logo

сафарҳо

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Украина

3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Украина рафт.
Дар ин сафар Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғулом Бобозода, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, вазири фарҳанг  Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшоҳ Неъматов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар  шахсони расмӣ гусел намуданд.

х х х

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина 4 декабри соли 2008 бо маросими истиқболи расмӣ аз ҷониби Президенти ин кишвар Виктор Юшенко оғоз ёфт.
Маросими пуршукӯҳи истиқбол бо саф оростани горди ифтихорӣ, гузориши фармондеҳи он, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, дар фазои шаҳри Украина танинандоз гаштани садои 21 шиллик аз тӯпхонаҳо ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Масоили таҳкиму густариши минбаъдаи хамкориҳои Тоҷикистону  Украина нахуст дар мулоқоти як ба яки сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Юшенко  баррасӣ шуд.
Зимни сӯҳбати хоса сарони ду давлат оид ба татбиқи амалии нақшаи ҳамкории Тоҷикистону Украина дар солҳои 2008-2009, ки зимни сафари расмии Виктор Юшенко ба Тоҷикистон баҳори соли равон ба имзо расида буд ва дигар санадҳои ҳуқуқию қарордодии амалкунанда гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Сарони ду давлат бори дигар ҳавасмандии худро баҳри ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, мошинсозӣ нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, илму техника, фарҳанг ва таҳкими робитаҳои ҳарбию техникӣ таъкид намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз Виктор Юшенко даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф биёрад.
Баъди анҷоми мулоқоти як ба як Президенти Украина Виктор Юшенко  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии давлатӣ – ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1 сарфароз гардонд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Президенти Украина Виктор Юшенко бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 қадр шуд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Юшенко сипас зимни гуфтушунидҳои васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.
Зимни сӯҳбатҳо ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳо зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки баҳри тавсеаи муносибатҳои ҳасанаи байни ду давлат ва мардумони онҳо рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар гузаронда шаванд.
Қарор шуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Украина  ва аз Украина дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёбад.
Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳо 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Украина;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ;
Нақшаи чорабиниҳои Барномаи байнидавлатии ҳамкории дарозмуддати иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина барои солҳои 2003-2012;
Шартнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко оид ба ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ.
Баъди анҷоми имзои санадҳои ҳамкорӣ сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Юшенко барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, аз пайвастагии робитаҳои сатҳи олии сиёсӣ ва натиҷаҳои гуфтушунидҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Худи ҳамин рӯз Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ      Раҳмон ҳамчунин бо муовини аввали раиси порлумони Украина Александр Лавринович, президенти собиқи Украина Леонид Кучма, бо ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко ва бо тоҷикону ҳамватанони муқими Украина низ мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Зимни сафари давлатӣ ба Украина Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз корхонаи азими Турбоатом ва дигар корхонаю муассисаҳои бонуфузи ин кишвар, ки бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамар доранд, дидан мекунад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби  матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода телефонӣ аз шаҳри Киеви  Украина иттилоъ дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2770
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед