logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ба истифода супурдани Боғи фарҳангу фароғат дар шаҳри Душанбе, 6 сентябри соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Вақтҳои охир ва хусусан дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон - бистумин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои ободониву созандагӣ бо суръати бесобиқа идома ёфта, бо дастгирии давлат ва Ҳукумати мамлакат садҳо иншооти нави иҷтимоиву фарҳангӣ ба истифода дода шуданд.
Ин лаҳзаҳо мову шумо шоҳиди боз як рӯйдоди фараҳбахши раванди созандагиву ободонии Ватан, яъне маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Боғи фарҳангу фароғат дар ин гӯшаи зебоманзари пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе ҳастем.
Аз ин лиҳоз, фарорасии ҷашни озодиву соҳибихтиёрии мамлакат ва ба анҷом расидани корҳои сохтмони ин иншооти зебои замонавиро ба ҳамаи шумо - намояндагони сокинони шаҳри Душанбе ва тамоми мардуми пойтахт табрик гуфта, ҳамчунин, ба меъморону бинокорон, мутахассисон ва ҳамаи онҳое, ки дар омода сохтани чунин тӯҳфаи воқеан арзандаи идона барои мардуми пойтахт саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.
Боғи фарҳангу фароғат дар яке аз ҷойҳои хушманзараи пойтахти мамлакат ҷойгир гардида, ҳадаф аз бунёди он фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат ва баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишиву фарҳангӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мебошад. Бунёди ин боғ бо арзиши умумии қариб 80 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат гирифта, масоҳати умумии иншоот 150 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, хотирнишон кардан зарур аст, ки дар Боғи фарҳангу фароғат биноҳои ҷолибу зебо, аз қабили қалъаи афсонавӣ, қаҳвахона, бинои шоҳмоту саққобозӣ, ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр барои 1080 ҷойи нишаст, инчунин 5 фаввора, беш аз 30 номгӯй аттраксионҳои гуногун ва чойхонаи барҳавои "Буниҳисорак" дар масоҳати 520 метри мураббаъ барои истироҳату фароғати шаҳрвандон эъмор гардидааст. Илова бар ин, дар ҳудуди боғ майдончаҳои варзишӣ барои бозии теннис, баскетбол, волейбол, гандбол, футболи хурд ва майдончаи бозиҳои чархакронӣ, ки дар маҷмӯъ масоҳати қариб се ҳазор метри мураббаъро дар бар мегиранд, сохта шудааст.
Бо бунёди чунин марказҳои фароғату қасрҳои варзишӣ шумораи ҷавонони варзишгар хеле зиёд шуда, ҳамзамон бо ин, садҳо нафар шаҳрвандони мо, бахусус ҷавонон, бо ҷойҳои нави кори доимӣ таъмин мегарданд ва шароити зиндагии ҳазорҳо нафар сокинони кишвар беҳтар мешавад.
Албатта, бояд гуфт, ки бунёди ин боғ ва дигар иншооти то имрӯз ба истифода додашуда аз баракати соҳибистиқлолии кишвар, пойдории сулҳу субот, фазои орому осуда ва заҳмати созандаи мардуми бофарҳангу ободгарамон муяссар гаштааст.
Солҳои охир дар пойтахти кишварамон сохтмон ва таъмиру таҷдиди манзилҳои истиқомативу муассисаҳои хизматрасонӣ, мактабу кӯдакистонҳо, корхонаҳои истеҳсоливу марказҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои тандурустиву меҳмонхонаҳо ва маҷмааҳои варзишӣ босуръат идома ёфта, пойтахти мамлакатамон ба як шаҳри пешрафтаву зебои замонавӣ мубаддал гардида истодааст.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар баробари андешидани чораҳо дар самти пешрафти дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ба рушди соҳаи варзиш, фарҳанг ва истироҳату фароғати мардум низ аҳамияти ҷиддӣ дода, ҳифзи саломатии аҳолӣ, оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солимро яке аз ҳадафҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ медонад.
Соли 2008 таҷдиди Боғи марказии ба номи устод Рӯдакиро ба муносибати ҷашни 1150 - солагии зодрӯзи ин фарзанди фарзонаи миллатамон бо истифода аз унсурҳои миллӣ ва санъати муосири боғдорӣ анҷом додем, ки имрӯз ба макони хуби истироҳату фароғати пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе табдил ёфтааст. Илова бар ин, бо дастгирии Ҳукумати кишвар собиқ боғи ботаникии пойтахт азнавсозӣ гардид, ки имрӯз бо номи Боғи Ирам воқеан ба як пораи биҳишт дар қаламрави Тоҷикистони азиз мубаддал гаштааст.
Моҳи марти соли равон дар рӯбарӯи боғи имрӯза барои варзишу истироҳати бофароғати варзишгарону сокинони пойтахт санги асоси бунёди кохи теннис ва ҳавзи шиноварии мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муосири байналмилалиро гузоштем.
Бунёди ин маҷмааи варзишӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат гирифта, арзиши он тибқи лоиҳа зиёда аз 300 миллион сомонӣ, баробар ба 45 миллион евроро ташкил медиҳад ва бо анҷом ёфтани сохтмони он дар кишварамон боз як маркази бузурги варзишӣ таъсис дода мешавад.
Давлату Ҳукумати кишвар минбаъд низ барои ободу зебо гардидани пойтахти давлати соҳибистиқлоламон ва ба макони истироҳату фароғати сокинони пойтахт ва тамоми ҳамватанону меҳмонони сершумор табдил додани он ҳамаи чораҳоро андешида, ҷиҳати татбиқи нақшаҳои ободкорӣ маблағҳои заруриро равона месозад.
Итминони комил дорам, ки ифтитоҳи иншооти фарҳангиву фароғатии имрӯза ба симои пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе ҳусни хоса бахшида, барои тарбияи зебоишиносии кӯдакону наврасон, бо варзиш бештар машғул шудани ҷавонон ва истироҳату фароғати калонсолону меҳмонони пойтахт ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Ҳамчунин бовар дорам, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон сокинони пойтахт, аз ҷумла ҷавононро водор месозад, ки барои ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю талоши бештар намоянд.
Дар охир, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни таърихии миллиамон - бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор гирифтани Боғи фарҳангу фароғатӣ табрик гуфта, бароятон тани сиҳату хонаи обод ва сарбаландиву сарфарозӣ орзу менамоям.
Ҷашни истиқлолу озодии Ватан муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Ҳамеша хушбахту пирӯз бошед! 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2011    №: 134-135 (21 950-951)    Мутолиа карданд: 619

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед