logo

мулоқотҳо

Арҷгузории Рамазон Абдулатипов ба миллати тоҷик

6 октябри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Рамазон Абдулатипов, ректори Донишгоҳи фарҳанг ва санъати Маскав, раиси Ассамблеяи халқҳои Русияро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Русия, пеш аз ҳама дар соҳаи фарҳанг ва санъат баррасӣ шуданд.
Рамазон Абдулатипов аз натиҷаҳои Симпозиуми "Мактабҳои таҳсилоти олии фарҳанг ва санъат дар фазои ҷаҳонии маориф", ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, гузориш дода, робитаҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангиро барои таҳким ва рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш басо муҳим арзёбӣ намуд.
Сафири собиқи Русия дар Тоҷикистон нусха аз китоби худ "Мардуми тоҷики ман"-ро ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, тақдим намуда, изҳор дошт, ки ӯ дар воқеъ мардуми тоҷикро чун мардуми худ мешуморад.
Ба гуфти Рамазон Абдулатипов, чунин муносибати ӯ ба мардуми тоҷик, асосан ба ду сабаб асос ёфтааст: "Аввал ин, ки шоирону нависандагони мо (доғистониён) ҳам дар гузашта ба забони форсӣ эҷод мекарданд ва халқҳои мо дар фазои ягонаи фарҳангӣ ба сар мебурданд ва дувум ин, ки мардуми тоҷик ман ва аҳли оилаи маро дар замони сафириам чун шаҳрвандони Тоҷикистон медонистанду эҳтиром мекарданд".
 Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар Донишгоҳи фарҳанг ва санъати Маскав барои қабули донишҷӯён аз Тоҷикистон ҷойҳо зиёд карда шудааст. 
 Миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Рамазон Абдулатипов доир ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ва рушди робитаҳои фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

www.president.tj

* * *
Рамазон Абдулатипов, ректори Донишгоҳи фарҳанг ва санъати Маскав, раиси Ассамблеяи халқҳои Русия, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" истиқбол кард. Ба андешаи ӯ қабули чунин қонун дар тарбияи равониву маънавӣ ва вусъати ҷаҳоншиносии насли наврас таъсири мусбат дорад.
Бино ба гуфти Рамазон Абдулатипов, рушди робитаҳои илмию фарҳангӣ миёни ду кишвар дар меҳвари асосии гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифтааст. Мавсуф аз таваҷҷӯҳи ҳамешагии                 Эмомалӣ Раҳмон дар самти густариши робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия ситоиш карда, новобаста аз дигаргуниҳои сиёсӣ ба мавқеи устувори кишвари мо дар рушди ҳамкориҳои ҳасана баҳои баланд дод.
Номбурда аз замони сафириаш дар Тоҷикистон ёд карда, аз эҳтироми зиёди тоҷикон нисбат ба худ ва муштаракоти илмию фарҳангӣ миёни халқҳои тоҷику доғистонӣ тавсиф намуд. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ бо хабарнигорон изҳор дошт, ки таълифи китоби "Мардуми тоҷики ман", ки ба тозагӣ нашр намудааст, баёнгари эҳтирому самимият ва арҷгузорӣ ба мероси ғании илмию фарҳангии ин миллати тамаддунофар аст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2011    №: № 145-146 (21 961-96    Мутолиа карданд: 572

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед