logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи бинои баландошёнаи Маркази соҳибкории "Душанбе-Плаза" дар шаҳри Душанбе, 6 сентябри соли 2011

Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо ба истиқболи сазовори бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамон дар гӯшаву канори мамлакат иншооти таъиноти гуногун ба фаъолият оғоз карда, ба ин ҷашни бузурги миллиамон шукӯҳу ҷалоли тоза бахшида истодаанд.
Даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ, хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, муҷассамаву манораи рамзҳои муҳими давлатӣ - Нишон ва Парчами Тоҷикистон симои пойтахти кишварамон - шаҳри Душанберо куллан дигаргун намудаанд.
Маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатии кишвар ҳоло шаҳри Душанбе дар арсаи олам ҳамчун пойтахти давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон шинохта шуда, ба макони баргузории форуму симпозиумҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳои сарони давлатҳову ҷашнҳои ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилӣ ва шоҳроҳҳои мошингарди Душанбе - Кӯлоб -Хоруғ то сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин, Душанбе - Ваҳдат - Нуробод то сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, Душанбе - Хуҷанд -Чанак, Душанбе - Қӯрғонтеппа - Дӯстӣ то сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имконият фароҳам овард, ки дар баробари ободсозии дили Ватан, ҳамзамон дар чор самт - шарқу ғарб ва шимолу ҷануб робитаҳои нақлиётии доимӣ бо маркази кишвар таъмин карда шавад.
Бояд қайд намуд, ки созандагиву бунёдкориҳо мероси қадимаи халқи тоҷик буда, ҳанӯз аз замонҳои қадими давлатдории худ, махсусан дар асрҳои IX ва X халқи тоҷик бо санъати волои сохтмонӣ ва муҳандисиву меъморӣ, бо бунёди қасрҳо ва қалъаву манораҳои азим дар арсаи олам шӯҳрат пайдо намудааст.
Дар ин радиф бахшида ба ҷашни истиқлолияти миллӣ ифтитоҳи бинои баландошёнаи Маркази тиҷоратии "Душанбе - Плаза" дар пойтахти кишвар, ки ҳоло аз баландтарин биноҳои маишиву хизматрасонӣ дар кишвар мебошад, бо ҳашамату баландӣ ба шаҳри Душанбе азамату зебоӣ ва таровати дигаре зам намуда истодааст, ки ин лаҳзаҳо мавриди расмии баҳрабардории сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат қарор дода мешавад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш аввалан кулли мардуми пойтахтро ба муносибати бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон табрик гуфта, ба меъморону мутахассисон ва бинокорони ин иншооти азим изҳори сипос менамоям.
Сохтмони иншооти "Душанбе - Плаза" дар охири соли 2009 бо маблағгузори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби ташкилоти пудратии "Тоҷ - Сохтмон - Байналмилал" оғоз гардида, дар масоҳати беш аз 39 ҳазор метри мураббаъ бунёд шудааст. Арзиши умумии иншооти мазкур қариб 164 миллион сомонӣ буда, он аз 22 ошёна иборат мебошад ва бо санъати меъмории муосир сохта шудааст.
"Душанбе - Плаза" дорои марказҳои иттилоотӣ, намоишгоҳҳои сайёр, толорҳо барои машваратҳои расмии сатҳи олӣ, утоқҳо барои намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ, утоқҳои маъмурӣ, тарабхона ва меҳмонхона барои 40 ҷойи истиқомат мебошад. Сохтмон ва баҳрабардории чунин иншооти маишиву хизматрасонӣ дар баробари ҳусну тобиши худ барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, ташкили сатҳи баланди хизматрасонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳону меҳмонон ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Муҳимтар аз ҳама, бунёди ин гуна иншооти бузурги маишиву хизматрасонӣ нишонаи осудагиву оромии кишвар ва муаррифгари рушди фарҳангиву иқтисодии он дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ва мо итминон дорем, ки анъанаи бунёди чунин иншооти баландошёнаи хуштарҳу замонавӣ минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Зеро давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло барои дастгирии соҳибкорӣ ва пеш аз ҳама, соҳибкории истеҳсолӣ тамоми шароит ва заминаҳоро фароҳам овардааст ва азми қатъӣ дорад, ки ин равандро минбаъд низ идома бахшад.
Дӯстони азиз!
Душанбе пойтахти кишвар ва хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон буда, маҳз бо ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола ба нишондиҳандаҳои назарраси иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гардида истодааст. Танҳо дар давоми 10 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳри Душанбе 5 баробар афзоиш ёфта, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо беш аз 3,8 миллиард сомонӣ сармояи асосӣ аз худ гардидааст ва ба маблағи наздик 3 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор дароварда шудаанд.
Дар замони истиқлолият дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва таъмини шаҳрвандон бо манзили истиқоматӣ 1,2 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ бунёд карда шуда, дар ин самт корҳо бомаром идома доранд.
Илова бар ин, танҳо дар рӯзҳои ҷашни истиқлолият дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор додани даҳҳо иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла ба кор оғоз намудани корхонаи кабелбарорӣ бо иқтидори коркарди то 12 ҳазор тонна алюминий дар як сол, корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф бо иқтидори 10 ҳазор лампа дар як шабонарӯз ва мавриди истифода қарор дода шудани се маҷмааи варзишиву Боғи фарҳангу фароғати пойтахт, ки бо супориши Ҳукумати мамлакат бунёд шудаанд, ба фазои идонаи пойтахти Ватан шаҳомати хоса зам менамояд.
Ҳамзамон бо ин, тавре ки шумо аллакай огоҳ ҳастед, давоми рӯзҳои охир ҷиҳати дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе бунёд намудани боз якчанд иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ хишти аввали корхонаи васлу насби нақлиёти барқӣ ва дучархаҳо, сохтмони беморхонаи шаҳрии бисёрсоҳа барои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули то 800 нафар, инчунин биноҳои маъмурии Кумитаи андоз ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гузошта шуданд.
Ҳамин тавр, ҷараёни босуръати бунёди садҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ дар дили Ватанамон гувоҳи ободиву рушди бемайлони он ва амалишавии ҳадафҳои созандагиву бунёдкориҳои даврони истиқлолият мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як сокини шаҳри Душанбе ва кулли мардуми кишвар аз он ифтихор доранд, ки пойтахти мамлакатамон рӯз аз рӯз симои зеботар ва ба худ муносибро доро шуда истодааст.
Бинобар ин, ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки бо шукрона аз истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа барои ободии Ватан, аз ҷумла пойтахти он саъю талош варзем ва барои пешрафти давлати соҳибистиқлоламон садоқатмандона заҳмат кашем.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар табрику таҳният гуфта, ба шумо хонаи ободу рӯзгори осуда, сарбаландиву иқболи нек ва барори кор орзу менамоям!
Ҳамеша шоду пирӯз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2011    №: 134-135 (21 950-951)    Мутолиа карданд: 698

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед