logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми ифтитоҳи фабрикаи ресандагӣ дар ноҳияи Ҳисор, 4 октябри соли 2011

Дӯстони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!

Сараввал кулли мардуми куҳанбунёду сарбаланд ва заҳматкашу меҳмоннавози ноҳияи бостонии Ҳисор ва шумо - ҳозирони арҷмандро ба  ифтихори ҷашни бузурги миллиамон – бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки чанде пештар бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил гардид, инчунин ба муносибати ифтитоҳи корхонаи нави ресандагӣ  самимона табрик мегӯям.
Тавре ки медонед, тӯли солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисоди миллӣ, аз ҷумла соҳаи саноат, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар назди худ вазифа гузоштааст, ки Тоҷикистонро аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил диҳад. Барои амалӣ гардонидани ин ҳадаф мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки рушди соҳаи саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро  ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат қарор дода,  дар ин раванд ба бунёди корхонаҳои нав ва барқарорсозии коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда суръати тоза бахшем. Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи нави ресандагие, ки чанд лаҳза пеш  мову шумо шоҳиди он гардидем, боз як намунаи татбиқи ин ҳадаф ва идомаи раванди неки созандагӣ ва бунёдкорӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.          
Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолии кишвар доир ба рушди саноати сабук ва, алалхусус, дар самти коркарди пурраи нахи пахта ва маҳсулоти чорво чандин барномаҳои соҳавиро барои солҳои 2006 – 2015 таҳия ва қабул намуда, барои татбиқи саривақтии онҳо ҳамаи чораву тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Дар доираи барномаҳои зикршуда бунёди 15 корхонаи нави коркарди нахи пахта, 3 корхонаи коркарди маҳсулоти чорво ва муҷаҳҳазгардонии техникии корхонаҳои саноатии мавҷуда пешбинӣ гардидааст, ки ин чорабиниҳо бо ҷалби имкониятҳои сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ва қарзҳои имтиёзноки бонкӣ  амалӣ шуда истодаанд. Илова бар ин, ҷиҳати ҷалби сармоя ва ҳавасмандгардонии сармоягузорон моҳи  августи соли 2008  Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи додани имтиёзҳои андозбандӣ ба корхонаҳои навтаъсис, ки ба коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ машғуланд» қабул карда шуд, ки дар асоси он 6 корхонаи коркарди нахи пахта ба як сисила имтиёзҳо соҳиб гардиданд.
Дар натиҷа,  дар давоми солҳои 2009 – 2010 ва нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар шаш корхонаи нави  ресандагӣ бо иқтидори умумии коркарди беш  аз 23 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ба истифода дода шуданд ва барои садҳо нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи нави корӣ фароҳам гардид. Танҳо соли ҷорӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорони тоҷик 4 корхонаи коркарди маҳсулоти чорво, яъне пӯсту пашм  ба фаъолият оғоз намуд, ки имконияти коркарди 600 ҳазор дона пӯст ва садҳо тонна пашмро дар як сол дошта, дар онҳо беш аз 150 ҷойи нави кор муҳайё карда шудааст. Вобаста ба ин масъала махсус таъкид менамоям, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ба хотири тақвияти бештар бахшидан ба коркарди ашёи хоми дохилӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот ва зиёд намудани ҷойҳои нави кор дар бораи муваққатан манъ намудани содироти ашёи хоми коркарднашудаи чорво аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Ҳукумат қабул гардид. Иқдоми мазкур имконият фароҳам овард, ки дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ дар мамлакат 320 тонна пашм коркард шуда, коркарди пӯст ба 576 ҳазор дона расонида шавад. Дар ноҳияи Ҳисор дар оянда саноати металлургӣ низ тараққӣ хоҳад кард. Ҳоло дар ноҳия бунёди як корхонаи металлургӣ бо сармояи муштараки Тоҷикистону Хитой идома дорад, ки арзиши лоиҳавии он 100 миллион сомонӣ буда, то ҷашни Наврӯзи соли 2012 ба фаъолият оғоз хоҳад кард.
 Бояд гуфт, ки сиёсати дастгирии рушди соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва бо ҳамин роҳ ташкил кардани ҷойҳои нави кор яке аз самтҳои муҳими тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллиамон мебошад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ се рӯз пеш Фармони Президенти мамлакат қабул гардид, ки тибқи он аз 1- уми октябри соли ҷорӣ ба ҳама намуди санҷиши субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва ё техникаву технологияҳои навинро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, ба мӯҳлати се сол мораторий эълон карда шуд.
Дӯстони азиз!
Корхонаи ресандагии имрӯза бо технологияи навтарини замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар марҳалаи аввал  иқтидори коркарди он 4 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол  мебошад ва  минбаъд бо васли таҷҳизоти иловагӣ иқтидори он ба коркарди 8 ҳазор тонна нахи пахта афзоиш ёфта, дар он барои беш аз 300 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад.
Мо имрӯз ҳамчунин хишти аввали сохтмони навбати дуюму сеюми ин корхона, яъне коргоҳҳои бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагиро гузоштем. Инчунин бунёди Донишкадаи тарбияи мутахассисонро барои соҳаи саноати сабук оғоз бахшидем, ки сохтмони ҳамаи иншооти зикршуда то охири соли 2013 ба итмом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Яъне ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикршуда имконият медиҳад, ки нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ коркард шуда, молу маҳсулоти тайёр ғайр аз таъмини бозори дохилӣ ба содирот низ бароварда шавад ва ҳазорҳо нафар, махсусан занону ҷавондухтарон бо ҷойи кори доимӣ ва даромади хуб таъмин гарданд. Навбати дуюми корхона 1200 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, дар он 6 миллион метри тӯлонӣ матоъ истеҳсол мегардад ва 4 миллион адад куртаҳои мардонаву бачагона дӯхта мешавад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи ташаббускорону соҳибкорони баландҳиммат ва муҳандисону сохтмончиён барои ин иқдоми ватандӯстонаашон миннатдории Ҳукумати Тоҷикистонро изҳор менамоям ва ба онҳо барои дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонидани иншооти имрӯз оғозгардида барори кор орзумандам.
Ҳадафи асосии мо аз бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати иқтисодиёти кишвар равона намудани захираҳои мавҷуда, ҳарчи бештар истифода бурдани ашёи хоми маҳаллӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор мебошад. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки пахтаи истеҳсолкардаи кишоварзони мамлакатамон ҳамчун ашёи хоми саноатӣ ҳанӯз ҳам асосан ба хориҷи кишвар бароварда мешавад. Аз ин сабаб, ҳамеша  дар суханронӣ ва мулоқотҳоям таъкид менамоям, ки мо бояд ба кишвар технологияи замонавиро ҳарчи бештар ворид карда, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд намоем ва ашёи хоми фаровону хушсифати маҳаллиамонро барои коркарду истеҳсоли маҳсулоти тайёру баландсифат ва ба содирот нигаронидашуда васеъ истифода барем. Ва муҳимтар аз ҳама, тавассути тараққӣ додани  саноати сабуки ватанӣ мо метавонем пояҳои иқтисоди миллиро таҳким бахшем ва ба ин васила теъдоди ҳарчи бештари аҳолиро бо шуғли доимӣ фаро гирем. Зеро ресандагиву дӯзандагӣ ҳунари аҷдодии мост ва мо ҳамаи имкониятҳоро дорем, ки Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои тавлидкунандаи молҳои зебои саноати сабук табдил диҳем.
Ҳозирони гиромӣ!
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи татбиқи нақшаву барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат ва меҳнати созандаву бунёдкоронаи мардуми кишвар мо афзоиши устувори нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ватанамонро таъмин карда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардидем. Тибқи таҳлилҳо соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ҳисор дар давоми бист соли Истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар хеле тараққӣ кардаанд. Хусусан дар солҳои охир корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия босуръат идома ёфта, чандин иншооти соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла 6 мактаби нав, зиёда аз 40 синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Инчунин азнавсозӣ ва барқароркунии 6 мактаб, беморхонаҳои марказӣ ва амрози сироятӣ, китобхона ва шӯъбаи фарҳанг ба анҷом расонида шудааст. Ҳоло дар деҳаи Ғайратобод аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент бунёди як мактаб барои 1250 ҷойи нишаст дар ду баст, як мактаби нав дар маркази ноҳия барои 1950 хонанда дар ду баст ва дар деҳоти Шӯробу Кафшдӯзон ду мактаби миёна, ҳар кадомаш бо 640 ҷойи нишаст, азнавсозӣ шуда истодааст.
Дар давоми солҳои 1995 – 2010 ва ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ  барои тараққиёти ноҳияи Ҳисор  қариб  300  миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки он  барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ,  сохтмони иншоот, роҳҳо ва  дастгирии буҷети ноҳия  равона карда шудааст. Дар ин давра танҳо аз фондҳои Президент ва Ҳукумати мамлакат ва аз  ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашудаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои сохтмони иншоот дар қаламрави ноҳия, инчунин субвенсия аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти нафақа ва пӯшонидани  хароҷоти буҷети маҳаллӣ 60 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Дар баробари ин, ҳаҷми даромади буҷети ноҳия ҳамасола афзоиш ёфта, қисми даромади буҷети ноҳия соли 2011 45,5 миллион сомонӣ пешбинӣ щудааст, ки ин рақам танҳо дар даҳ соли охир 41,5 баробар зиёд гардидааст. Соли 2012 буҷети ноҳия ба 61 миллион сомонӣ мерасад.
Агар солҳои пеш ба ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 20 миллион сомонӣ, аз  ҷумла танҳо соли 2007 дар ҳаҷми 6,9 миллион сомонӣ субвенсия равона шуда бошад, пас аз соли 2008 ин ҷониб аз ҳисоби субъектҳои хоҷагидори ноҳия ҳамасола ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳиссагузорӣ оғоз шуда, танҳо дар соли 2011 пардохти чунин ҳиссагузорӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ 6,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Имрӯз дар қаламрави ноҳияи Ҳисор 6 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 18 миллион доллари амрикоӣ ё баробар    ба 80 миллион сомонӣ  амалӣ шуда истодааст, ки он барои дастгирии ҷавонони ноҳия, азнавсозӣ ва  муҷҷаҳазгардонии мактабҳо, дастгирии ташаббусҳо барои рушди босуръат равона карда шудааст. Рӯзҳои наздик татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба таҷдиду азнавсозии роҳи минтақавии Душанбе - Ҳисор - Турсунзода бо арзиши умумии қариб 900 миллион сомонӣ ё баробар ба 186 миллион доллари амрикоӣ оғоз мегардад. Дар доираи лоиҳаи мазкур танҳо дар ҳудуди ноҳияи  Ҳисор таҷдид ва азнавсозии 20 километр роҳ ва 4 пули мошингузар бо сарфи 280 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки маҳз ба  шарофати истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия ҷараёни рушди соҳибкорӣ ва ташкили корхонаву хоҷагиҳои истеҳсолӣ пайваста афзоиш ёфта истодааст. Агар дар соли 1991-ум дар ноҳия ҳамагӣ 6 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло 32 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 2 корхонаи саноати сабук, 17 корхонаи саноати хӯрокворӣ ва 13 корхонаи масолеҳи сохтмонӣ босамар  фаъолият мекунанд. Соли 2010 корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 40 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд ва ин нишондиҳанда танҳо дар даҳ соли охир 3,2 маротиба зиёд гардидааст.
Аз ҷониби дигар, тибқи маълумоти мақомоти шуғли аҳолӣ дар замони истиқлолият дар ноҳия 17 ҳазор ҷойҳои нави кор ташкил карда шудааст. Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки барои афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсоливу рушди соҳибкорӣ дар ноҳия имконияту захираҳои истифоданашуда ҳоло хеле зиёд мебошанд. Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисорро зарур аст, ки ҷиҳати рушди соҳаи саноат, истифодаи васеи иқтидорҳои мавҷуда ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави кор чораҳои мушаххас андешанд. 
Кишоварзони ноҳия то аввали сентябри соли ҷорӣ ба маблағи умумии 158 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 12 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соҳаи кишоварзии ноҳия дар замони истиқлолият  сол ба сол тараққӣ карда, танҳо дар даҳ соли  охир истеҳсоли ғалладона 2,2 баробар, сабзавот 3,  картошка 6,  мева 2,  пилла 7,5  ва  асал 5,5  баробар зиёд гардидааст. Умуман дар даҳ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия беш аз 8 баробар афзоиш ёфта, аз 35,8 миллион сомонии соли 2000-ум то ба 298 миллион сомонӣ дар соли 2010 боло рафтааст.
Боғдорӣ ва ангурпарварӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ва даромадноки ноҳия буда, дар таъминоти бозори дохилӣ бо меваи тару тоза нақши муҳим мебозад ва манбаи хуби содирот ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолии ноҳия мебошад. Воқеан, иқлими мусоиди ноҳия имконият медиҳад, ки майдони боғотро васеъ намуда, талаботи бозори дохилӣ бо меваи тару тоза ҳарчи бештар таъмин гардад ва содироти он ба хориҷи кишвар афзоиш дода шавад. Дар замони истиқлолият дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор 3500 гектар боғу токзори нав бунёд шудааст, ки аз ин ҳисоб 3200 гектарро майдони боғи ангур ташкил медиҳад. Танҳо дар ду соли охир барои амалӣ гардонидани барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғдорӣ дар хоҷагиҳои ноҳия 520 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст.
Вусъат бахшидан ба рушди соҳаи чорводорӣ дар ноҳияи Ҳисор, пеш аз ҳама, дар заминаи тараққиёти зотпарварӣ барои таъмини амнияти озуқавории кишвар ва амалигардонии стратегияи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Таъкид месозам, ки барои тараққӣ додани соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла зотҳои гӯсфанди ҳисорӣ ва чорвои ширдеҳ дар ноҳия ҳамаи имкониятҳо мавҷуданд. Бинобар ин, зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имконияти мавҷуда ноҳияи Ҳисор ба яке аз базаҳои асосӣ ва намунавии зотпарварии мамлакат табдил дода шавад.  Дар иртибот ба ин, ба роҳбарону масъулони ноҳия зарур аст, ки доир ба рушди минбаъдаи ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ, хусусан боғдориву ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ чораҳои доимӣ андешида, ба масъалаи истифодаи оқилонаи обу замин, кишти такрорӣ ва аз як замин гирифтани ду – се ҳосил, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот ва захираи маводи озуқаворӣ аҳамияти зарурӣ диҳанд. Зеро дар шароити торафт зиёд шудани талабот ба маводи ғизоӣ, болоравии нарх дар  бозорҳои ҷаҳонӣ афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худӣ шарти муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад. 
Мехоҳам як масъалаи муҳими дигарро таъкид намоям. Айни ҳол нақшаи генералии ноҳия кӯҳна шудааст ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй намебошад. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешавад, ки дар муддати се моҳ якҷо бо Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи генералии ноҳияро аз нав таҳия карда, дар доираи он корҳои ободониву созандагӣ ва ба тартиб даровардани маркази ноҳияро вусъат бахшанд. Зарур аст, ки дар давоми чор соли оянда сохтмони варзишгоҳи замонавӣ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст, қасри фарҳанг, осорхона ва китобхонаи муосир, чойхонаи миллӣ бо тамоми шароити зарурии он, боғи фарҳангу фароғат барои истироҳати мардуми ноҳия ва меҳмонон, инчунин мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати водии Ҳисор сохта, ба истифода дода шавад.
Ҳамчунин барои ташкили инфраструктураи сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаи муосир чораҷӯӣ карда шавад. Илова бар ин, супориш дода мешавад, ки Қалъаи Ҳисор  ҳамчун яке аз ёдгориҳои нодири таъриху фарҳанги халқи куҳанбунёди тоҷик аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлакат барқарор ва обод карда шавад. Дар ин раванд як масъаларо  бояд ба назар гирифт, ки ноҳияи Ҳисор мулки бисёр қадима мебошад ва дар наздикии пойтахти кишвар ҷойгир аст. Бинобар ин, симои он бояд зебову замонавӣ бошад. Дигар ин ки Ҳисор аз замонҳои қадим бисёр мардони боғурур, фарзандони бонангу номус ва ҳимматбаланд дошт ва имрӯз ҳам дорад ва онҳо барои ободу зебо гардонидани зодгоҳи худ, яъне ноҳияе, ки Ҳисори Шодмон ном дорад, ҳамеша омода ҳастанд ва метавонанд дар ин кори хайр  саҳми ватандӯстонаву ҷавонмардонаи худро гузоранд.
Ҳозирони гиромӣ!
Чунонки огоҳ ҳастед, рӯзи 20 – уми сентябр ҷаласаи васеи Ҳукумати мамлакат доир ба баррасии масъалаҳои омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистода, ҷамъоварии ҳосил ва сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳӣ баргузор  гардид. Вобаста ба ин, ҳамаи моро зарур аст, ки рӯзҳои мусоиди фасли тирамоҳро самаранок истифода барем ва ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мардум мушкилоти фасли зимистонро камтар эҳсос кунанд. Хусусан ба масъалаҳои ба зимистон омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ, сарфаю сариштакорӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, захираи маҳсулоти асосии ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар ҳар як оила ва иҷрои муқаррароти Қонун “Дар бораи танзими расму ойин ва ҷашну маросимҳои миллӣ” аҳамияти доимӣ додан зарур аст.
Мо дастгириву пуштибонии мардуми бонангу номуси Ҳисорро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, хусусан дар лаҳзаҳои бисёр ҳассоси таърихӣ ҳаргиз фаромӯш намекунем ва итминони комил дорем, ки сокинони заҳматқарину сарбаланди ноҳия барои амалӣ гардидани ҳадафҳои созандагиву бунёдкоронаи кишварамон минбаъд низ софдилона заҳмат мекашанд ва барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон саҳми арзандаи худро дареғ намедоранд.
Ҳозирони гиромӣ!
Тибқи ҳафриёти бостоншиносӣ ва маъхазҳои мӯътамади таърихӣ водии Ҳисор дар қатори  Саразми панҷунимҳазорсола ва дигар шаҳрҳои бостонии кишвари мо аз ҷумлаи марказҳои хеле қадими аҳолинишини минтақа маҳсуб гардида, дорои таърихи куҳану ғанӣ ва фарҳанги волои эътирофшуда мебошад. Ёдгориҳои таърихии бадастомада шаҳодат медиҳанд, ки ҳанӯз дар ҳазораҳои чорум ва сеюми пеш аз милод дар ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Ҳисор бошишгоҳҳои одамони қадим, яъне аҷдоди тоҷикон мавҷуд буда, бошандагони онҳо бо кишоварзиву чорводорӣ шуғл доштаанд. Ҳамчунин, то имрӯз аз ҷониби муҳаққикон беш аз 300 маҳалли аҳолинишини  мансуб ба “маданияти Ҳисор” ба қайд гирифта шудаанд, ки аксари онҳо аз таърихи мавҷудияти хоҷагии истеҳсолии аҷдодамон гувоҳӣ медиҳанд. Бояд зикр  кард, ки  бостоншиносон аз ҳудуди Ҳисори кунунӣ харобаи Теппаи Ғозиёнро ҳафриёт кардаанд, ки ба асрҳои 13-12-уми пеш аз милод, яъне ба давраи биринҷӣ тааллуқ дорад.
Дар қадим мулки Ҳисор бо номи Шумон зикр гардида, аз шаҳрҳои Ҳомоварон, Аҳорун, Регар ва Сиём иборат буд ва номи имрӯзааш  асри 15 ба вуҷуд омад. Аз ин лиҳоз, бо итминони комил гуфта метавонем, ки Ҳисор таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, ҷузъи муҳимтарини таърихи пурғановати халқамон ва далели раднопазири яке аз миллатҳои қадимтарини ҷаҳон будани тоҷикон мебошад.
Бинобар ин, бо мақсади бузургдошти саҳми мардуми Ҳисор дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидан ва ба як гӯшаи пешрафтаи Ватани соҳибистиқлоламон табдил додани он соли 2015 – ум ҷашни 3000 – солагии Ҳисор таҷлил карда шавад. Шубҳае нест, ки супоришҳои додашуда дар давоми чор соли оянда пурра иҷро гардида, дар ноҳия биноҳои хуштарҳу зебои замонавӣ қомат меафрозанд, кӯчаву хиёбонҳо ва гулгашту майдонҳои нав арзи вуҷуд мекунанд ва Ҳисор ба як мулки ободу оростаи Ватанамон мубаддал мегардад. Бо нияти ободии минбаъдаи ин мулки зарнисор бори дигар тамоми мардуми меҳмоннавозу олиҳиммати  ноҳияи Ҳисор ва ҳар яки шумо - ҳозирони арҷмандро бо ҷашни истиқлолият ва ифтитоҳи корхонаи нави замонавӣ табрик гуфта, ба ҳамаатон тансиҳативу барори кор  ва оромиву осоиши зиндагиро орзумандам ва пешниҳод менамоям, ки ба хотири бузургдошти санаи фархундаи озодиву соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамон корхонаи имрӯза “Файзи истиқлол” номгузорӣ шавад.
Ҳамеша комёбу саломат бошед, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2011    №: № 145-146 (21 961-96    Мутолиа карданд: 535

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед