logo

илм

«Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» - рӯйдоде дар таърихи нави забони миллӣ

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барҳақ мефармояд: "Забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он "Авасто"-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки "Худойномак"-у "Таърихи мулуки Аҷам"-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом "Шоҳнома"-ву "Маснавии маънавӣ"-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи шӯравӣ ба ҳар навъе аз бӯҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро бо қалами Айниву Турсунзода ва аллома Ғафуров бинависад".

Ганҷинаи кохи баланду бегазанди сухан ва вожагони забони тоҷикӣ шумораи зиёди фарҳангу луғатномаҳои умумӣ ва тафсирии забон мебошад, ки теъдоди то ба ҳол маълуми онро донишмандон аз 200 то 250 китоб донистаанд. Дар шароити имрӯзии рушди фарҳангнигории ҷаҳон таҳияи фарҳангҳои умумии тафсирӣ ҳадафҳои мушаххаси илмиву амалӣ дорад. Нахуст аз ҳама ҷамъоварии вожагони забон ва бо як меъёри вожанигорӣ таҳия ва пешниҳод кардани он дар шакли фарҳангҳои тафсирӣ зинаҳои муайянро дар бар мегирад. Чунин фарҳангҳо аз лиҳози ҳаҷм, андоза, мавод, тарзи таҳия ва фарогирии ҳадафҳо гуногун мешаванд. Агар "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ", ки соли 2008 дар "Соли забони тоҷикӣ" дар таҳрири аввал ва соли 2010 бо таҳриру иловаҳо чоп гардид, фарҳанги мутавассит ва миёна бошад, пас "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ", ки имсол дар айёми 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп мешавад, фарҳанги хосатан ҷомеъ ва муфассал аст.
Бояд гуфт, ки масъалаи таҳияи фарҳангҳои гуногунҳадафи забони тоҷикӣ дар маркази таваҷҷӯҳи давлат қарор дошта, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид шудааст. Аз ҷумла, дар мулоқоти худ бо зиёиёни кишвар моҳи марти соли 2002 ба ин масъала таваҷҷӯҳ намуда, Сарвари давлат мефармояд: "Имрӯз мо ба услуби илмӣ, забони суфтаю шево ва оммафаҳми матбуот, забони коргузории устувор, истилоҳоти ягонаи соҳаҳо, луғатҳои тафсирии якзабона, дузабона, имлои нисбатан возеҳу ба меъёрҳои забонамон хос эҳтиёҷ дорем, то ки низоми  бомароми рушди забон таъмин гардад ва ба густариши минбаъдаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа замина гузорад".
Дар  ин  давра  бо  супориши  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷашни Соли забони тоҷикӣ-соли 2008, аз тарафи Институти забон ва адабиёти ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ" (дар ду ҷилд, ҳудуди 80 000 вожаву ибора) чоп шуд, ки дар таърихи фарҳангнигории тоҷик баъд аз "Фарҳанги забони тоҷикӣ" рӯйдоди муҳиме гардид. Ин фарҳанг мутавассит буда, калимаву ибораҳо ва ибораҳои фразеологӣ бе овардани намуна аз осори адибону суханварон шарҳу тафсир гардидааст. Хусусияти хоси таҳияи он инъикоси  вижагиҳои  умдаи забони тоҷикии адабии давраи классикӣ то садаи ХХ ва дар ин замина баҳрабардории фишурда аз "Фарҳанги забони тоҷикӣ" ва луғату фарҳангҳои давраи классикӣ бидуни овардани шоҳидҳо аз осори шоирон ва адибони давру замонаҳои гуногун, истифодаи васеъ аз комёбию дастовардҳои фарҳангсозону луғатнигорони ҳамзабонони хеш - Эрону Афғонистон ва дар ин замина  аз фарҳангу луғатҳои ҳамзабононамон интихоби луғату вожаҳои серистеъмоли барои ҳама фаҳмову муштарак, интихоб ва истифодаи воҳидҳои луғавӣ аз забони тоҷикии муосир, аз ҷумла забони гуфтугӯӣ, ки дар фарҳангу луғатҳои пешин корбаст нашудаанд, мебошад.
Таҳияи ин фарҳанг қадами муҳиме барои омода кардани "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" гардид.
Фарҳангнигорӣ бахше аз илми забоншиносӣ буда, фарҳангу луғатномаҳо мувофиқи меъёрҳои илмӣ ва принсипҳои муайяни дар муддати ҳазорсолаҳо сайқалёфта таҳия мешавад.
Мувофиқи супориши Сарвари давлат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар (моҳи марти соли 2007)  таҳияи "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" бо истифода аз таҷриба ва меъёрҳои "Фарҳанги забони тоҷикӣ" ва дигар луғатномаҳои мавҷудаи  тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ" соли 2008 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз гардид. Зарурати таҳияи ин фарҳанг дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо зиёиёни кишвар 21 марти соли 2009 бори дигар ба таври зерин таъкид гардида буд. "Дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо вазифаи таълифи "Фарҳанги тафсирии мукаммали забони тоҷикӣ" иборат аз 6 ҷилд гузошта шудааст ва табъу нашри он дар зарфи 5 соли наздик бояд ба анҷом расад". Лоиҳаи таҳияи ин фарҳанг дар шаш ҷилд соли 2008 тасдиқ ва маблағгузории он аз аввали соли 2009 оғоз гардид.
Бо мақсади иҷрои ин дастури Сардори давлат гурӯҳи ходимони илмии шӯъбаи фарҳангнигории Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон даст ба таълифи фарҳанги тафсирии мукаммал ва ё ба андозае комилтар ва ҷомеътари забони тоҷикӣ заданд.
Дар ин пажӯҳишгоҳ ҷамъоварии маводи фарҳангҳои давраи классикӣ, осори нависандагон ва шоирони тоҷик, матнҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ, матбуот ва лаҳҷаҳои гуногуни забони тоҷикӣ аз ибтидои садаи ХХ оғоз шуда, то ба ҳол идома дорад. То ба имрӯз дар ганҷинаи ду шӯъбаи Институт - шӯъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот ва шӯъбаи забон зиёда аз 4,5 миллион барга бо вожаҳои мисолдор аз осори давраҳои гуногуни рушди забони тоҷикӣ ҷамъоварӣ шудааст. Ҳадаф аз ҷамъоварии ин мавод пеш аз ҳама бунёди ганҷинаи вожагони забони тоҷикӣ (Бонки забон) бо фарогирии тамоми вожаҳои забони адабӣ ва лаҳҷаҳои забон бо овардани намунаҳои мисол-шоҳидҳо аз осори забонӣ мебошад. Барои анҷоми чунин як пажӯҳиши муфассал ҷамъоварии фарҳангҳо, таҳияи феҳристи мукаммали он, тартиб додани маҷмӯаи баргаҳои хаттӣ ва компютерии вожагон (бо намунаҳо аз осори гузаштагон), таҳқиқи илмии ҷанбаҳои гуногуни фарҳангнигорӣ, таҳия ва нашри матни интиқодии фарҳангҳои пешин зарур аст. Анҷоми чунин таҳқиқоти муфассалу бунёдӣ вақти зиёде гирифта, мавҷудияти як маркази умумии таҳқиқи муқоисавии фарҳангҳои тоҷикиро тақозо менамояд, то силсилаи масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва хусусан фарҳангнигории тоҷик баррасӣ гардад. Таҳия ва нашри "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" яке аз зинаҳои анҷоми ин барномаи пажӯҳишӣ мебошад.
"Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" дар заминаи се фарҳанг - "Фарҳанги забони тоҷикӣ" (1969), "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ" (чопи аввал соли 2008 ва чопи дувум соли 2010) ва "Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ" (2004-2006), ки дар онҳо таркиби луғавию сарвати фразеологии забони тоҷикӣ дар муддати 30-40 соли охир як андоза ҷамъ  ва ба тартиб оварда шудааст,  инчунин дар асоси маводи ганҷинаи баргаҳои калимаҳои мисолдори шӯъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот, ки дар тайи беш аз 70 соли мавҷудияти шӯъба аз осори хаттии адабӣ ва илмии даврони гузашта ва аз асарҳои муосири адабиву илмии оммавӣ, аз нашрияҳои расмӣ ва матбуоти даврӣ интихоб ва ҷамъоварӣ гардидаанд, таълиф ёфтааст.  Бо такя ба супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи сарчашмаҳои муосири фарҳангнигории кишварҳои ҳамзабон дар таҳияи ин фарҳанг аз маъхазҳои мӯътамади фарҳангнигории Эрону Афғонистон, махсусан аз фарҳангҳои "Луғатнома"-и Деҳхудо, "Фарҳанги бузурги сухан"-и Ҳасани Анварӣ, "Фарҳанги Муин"-и Муҳаммади Муин, "Фарҳанги Амид"-и Ҳасани Амид ва як силсила фарҳангу луғатномаҳои умумӣ ва соҳавӣ низ ба таври васеъ истифода шудааст.   
Ин фарҳанг дорои тақрибан 200 ҳазор калима ва таркибу ибораҳои тафсиршуда буда, аз ҷиҳати ҳаҷм тахминан 400 ҷузъи таълифиро ташкил медиҳад.
Чопи фарҳанг дар шаш ҷилд дар назар буд, вале ба сабаби фаровон будани маводи ҷамъшуда эҳтимол шумораи ҷилдҳои он бештар гардад.
Ҷилди аввали "Фарҳанги мукаммали  забони тоҷикӣ" соли 2010 омода шуд, вале бо сабаби ба Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш чопи он ба рӯзҳои ҷашн мувофиқ омад. Дар ин муддат  таҳияи ҷилдҳои дигар идома ёфта, ҳоло ду ҷилд - ҷилди аввал ва ҷилди дувуми "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" (ҳарфҳои А - 835 с., Б - 870 с.) ба чоп омода шудааст.
Қисмати ҳарфҳои В, Г, Ғ, Д, Е, Ё, Ж, З, К низ дар ҳоли таҳия буда, беш аз 30 донишманд (бо кормандони техникӣ) аз собиқ Институти забон ва адабиёт, факултаҳои забон ва адабиёт ва забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои тартиб додани он машғули кор мебошанд. Дар таҳияи фарҳанг аз осори шоирону нависандагон ва донишмандони барҷастаи давраи классикӣ, Шӯравӣ ва истиқлол ба шумули осори  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фаровон истифода шудааст.
Умуман, таҳия ва чопи ин фарҳанг дар шаш ҷилд то соли 2016 пешбинӣ шудааст. Вале таҷрибаи таҳияи ду ҷилди аввал нишон дод, ки дар сурати оқилона истифода кардани маблағҳои ҷудошуда ва маблағҳое, ки аз ҳисоби фурӯши ҷилдҳои он ба даст меоянд, бояд дар доираи ин лоиҳа, бе ҷалби маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ як марказ ё муассисаи илмии таҳияи фарҳангҳои умумӣ, соҳавӣ, дузабонӣ ё чандзабона таъсис  ёбад. Зеро таҳияи чунин фарҳангҳо ба рушди забони давлатӣ ва ҳамчунин ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ мусоидат  хоҳад кард.
Таҳияи "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" аз рӯи ҳаҷм, андоза ва маводи пешниҳодгардида дар таърихи фарҳангнигории Тоҷикистон бори аввал сурат гирифта, ҳадафи асосии он бароварда сохтани ниёзи қишрҳои мухталифи ҷомеаи мо дар истифодаи осори давраи классикии забони тоҷикӣ ва ҳам матну осори нависандагон ва адибону донишмандони муосири тоҷик мебошад.
Таҳияи "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" дар таърихи нави забони тоҷикӣ рӯйдоди басо муҳим буда, он бузургтарин дастоварди фарҳангии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият хоҳад буд.

Сайфиддин НАЗАРЗОДА,
доктори илми филология, роҳбари Лоиҳаи "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2011    №: 134-135 (21 950-951)    Мутолиа карданд: 1232

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед