат идома доранд.
Омили дигари муҳим дар пешрафти иқтисод рушди инфраструктураи нақлиёт ба шумор меравад. Маълум аст, ки кишвари мо ба сабаби кӯҳсор буданаш дар давоми даҳсолаҳо бинобар набудани роҳ ба се қисмат ҷудо буд ва ҳамасола қариб шаш моҳ рафтуомади одамон аз як қисмат ба қисмати дигари мамлакат имкон надошт.
Бо мақсади таъмини рафтуомади доимии мардуми қисматҳои гуногуни кишварамон мо дар даврони истиқлолият як қатор шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳоро сохта, мавриди истифодаи умум қарор додем.
Дар ин давра 1700 километр роҳҳои мошингард, 17 километр нақб ва беш аз 100 пул бунёд ва барқарор карда шуд. Мо минбаъд низ барои таъмиру таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ ва дохилӣ талош хоҳем кард, зеро роҳҳо шоҳрагҳои асосии рушди иқтисоди ҳар як кишвар ва василаи ба ҳам наздик шудани одамон мебошанд.
Тавре ки шумо медонед, мо дар назди худ вазифа гузошта будем, ки кишварамонро то ҷашни 20 - солагии истиқлолияти давлатӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ мебахшем. 
То имрӯз мо қариб тамоми инфраструктураи нақлиёти автомобилиро навсозӣ карда, Тоҷикистонро ба қаламрави воҳид табдил додем ва рафтуомади доимии нақлиётиро ба тамоми манотиқи кишвар, инчунин ба давлатҳои ҳамсоя таъмин намудем. Ва ҳоло бо ифтихор гуфта метавонем, ки ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии давлат - раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ расидем.
Ҳамватанони мо хуб дар ёд доранд, ки дар замони қабл аз истиқлолият зиёда аз 50 фоизи сокинони қаламрави кишвар ва аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб пурра аз тамошои барномаҳои телевизиони Тоҷикистон маҳрум буданд. Имрӯз аз баракати соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо чор шабакаи телевизиони давлатӣ амал мекунад ва фарогирии қаламрави мамлакат бо мавҷи онҳо беш аз                     90 фоизро ташкил медиҳад.
Мехоҳам дар ин ҷо таваҷҷӯҳи шуморо боз ба як нукта, ки бо масъалаи демография вобаста мебошад, ҷалб созам. Ҳангоми таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне соли 1929 шумораи аҳолӣ тақрибан 1 миллион нафарро ташкил медод. Имрӯз ин рақам қариб ба 8 миллион нафар расидааст ва танҳо дар даҳ соли охир аҳолии мамлакат беш аз якуним миллион нафар зиёд шудааст.
Табиист, ки афзоиши босуръати аҳолӣ боиси ба вуҷуд омадани як қатор мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад. Дар шароите, ки 93 дарсади масоҳати кишварро кӯҳсорон ташкил медиҳанд, чунин вазъият моро водор месозад, ки истифодаи оқилона ва самараноки ҳар як ваҷаб заминро таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафи дигари стратегиамон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ мунтазам саъю талош варзем.
Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки маҳз бо ҳамин мақсад баъд аз андешаву баҳсҳои зиёд мо ҳанӯз чанд сол пеш 75 ҳазор гектар заминро ба мардум тақсим карда будем ва чунонки ҳама дар ёд доранд, ин иқдом дар он айём мардумро аз хатари воқеии гуруснагӣ наҷот дод.
Ҳамин тариқ, Ҳукумати Тоҷикистон азми қатъӣ дорад, ки рушди иқтисоди миллиро бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда дар давоми 5 соли наздик дар сатҳи 7 - 8 фоиз таъмин намояд, ки ин ҷиҳати рушди устувори кишвар ва торафт баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як шаҳрванд заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. 
Дӯстони азиз!
Тавре ки таҷрибаи ҷаҳони муосир нишон медиҳад, давлате, ки ба рушди соҳаи илм,  махсусан илмҳои техникӣ ва технологияҳои муосир диққати зарурӣ намедиҳад, ба пешравӣ ноил намегардад. Бо дарназардошти ин, Ҳукумат аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба нерӯҳои ақлонии мамлакат, махсусан олимон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, дар ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву  фарҳангӣ аз хулосаҳои илмӣ, донишу малака ва дархосту пешниҳодҳои онҳо васеъ истифода менамояд.
Бо мақсади рушди босуботи илм ва технологияҳои муосир мо ислоҳоти Академияи илмҳои кишварро амалӣ сохта, дар баробари ин, маоши кормандони соҳаи илмро қариб се баробар зиёд намудем.
Қобили зикр аст, ки дар замони истиқлолият илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардидаанд. Зеро ин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд. 
Бо дарназардошти ин, бахусус тайи даҳ соли охир дар соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ шуд. Дар ин самт Ҳукумат оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсили миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияҳои нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Имрӯз метавонем изҳор намоем, ки дар ин самт мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки ҳамчун дастоварди шоистаи даврони истиқлолият дар соҳаи маориф ба имзо расид, Созишнома дар бораи эътирофи маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо ба шумор меравад. Ҳуҷҷати мазкур ба хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар имкон медиҳад, ки дар давлатҳои Аврупо низ кору фаъолият карда, донишу таҷрибаи худро таҳким бахшанд.
Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодӣ Ҳукумати кишвар ҳаҷми маблағгузориро ба соҳаи маориф мунтазам зиёд менамояд. Масалан, агар ҳаҷми умумии маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф дар соли 2000-ум  ба 41 миллион сомонӣ баробар бошад, пас дар соли 2011 ин рақам якуним миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар мамлакат беш аз 1200 бинои мактаби ҳозиразамон барои зиёда аз 310 ҳазор ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ ба маротиб афзуда, аз 13 мактаби олии соли 1991 ҳоло ба 30 адад расидааст.
Теъдоди донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар агар то замони истиқлолият  69 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, имрӯз ин рақам ба 160 ҳазор нафар баробар шудааст, ки далели равшани сол ба сол бештар ба таълим ҷалб гардидани ҷавонон мебошад.
Мусаллам аст, ки мақому манзалати ҳар миллат ба андозаи саҳми он дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ва маънавиёти башарӣ, илму адаб, ҳунару санъат ва пурғановат сохтани махзани арзишҳои олии инсонӣ муайян карда мешавад.
Аз ин нуқтаи назар, нақш ва маҳсули кору пайкори тоҷикон дар рушди илму фарҳанги оламиён ба эътирофи умум хеле назаррас аст. Ёдовар шудан кофист, ки тамаддуни мардуми ориёинажод, мероси маънавии аҷдоди фарҳангсозу фарҳангпарвари мо яке аз пояҳои тамаддуни ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Мо бояд аз ин ифтихор кунем ва ҳамеша саъю талош намоем, ки пайравони сазовор ва ворисони арзандаи абармардони миллатамон бошем ва чароғи илму маърифатро ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорем.
Маҳз бо ҳамин мақсад мо бузургдошти шахсиятҳои мӯътабари таърихӣ, чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ, илму адаб ва фарҳангу маърифат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Имоми Аъзам, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзодаро, ки дар давраҳои гуногун дар ташаккули тамаддун ва давлатсозии мо саҳми арзишманд гузоштаанд, бо шукӯҳи хоса ва мӯҳтавои тоза таҷлил намудем.    
Ворид гардидани маҷмааи ёдгориҳои таърихии Саразми панҷҳазорсола ба мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО худ як дастоварди бузург ва эътирофи қадру манзалати мероси ниёгони мо дар тамаддуни башарӣ мебошад. Ҳоло ҳашт ёдгории нодири дигар барои ворид намудан ба рӯйхати ин созмони бонуфуз пешниҳод шудааст.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯзи Аҷам ба рушди минбаъдаи фарҳанги мо ва афзудани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон такони тозае бахшид.
Боиси ифтихор аст, ки дар давраи истиқлолият аҳли санъат ва ҳунари тоҷик ҳамчун парчамбардорони фарҳанги бостонии миллати мо дар бонуфузтарин саҳнаҳои мамолики Шарқу Ғарб бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ карда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ба таври сазовор муаррифӣ сохтанд ва таваҷҷӯҳи оламиёнро ба тамаддуни бостонӣ, осори гаронбаҳои таърихӣ ва анъанаҳои пурғановати миллии мо ҷалб намуданд.
Ҳукумати кишвар ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷӯҳи ҳамаҷониба зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар зарфи бист соли истиқлолият дар манотиқи  гуногуни мамлакат зиёда аз 800 муассисаи тандурустӣ сохта ё таъмиру барқарор гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин шудааст.
Дар ин давра Ҳукумат бо мақсади беҳдошти шароити зиндагӣ ва кору фаъолияти самараноки табибон маблағгузории соҳаи тандурустиро аз    956 ҳазор сомонӣ ба 600 миллион сомонӣ расонидааст, ки ин нисбат ба соли 1992-юм беш аз 620 баробар зиёд мебошад.
Ҳамин тариқ, дар тӯли солҳои истиқлолият барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ кардани низоми муосири идоракунии соҳаи тандурустӣ, беҳбуди захираҳои кадрӣ ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.
Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ зарур аст, ки раванди ислоҳот густариш бахшида, дар ин самт ҳамаи чораҳои лозима, аз ҷумла доир ба пешрафти тибби хусусӣ амалӣ шаванд.
Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад.
Дар ҳама давру замон забони тоҷикӣ дар ҳастӣ ва бақои миллати сарбаланду тамаддунсозамон нақши ҳалкунанда доштааст.
Бояд бо ифтихор иброз дошт, ки пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз ин рӯ, давлати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа медонад ва ин арзишҳои муқаддасро гиромӣ медорад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони давлатӣ ва таҳкими мақоми он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати татбиқи ин сиёсат тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.
Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст.
Фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад.
Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки  сиёсии худ истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохуш собит сохтанд.
Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Ин амр аз тамоми ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст.
Яке аз корҳои муҳимтарин дар ин самт боз ҳам тараққӣ додани варзиш, оммавигардонии варзиш ва таблиғи ҳамаҷонибаи тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳувият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардид.
Дар баробари ин, метавон гуфт, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ба вуҷуд овардани рӯҳия ва муҳити озод дар ҷомеа мебошад. Мо зери ин мафҳум таъмини бузургтарин ҳуқуқҳои инсон - озодии сухан, озодии виҷдон, гуногунандешӣ, фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро дар назар дорем. Чунки ташаккули ҷомеаи демократӣ бе ин падидаҳо ғайриимкон аст.
Дар даврони истиқлолият узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидани Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ ва робитаҳои дипломатӣ бо бисёр кишварҳои ҷаҳон далели эътироф гардидани кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ба шарофати роҳи интихобкардаамон имрӯз  олам кишвари моро ҳамчун ҷонибдори устувори равандҳои ҳамгироии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои судманду баробарманфиати иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва таъмину таҳкими сулҳу субот дар ҳамаи сатҳҳо - миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ мешиносад.
Ин ҳама самараи татбиқи воқеии самтҳои стратегӣ ва усулҳои асосии сиёсати хориҷии давлат - ҳифзу таъмини манфиатҳои миллии кишвар, баланд бардоштани обрӯ ва эътибори он дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди беруна барои таҳкими истиқлолияти миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар мебошад.
Имрӯз ҷавҳари сиёсати хориҷии кишварро консепсияи "дарҳои кушода" ва мавқеи устувори прагматикӣ нисбат ба масъалаҳои умдаи байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои хориҷӣ ташкил медиҳад.
Пешбурди муваффақонаи чунин сиёсати беруна ба мо имконият медиҳад, ки ҳамқадами раванди бозсозиҳои ҷаҳонӣ бошем ва доираи ҳамкориҳои судманди давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона васеъ гардонем.   
Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо 124 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст.
Тоҷикистон имрӯз узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва чандин сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавии дигар мебошад.
Маҳз маҳсули ташаббусҳои Тоҷикистон буд, ки аз ҷониби  Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун "Соли байналмилалии оби тоза", солҳои 2005-2015 чун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт" ва  соли 2013 ба ҳайси "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об"  эълон гардид. 
Самти дигари самарабахши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бахши фарҳангиву гуманитарӣ мебошад. Моро зарур аст, ки  дар оянда низ ба густариш ва тавсеаи доираи муносибатҳои худ дар ин бахш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем. Зеро робитаҳои васеи фарҳангиву гуманитарӣ омили муҳими инкишофи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории миёни халқҳо мебошад.
Дар шароити ҳассоси имрӯза, ки мо пешорӯи хатари воқеии бархӯрди тамаддунҳо қарор гирифтаем,  шиносоии бештару фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни қадимаи халқи тоҷик ва дар навбати худ баҳрабардорӣ аз дастовардҳои фарҳангиву илмии дигар халқҳои ҷаҳон, бахусус дар масъалаҳои истифода аз дастовардҳои ақлонӣ ва тафаккури инсонӣ   аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. 
Ҳамватанони азиз!
Яке аз музаффариятҳои бузурги даврони истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем.
Аслан, истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд. Танҳо дар сурати пойдории ваҳдати комил истиқлолияти Ватан таҳким меёбад ва побарҷо мемонад. Ва дар навбати худ ҳифзу таҳкими истиқлолият ҳамчун замина барои такомули ваҳдати миллӣ ва дӯстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамон хизмат менамояд.
Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлолият ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Ҳар қадар, ки аз ин санаи тақдирсоз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузургу сарнавиштсози ин ду мафҳуми муқаддас барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар равшантар мегардад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад.
Пештар дар хусуси ба падидаи ҷаҳонӣ табдил ёфтани иди бузурги ниёгонамон - Наврӯзи оламафрӯз ишора шуд. Воқеан, таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз аз ҷавҳари фарҳанги ориёӣ падид омада, сипас дар ақсои олам густариш ёфт ва ҳазорон сол аст, ки шукӯҳмандонаву пирӯзмандона аз канораҳои баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш ва аз кӯҳсорони Қавқоз то Халиҷи Форс доман густурда, дар дилу дидаи халқҳову қавмҳои бешумор маскан гирифтааст.
Аҷдоди мо Наврӯзро Рӯзи умед мехонданд. Ин  бесабаб нест. Зеро умед - муҳимтарин мафҳуми шуури суннатии мо буда, ҷанбаи некбинонаи  ормони миллиамонро ифода менамояд. Ин маънӣ дар Суруди Миллиамон хеле ҷаззоб ифода ёфтааст. Яъне истиқлолият барои мо амсоли Наврӯзи сиёсист, зеро он аз умеду орзу ба фардои неки Ватан ва сарсабзиҳои ояндаи миллат, ба шукуфоии ҷовидонии кишвари хуршедиамон - Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол саршор мебошад.
Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 20 - солагии истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.              
Имрӯз бо камоли ифтихор ва бо сари баланду рӯи сурх гуфта метавонем, ки мо ҳамчун давлат - давлати миллӣ ва давлати соҳибистиқлол ташаккул ёфтем.             
Ва муҳимтар аз ҳама, дар даврони истиқлолият як насли нав - насли озод аз қолабҳои идеологӣ ва маҳдудиятҳои мафкуравӣ, дорои тафаккуру ҷаҳонбинии нав дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ба камол расида, рӯи саҳнаи зиндагӣ омад, ки мо дар оянда метавонем парчами давлати соҳибистиқлоли худро дилпурона ба дасти он супорем.  
Ман бовар дорам, ки мардуми баору номуси мо бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавии худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу сарсабз менамоянд, шӯҳрати онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, дар бунёди ҷомеаи адолатпарвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазои худро мегузоранд ва бо ҳамин роҳ сарнавишти таърихии халқамонро, ки аз истиқлол ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ибтидо мегирад, сарбаландона идома медиҳанд.        
Бигзор, азму иродаи шикастнопазир ва нерӯи офарандаи халқамон моро ба сӯи кору пайкорҳои созанда ва фатҳу нусратҳои тоза ҳидоят намояд.            
Бигзор, парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва бар фарози сарзамини аҷдодиамон то абад парафшон бошад!      
Роҳу иқболат дурахшон, истиқлолиятат поянда ва умрат ҷовидон бод, Тоҷикистони азиз ва ба ҷон баробари мо!      
Ҷашни 20-солагии истиқлол муборак бод, ҳамватанони азиз!
Ҳамеша саломату сарбаланд ва хушбахту пирӯз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2011    №: 134-135 (21 950-951)    Мутолиа карданд: 767

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед