logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими оғози сохтмони роҳи мошингарди Шӯрообод – Қалъаихумб, ноҳияи Шӯрообод, вилояти Хатлон, 31 октябри соли 2011

Дӯстони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!

Дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии  миллиамон, яъне раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ мо имрӯз дар маросими гузоштани санги асоси боз як пули мошингард дар байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оғози бунёди  роҳи мошингарди Шӯрообод – Қалъаихумб  иштирок  менамоем.
Аз ин лиҳоз, ҳамаи шумо – меҳмонони арҷманд ва ҳозирони гиромиро ба муносибати шурӯъ гардидани сохтмони ин ду иншооти муҳим, ки идомаи неки раванди корҳои бунёдкориву созандагии кишвари соҳибистиқлоламон мебошад,  табрик мегӯям.
Тавре ки ҳамватанони мо хуб медонанд, Ҳукумати мамлакат бо роҳи татбиқи даҳҳо лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ сохта, ба истифода додани роҳу пулҳои дохиливу байналмилалӣ ва нақбҳоро вусъат бахшида, тавассути онҳо робитаи нақлиётии байни ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишварро дар чор фасли сол таъмин намуда, ҳамзамон бо ин, рафтуомади воситаҳои нақлиёт ва интиқоли молу маҳсулотро ба хориҷи мамлакат торафт афзоиш медиҳад.
Ҳоло дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии мо 56 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур, пеш аз ҳама, барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо роҳи сохтмон ва таҷдиди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ  равона шудааст.
Имрӯз дар мамлакат танҳо дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, алалхусус сохтмони роҳу пулҳо, 9 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи қариб 4 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар зарфи солҳои истиқлолият ҷиҳати ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил додани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо  дар самти Душанбе – Хоруғ - Мурғоб то ағбаи Кулма беш аз 15 лоиҳаи сармоягузорӣ барои таҷдиду бунёди роҳу пулҳо амалӣ гардида, тавассути қаламрави шарқии мамлакат Роҳи бузурги абрешим баъди сукути чандинасра аз нав эҳё карда шуд. 
Яъне дар натиҷаи тадбирҳои то имрӯз амаликардаи Ҳукумат Тоҷикистон на танҳо  ба як ҳудуди воҳид, балки ба қаламрави транзитӣ низ табдил ёфтааст. Дар натиҷа, ҳаҷми савдову мубодилаи молу маҳсулот, пеш аз ҳама бо кишварҳои ҳамҷавор, торафт афзоиш ёфта, муҳимтар аз ҳама, мушкилоти сангини аҳолии вилоят дар бобати рафтуомад ба пойтахти кишвар аз байн бардошта шуд.
Дар баробари ин, ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои дӯсти ҳамсояамон, хусусан бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, густариш ёфта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ танҳо дар 5 соли охир беш аз 4 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон бо ин, рушди инфраструктураи нақлиётӣ боиси дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкили корхонаҳои нав ва тараққӣ кардани соҳаи саноати  маъдан ва сангҳои қиматбаҳову ороишӣ  хоҳад гашт.
Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди сармоягузорӣ, воридоти техникаву технологияҳои муосир ва ташкили корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла дар самти густариши фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ ва ба ин васила афзоиш додани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои мунтазам ва зарурӣ меандешад.
Дар ин ҷода оғози корҳои таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумб дар қитъаи Шӯрообод - Шоҳон рӯйдоди воқеан фараҳбахш мебошад. Лоиҳаи мазкур ба маблағи умумии беш аз 440 миллион сомонӣ тавассути сармоягузории муштарак амалӣ карда мешавад ва ба дарозии 40 километр бо ду самти ҳаракат, иборат аз 9 пул ба дарозии беш аз 1060 метри тӯлонӣ дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд мегардад.
Баробари ба итмом расидани таҷдиду азнавсозии ин қитъаи роҳ яке аз масъалаҳои охирину асосии шоҳроҳи Душанбе – Қалъаихумб – Хоруғ  пурра ҳал гардида, дар ҷараёни бунёди он ва минбаъд низ барои аҳолии  ноҳияи Шӯрообод ва деҳаҳои атрофи он садҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда мешавад. Бинобар ин, бо истифода аз фурсат ба ҳамаи шарикони рушд, ки дар сармоягузории ин иншооти муҳим саҳмгузорӣ мекунанд, изҳори сипос намуда, ба сохтмончиёну бунёдкорони он  барори кор орзу менамоям.
Бояд гуфт, ки қисмати роҳи Шӯрообод – Шоҳон идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат буда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегӣ мебошад. Дар робита ба ин, бояд махсус зикр намуд, ки роҳу пулҳои то ба имрӯз бунёдгардида  - шоҳрагҳои рушди минбаъдаи кишвар буда, бояд барои имрӯзу фардои миллату давлат хизмат намоянд.
Бинобар ин, роҳбарони Вазорати нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин шаҳрвандони мамлакатро зарур аст, ки ба масъалаи нигоҳубин ва истифодаи дурусти роҳу пулҳо, пешгирӣ кардани вайроншавии онҳо ва риояи меъёрҳои муқарраргардидаи роҳдорӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Ҳамчунин хотирнишон месозам, ки имрӯзҳо фасли зимистон наздик шуда истодааст ва омодагии ҳамаҷониба барои бо мушкилоти камтар гузаронидани мавсими сардӣ, аз ҷумла тайёрии ҳолати роҳу пулҳо ва техникаи зарурӣ, яке аз вазифаҳои муҳимтарин  мебошад.
Дар баробари ин, кашонидану захира намудани сӯзишворӣ ва  маводи озуқа дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон бояд сари вақт анҷом дода шавад. Ин масъалаҳо низ вазифаи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин кори муҳими ҳар як оила  мебошад.
Дар ин самт корро тавре бояд ташкил кард, ки ҳар як оила бо захираи зарурии маводи хӯрока ва сӯзишворӣ, иншооти иҷтимоӣ, пеш аз ҳама муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ, шабакаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, иншооти энергетикӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ ба зимистон омода бошанд.
Итминони комил дорам, ки мардуми созандаву бунёдкор ва тамаддунсозу таҳаммулгарои мо минбаъд низ барои ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли худ саъю талоши бештар хоҳанд кард.
Дар ниҳояти сухан бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирони гиромиро бо оғози боз як иншооти барои кишварамон муҳим табрик гуфта, ба ҳамаатон рӯзгори хушу босаодат орзу  менамоям.
Доимо тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.11    №: 151-152    Мутолиа карданд: 506

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед