logo

илм

Забони адабии ҳозираи тоҷик: дирӯз, имрӯз, фардо

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи арзишҳои асили миллӣ ва суннатҳои маънавии халқи тоҷик заминаи мусоиди иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба вуҷуд овард. Дар рафти таҷдиду такомули забони тоҷикӣ падидаҳои зиёди нав тавлид ёфтанд, имкониятҳои дохилию зоҳирии сохтори забон, сарчашмаҳои ғанӣ ва қудратманд гардонидани он бештару беҳтар мавриди таҳқиқи мутахассисон қарор гирифтанд. Сиёсати пайгиронаи давлат, шароити зарурӣ ва мувофиқ дар роҳи истифодаи ганҷинаи маънавию фарҳангии миллат аз ҷумлаи он омилҳое мебошанд, ки барои густариши самараноки забони давлатӣ шароитҳои мусоид ба миён оварданд.

Маҳз истиқлоли комили Ҷумҳурии Тоҷикистон забони форсии тоҷикии моро, ки дар радифи форсии Эрон ва дарии Афғонистон ҳамчун яке аз гунаҳои мустақили форсии классикӣ арзи ҳастӣ мекард, ба забони миллии халқи тоҷик ва забони давлатии он табдил дод. Воқеан, гунанокӣ дар мавҷудияти забонҳо аз ҳодисаҳои табиист, на фақат форсии классикӣ имрӯз дар шакли гунаҳои ҷудогона вуҷуд дорад, забонҳои зиёди маъруфи олам, масалан, англисӣ, арабӣ, испанӣ ва бисёр дигарҳо низ ба чунин гунаҳои мустақил соҳибанд, ки бисёре аз онҳо дар мамлакатҳои гуногун ҳамчун забонҳои мустақили адабӣ истифода мешаванд. Онҳо ҳамчун забони асосии миллии мамлакати соҳибистиқлол мақоми давлатӣ гирифтаанд. Ба ин нисбат талабу даъватҳои ҳамгун сохтани чунин гунаҳои адабии аз ҳам гусаста ва ба як забони умумии адабӣ табдил додани онҳо корест номумкин, орзуест амалӣ нашуданӣ ва ба ҷуз дасиса барои ҳусули ғаразҳои шахсӣ чизи дигаре нест.
Ба эътибор бояд гирифт, ки пеш аз ҳама, ба ин сиёсати давлатдории ҳар яке аз ин мамлакатҳо, ки гунаи ба забони умумихалқии мардумаш наздикро барои амалкарди манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, фарҳангии худ интихоб кардааст, монеъ мегардад. Дигар ин ки, маҳз ҳамин гунаи ба забони мустақили мамлакат мубаддалгардида эҳтиёҷоти шаҳрвандони он, умумияти халқу халқиятҳои дигари кишвар ва ваҳдати маънавии тамоми мардумро таъмин менамояд. Ин гунаи адабии ба забони давлатии мамлакат табдилёфта яке аз рамзҳои асосии соҳибистиқлол будани мамлакат аст. Табиист, ки аз ин нуқтаи назар ба ҳайси забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаи тоҷикии форсӣ -  забони мардуми бумии сарзамини тоҷикон интихоб карда шудааст. Маҳз ҳамин забон инъикосгари табиату маънавиёт, шууру тафаккури мардуми тоҷик буда метавонад, маҳз ба тавассути он ҳама гуна эҳтиёҷоти ин мардум ба ҷо оварда мешаванд. Ба ин нисбат нашояд, ки ба ҷойи он дониставу надониста, бисёр вақт қасдан гунаҳои дигари адабии форсиро ҳамчун забони адабии тоҷикӣ муаррифӣ кунем ё истифода барем.
Ин ҳама бемаърифатӣ аз бобати қонуниятҳои мавҷудият ва амалкарди лингвистӣ ва каҷравиҳо дар истифодаи забони давлатӣ боиси он мегарданд, ки то имрӯз баъзе касон орзуи ба вуҷуд овардани забони умумии форсӣ, мамлакати ягонаи форсизабононро мекунанд. "Пас аз истиқлоли давлатӣ (истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст - Ҳ. М.) бо Эрону Афғонистон муносибатҳои тиҷоратию фарҳангӣ ба роҳ монда шуд ва мардум фаҳмиданд, ки бояд ба меъёри забони умумифорсӣ сухан гӯянд, вагарна бо мардуми ҳамзабону ҳамимони худ зарур меомад ба воситаи тарҷумон муомила кунем" - менависад яке. Дигаре ташкили як мамлакати азими конфедеративии форсизабононро интизор аст: "Ва мо умед дорем, ки замоне мешавад. Ҳатто мо гумон мекардем, як замоне як давлати конфедеративӣ шавад, форсизабонҳо. Ин хел ормон ҳам доштем мо, лекин то он бисёр фосилаи дуру дароз будааст". Албатта, орзуву ормон парваридан бад нест, кас дар ин умри кӯтоҳ чӣ орзуҳое намекунад, вале орзуҳо ба шарте амалӣ мегарданд, ки асосҳои воқеӣ дошта бошанд.
Ба вуҷуд омадани давлатҳои азими ҳозиразамон ба иродаи шахсиятҳои алоҳида, ҳатто шахсиятҳои бузург ҳам вобаста нест. Онҳо ҳам қонуниятҳои муайяни тавлид ва такомул доранд, ки аз қонуниятҳои инкишофи забонҳо фарқ мекунанд. Чӣ зарурат аст, ки мушкилоти як соҳаро бо соҳаи дигар омезиш диҳем? Аз ин мушкилиҳои дар ҷомеа буда ҳал намегарданд. Ҳамон муаллиф идома додааст, ки "мо дар ҷараёни 70-соли Шӯравӣ натавонистем миллати ягона шавем. Ҳамин қадаре, ки буд, шӯравиҳо сохтанд моро ниммиллати ягона ва давлати ягона. Ин ҳам бо кӯшишу талоши ҳамонҳо шуд". Модом ки ҳамин тавр будааст, модом ки ташаккули халқу миллат раванди печ дар печ ва дуру дарозро ташкил медиҳад, бояд андеша кард, ки дар он мамлакати азими форсизабонон, ё конфедеративӣ тақдири тоҷикони то ҳол "миллати ягона нашуда", тақдири забони ноби рӯдакивори онон чӣ мешавад? О, ба он мамлакати конфедеративӣ ба ҷуз тоҷикон боз садҳо халқу халқиятҳои дигар низ шомил хоҳанд шуд, он ҳавою ҳавас ва он тақозоҳое, ки мо дорем, онҳо ҳам дошта метавонанд. Ҳамин хуб нест, шукргузорӣ кунем, ки бо хости Худованди карим соҳиби истиқлол гаштаем, дар қатори садҳо миллатҳои дигари олам соҳиби давлати мустақил ҳастем, баробари зиёда аз 150 мамлакати ҷаҳон Тоҷикистони азизи мо низ узви Созмони давлатҳои муттаҳида аст, давлати моро, забони моро тамоми дунё эътироф кардааст!
Ин ҳамаро ба инобат нагирифта, баъзан ҷор мезанем, ки забони адабии тоҷикро "пас аз Инқилоби Октябр бо лаҳҷаҳо омезиш дода, ин забони нобро дар ниҳояти кор ба сатҳи забони гуфтории пур аз унсурҳои бегона ва лаҳҷавӣ овардаем", ё ин ки даъво мекунем, ки "бисёре аз осори нависандагони ҳирфаии Эрону Афғонистонро бо савтиёти гуфтор ва қонуни имлои мо мувофиқ кардан номумкин аст". Фарҳангу луғатҳои дар забони имрӯзаамон мавҷударо нодида ангошта маслиҳат медиҳем, ки "луғати ягонаи форсии навро ва як забони ягонаи форсиро эҷод бикунем, ки аз он чизе, ки ҳаст, навтар ва ғанитар бошад…".
Наҳзаниву пастзании забони адабии тоҷик имрӯз ба андозаест, ки ҳатто хидмати яке аз саромадони бузурги шакли имрӯзаи он устод Садриддин Айниро ба ҳеҷ оварда, забони асарҳои вай "забони лаҳҷа" эълон карда шудааст. "Вай (яъне С. Айнӣ - Ҳ. М.) забони гунаи классикро медонист, лекин кӯшиш кард, ки бо забони оммафаҳм нависад, бо забони лаҳҷа навишт. Дар замони шӯравӣ реформаи (?) забон буд. Фитрат, манзурам Фитрати ҷадид, бо забони гунаи классикӣ навишт. Аз они Айнӣ ҳамааш лаҳҷа аст, ки намояндагони дигар лаҳҷаҳо қариб намефаҳманд". Чунин ақидае, ки устод С. Айнӣ бо "забони лаҳҷа" менавишт, аз нигоштаи баъзе муҳаққиқони эронӣ бармеояд. Яке аз донишмандони имрӯзаи эронӣ, ки ба масъалаҳои забону адабиёти муосири тоҷик таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст, доктор Равоқӣ ақида дорад, ки "насри ширину зиндаву гӯё ва пурнишот (насри С. Айнӣ дар назар аст. - Ҳ. М.), ки бархоста аз забони нимгуфторию навиштории Самарқанду Бухорост". Муҳаққиқ дар ҳамин сӯҳбати мубоҳисавии худ боз овардааст, ки "иллати ин ки устод тавсия медоданд бо ҳамон забони маҳали худатон, ки гап мезанед, бинависед, ин буд, ки эшон ғановату тавонмандии забони форсиро шинохта буд…". Ҳарчанд ки муҳаққиқи мазкур дар асоси чунин диди ғайриодии забоншиносии худ баъзе натиҷагириҳои аҷиб ҳам кардааст, дар маҷмӯъ ақидаи ғалат ва ба назари мо ғаразнокро пешниҳод намудааст, ки имрӯз онро бисёре аз ба ном шогирдони устод С. Айнӣ бод медиҳанд. Воқеан ин ақидаи нав нест. Тақрибан даҳ сол аз ин пештар чунин назарияеро, ки забони асарҳои С. Айнӣ забони лаҳҷа аст, аз номи муҳаққиқи афғон Р. Фарҳодӣ тарғиб мекарданд. Чунин хулосаҳои "доҳиёна" аз бесалоҳиятии ин гуна муҳаққиқон, бехабар будани онҳо аз қонуниятҳои мавҷудият ва рушду такомули забони тоҷикӣ шаҳодат медиҳанд. Пеш аз ҳама, бояд ба инобат гирифт, ки забони имрӯзаи адабии тоҷик ин забони устод С. Айнӣ нест!
Албатта, устод С. Айнӣ дар таҷдиду инкишофи он хидматҳои намоёнро ба анҷом расонидааст, дар шакли имрӯзаи он таъсири бевоситаи ӯро бармало эҳсос намудан мумкин аст. Бо вуҷуди он дар шакли адабии забони ин ё он марҳилаи муайяни таърихи халқ мақоми фақат як адиби ҷудогонаро ҷустан чандон ба ҳақиқат дуруст намеояд. Забон аз рӯйи вазифаи худ ҳодисаи ҷамъиятист, он на фақат хидмати ҷамъиятро анҷом медиҳад, ҳамчунин дар такмили он, хосатан, такмили шакли адабии аъзои бомаърифати он ҷомеа, зиёиёни пешқадам, ҳамаи аҳли қалам иштирок мекунанд. Ба ин нисбат як адиб, ҳарчанд ки шахсияти бузурги даврони худ бошад ҳам, дар осори бадеии худ тамоми имкониятҳои системаи он шакли адабиро инъикос карда наметавонад. Адиб, нависанда ҳам як фарди ҷудогона аст, танҳо бо истеъдоду маҳорати бештаре аз мардумони дигар. Он ҳамчун як фарди ҷудогона дар асарҳояш танҳо диди забонии худ, натиҷаи донишҳои андӯхтаи худро доир ба забон инъикос мекунад, на тамоми он имкониятҳои бепоёнеро, ки дар низоми забон нуҳуфтаанд.
Дуруст аст, ки поягузори шакли имрӯзаи забони адабиамон устод С. Айнӣ аст. Маҳз дар натиҷаи саъю кӯшиши вай ва як гурӯҳ ҳаммаслаконаш дар нимаҳои солҳои 20-уми асри гузашта дар атрофи забони адабии мардуми аз нав соҳиби давлат гаштаи тоҷик баҳсу мунозираҳо ба вуҷуд омадаанд, ки дар ниҳояти он яке аз шаклҳои беҳтарини форсии анъанавӣ, ки инъикосгари забони умумихалқии мардуми тоҷик бошаду эҳтиёҷоти рӯзмараи онро таъмин карда тавонад, интихоб карда шудааст. Намунаи чунин забони адабиро устод С. Айнӣ ва адибони зиёди дигар бо асарҳои бадеии худ сайқал доданд, онро ба забони умумихалқии мардуми тоҷик табдил доданд.
Бо вуҷуди он забони адабии муосири тоҷик маҳсули фақат даврони шӯравӣ нест. Таърихи ташаккули он аз нимаҳои асри Х1Х шурӯъ мешавад. Агар аниқтар гирем, он аз даврони тавлиди аввалин падидаҳои маорифпарварӣ дар ҷомеаи онрӯза сарчашма мегирад. Ба вуҷуд омадани насли нави тараққихоҳ, ҷаҳду ҷадали он дар роҳи амалӣ намудани падидаҳои тоза дар ҷомеа, низоми маориф, маишати мардум боиси он мегардад, ки дар забони адабии ниҳоят душворфаҳми форсии анъанавӣ унсурҳои забони зиндаи умумихалқӣ ва забонҳои дигари олам ворид гарданд.
Инкишофи забони адабии тоҷик, тағйири куллӣ дар сохтор ва таркиби луғавии он дар ибтидои асри ХХ хеле босуръат идома меёбад. Тибқи тақозои аҳли пешқадами ҷомеа забони насри бадеӣ, аз ҷумла насри саёҳатномаҳо, матбуоти тозаташкил, китобу дастурҳои таълимӣ аз бисёр унсурҳои луғавию грамматикии суханпардозии маъмулӣ озод шуд, як забони адабии ниҳоят соддаи ба забони умумихалқӣ наздик тавлид ёфт.
Ба вуҷуд омадани чунин забони адабии  ниҳоят содда ба омилҳои зиёди воқеӣ алоқаманд буд. Пеш аз ҳама, он ба фаъолияти маорифпарварони насли дуюм, ки дар ин айём умр ба сар мебурданд, вобастагӣ дошт. Онҳо тарғибгарони собитқадами фарҳангу маорифи замон буданд,  афкори худро бо забони ҳар чӣ соддаи ба мардум наздик ифода карданӣ мешуданд. Ба ин нисбат дар забони асарҳои худ калимаву таъбироти мардумӣ, унсурҳои грамматикии забони зиндаи умумихалқиро кор мефармуданд, кӯшиш мекарданд, ки ба ин васила мардуми тоҷикро ба зудии зуд бомаърифат гардонанд.
Забони адабии ибтидои асри ХХ-и тоҷик таҳаввулоти азимеро аз сар гузаронида сифатан билкул тағйир ёфта буд ва акнун на фақат аз форсии классикӣ, ҳамчунин аз ҳамгунҳои кунунии бурунмарзии худ ба тариқи равшан фарқ мекард. Ин давраи инкишофи забони адабӣ бо тағйироти куллии худ ба забони адабии муосири тоҷик наздикии бештаре дорад. Бесабаб ҳам нест, ки забони адабии ин марҳиларо ҳалқаи пайванди забони адабии классикӣ ва забони адабии муосири тоҷик номидаанд. Маҳз дар заминаи таҳаввулоти ҳамаҷонибаи забони адабии нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ забони адабии муосири тоҷик тарҳрезӣ шудааст. Ба ақидаи муҳаққиқи нозукбини ин марҳилаи инкишофи забони адабиамон Носирҷон Маъсумӣ "ин ҳалқаи пайвандкунандаи ду давраи асосии тараққиёти таърихии забони адабии тоҷик ва аввалин пояи нави такомулот ва инкишофи забони миллии адабӣ -  забони адабии ҳозираи тоҷик мебошад". Ин ҳама таҳаввулоте, ки дар нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ дар забони адабии тоҷик ба вуҷуд омада буданд, баъдан дар ислоҳоти солҳои 20-уми асри гузашта заминаи муҳим гаштанд.
Мавриди тазаккур аст, ки ҳарчанд пешниҳоди устод С. Айнӣ ва ҳамақидаҳои ӯ ба дастовардҳои илмии забоншиносии замон, ки мувофиқи он ташаккули ин ё он забони адабӣ ба шеваи маъруфу муқтадири он алоқаманд карда мешуд, такя мекунад, ба назари мо дар таҷдиду такомули забони адабии асри ХХ-и тоҷик баробари забони зиндаи мардумӣ шакли классикии тавассути маорифпарварону равшанфикрони охирҳои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ, аз ҷумла худи устод С. Айнӣ ниҳоят содда кардашуда низ кам нест. Исботи ин гуфтаҳоро, пеш аз ҳама, дар забони осори бадеии худи устод С. Айнӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Устод С. Айнӣ, ба тавре ки инро муҳаққиқони худӣ ва ҳатто хориҷии забони асарҳои ӯ қайд мекунанд, бо забони пур аз рангубор, образнок, саршор аз панду ҳикмат ва саҷъу қофия, бо забони аз қолабҳои мухталиф ғановатманд, бо забони ба дили мардуми тоҷик қарин асар эҷод кардааст. Дар нутқи вай ягон вожаи бебор, ягон қолаби такрор ё унсури забонии барзиёдро кас дучор намеояд, ҳар як калима, ҳар як ифодаи вай маъно доранд, маҳз ба ҳамин сабаб диққатро ба худ мекашанд, касро ба фикр мебаранд. Дар осори бадеии устод С. Айнӣ 25 ҳазор калима истифода шудааст, ки худ далели забондони бузург будани ӯст. Дар таърихи адабиёти ҷаҳон дар нутқи кам адибони боистеъдоду сермаҳсул ин миқдор вожаро дучор омадан мумкин аст.
Хидмати бузурги устод С. Айнӣ на фақат ширкат дар бунёди ҳамин гуна як забони шевои тоҷикист, ки имрӯз он ба ҳар як толибилми мактаби таҳсилоти миёна маълум аст, ҳамчунин то ба дараҷаи умумихалқӣ бардоштани он забон аст. Бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи ӯ як гурӯҳ адибон - М. Турсунзода, М. Миршакар, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ бо ин забони меъёрӣ ба майдони адаб баромаданд, забони адабии китобиро ба забони умумихалқии шифоҳӣ табдил доданд. Забони адабии миллат дар сурате умумихалқӣ мегардад, ки мардум, аҳли ҷомеа бо он якранг муомила кунанд. Имрӯз мардуми тоҷик, хосатан, мардуми таҳсилдидаи он дар намунаи забони насри тоҷикӣ нафақат мубодилаи афкор, ҳамчунин фикр мекунанд.
Ба ин нисбат даъвои баъзе дӯстони эрониро, ки "эҳтимоли ғалабаи форсии Эрон нисбати соири манотиқ бештар аст, яъне мумкин аст, мо шуморе аз вожагони ун (?) ҷоҳоро (Тоҷикистон ва Афғонистон дар назар аст. - Ҳ. М.) бигирем, вале имкони чирагии форсии Эрон, ҳамчунон ки гуфтам, алоқаи адибони шумост ба ин забон" ҳеҷ қабул кардан мумкин нест. Хонандаи хушзеҳн аз гуфтаҳои боло бояд дарк карда бошад, ки муаллиф нияти аз ҷумла дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани форсии Эронро дорад.
Шояд як-ду нафари ба ном адиб ба ин фиреб дода шуда бошанд, аммо халқе, ки имрӯз анъанаҳои милливу адабӣ, забони адабии шевои худро дорад, магар онҳоро бо дигаре иваз карда метавонад? Ягон халқ, ягон миллат забони адабии худро, ки ба забони милливу давлатӣ табдил ёфтааст, бо забони мамлакати дигар, ҳатто дар сурати ҳамгун будан ҳам, иваз намекунад. Забони адабии миллат бо забони умумихалқии соҳибони воқеии он алоқамандии бевосита дорад, бо табиату рӯҳияи умумимиллии он ҳампайванд аст.
Дар мавриди зарурат, ба тавре ки ишора рафт, забони адабӣ аз забони умумихалқӣ, ҳамгунҳои дигари худ ғизо мегирад, такмил меёбад. Ин раванд қисман дар аҳди маорифпарварони охирҳои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ-и тоҷик ва ҳамаҷониба дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ ба тавассути устод С. Айнӣ ва шогирдони ӯ амалӣ карда шуд. Аз ҷониби дигар, забони адабӣ ба шакли умумихалқии он, чунон ки маълум шуд, мунтазам таъсир карда меистад. Забони умумихалқиро ба дараҷаи худ боло мебарад. Адибони барҷастаи асри гузаштаи мо то андозае ба ин муваффақ ҳам шудаанд. Инро ҳатто дӯстони эронии мо эътироф кардаанд, ки "ҳамаи тоҷикон, ки тақрибан бо як забони бо ҳамдигар хеле наздик сӯҳбат мекунанд, мадюни Садриддин Айнӣ ҳастанд".
Забони адабии миллате, ки ба забони давлатии он табдил ёфтааст ва эҳтиёҷоти рӯзмарраи онро адо мекунад, акнун моли давлат аст. Ба ин нисбат давлат ба чунин забон бетараф нест. Давлат ва ҳокимияти мамлакат нозири ин забон аст, ба рушду такомули солими он назорат мекунад, дар мавриди зарурат онро ба маҷрои дилхоҳи ба манфиати миллат медарорад. Давлат манфиатдори он аст, ки робитаи забонии байни ҳокимияти он ва раияти мамлакат, халқу халқиятҳои дигари дар он мустақар бидуни ҳама гуна мушкилот, ба осонӣ анҷом ёбад. Ба ин нисбат дар бисёр мамлакатҳои мутараққии Аврупо (масалан, Фаронса) имконият дода намешавад, ки шахсиятҳои ҷудогона, ҳатто мансабдорони олирутба ҳам меъёрҳои шаклгирифтаи забони адабиро бишкананд, ба он тағйироти беҷову навгониҳои бемаврид ворид созанд. Месазад, ки  мо ҳам мақоми давлатии забонамонро эҳтиром намоем. Эҳтироми забони давлатӣ арҷгузорӣ ба миллати шарифи тоҷик аст. 

Ҳомид МАҶИДОВ,
доктори илми филология,
профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2011    №: № 145-146 (21 961-96    Мутолиа карданд: 1208

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед