logo

мулоқотҳо

Аз омодагии хати барқи Сангтӯда-Қундуз-Пули Хумрӣ изҳори хушнудӣ шуд

22 октябри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон - муовини аввали раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, дарёфти роҳҳои нав ва шаклу василаҳои самараноки ҳамкории гуногунарсаи мутақобилан судманд баррасӣ ёфтанд.

Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои татбиқи барномаи ҳамкории энергетикии ду кишвар сурат гирифт. Аз омода шудани хати интиқоли барқи Сангтӯда-Қундуз-Пули Хумрӣ ва имкони оянда афзоиш додани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон изҳори хушнудӣ шуд.
Ба густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ ва зербиноии ду мамлакат, татбиқи муваффақона ва босуръати барномаҳои бузурги ҳамкорӣ, аз ҷумла ба бунёди хатҳои дигари интиқоли барқ ва роҳи оҳан изҳори ҳавасмандӣ баён гашт.
Дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бори дигар пуштибонии Тоҷикистон ва омодагии онро ба иштироки фаъол дар татбиқи амалии нақшаи эҳёи Роҳи нави абрешим таъкид намуд.
Рушду тақвияти ҳамгироии миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зарур шумурда шуд. Омодагии Тоҷикистон барои идомаи омодасозии кадрҳои низомии Афғонистон таъкид гардид.
Густариш ва тақвияти ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла омодагӣ ба  Наврӯзи байналмилалии 2012 дар шаҳри Душанбе низ аз мавзӯъҳои суҳбат буд.

www.president.tj

* * *
Муҳаммад Қасим Фаҳимхон, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон, дар суҳбат бо хабарнигорон аз натиҷаҳои дидору гуфтугӯяш бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсиф кард. Ӯ изҳор дошт, ки дар пайи ин мулоқот барои тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар бахусус, дар бахшҳои энергетика, илму фарҳанг ва амниятӣ мувофиқа ҳосил шудааст.
Дар ин дидор нақши Тоҷикистон дар таъмини сулҳу субот ва бозсозии Афғонистон муҳим арзёбӣ гардида, тақвияти робитаҳои мустақими ниҳодҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар роҳи мубориза бо терроризму  ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва расидагии сареъ ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зарур шумурда шудааст.
Муҳаммад Қасим Фаҳимхон ва ҳайати ҳамроҳонаш бо шумули Муҳаммад Исмоилхон, вазири энергетика ва захоири оби ин кишвар, аз омода шудани хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Қундуз-Пули Хумрӣ истиқбол намуда, аз имкони дар оянда афзоиш ёфтани интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон хушбинӣ карданд. Бояд гуфт, ки тавассути ин хат аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба Афғонистон нерӯи барқ интиқол мешавад. Бар пояи қарордод миёни ду кишвар дар ҳоли ҳозир ба далели камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон танҳо дар 5 моҳи баҳору тобистон интиқоли барқ ба Афғонистон сурат мегирад.
Ба қавли ҳайати расмии Афғонистон, Тоҷикистон ба унвони кишвари дӯсту ҳамзабон ва ҳамфарҳанг дар беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии Афғонистон нақши амалӣ гузошта, дар мушкилтарин давраҳо аз манофеи ин кишвар қотеъона ҳимоят кардааст. 

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.11    №: 151-152    Мутолиа карданд: 504

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед