logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2012

Моддаи 1. Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи  10160600 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда  шавад, аз ҷумла:
- даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 7790000 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
воридоти андозӣ  - 6866643 ҳазор сомонӣ;
воридоти ғайриандозӣ                                     - 703357 ҳазор сомонӣ;
грантҳо барои дастгирии
буҷет аз ҳисоби ташкилотҳои
байналмилалии молиявӣ - 220000 ҳазор сомонӣ;
- буҷети лоиҳаҳои инвеститсионӣ,
ки якҷоя бо ташкилотҳои молиявии
байналмилалӣ татбиқ
мегарданд   - 1853230 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
қарзҳо      - 687280 ҳазор сомонӣ;
грантҳо    - 867650 ҳазор сомонӣ;
қарзҳои давлатӣ барои амалӣ
намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ
дар бахшҳои энергетика
ва нақлиёт   - 298300 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои махсуси
ташкилотҳои буҷетӣ  - 517370 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 ба маблағи 10340600 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ
  ва идоракунӣ                                                         - 634848 ҳазор сомонӣ;
- маориф    - 1607836 ҳазор сомонӣ;
- тандурустӣ   - 715956 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 1739894 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию
оммавӣ ва солимгардонӣ - 327300 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ
ва ҳифзи муҳити зист  - 679437 ҳазор сомонӣ;
- комплекси сӯзишворию
энергетикӣ   - 1549407 ҳазор сомонӣ;
- соҳаҳои кишоварзӣ,
заминсозӣ ва  хоҷагии об - 352740 ҳазор сомонӣ;
- истихроҷ ва коркарди канданиҳои
фоиданок, саноати истихроҷи
маъданҳои кӯҳӣ ва сохтмон - 85558 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва коммуникатсия - 1002690 ҳазор сомонӣ;
- пардохти фоизи қарзҳои
давлатӣ    - 323527 ҳазор сомонӣ;
- дигар соҳаҳои иқтисодиёт
ва хизматрасонӣ  - 33145 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигар   - 388470 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
баргардонидани андоз аз
арзиши иловашуда  - 22000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти  дохилӣ ё ба маблағи 180000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Манбаи пӯшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
- даромад аз хусусигардонии 
моликияти давлатӣ  - 25000 ҳазор сомонӣ;
- даромад аз  фурӯши векселҳои
хазинадорӣ   - 50000 ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби ҷалби даромадҳои
иловагӣ, депозитҳои буҷети
ҷумҳуриявӣ ва қарзи (гранти)
барномавӣ аз институтҳои
байналмилалии молиявӣ - 105000 ҳазор сомонӣ.
Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1,1 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 379173 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҷалби қарзҳои (грантҳои) ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2012 муайян карда шавад.
Моддаи 4. Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2012 аз рӯи даромад ба маблағи 4731565 ҳазор сомонӣ ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 4911565 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 180000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад. 
Моддаи 5. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2012 воридоти даромад аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба маблағи умумии 4731565 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши
иловашуда    - 2545972 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо    - 341461 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурӯш (нахи пахта
ва алюминийи аввалия) - 156793 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз маҳсулоти
коркарди молҳо   - 25194 ҳазор сомонӣ;
- роялти барои об  - 36750 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фоидаи шахсони
ҳуқуқӣ    - 108840 ҳазор сомонӣ;
- андози ҳадди ақал
аз даромадҳо   - 105601 ҳазор сомонӣ;
- андози даромад аз 
шахсони воқеӣ   - 193028 ҳазор сомонӣ;
- боҷи гумрукӣ   - 311083 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони
роҳҳои автомобилгард  - 20780 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари
ғайриандозӣ   - 666063 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои ташкилотҳои
байналмилалии молиявӣ - 220000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2012 аз рӯи тартиби тақсимоти вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории мақомоти
ҳокимияти давлатӣ
ва идоракунӣ   - 449215 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- мақомоти  ҳокимияти давлатӣ 
ва идоракунӣ   - 109091 ҳазор сомонӣ;
- сиёсати молиявӣ ва
андозу буҷетӣ   - 89266 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти сиёсати
хориҷӣ    - 158850 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти дигари давлатӣ - 92008 ҳазор сомонӣ.
Маориф    - 374388 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- таҳсилоти миёна   - 108936 ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти олӣ ва миёнаи
касбӣ                    - 157547 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар
соҳаи маориф    - 107905 ҳазор сомонӣ.
Тандурустӣ   - 143843 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- беморхонаҳо   - 90254 ҳазор сомонӣ;
- дармонгоҳҳо   - 1258 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи саломатии аҳолӣ - 8163 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи          
тандурустӣ    - 44168 ҳазор сомонӣ.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  - 327252 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- суғуртаи иҷтимоӣ  - 191929 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоӣ               - 20795 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи
суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ   - 114528 ҳазор сомонӣ.
Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ,
солимгардонӣ ва ҷамъиятӣ - 195076 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- чорабиниҳои варзишӣ - 3623 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои фарҳангию
маърифатӣ    - 34115 ҳазор сомонӣ;
- воситаҳои ахбори омма - 65228 ҳазор сомонӣ;
  - фаъолияти дигар дар соҳаи
чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ
ва варзишӣ    - 92110 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии манзилию коммуналӣ
ва ҳифзи муҳити зист  - 44123 ҳазор сомонӣ.
Комплекси сӯзишворию
энергетикӣ           - 1128439 ҳазор сомонӣ.
Соҳаҳои кишоварзӣ, заминсозӣ
ва хоҷагии об       - 101386 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- хариди доруворӣ бар зидди
касалиҳои чорво
ва паррандаҳо                                   - 2000 ҳазор сомонӣ;
- барномаи хариди тухмии
ғалладона, картошка ва дигар
зироатҳои кишоварзӣ                 - 5000 ҳазор сомонӣ;
- барномаи рушди соҳаи
пахтакорӣ                 - 1200 ҳазор сомонӣ;
 - барномаи мубориза
бар зидди малах     - 5436 ҳазор сомонӣ; 
- барномаи мубориза бар
зидди ҳашароти зараррасон
ва касалиҳои боғу токзор  - 1664 ҳазор сомонӣ;
- дигар барномаҳо дар
соҳаи кишоварзӣ         - 4850 ҳазор сомонӣ.  
Истихроҷ ва коркарди
канданиҳои фоиданок,
саноати истихроҷи маъданҳои
кӯҳӣ ва сохтмон   - 83234 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия - 113807 ҳазор сомонӣ.
Соҳаҳои дигари иқтисодиёт
ва хизматрасонӣ  - 32118 ҳазор сомонӣ.
Чорабиниҳои дигар  - 1124520 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- хизматрасонии
ӯҳдадориҳои қарзӣ              - 323527 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
пардохти фоизӣ аз рӯи
қарзҳои берунӣ         - 167227 ҳазор сомонӣ;
 пардохти фоизӣ аз рӯи
қарзҳои дохилӣ         - 156300 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанбе
барои амалӣ намудани
вазифаҳои пойтахт         - 10000 ҳазор сомонӣ;
- фонди хароҷоти
пешбининашудаи Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон                             - 37850 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- барои харидани техникаи
зиддисадамавӣ
ва наҷотдиҳӣ   - 5000 ҳазор сомонӣ;
- барои корҳои ҷӯстуҷӯи
геологӣ            - 3000 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рӯи
соҳаҳои иқтисодиёт гурӯҳбандӣ
нашудааст   - 753143 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- баргардонидани андоз
аз арзиши иловашуда  - 22000 ҳазор сомонӣ;
- интиқоли маблағҳо
(трансфертҳо) дар намуди
мусоидати молиявӣ ба буҷетҳои
маҳаллӣ    - 423053 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 8. Дар соли 2012 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷмҳои зерин анҷом дода шавад:
а) хароҷоти ҷорӣ  - 3248179 ҳазор сомонӣ.
Хароҷот барои хариди молҳо
ва хизматрасониҳо  - 2109147 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- музди меҳнат
ва иловапулиҳо                   - 818483 ҳазор сомонӣ;
- маблағҷудокунӣ ба буҷети
суғуртаи иҷтимоӣ
ва нафақа   - 98920 ҳазор сомонӣ;
- дигар хариди молҳо ва
хизматрасониҳо                       - 1191744 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- пардохти хизматрасонии газ,
барқ, алоқа ва дигар
хизматрасонии коммуналӣ - 91110 ҳазор сомонӣ;
- хариди таҷҳизоти камарзиш,
асбобу анҷом, дигар молҳо
ва хизматрасонӣ  - 1100634 ҳазор сомонӣ.
Пардохти фоизҳо
аз рӯи қарзҳои дохилӣ
ва берунӣ      - 323527 ҳазор сомонӣ.
Кӯмакҳои молиявӣ
(субсидияҳо) ва дигар
интиқоли  маблағҳои ҷорӣ
(трансфертҳо)   - 815505 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:                                              
- кӯмакҳои молиявӣ
(субсидияҳо) ва интиқоли маблағҳо
ба  корхонаҳо ва ташкилотҳои
давлатӣ    - 45965 ҳазор сомонӣ;
- маблағе, ки ба буҷетҳои
маҳаллӣ дар шакли маблағи
мақсаднок дода мешавад - 448553 ҳазор сомонӣ;
- интиқоли маблағҳо
(трансфертҳо) ба аҳолӣ - 252899 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- барои таъминоти нафақавии
сохторҳои қудратӣ
ва хизматчиёни давлатӣ - 103055 ҳазор сомонӣ;
- интиқоли маблағҳо
(трансфертҳо) ба ташкилотҳои
хориҷӣ    - 68088 ҳазор сомонӣ;
б)  хароҷоти асосӣ  - 1654190 ҳазор сомонӣ,
 аз ҷумла:
- хариди сармояи асосӣ - 87400 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои асосии
марказонидашуда  - 1541200 ҳазор сомонӣ;
- хариди молҳо барои
ташкили захираҳо  - 16500 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳои асосӣ  - 9090 ҳазор сомонӣ;
 в) додани қарз ба муҳоҷирон
ва хизматчиёни давлатӣ - 9196 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 ба маблағи 151400 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Ҳаҷми маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва  ноҳияҳо ба маблағи 423053 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- Вилояти Мухтори
Кӯҳистони Бадахшон  - 99891 ҳазор сомонӣ;
- вилояти Хатлон   - 232993 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Варзоб   - 7516 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Рашт    - 16563 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Ҷиргатол  - 14993 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Нуробод   - 11841 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тавилдара   - 8197 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод  - 9403 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Файзобод  - 9951 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Шаҳринав  - 11705 ҳазор сомонӣ.
Маблағҳои истифоданагардидаи фонди музди меҳнат, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ ба тариқи субвенсия ва ҳисоби байниҳамдигарӣ ҷудо карда мешаванд, дар охири соли 2012 ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида мешаванд.
Моддаи 11. Пули нақди гардони кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2013 ба маблағи 160000 ҳазор  сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 12. Дар соли 2012 ҳаҷми буҷети мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи даромад бо дарназардошти субвенсияе, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 2531488 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 2531488 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 13. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2012 аз рӯи даромад ба маблағи 1316306 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 1351306 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 35000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад. Касри буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пӯшонида шавад.
Моддаи 14. Дар соли 2012 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
- андоз аз фурӯши нахи пахта
ва алюминийи аввалия    - 100 фоиз;
- андоз аз маҳсулоти коркарди
молҳо                           - 100 фоиз;
- роялти барои об    - 100 фоиз;
- боҷи гумрукӣ     - 100 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз,
ки ба воситаи мақомоти гумрук
ворид мешавад     - 100 фоиз;
- дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои
ғайриандозии  умумидавлатӣ (инчунин
муҷозоти ҷаримавии онҳо), хироҷ барои
ҳаракати  воситаҳои нақлиёти автомобилии
хориҷӣ дар ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 фоиз;
- аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи
"Барқи Тоҷик"  андоз аз арзиши иловашуда,
андоз аз истифодабарандагони роҳҳои 
автомобилгард, андоз аз фоида, андози
ҳадди ақал аз даромадҳо, роялти барои об,
инчунин роялти барои об
аз НБО "Сангтӯда-1"                  - 100 фоиз;
- аз корхонаҳои воҳиди давлатии
"Ширкати алюминийи тоҷик" ва
"Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Ҷамъияти
саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком" андоз
аз  арзиши иловашуда, андоз аз фоида
ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо   - 100 фоиз;
- аз Бонки давлатии амонатгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"
андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал
аз даромадҳо      - 100 фоиз;
- аз марказҳои идораи лоиҳаҳои
инвеститсионӣ, намояндагиҳои дипломатӣ,
консулгариҳо ва шахсони ба онҳо
баробаркардашуда андози даромад аз
шахсони воқеӣ              - 100 фоиз;
-  аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ андоз
аз арзиши иловашуда ва андози аксизӣ
(ба истиснои ҶСК "Тоҷиктелеком")                - 100 фоиз;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон андоз
аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида,
андози ҳадди ақал аз даромадҳо ва дигар
пардохтҳои ҳатмӣ                                          - 100 фоиз;
Моддаи 15. Дар соли 2012 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносуби (фоизи) зерин тасдиқ карда шавад:
- андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор) - 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе - 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Ҳисор - 50 фоиз ба буҷети ноҳия ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе, шаҳри Роғун, шаҳри Турсунзода) - 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе - 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Роғун - 40 фоиз ба буҷети шаҳр ва 60 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андози даромад аз шахсони воқеӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, шаҳри Роғун, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ) - 100 фоиз;
аз вилояти Суғд - 75 фоиз ба буҷети вилоят ва 25 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе - 60 фоиз ба буҷети шаҳр ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Ваҳдат - 78 фоиз ба буҷети шаҳр ва 22 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода - 60 фоиз ба буҷети шаҳр ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Роғун - 44 фоиз ба буҷети шаҳр ва 56 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Рӯдакӣ - 73 фоиз ба буҷети ноҳия ва 27 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҳисор) - 100 фоиз;
аз шаҳри Ваҳдат - 70 фоиз ба буҷети шаҳр ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Ҳисор - 67 фоиз ба буҷети ноҳия ва 33 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аксизҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- андози замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда
пардохта мешавад:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- андоз аз истифодабарандагони қаъри замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- боҷи давлатӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- андозҳои маҳаллӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти дигари ғайриандозии маҳаллӣ:  
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- воридоти андозӣ, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд дохил шудаанд, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида шаванд.
Моддаи 16. Дар соли 2012 воридоти мол ба маблағи 80 млн. сомонӣ, ки номгӯй ва ҳаҷми он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд ва барои ташаккули захираҳои моддии давлатӣ ва ташкили захираҳои сафарбарии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳамчунин воридоти гази табиӣ ва барқ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Моддаи 17. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2012 андоз аз арзиши иловашуда барои воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) ва таҳвили он бо меъёри 10 фоиз, инчунин воридоти молҳое, ки ба мавқеи молии 3003 ва 3004 Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии Евразия мансубанд, бо меъёри 5 фоиз андозбандӣ карда мешавад.  
Моддаи 18. Дар соли 2012 воридоти нақлиёти  мусофиркашонӣ ва битуми тамғаи БНД 60/90, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ шуда, барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва таъмири асосии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе равона мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда  мешаванд.
Воридоти мазути камсулфури барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Маркази барқу гармидиҳӣ"-и шаҳри Душанбе воридшаванда, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
Заминҳои хоҷагии зотпарварӣ, ки барои истеҳсоли хӯроки чорво истифода бурда мешаванд, аз пардохти андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ озод карда мешаванд.
Қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии тракторҳо ва мошинҳои кишоварзӣ таъингардида, ки барои Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи "ТоҷИрон" ворид мегарданд ва таҳвили тракторҳо, комбайнҳо ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи "ТоҷИрон" аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, ҳамчунин воридоти хӯроки омехтаи парранда ва воридоти ангиштсанг дар ҳаҷми 6500 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулот барои ташаккул додани фонди оинномавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Комбинати металлургии тоҷикию хитоӣ", ки номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Моддаи 19. Дар соли 2012 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ оид ба сохтмони Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ" воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи панҷситорадори воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе ва иншоотҳои соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешаванд:
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои  автомобилгард;
- андоз аз фоидаи шахсони  ҳуқуқӣ;
- андози ҳадди ақал аз даромадҳо;
- андози иҷтимоӣ аз шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд.
Фармоишгарон ва пудратчиёни асосии объектҳои мазкур (ба истиснои иншоотҳои соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд) бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ барои сохтмони иншоотҳои дар ҳамин модда зикршуда (ба истиснои иншоотҳои соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд) аз андоз аз арзиши иловашуда тибқи номгӯй ва дар ҳаҷме, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, озод карда мешаванд.
Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон барои сохтмони иншоотҳои соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд.
Моддаи 20. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2012 маблағҳо аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 20 фоиз, шаҳри Душанбе 10 фоиз ва 30 фоизи маблағҳо аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ ба "Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт" равона карда мешаванд.
Моддаи 21. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки дар соли 2012 бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет аз ҳисоби фоиз аз рӯи депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки ба 1 январи соли 2012 ба вуҷуд омадаанд, онҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати кӯтоҳмуддат дар давраи соли буҷетӣ ҷойгир намояд.  
Моддаи 22. Дар соли 2012 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, ёрдампулӣ, ҷубронпулӣ дохил карда мешаванд.
Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои хароҷот, дар ҳолати набудани қарз аз рӯи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо метавонанд бо тартиби муқарраргардида дар маблағгузории моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 23. Маблағҳои махсуси вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар даромаду хароҷоти ташкилотҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамзамон 30 фоизи маблағҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 фоизи маблағҳои махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 10 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 фоизи маблағҳои махсуси дигар муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағҳои грант ва сарпарастӣ, ҳар се моҳ ба буҷетҳои дахлдор ворид карда мешаванд.
Ба муассисаҳои буҷетӣ истифодабарии маблағҳои махсус (ба истиснои маблағҳои грант ва сарпарастӣ) берун аз низоми хазинадорӣ манъ аст.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҳаҷми маблағҳои дар Буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ дар сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва дар қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ метавонад тағйироти дахлдор  ворид намояд.
Дар соли 2012 дар ҳолати иҷро нагардидани Буҷети давлатӣ маблағгузории хароҷоти дар буҷет пешбинишудаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳо, ки маблағҳои махсус доранд, аз ҳисоби ин маблағҳо амалӣ карда мешавад.
Моддаи 24. Дар соли 2012 50 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида, аз андозбандӣ озод карда мешавад. 50 фоизи маблағ аз ҳисоби додани сертификат дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешавад.
Моддаи 25. Дар соли 2012 маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, дар сметаи даромаду хароҷоти идораҳои мазкур ба ҳисоб гирифта, барои маблағгузории фаъолият ва сохтмони биноҳои маъмурӣ равона карда мешавад. 
Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои махсуси дар суратҳисобҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 1 январи соли 2012 ба вуҷуд омаданд, хусусияти мақсаднок дошта, барои маблағгузории хароҷоти соли 2012 равона карда мешаванд. 
Моддаи 26. Имтиёзи рафтуомад ба маҳали гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Судҳои ҳарбӣ, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳое, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз пешбинӣ шудааст, як маротиба дар як сол ва танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
Моддаи 27. Дар соли 2012 пардохти ҷубронпулӣ ба ивази озуқаворӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз рӯи музди кор ба сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шудаанд, ҳар моҳ ба маблағи 45 сомонӣ ба як шахс муқаррар карда мешавад (на барои нашр). 
Моддаи 28. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоте, ки  дар ҳифзи тартиботи ҷамъият ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи фонди музди меҳнат, ки тибқи Қонуни мазкур дар сметаи хароҷот барои ҳамин вазорату идораҳо тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 29. Дар соли 2012 тамоми амалиёти молиявии  буҷетҳои маҳаллӣ, ки тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" гузаронида мешавад, ба тариқи музднок анҷом дода мешаванд. Инчунин аз рӯи ҳамаи депозитҳои мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ҷойгир карда мешаванд, барои истифодаи онҳо аз ҷониби бонки мазкур бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фоиз дода мешавад.
Моддаи 30. Аз 1 январи соли 2012 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 фоизи маблағи умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо аз рӯи онҳо, ки дар рафти корҳои назоратӣ ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 фоизи хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд. Маблағҳои зикргардида бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, барои маблағгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 23 Қонуни мазкур пешбинигардида  нисбати онҳо татбиқ намегардад. 
Моддаи 31. Аз 1 январи соли 2012 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозотҳои ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 40 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 32. Муқаррар карда шавад, ки ҳалномаҳои судӣ дар бораи рӯёнидани зарари моддию маънавӣ, ки аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағи сметаи хароҷоти онҳо иҷро карда мешаванд.
Моддаи 33. Муқаррар карда шавад, ки маблағи аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня, ҷубронпулӣ воридшуда ва ҳамчунин ҷуброни зарари молиявии ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз риоя накардани  интизоми молиявӣ расида, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 34. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 аз рӯи даромад ба маблағи 7024352 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 6712582 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот ба маблағи 311780 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 барои пардохти ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии берунӣ ба маблағи 143428 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 35. Дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2012 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бе тағйири ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нархҳо ва тағйирёбии сохторӣ, инчунин заминаи андозбандӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида дар байни  буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисобҳои байниҳамдигарӣ гузаронида, ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид менамояд.
Моддаи 36. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2012 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 8 ноябри соли 2011, № 766

 

Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи Буҷети давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012" қабул карда шавад.
2. Нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ барои:
- соли 2013 аз рӯи даромад ба маблағи 11 608 594 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 11 812 094 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 203500 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;
- соли 2014 аз рӯи даромад ба маблағи 12 923 525 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 13 158 025 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 234500 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тасдиқ карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамӯҳлат қабул намудани қарорҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқарраргардидаи хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2013-2014 амалӣ намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро барои солҳои 2013-2014 аниқ намояд.
3. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати иҷрои буҷетро амалӣ намуда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳаҷми умумии Буҷети давлатии тасдиқшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 10 160 600 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷотро ба маблағи 10 340 600 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 180 000 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағи тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеӣ таъмин намояд;
- бо мақсади кам кардани бақияпулиҳо аз рӯи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2012 ба вуҷуд омадааст, мувофиқи тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;
- оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот диҳад;
- дар бораи истифодабарии маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
- маблағеро, ки дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби додани сертификатҳо боқӣ мемонад, бо мақсади аз нав таҷҳизонидан бо технологияи муосир истифода намояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма дар ҳар се моҳ аз рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 ахборот диҳад.
5. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки дар соли 2012 аз ҳисоби қарзҳои баргардонидашудаи буҷети ҷумҳуриявӣ, ки ба хоҷагиҳои кишоварзӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ дода шудаанд, ба маблағи то 70,0 млн. сомонӣ бо меъёри 10 фоизи солона ба хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тавассути низоми бонкӣ ва инчунин барои таъмини захираҳои озуқаворӣ, равғану сӯзишворӣ ва моддии давлатӣ ба мӯҳлати то 1 апрели соли 2013 қарзи давлатӣ ҷудо намояд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 14 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012" андозу даромадҳоро сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронад;
- аз рӯи амалиёти вобаста ба хизматрасонии ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба ӯҳдадориҳои қарзии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- бо мақсади сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қурби расмии бозори байнибонкии асъор таъмин намояд.
7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба ӯҳдаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия вогузор карда шуда, аз натиҷаи иҷрои он ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши расмӣ пешниҳод намояд.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ

Шаҳри Душанбе, 2 ноябри соли 2011, № 555


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.11    №: 155-156    Мутолиа карданд: 853

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед