logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба фаъолияти минбаъда дар соҳаи маблағгузории рушд барои шарҳи ҷараёни татбиқи Консенсуси Монтеррей, Давҳа, Қатар, 29 ноябри соли 2008

Мӯҳтарам ҷаноби Раис!
Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ!

Пеш аз ҳама мехоҳам ба аълоҳазрат Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ, Дабири кулли  Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ барои ташкили конфронси мазкур ва фароҳам овардани шароити  мусоид барои кори он арзи сипос намоям.
Низоми ноустувори молиявии ҷаҳонӣ, ки ҳам ба бозори молиявӣ ва ҳам ба бахши воқеии иқтисодиёт таъсир мерасонад, кишварҳои рӯ ба инкишофро хеле осебпазир кардааст. Дар онҳо кам шудани воридоти сармоя ва суст гардидани суръати рушди иқтисодӣ ва даромадҳо ба мушоҳида мерасанд.
Омили дигари таъсири манфии бӯҳрон, махсусан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, кам шудани ҳаҷми маблағҳои аз ҳисоби содирот бадастомада дар натиҷаи пастшавии нархҳои ҷаҳонии ашёи хом мебошад, зеро алюминий ва пахта маҳсулоти асосии содиротӣ мебошанд, ки нархи ҷаҳонии онҳо то 50 фоиз коҳиш ёфт.
Дар робита ба ин, мо боварӣ дорем, ки давлатҳои тараққикарда ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои пешгирӣ кардани амиқравии бӯҳрон иқдоми зарурии сиёсӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ меандешанд, то афзоиши минбаъдаи сатҳи камбизоатӣ ва душворгардии татбиқи вазифаҳои бамиёнгузоштаи Консенсуси Монтеррей пешгирӣ карда шавад.
Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам! 
Дар баробари ин, бо дарназардошти қарзи гарони кишварҳои рӯ ба тараққӣ, кӯмак бояд дар асоси  грант ва ё қарзи имтиёзнок сурат гирад.     
 Тоҷикистон бо ташаббус ва кӯмаки бевоситаи Созмони Милали Муттаҳид дар Стратегияи миллии рушд, ки аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бармеояд, дар давраи то соли 2015 – ум вазифаҳои худро доир ба ду маротиба паст кардани нишондиҳандаҳои сатҳи камбизоатӣ, ноил гардидан ба суръати ҳарсолаи рушди иқтисодӣ дар сатҳи қобили қабул навсозии таҷҳизоти истеҳсолӣ, воридоти технологияи муосир дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муайян кардааст. 
Вале бе мусоидат ва кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ, бе ҷалб намудани захираҳои иловагии молиявӣ ба иқтисодиёт, бе ҳамгироии минбаъда ва иштирок дар фаъолияти ниҳодҳои асосии байналмилалӣ татбиқи ин вазифаҳо барои Тоҷикистон хеле мушкил аст. 
Бинобар ин, мо интизорем, ки бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ кишварҳои пешрафта садоқати худро ба афзалиятҳои Консенсуси Монтеррей собит намуда, кӯшишҳоро  барои паст кардани тафовути байни кишварҳо ва рушди нобаробари иқтисодии давлатҳои алоҳидаи тараққиёбандаи ҷаҳон идома медиҳанд.
Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ!
Бӯҳрони кунунии ҷаҳонии молиявӣ бо бӯҳронҳои озуқаворӣ ва энергетикӣ сахт алоқаманд мебошад ва таъсири онҳо, бахусус ба кишварҳои тараққиёбанда ва бо иқтисодиёти гузариш, баръало ба мушоҳида мерасад.
Мехостам таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалаҳои зикршуда дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи ин кишварҳо тааллуқ дорад, ҷалб намоям.
Ба Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудудашро кӯҳҳо ва танҳо 7 фоизашро ҳамворӣ ташкил медиҳад, болоравии якбораи нархҳои ҷаҳонии маводи асосии ғизоӣ таъсири манфӣ расонид, ки ин ба сатҳи дастрасии  аҳолӣ ба намудҳои алоҳидаи озуқаворӣ зиёни ҷиддӣ овард.
Дар соли 2007-ум вазни қиёсии воридоти озуқаворӣ аз содироти он зиёда аз се маротиба баланд гардид ва ин омил асосан ба  пасту баланд шудани нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоӣ вобаста буд.
Дар робита ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба як проблемаи муҳим ҷалб намоям, ки ба соҳаи кишоварзии мамлакатҳои тараққиёбанда таъсири манфӣ дорад. Сухан дар бораи низоми мавҷудаи дотатсияи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ мутараққӣ меравад, ки сабаби монеаи воридшавӣ ба бозорҳои онҳо мебошад.
Бо мақсади баробар намудани шароит ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи кишоварзии мамлакатҳои тараққиёбанда зарур аст, ки ин низоми субсидия ё бекор карда шавад ва ё як қисми ин маблағҳо барои дастгирии кишоварзони мамлакатҳои рӯ ба инкишоф равона карда шавад. Дар баробари афзоиши нархҳо ба молҳои истеъмолӣ, дар солҳои 2007-2008 Тоҷикистон ба сардии ғайриоддӣ ва  камобию хушксолӣ рӯ ба рӯ шуд, ки боиси бӯҳрони энергетикӣ ва озуқаворӣ гардид ва дар натиҷа сатҳи  иҷтимоиву иқтисодии аҳолии кишвар хеле паст шуд. Бо дарназардошти воқеияти бӯҳрони энергетикӣ ва таъсири манфии он дар айни ҳол сохтмон ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурду миёна, инчунин таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда  амалӣ карда мешавад.
 Дар ояндаи миёнамӯҳлат самтҳои асосии фаъолият ба анҷом расонидани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва бунёди як қатор нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва ҳароратӣ дар назар дошта шудааст. Дар натиҷаи ин, мо барои содироти зиёда аз 30 миллиард киловатт/соат қувваи барқ ба кишварҳое, чун Покистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар минтақаҳо имкон пайдо хоҳем кард, ки ин саҳми арзанда дар рушди ин кишварҳо хоҳад буд.
Дар баробари ин,  содироти қувваи барқ ба Афғонистони ҳамсоя дар самти кӯшишҳои байналмилалӣ доир ба таъмини сулҳу оромӣ ва устувор гардонидани иқтисодиёти ин кишвар саҳми ҷиддӣ мегузорад. Барои Тоҷикистон мустақилона ҳаллу фасл намудани ин вазифаҳо хеле душвор аст. Аз ин рӯ, мо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро ба ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ин кори натанҳо барои рушди Тоҷикистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва умуман Осиё муҳим даъват менамоем.
Таъсиси фондҳои махсус, ки ба паст кардани бӯҳрони энергетикӣ ва озуқаворӣ равона шудаанд, метавонанд аз бисёр ҷиҳат ба ҳалли ин масъала мусоидат намоянд. Омили муҳими паст кардани сатҳи таъсири бӯҳронҳо ва рушди иқтисодиёти кишварҳои минтақа, ки Тоҷикистон низ дар он қарор дорад, рушди савдо мебошад ва он ба инкишофи роҳҳои нақлиётӣ ва коммуникатсия, инчунин ба истифодаи иқтидори транзитии минтақаи Осиёи Марказӣ иртибот дорад.
Сохтмони роҳҳои автомобилгард ва оҳан кишварҳои минтақаро, ки ба баҳр баромад надоранд,  ба ҳам пайванд намуда, ба бандарҳои Халиҷи Форс ва Уқёнуси Ҳинд пайвастани  кишварҳои Осиёи Марказиро таъмин менамоянд ва ин ба манфиати умумии мо мебошад.
Дар ин маврид сухан на танҳо дар бораи ташкил намудани коммуникатсияи муосир, инчунин дар бораи таъмини интиқоли озоди молҳо, қувваи корӣ ва сармоя меравад, ки дар роҳи онҳо баъзан монеаҳои сунъӣ эҷод карда мешаванд.
Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!
Ҷаҳон дар асри XXI ба хатар ва таҳдидҳои нав дучор мегардад.  Борҳост, ки Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба тамоми кишварҳо бо даъвати муттаҳид намудани кӯшишҳо дар самти бартараф намудани масъалаи нарасидани оби нӯшокӣ муроҷиат мекунад.
Дар қатори бӯҳрони озуқаворӣ ва энергетикӣ проблемаи мазкур ба вазъи як қатор давлатҳо, ҳамчунин Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ  ба таври ҷиддӣ таҳдид дорад. Дар соли 2005-ум бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид даҳсолаи «Об барои ҳаёт» эълон карда шуд. Зиёда аз 40 фоизи аҳолии кураи замин имрӯз норасоии миёна ё шадиди обро эҳсос мекунад, вале коршиносони Созмони Милали Муттаҳид чунин меҳисобанд, ки то соли 2025 тақрибан аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дар ноҳияҳои камоб зиндагӣ хоҳад кард.
Масъалаи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ истифодаи самарабахшу оқилонаи об мебошад. Ин проблема дар шароити сол ба сол такрорёбандаи хушксолӣ шадидтар мегардад, зеро ба иқтисодиёти кишварҳои минтақа зиёни ҷиддӣ мерасонад. Гармшавии иқлим ба он оварда расонидааст, ки солҳои охир оби дарёҳои калонтарини Осиёи Марказӣ – Сирдарё ва Амударё, ки аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва ҳаҷми пиряхҳои азими Помир, ки сарчашмаи қариб 60 фоизи ин дарёҳо мебошад, хеле кам шудааст.
Яке аз сабабҳои асосии гармшавии иқлим, пеш аз ҳама фаъолияти саноати кишварҳои тараққикарда мебошад. Агар чунин тамоюл идома ёбад,  дар ояндаи наздик минтақаи мо ба офатҳои миқёсан бузурги экологӣ ва мушкилоти бо онҳо марбути иқтисодию иҷтимоӣ дучор хоҳад гашт. Эҳтимоли ин ҳолатро обу ҳавошиносон низ пешбинӣ менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки он зиёда аз 500 миллиард  киловатт/соатро ташкил медиҳад  ва аз рӯи ҳаҷми умумиаш дар ҷаҳон ҷои сеюмро  ишғол менамояд. Дар шароите, ки арзиши нафту газ дар ҷаҳон устувор нест ва захираҳои онҳо тадриҷан коҳиш меёбанд, рушди энергетика ва дар навбати аввал гидроэнергетика омили муҳими рушди устувор мегардад.
Бо дарназардошти мушкилоти глобалии экологӣ, аз ҷумла гармшавии иқлим, ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба протоколи Киото, ба ақидаи мо, боиси афзоиши иқтисодиёти кишвар хоҳад гашт.
Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ!
Яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамкорӣ ва мусоидати фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба татбиқи нақшаю барномаҳои рушди миллӣ мебошад. Стратегияи муштараки ҳамкорӣ, ки дар айни ҳол таҳия мегардад, бояд дар рушди ҳамкории миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд саҳифаи тозаеро боз намояд ва он бояд барномае гардад, ки барои давраи миёнамӯҳлат ҷиҳати ташаккули ҳамкории самарабахш барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ва кам кардани камбизоатӣ пешбинӣ шудааст.
Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!
Дар ҷараёни конфронси мазкур масъалаи ҳалли проблемаи маблағгузории рушд дар рӯҳияи ҳамкории глобалӣ дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор дорад. Бинобар ин, ман чунин меҳисобам, ки ҳамаи кишварҳо бояд барои татбиқи пурраи аҳдномаҳое, ки дар доираи Консенсуси Монтеррей қабул карда шудаанд, кӯшиш намоянд.
Кишварҳои рӯ ба тараққӣ бояд дорои имконияти таъсиррасонӣ  ба қабули қарорҳои созмонҳои байналмилалӣ роҷеъ ба масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди иқтисодӣ бошанд ва дар идоракунии онҳо низ саҳми босазо дошта бошанд.  Вақти он расидааст, ки сохтори муосири ташкили созмонҳои байналмилалии молиявӣ таҷдиди назар карда шавад, чунки аксари онҳо ҳанӯз солҳои 40-уми асри гузашта таъсис ёфта буданд.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ куллан тағйир ёфтааст ва мутаносибан бояд сохтор ва низоми идории ин созмонҳо низ нав шавад. Мо пешниҳод мекунем, ки дар ҳайати роҳбарию идоракунии онҳо намояндагони кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳам бошанд. Сохтор ва низоми идории Созмони умумиҷаҳонии савдо низ аз нав дида баромада шавад. Кор бояд тарзе сурат бигирад, ки  давлатҳои мутараққӣ ба кишварҳои рӯ ба инкишоф барои дохил шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо монеаҳои сунъӣ эҷод насозанд. Мутаассифона, ҳоло ин усули корбарӣ ба мушоҳида мерасад. Таҷдиди назар кардани сохтор ва низоми идории Созмони умумиҷаҳонии савдо  кӯмаки ҷиддии он ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ хоҳад буд.
Дӯстони азиз,
Тағйирёбии иқлим ба Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз 50 миллион аҳолӣ дорад, зиёни беандоза расонда истодааст. Аз солҳои 90-уми асри гузашта аллакай 3 маротиба аст, ки дар ин минтақа хушксолӣ такрор мешавад, обшавии пиряхҳои азими қуллаҳои дастнораси кӯҳҳои Помир сол ба сол зиёд мегардад, ҳол он, ки Осиёи Марказӣ минтақаи чандон пешрафтаи саноатӣ нест.
Мо ба кишварҳои мутараққии саноатӣ барои кӯмакҳои башардӯстонаашон миннатдорӣ арз мекунем, вале дар баробари ин бояд ҳисоб кунем, ки оё ин кӯмакҳо ба зарари ба иқлими ин минтақаи бузург расондаи онҳо баробар шуда метавонад.
Итминони комил дорам, ки имрӯз мо қодирем, ҷаҳонро беҳтар созем ва ба бовариву эътимоди халқҳоямон сазовор гардем.
Барои таваҷҷӯҳатон ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 545

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед