logo

паёмҳо

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати 17-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Фардо аз қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 17 сол пур мешавад ва ин санаи муҳими таърихӣ ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории демократӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил хоҳад шуд. Ба ин муносибат ҳамаи шумо ҳамдиёрони гиромиро самимона табрику таҳният гуфта, бароятон, пеш аз ҳама, саломатӣ, рӯзгори орому осоишта, зиндагии шоиста ва сарфарозиву баландиқболиро орзу менамоям.
Ба ҳама маълум аст, ки Конститутсияи имрӯза самараи соҳибистиқлолии давлатамон мебошад. Маҳз дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта шуда, рушди бемайлони давлат, вазъи мӯътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрвандон таъмин карда шуд.
Дар ҳамин марҳила нахустин санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба ташаккулёбии рукнҳои давлатдорӣ, фаъол намудан ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ  ба тасвиб расиданд. Дар натиҷаи талошҳои устувору пайваста ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардида, зарурати қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба миён омад ва марҳилаи таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ оғоз шуд.
Дар ин замина 6 ноябри соли 1994 бо азму иродаи халқи азизамон ва диди тозаи онҳо ба тамаддуни муосир Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.
Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Маҳз дар асоси талаботи меъёрҳои Конститутсия қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои муҳиме, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошанд, қабул карда шуданд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ифодаи раванди солими ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат буда, заминаи боэътимоди пешрафти ҷомеаро таъмин мекунанд.
Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Конститутсия – қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.
Ман тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли 17 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хиради азалии мардуми сарбаланду матиниродаи Тоҷикистон меҳисобам. Бо қаноатмандӣ метавон тазаккур дод, ки маҳз Конститутсия ба таъмини озодиву ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли инҳо, чун қонуни асосӣ кафолат медиҳад. Дар айни замон ҳамагон бояд донанд, ки яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо мақсад ва вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа гардад. Маҳз дар ҳамин сурат, мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ – эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона муваффақ шавем.
Ман боварии комил дорам, ки минбаъд низ иродаи шикастнопазири халқамон моро дар роҳи расидан ба ҳадафи созандаи стратегӣ раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакатро ба ин санади тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносию ифтихори миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
Дар охир бо арзи эҳтироми бепоён бори дигар санаи бузурги миллӣ– 17-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тамоми мардуми шарифи кишвар самимона табрику таҳният мегӯям.
Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.11.11    №: 153-154    Мутолиа карданд: 829

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед