logo

сафарҳо

Гузориши муфассал аз ҷараёни сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Арабии Яман

Аз 27  ноябр то 1 декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар  Ҷумҳурии Исломии Эрон, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Арабии Яман қарор дошт. Сафар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон боздиди дӯстонаи корӣ буд, вале натиҷаҳои он аз ҷониби Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ      Раҳмон бештар аз натоиҷи як сафари давлатӣ арзёбӣ гардид.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Меҳрободи шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми роҳбарияти ин давлати дӯст истиқбол гирифтанд.
Сафари дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Теҳрон бо мулоқоти расмии ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод оғоз ёфт. Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас дар гуфтушунидҳои васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Исломии Эронро шарики стратегии табиии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, аз сатҳи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар, дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамзамон бо ин Сардори давлати Тоҷикистон         Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла суръати сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», ки парчамбардори робитаҳои иқтисодии ду кишвар аст, изҳори норозигӣ кард. Тезондани корҳои ниҳоии сохтмони нақби Истиқлол, оғози сохтмони нақби Чормағзак ва лоиҳакашии Нерӯгоҳи барқи обии Шӯроб низ матлуб арзёбӣ гардид. Мусоҳибон оид  ба бунёди хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингарди миёни Тоҷикистону Афғонистону Эрон ҳавасмандии худро бори дигар таъкид намуда,  изҳор доштанд, ки ба ин корҳо бояд суръати бештар бахшида шавад.
Таъкид гардид, ки ба тасмимоти муштараки Тоҷикистону Афғонистону Эрон дар роҳи азхуднамоии захираҳои обию энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард ҳамчунин Қирғизистону Чин ва дигар кишварҳои манфиатдор низ метавонанд ҳамроҳ шаванд. Қарор дода шуд, ки якчанд корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон сохта шаванд, аз ҷумла оид ба таъмири вагонҳо барои қатораҳои роҳи оҳан, филизгудозӣ, истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасраф ва ғайра. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки дар Тоҷикистон як маркази муштараки илмию зилзиласанҷӣ ва як маркази бузурги савдо сохта шавад. Қарор шуд, ки сохторҳои дахлдори ду кишвар дар бунёд ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамкории наздик дошта бошанд.
Масоили густариши робитаҳои таҳсилотӣ ва илмию фарҳангӣ низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд. Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҳамгироиҳои муштарак дар чаҳорчӯби Созмони конфронси исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
Зимни сафари дӯстонаи худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар Манучеҳри Муттакӣ, вазири дифоъ ва пуштибонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳ Мустафо Муҳаммади Наҷҷор ва вазири нерӯ Парвизи Фаттоҳ низ мулоқотҳои судманд анҷом дода, тафсилоти ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ ва энергетикии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар фароварди сафар бо иштироки сарони ду давлат ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод оид ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамлу нақл миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва таробарии Ҷумҳурии Исломии Эрон.
 Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои сафар ва мулоқотҳо изҳори қаноатмандию хушнудӣ карданд. Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид дошт: - «Натиҷаҳои ин сафарро метавон бештар аз натиҷаҳои як сафари давлатӣ  маънидод кард».
Ба иттилои сарони ду давлат, ҳар ду ҷониб тасмим гирифтаанд, ки баҳри сохтмони роҳи оҳани миёни Эрону Чин тавассути қаламрави Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ва ҳамчунин баҳрабардории муштарак аз захираҳои обию энергетикии минтақа мулоқотҳои сатҳи олии сеҷониба (Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон) ва панҷҷониба, бо иштироки Чину Қирғизистон созмон бидиҳанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби барномаи сафари дӯстонааш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин аз ширкати азими мошинсозии САЙПО дидан карда, бо иқтидорҳои истеҳсолии он ва имконоти ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба аз наздик шинос шуд.
Баҳри ташкил ва густариши ҳамкориҳои судманд қарор дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе намояндагии ширкати САЙПО ва маркази савдои мошинҳояш кушода шавад. «Оянда мо метавонем бо ширкати САЙПО истеҳсоли муштараки мошинҳоро дар Тоҷикистон ба роҳ монем», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз бурҷи Милоди Теҳрон дидан кард, ки баландтарин нуқтаи тамошои шаҳр  ва як маркази бузурги баргузории чорабиниҳои гуногун аст. Баландии он то нуқтаи охиринаш 435 метр, ки дар ҷаҳон дар ҷойи 4-ум меистад. Дар баландии наздики 300 метр ин бурҷ толору утоқҳои гуногуни маҷлисӣ ва тарабхонаи чархзананда дорад. Лоиҳакашӣ ва бунёди ин иншооти мураккаби меъморию муҳандисӣ пурра аз ҷониби мутахассисони эронӣ сурат гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон ва муҳандисону меъморони эронӣ ба қарор омаданд, ки баҳри дар Тоҷикистон низ бунёд кардани чунин иншоот ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.
Нимаи дуюми рӯзи 28 ноябр пас аз анҷоми сафари пурмаҳсули дӯстонааш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Саммити ғайрирасмии Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии масъалаҳои вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва Конфронси байналмилалӣ  оид ба маблағгузории рушд ба Давлати Қатар сафар кард.
Саммити ғайрирасмии Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии масъалаҳои вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ бегоҳи 28 ноябр дар пойтахти Давлати Қатар – шаҳри Давҳа  баргузор гашт, ки дар муҳокимарониҳои он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштироки фаъол намуд.
Бояд тазаккур дод, ки мулоқоти мазкури ғайрирасмӣ қабл аз Конфронси байналмилалӣ  оид ба маблағгузории рушд баргузор гашта, як навъ омодагӣ ба он буд. Конфронси байналмилалӣ  оид ба маблағгузории рушд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони умумиҷаҳонии савдо ташкил гардида буд, субҳи 29 ноябр ба кори худ шурӯъ намуд. Баҳри иштирок дар  он ба Давлати Қатар Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, намояндагони беш аз 100 давлат ва даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ ташриф оварданд. Бештар аз 30 давлати ҷаҳонро дар ин конфронс бевосита роҳбарони аввали онҳо намояндагӣ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, дар он суханронӣ намуд ва нахуст ба созмондиҳандагони ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ арзи сипосу миннатдорӣ кард. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ кишварҳои пешрафта бояд садоқати худро ба афзалиятҳои Консенсуси Монтеррей собит намуда, кӯшишҳои худро баҳри паст кардани тафовути байни кишварҳои мутараққӣ ва кишварҳои рӯ ба инкишоф ва бартарафсозии рушди нобаробари онҳо идома диҳанд».
Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва як қатор нерӯгоҳҳои дигари обию ҳароратии барқиро аз самтҳои асосии фаъолияти давлати Тоҷикистон баҳри таъмини рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар маънидод карда, таъкид дошт, ки дар сурати дастгирии кишварҳою созмонҳои мададрасон аз татбиқи босамари ин нақшаҳо содироти зиёда аз 30 миллиард киловатт/соат қувваи барқ ба Покистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар минтақаҳо дар ояндаи наздик имконпазир мегардад ва ин саҳми намоёни Тоҷикистон дар амалӣ намудани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола хоҳад буд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бартарафсозии монеаҳои тиҷоратӣ ва рушди савдо, бунёди роҳҳои оҳану мошингарди минтақавӣ, болобарии иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ ва пайвастани онро ба бандарҳои Халиҷи Форс ва Уқёнуси Ҳинд низ  аз роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ин минтақа арзёбӣ намуд ва мусоидати кишварҳои пешрафтаю  ниҳодҳои мададрасони байналмилалиро ба ҳалли ин масоил матлуб маънидод кард.
Ба андешаи Эмомалӣ     Раҳмон, «кишварҳои рӯ ба тараққӣ бояд дорои имконияти таъсиррасонӣ  ба қабули қарорҳои созмонҳои байналмилалӣ роҷеъ ба масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди иқтисодӣ бошанд ва дар идоракунии онҳо низ саҳми сазовор гирифта тавонанд». Дар охири суханронӣ Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор намуд: -«Имрӯз мо қодирем, ки ҷаҳонро беҳтар созем ва ба бовариву эътимоди халқҳоямон сазовор гардем».
Худи ҳамон рӯз яке аз ҳамоишҳои мизи гирди Конфронси байналмилалӣ  оид ба маблағгузории рушд таҳти раёсати  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ    Раҳмон ҷараён гирифт, ки боз як гувоҳии возеҳ аз нуфузу эътибори байналмилалии ӯ ба ҳайси як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Ин ҳамоиш, ки дар он намояндагони воломақоми кишварҳо ва созмонҳои сершумори ҷаҳон ширкат доштанд, таҳти унвони «Сафарбаркунии захираҳои молиявии дохилӣ ба татбиқи ҳадафҳои рушд», ҷараён гирифт. Хотиррасон бояд кард, ки Тоҷикистон аз нахустин кишварҳои таҷрибавии ҷаҳон ва ташаббускорони намоёни татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст. Ин ҳадафҳо барои дастгирии рушди устувори кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз ҷониби Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид эълон гаштаанд.
Дар ҳошияи конфронси байналмилалии мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом дод. Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ, масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории байни ду кишвар имзошуда баррасӣ гардид.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон  «пояҳои ҳуқуқии лозима барои густариши муносибатҳои дуҷонибаи дарозмӯҳлати шарикӣ» байни Тоҷикистону Қатар  гузошта шудаанд». Сарони ду давлат тасмим гирифтанд, ки баҳри рушди пайвастаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар мӯҳлатҳои наздик сафоратҳои худро дар кишварҳои ҳамдигар ифтитоҳ намоянд.
Кушодани хати мустақими ҳавоии байни ду кишвар, бо сармоягузории ҷониби қатарӣ дар шаҳри Душанбе бунёд намудани як масҷиди бузург ва мактаби замонавӣ, биноҳои истиқоматӣ, таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гӯшту шир барои содирот ба Давлати Қатар аз самтҳои афзали ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар таъкид гардиданд.
Дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили татбиқи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии СПИД, сил, вараҷа ва ғайра, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд. Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи Пан Ги Мунро ба масоили вобаста ба азхудкунии захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ ҷалб намуда, аз ӯ, аз ҷумла даъват намуд, ки соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҷамъбасти натиҷаҳои панҷсолаи татбиқи «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» иштирок намояд.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии Тоҷикистонро баҳри дар ҳудуди худ ҷойгир намудани Маркази ЭСКАТО ва ЕЭК – Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуд. Масоили таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ҳамгироиҳо дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини дабири кулли ин созмон оид ба масоили гуманитарӣ Ша Тсузукан баррасӣ шуд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва  Президенти Хорватия Степан Месич зимни мулоқоти дӯстонаи худ, қарор карданд, ки ба кишварҳои ҳамдигар баҳри эҷод ва тавсеаи заминаи ҳамкории густурда, сафарҳои расмӣ анҷом бидиҳанд.
Байни онҳо оид ба доираи васеи мавзуоти ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои судманди миёни Тоҷикистону Хорватия гуфтугӯйи пурмӯҳтаво сурат гирифт.
Дар мулоқоти Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Булғория Георгий Пирванов масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои судманди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳо бо Булғория ва барқарор намудани робитаҳои анъанавии қаблӣ изҳори ҳавасмандӣ карда, Георгий Пирвановро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон баҳри тавсеаи заминаи сиёсию ҳуқуқии ҳамкориҳо ташрифи расмӣ биёрад.
Дар мулоқот бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Ламӣ Президенти мамлакат       Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба ин созмони бонуфуз баррасӣ намуд. Зикр гардид, ки ба гурӯҳи кории омӯзандаи ин масъала 52 кишвари ҷаҳон аъзо аст ва аллакай се маҷлиси он гузаронда шудааст. Ба наздикӣ бояд ҳисоботи маҷлиси сеюм пешкаш гардад ва омодагӣ ба маҷлиси навбатӣ оғоз ёбад. Ба раванди мувофиқгардонии қонунгузории Тоҷикистон ва низоми тиҷоратии он ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо баҳои баланд дода шуд. Бояд махсус таъкид намуд, ки пешниҳоду тадбирҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  оид ба ташвиқ ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, аз  ҷумла баҳри бартараф намудани мушкилоти вобаста ба таъмини аҳли башар бо оби тозаи нӯшокӣ мавриди пуштибонию қадршиносӣ қарор мегиранд.
Робитаҳои ҳасана бо Давлати Қатар, ки имрӯз барои ба шарики стратегии Тоҷикистон дар байни кишварҳои арабӣ табдил ёфтани он замина эҷод гаштааст, рӯ ба инкишофу густариш доранд. Зимни сафари корӣ ба Давлати Қатар Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз қароргоҳи марказии ширкати бузурги Қатарӣ Диёр дидан карда, бо лоиҳаи як силсила биноҳо, ки бояд дар шаҳри Душанбе сохта шаванд, аз наздик шинос шуд. Қатарӣ Диёр, ки яке аз бонуфузтарин ширкатҳои сохтмонӣ дар ҷаҳон аст, бояд дар пойтахти Тоҷикистон як шаҳраки ҳозиразамони иборат аз биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхона, марказҳои савдо, иморатҳои фароғатӣ, гулгашту сайргоҳҳо ва ғайра бунёд намояд.
Зикр гардид, ки лоиҳаи шаҳрак соли 2009 пурра омода мегардад ва корҳои сохтмонӣ оғоз хоҳанд ёфт. Ҳамчунин баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни телевизиони иттилоотии Тоҷикистон – Ҷаҳоннамо ва телевизиони овозадори ал-Ҷазираи Давлати Қатар мувофиқаҳо ҳосил шуданд. Тибқи онҳо телевизионҳои Ҷаҳоннамо ва ал-Ҷазира дар омода кардани кадрҳои ҷавон ва мубодилаи иттилооту таҷриба ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд.
Нимаи дуюми рӯзи 30 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ба поён расидани сафари пурмаҳсули корӣ дар Давлати Қатар баҳри анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Яман рафт. Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин сафари Президенти Тоҷикистон ба ин кишвари бостонӣ аст. Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахти он Сардори давлати Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтирому самимияти хоса Президенти Ҷумҳурии Арабии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ истиқбол гирифт. 
Маросими истиқболи расмӣ дар назди қасри Ҷумҳурии шаҳри Санъо  - пойтахти Ҷумҳурии Яман бо ҳузури Горди ифтихорӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар баргузор гашт.
Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва  Алӣ Абдулло Солеҳ, сипас дар гуфтушуниди васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баррасӣ шуданд.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ тасмим гирифтанд, ки робитаҳои мавҷудаи байни табибони тоҷик ва беморхонаҳои Яман ба таври мустақим, бе миёнарав ба роҳ монда шаванд. Президенти Ҷумҳурии Арабии Яман ҳамчунин изҳор дошт, ки барои намояндагии Тоҷикистон дар Яман бино ҷудо шуда, шароити зарурии дигар низ муҳайё мегардад.
Алӣ Абдулло Солеҳ даъвати Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ташрифи расмӣ овардан ба Тоҷикистон бо камоли хушнудӣ пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ ба масъулини ду кишвар дастур доданд, ки ҳарчи зудтар комиссияи муштараки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Яман таъсис дода шавад.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расид: Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Яман дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Яман дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг, Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Арабии Яман оид ба ҳамкорӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Яман. Бо ин заминаи нахустини сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқӣ барои густариши муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Яман фароҳам омад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Арабии Яман Абдураббу Мансур, Сарвазири он Алӣ Муҳаммад Муҷаввар, Раиси Маҷлиси шӯрои (порлумони) ин кишвар Абдулазиз Абдулғанӣ мулоқотҳои судбахш анҷом дод.
 Дар вохӯрии Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ соҳибкорони бонуфузи Ҷумҳурии Арабии Яман ба масоили ташкил намудани робитаи доимӣ миёни палатаҳои савдо ва саноат ва алоқаҳои бевоситаи тоҷирону соҳибкорони ду кишвар таваҷҷӯҳи хос зоҳир гашт.
Қарор карда шуд, ки дар ояндаи наздик вохӯриҳои онҳо дар Тоҷикистон ва Яман барои ташкили ҳамкориҳо ба роҳ монда шаванд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як мулоқоти басо ҷолибу судманд бо зиёда аз 150 нафар намояндаи тоҷикон ва ҳамватанони муқими Яман анҷом дод, ки нишонаи навбатӣ аз ғамхории доимии ӯ ба шаҳрванди бурунмарзии Тоҷикистон  аст. Чунонки аён гашт, дар Ҷумҳурии Арабии Яман айни ҳол беш аз 700 нафар шаҳрванди Тоҷикистон кору таҳсил мекунад. Зиёда аз 80 дар сади онҳоро табибони тоҷик ташкил медиҳанд, ки дар ин кишвар обрӯю эътибори баланд касб намудаанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нуфузу эҳтироми  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва табибони тоҷик, ки ворисони воқеии Абӯалӣ ибни Сино будани худро дар Яман собит намудаанд, изҳори сарфарозӣ кард ва таъкид дошт, ки онҳо бо кору ҳунари волояшон бояд Тоҷикистон ва илму фарҳанги бостонии тоҷиконро ба таври шоиста дар ин кишвар муаррифӣ намоянд.
Байни онҳо ҳамчунин як маҳфили озоду ошкорои саволу ҷавоб сурат гирифт. Сардори давлат Эмомалӣ     Раҳмон ба суолу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас дод, аз ҷумла оид ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи ҳолати шаҳрвандӣ ва рафту омади ҳамватанон ба Тоҷикистон.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  ба шахсони дахлдор дастур дод, ки «консулгарии Тоҷикистон дар Яман таъсис дода шавад, то манфиатҳои шаҳрвандони мо таҳти пуштибонии давлатамон қарор бигиранд». Зимни сафари расмии худ Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ   Раҳмон ҳамчунин аз ҷойҳои таърихию фарҳангии Яман дидан карда, бо таҷрибаи ғании он дар бунёди инфрасохтор ва рушди туризм аз наздик шинос шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин роҳбари давлати хориҷӣ аст, ки аз масҷиди бузурги навбунёди «Ҷомеи Солеҳ» дидан кард ва аз шукӯҳу шаҳомати он ва монандиҳои аносири меъмории яманию тоҷикӣ як ҷаҳон таассуроти накӯ бардошт.
Зимни боздид аз иншооти захираю поксозии оби борон, ки баҳри таъмини аҳолии шаҳри Адан – пойтахти ҷанубии Ҷумҳурии Арабии Яман сохта шудаанд, зикр гардид, ки имрӯз дар ҳар ду пойтахти ин кишвар - шаҳрҳои Санъою Адан ва дигар минтақаҳои он норасоии оби тозаи нӯшокӣ яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад. Чунонки аён шуд, дар обанборҳои захираю поксозии оби борони шаҳри Адан ба сабаби хушксолию камборишӣ ҳеҷ нишона аз об ба назар намерасад.
Бо ҳамин барномаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Яман ба поён расид ва шаби 1-уми декабр Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз шаҳри Адани ин кишвар ба Ватан омад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 679

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед