logo

сафарҳо

Дар Ҳисори Шодмон "Файзи истиқлол" қомат меафрозад

Субҳи  4 октябри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,  барои ба кор даровардани як корхонаи азими ресандагӣ, оғози сохтмони корхонаҳои бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ, Донишкадаи саноати сабук ва ҳамчунин барои мулоқоту сӯҳбатҳо бо мардум ба ноҳияи Ҳисор рафт.
Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлатро дар назди корхонаи навбунёди ресандагӣ, ки дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор қарор дорад, бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатасоси бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Бо буридани лентаи рамзӣ ва зер кардани тугмача корхонаи нави ресандагии ноҳияи Ҳисор, ки даври якуми он бо харҷи 12 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, дорои иқтидори солонаи коркарди 4 ҳазор  тонна нахи пахта мебошад, ба кор дароварда шуд.
Дар ин корхона дастгоҳҳои ресандагии технологияи навтарини итолиёвӣ аз ширкати соҳибнуфузи "Marzoli" васл гардидаанд, ки аксари корҳоро ба таври автоматӣ иҷро мекунанд. Бо вуҷуди дастгоҳҳои навтарини автоматӣ дар ин корхона 180 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад. Оянда корхонаи ресандагии мазкур васеъ гардида, дорои иқтидори солонаи коркарди 8 ҳазор тонна нахи пахта мешавад ва шумораи коргаронаш ба 260 нафар хоҳад расид.
Риштаҳои хушсифате, ки дар ин корхона истеҳсол мешаванд, дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд. Тавре иттилоъ дода шуд, қарордодҳои фурӯши риштаи корхона аллакай бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Италия баста шудаанд.
Ба иттилои сармуҳандис ва лоиҳакаши асосии корхона Франко Феррарӣ, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Италия мебошад, ин 27 - ум корхонаи нассоҷӣ аст, ки бо иштироки ӯ тарроҳӣ ва сохта мешавад ва он дорои навтарин дастгоҳу технологияҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Ба андешаи ин мутахассиси варзидаи соҳа, "Тоҷикистон дорои пахтаи аълосифат ва мардуми хушзеҳну болаёқат аст".
- Вуҷуди се омили асосӣ, яъне ашёи хоми аълосифат, мардуми хушзеҳну болаёқат ва технологияҳои навтарини имрӯз воридшаванда имкон медиҳанд, ки Тоҷикистон оянда дар самти истеҳсоли ришта, матоъ ва либосҳои пахтагин дар ҷаҳон пешсафу пешқадам гардад, - таъкид дошт Франко Феррарӣ.
Минбаъд, тибқи талабу супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон,  Сарвари давлат, қисмати зиёди риштаҳои ин ва дигар корхонаҳои ресандагӣ дар корхонаҳои бофандагӣ, рангу бори матоъ ва дӯхти либоси худи Тоҷикистон коркард хоҳанд шуд, зеро чандто чунин корхона ҳоло дар ҳоли сохтмону васлгарӣ ва таҷҳиз қарор доранд.
Дар ноҳияи Ҳисор низ ҳамин рӯз дар паҳлуи корхонаи ресандагӣ бо гузоштани сангӣ асос ва нома ба наслҳои оянда  сохтмони корхонаи нави бофандагӣ ва  рангубори матоъҳо оғоз ёфт, ки идомаи тадбирҳои муҳим барои коркарди амиқи нахи пахта дар дохили кишвар хоҳад буд.
Дар шафати ин корхонаҳо Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо гузоштани санги нахуст ва нома ба наслҳои оянда, ҳамчунин ба бунёди Донишкадаи саноати сабук оғоз бахшид.
Тавре зикр гардид, дар ин донишкада мутахассисони миёна ва олии саноати сабук, пеш аз ҳама барои кор дар корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯхти либосҳои пахтагин омода хоҳанд шуд. Афзалияти асосии ин донишкада дар паҳлуяш вуҷуд доштани силсилаи корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯхти либосҳои гуногун хоҳад буд, ки ба он чун заминаи асосии моддию техникии таълимӣ, пеш аз ҳама барои дарсҳои амалӣ, хизмат хоҳанд кард.
Дар паҳлуи рости роҳи мошингарди Душанбе - Ҳисор -Турсунзода бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти кишвар,  корҳои сохтмону васлгарии корхонаи дӯхти либосҳои пахтагин, ки таъмингари коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ хоҳад буд, вусъати тоза пайдо намуд.
Бояд таъкид кард, ки баробари ба кор даромадани ин корхона дар он зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ муҳайё мешавад ва қисмати зиёди риштаҳою матоъҳои корхонаҳои навбунёди ресандагӣ, бофандагӣ ва рангубори матоъҳои Ҳисор дар ҳамин ҷо коркард хоҳанд шуд.
Дар ин корхонаҳо ҳар сол беш аз 6 миллион метри тулонӣ ё худ 10 миллион метри мураббаъ матоъ ва 4 миллион дона куртаҳои мардона ва кӯдакона истеҳсол хоҳад гашт. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  ба масъулон дастур дод, ки дар ин корхона дӯхти на камтар аз 10 намуди либосҳои гуногун, аз ҷумла шиму костюм низ бо технологияҳои навтарин ва сифати бозоргир ба роҳ монда шавад.
Месазад таъкид намуд, ки то ин вақт ноҳияи Ҳисор асосан бо кишоварзию тиҷорат шӯҳрат дорад. Пас аз ба кор даромадани ин ва дигар корхонаҳои навбунёди истеҳсолӣ ҳиссаи саноат низ дар маҷмӯи маҳсулоти маҳаллии ноҳияи Ҳисор ва ҳиссагузории ин ноҳия ба буҷети ҷумҳуриявӣ боз ҳам  афзун хоҳад шуд. 
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ҳисор, ҳамчунин як корхонаи бузурги металлургӣ дар ҳоли сохтмону васлгарӣ қарор дорад, ки то Наврӯзи соли 2012 навбати аввали он бояд фаъол  шавад. Баробари ба кор даромадани навбати аввали корхона, ки дорои иқтидори солонаи 250 ҳазор тонна арматураи хушсифати диаметраш аз 10 то 42 мм мебошад, дар он 470 нафар бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳад шуд.
Дар навбати дуюм баъди васли гудозандаҳои доменӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи гуногуни сохтмонии металлӣ шумораи коргарон ба зиёда аз 2 ҳазор нафар ва иқтидори умумии солонаи корхона ба 450 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр хоҳад расид.
Чи тавре ки гуфтанд, дар марҳилаи аввал ин корхона зиёда аз 450 ҳазор тонна оҳанпораҳои партови КВД "Ширкати алюминийи тоҷик"-ро коркард намуда, аз онҳо бо гузарондани 13 амалиёти технологӣ арматураи хушсифат истеҳсол мекунад. Дар навбати дуюми корхона коркарди маъдани табиии оҳан аз конҳои Тоҷикистон ва истеҳсоли масолеҳи гуногуни сохтмонии металлӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Ҳисор солҳои охир ҳамчунин як қатор корхонаҳои хишт ба кор даромадаанд, ки дар зиёд намудани ҳиссаи саноат дар нишондодҳои иқтисодии ҷумҳурӣ  нақши намоён доранд. Дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,  бо натиҷаи кишти такрории деҳқонони хоҷагии деҳқонии "Баракати чорводор" аз наздик шинос шуд.
Ба иттилои роҳбари хоҷагӣ Маҳмадалӣ Қувватов, онҳо дар 42 га замини корами обӣ баъди ҷамъоварии ғалла, ки аз ҳар гектараш ба ҳисоби миёна 62 сентнерӣ гандум ҷамъоварӣ намудаанд, такроран ҷуворимака барои хӯроки чорво кишт кардаанд. Онҳо аз ҳар гектар кишти такрории ҷуворимаккаи  навъи амрикоӣ, 45 - тоннагӣ хӯроки ширадори чорво ҷамъоварӣ карданианд. Ниҳолҳои ҷуворимакка беш аз 4 метр қад кашидаанд. Ба гуфти мутахассисон, дар кишти асосӣ ин навъ то 6 метр  қад кашида, то 60 - 70 тонна ҳосили хӯроки ширадори чорво ё худ силос медиҳад, албатта, дар сурати нигоҳубини дуруст ва риояи қоидаҳои агротехникӣ. Аҳли заҳмати ин хоҷагӣ аз ҳар гектари пиёз 850 - сентнерӣ ва аз замини лаблабуи хӯроки чорво 1200- сентнерӣ ҳосил рӯёндаанд.
Дар фермаи ширии хоҷагии "Баракати чорводор" 1800 сар чорвои хушзоти сиёҳало ва шведӣ парвариш меёбад, ки аз онҳо 610 сараш ҷӯшо аст ва аз ҳар сар рӯзе 19 - литрӣ шир медӯшанд.
Ҳамчунин ин ферма яке аз пойгоҳҳои асосии парвариши зоти сиёҳало ба шумор меравад ва аксари хоҷагиҳои чорводори кишвар аз ин ҷо говҳои хушзоти сиёҳало харидорӣ мекунанд. Як буқаи 2,5 сола, ки ба намоиш гузошта шуд, 1230 килограмм будааст.
Эмомалӣ Раҳмон,  Сарвари давлат, бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми Ҳисор бо иштироки масъулони Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ мулоқоти озоду ошкоро анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод.
Тибқи дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон,  Сарвари давлат, ки зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум садо доданд, соли 2015 ҷашни 3 -ҳазорсолагии ноҳияи Ҳисор таҷлил мегардад ва то ин вақт, яъне дар зарфи 4 соли оянда дар ноҳия як варзишгоҳи муосир бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, боғи фарҳангу фароғат, китобхона, осорхона, кохи фарҳанг, мактаби президентӣ ва дигар биноҳои наву замонавӣ бунёд меёбанд ва Қалъаи Ҳисор аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ хоҳанд шуд. Барои иҷрои ин корҳо дастур дода шуд, ки дар зарфи 3 моҳи оянда нақшаи генералии маркази ноҳияи Ҳисор аз нав такмил дода шуда,  ба Ҳукумат пешниҳод гардад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, пешниҳод намуд, ки силсилакорхонаи нассоҷии ноҳияи Ҳисор "Файзи истиқлол" номида шавад. Кафкӯбии бардавоми мардум нишони бо хушнудӣ пазируфта шудани пешниҳод буд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2011    №: № 145-146 (21 961-96    Мутолиа карданд: 717

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед