logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзишии Хадамоти давлатии алоқа дар шаҳри Душанбе, 14 октябри соли 2011

Ҳозирини  гиромӣ!
Варзишгарони мӯҳтарам!

Боиси хушҳолӣ ва хурсандии ҳамаи сокинони кишварамон аст, ки солҳои охир ва хусусан ба истиқболи сазовори ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватанамон раванди бунёдкориву созандагӣ вусъати бесобиқа гирифта, дар шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат бо маблағгузории ҳукумат ва соҳибкорони баландҳиммат садҳо иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла толору майдонҳои варзишӣ қомат афрохтанд, ки ҳоло мардум ва пеш аз ҳама ҷавонон аз онҳо ба хотири рушди бахшҳои мухталифи варзиши миллӣ васеъ истифода мебаранд.  Дар доираи ин ташаббусҳои созандаву бунёдкорона имрӯз боз як маҷмааи замонавии варзишӣ, ки бо иқдоми ватандӯстонаи роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардории  сокинони пойтахт, махсусан варзишгарон ва наврасону ҷавонон қарор дода шуд.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо - варзишгарон ва ҳозирини гиромӣ, инчунин кулли сокинони пойтахтро бо ин рӯйдоди фараҳбахши варзишӣ самимона табрик гуфта, ба ташаббускорону лоиҳакашон ва пудратчиёну бинокороне, ки дар бунёди ин иншооти зебову муҷаҳҳаз саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям.
Дар даврони истиқлолият ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва оммавигардонии он як силсила  барномаҳои соҳавӣ ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқиро қабул карда, пайваста азму талош дорад, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои инкишофи ҳамаҷонибаи соҳа тамоми шароити заруриро фароҳам оварад. Зеро варзиш дар ҳаёти инсонҳо, алалхусус ҷавонон  ҳамчун омили тавонои тарбияи ҷисму рӯҳи солим, инчунин мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмиву тарғиби арзишҳои олии инсонӣ ва муҳимтар аз ҳама, таблиғи тарзи ҳаёти солим хизмат  мекунад.
Дар яке аз суханрониҳои худ хотирнишон карда будам, ки  варзиш дар замони муосир ҷанбаи муҳими иқтисодӣ ва сиёсиро касб кардааст. Зеро мардум ҳарчи бештар ба варзиш фаро гирифта шаванд, саломатии онҳо ҳамон қадар хубтару беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ имкониятҳои зиёд ба вуҷуд меояд, ки ин дар навбати худ боиси боз ҳам таҳким ёфтани суботу амнияти давлат ва ҷомеа мегардад. Дигар ин ки иштироки бештари варзишгарони мо дар бозиҳову мусобиқоти  минтақавию ҷаҳонӣ ва дастовардҳои онҳо боиси боз ҳам баланд гардидани обрӯву эътибори Тоҷикистон ва таҳкими ҳисси ифтихори миллии  шаҳрвандони мамлакат  мегардад.
Аз ин лиҳоз, ҳукумати мамлакат дар давоми чанд соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои сохтмон ва азнавсозии иншооти варзишӣ беш аз панҷоҳ миллион сомонӣ маблағ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар харҷ кардааст. Илова бар ин, имрӯз сохтмон ва таъмиру таҷдиди даҳҳо иншооти варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва бо ҷалби имкониятҳои соҳибкорони ватанӣ идома дорад. Алҳол дар кишвар беш аз сад варзишгоҳ, зиёда аз ҳазор толори варзишӣ, беш аз чор ҳазор майдончаи варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва 127 мактаби варзишӣ фаъолият доранд. Вале бояд гуфт, ки қисме аз онҳо ба таъмиру навсозӣ  ниёзманд мебошанд.
Бинобар ин, вазифаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо  ва шаҳру ноҳияҳо аз он иборат аст, ки доир ба ҳалли ин масъала мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Зеро барои рушди соҳаи варзиш дар кишвар ҳар чӣ қадар шароити мусоид фароҳам оварда шавад, ҳамон қадар насли наврас ва ҷавонон, яъне нерӯи ояндасози мо  аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ эмин мемонанд.
Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва махсусан ҷавонон, ки аз истеъмоли маҳсулоти тамоку зарари зиёди маънавӣ ва моддӣ мебинанд, давлат ва ҳукумати Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида истодааст. Зеро мувофиқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар сайёра ҳар сол миллионҳо нафар одамон бо сабаби тамокукашӣ ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла саратон гирифтор шуда, вафот мекунанд.
Вобаста ба ин масъала як нуктаро махсус зикр бояд кард, ки мувофиқи таҳлили мутахассисон дар зарфи нӯҳ моҳи баъд аз мулоқот бо варзишгарони мамлакат ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” теъдоди истифодабарандагони махсулоти аз тамоку истеҳсолшуда 44 фоиз коҳиш ёфта, ҳамзамон бо ин, шумораи шахсоне, ки бо варзиш машғуланд, тадриҷан афзоиш ёфта истодааст.
 Ҳамчунин, тибқи омори расмӣ сафи нашъамандон низ дар зарфи чор соли охир торафт кам шуда, аз 8 ҳазору 645 нафари соли 2008 то ба 7 ҳазору 300 нафар дар соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст.
Дӯстони азиз!
Маҷмааи варзишие, ки ҳоло мову шумо дар он ҳузур дорем, барои 2500 нафар тамошобин пешбинӣ гардида, бо сарфи маблағи беш аз 19 миллион сомонӣ сохта, бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ин иншооти варзишӣ  дорои тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла толорҳои варзиши сабуку вазнин, майдонҳои боксу теннис, валейболу баскетбол ва футболи хурд, утоқҳои кориву истироҳатии мураббиёну варзишгарон, ошхона барои 200 нафар буда, таҷҳизоти компютерии он бо шабакаи интернет пайваст мебошад. Баъди пурра ба фаъолият оғоз намудани он зиёда аз 150 ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.
Ҳукумати кишвар минбаъд низ ҷиҳати беҳдошти ҳаёти ҷавонон ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллӣ дар миёни наврасону ҷавонон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар ин самт хусусан баъди мулоқоти соли гузашта бо варзишгарони кишвар то имрӯз як қатор тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Аз ҷумла “Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мамлакат барои солҳои 2011 – 2015” ва “Барномаи рушди футбол дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016” қабул карда шуд.
Ҷиҳати татбиқи барномаҳои мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои панҷ соли оянда  зиёда аз 400 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки маблағҳои мазкур барои таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, сохтмон ва таъмиру таҷдиди майдонҳои футбол, аз ҷумла сохтмони варзишгоҳи калонтарин дар мамлакат барои 50 ҳазор ҷойи нишаст, баргузории мусобиқаҳо ва курсҳои бозомӯзӣ ҳам дар ҳудуди кишвар ва ҳам дар хориҷи он сарф хоҳанд шуд. Бояд зикр кард, ки танҳо дар соли ҷорӣ дар мамлакат 5 маҷмааи замонавии варзишиву солимгардонӣ, зиёда аз 500  толору майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, маркази солимгардонии кӯдакон ва наврасону ҷавонон бунёд гардида, инчунин  зиёда аз 80 иншооти дигари соҳа аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шудааст.
Шумо дар ёд доред, ки ибтидои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар пайтахти мамлакатамон ду маҷмааи варзишӣ, ки яке аз ҷониби Кумитаи андоз барои 1500 ҷойи нишаст ва дигаре аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо барои 580 ҷойи нишаст бо тарҳу намуди бисёр зебои меъморӣ ва тамоми  шароити муосир сохта шудаанд, мавриди баҳрабардории варзишгарон қарор гирифтанд.
Дар  баробари ҳамаи чораҳои амалигардида, аз шумо – ҷавонони бонангу номус ва наслҳои созандаи фардои давлати озоду соҳибистиқлоламон тақозо мегардад, ки илова ба рушди варзиш ва обу тоби бадан бояд барои азхуд намудани тамоми илмҳои замонавӣ саъйю кӯшиш намоед ва онҳоро барои беҳбудии зиндагиатон истифода баред, зеро танҳо бо донишу ҷаҳонбинии васеъ ва маҳорату кордонӣ метавонед ҳам ба миллат ва ҳам ба сарзамини азизамон хизмати шоён анҷом диҳед.
Ҳозирини арҷманд!
Имрӯзҳо азму талоши варзишгарон барои соҳиб шудан ба роҳхати иштирок дар бозиҳои  30 – юми Олимпӣ, ки соли оянда дар шаҳри Лондон баргузор мегардад, идома дорад. Боиси хушҳолист, ки ду нафар варзишгари тоҷик  (Дилшод Назаров ва Анвар Юсупов)  ба ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ роҳхат гирифтаанд.
Бо истифода аз фурсат ба онҳо ва дигар варзишгароне, ки дар ин роҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, барори кор мехоҳам ва итминон дорам, ки варзишгаронамон обрӯи Тоҷикистони азизро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ  ҳифз намуда, парчами онро парафшон хоҳанд кард.
Вобаста ба ин, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишии мамлакатро зарур аст, ки барои иштироки варзишгарони тоҷик  дар ин мусобиқаи бонуфуз ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.  
Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки маблағгузории нақшаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ ва  солимгардониро мунтазам зиёд намуда, барои иштироки теъдоди ҳарчи бештари варзишгарон дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ шароити зарурӣ фароҳам оваранд.
Боиси ифтихори ҳар фарди бонангу номуси мамлакат аст, ки дар зарфи нӯҳ моҳи баъди мулоқоти мо бо варзишгарон ва дар арафаи бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 230 медал, аз ҷумла 71 медали тилло, 64 медали нуқра ва 95 медали биринҷӣ шудаанд.
Ҳамчунин дастаи мунтахаби таэквондои Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон байни 84 кишвари ҷаҳон сазовори ҷои ифтихории сеюм гардид.
Итминони комил дорам, ки варзишгарони мо бо истифода аз шароиту имкониятҳои  муҳайёкардаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон малака ва таҷрибаи худро минбаъд низ сайқал дода, дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ шарафи Ватани азизи худро ҳимоя ва парчами миллии Тоҷикистонро парафшон нигоҳ хоҳанд дошт.
Шумо – варзишгарони мӯҳтарам, дар хотир дошта бошед, ки ҳар як ғалаба дар мусобиқоти гуногун ғайр аз болоравии обрӯву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин саҳми арзандаи шумо дар оммавигардонии варзиш, ташвиқи наврасону ҷавонон ба варзиш ва густариши тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар фарҷом, бори дигар ҳамаи шумо – варзишгарон ва мураббиёну устодони варзиши кишварро ба муносибати ифтитоҳи маҷмааи варзишии мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хонаободиву барори кор орзу менамоям.
Доимо саломату пирӯз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.11    №: 147-148    Мутолиа карданд: 720

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед