logo

паёмҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати фарорасии соли нави 2012-уми милодӣ, ш. Душанбе, 31 декабри соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Мувофиқи солшумории милодӣ баъди чанд лаҳза соли нави 2012-ум фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо - азизон ва кулли ҳамватанонамонро, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон зиндагиву фаъолият доранд, самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо тандурустиву саодатмандӣ, бахту иқболи нек, ба хонадонатон рӯзгори хушу осуда, файзу баракат ва барори кор орзу менамоям.
Соли рафтаистода барои мардуми кишвари мо аз ҷумлаи солҳои бисёр муҳиму хотирмон мебошад. Бахусус таҷлили бошукӯҳи ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватанамон, ки он барои ҳар як фарди бонангу номус бисёр азизу муқаддас аст, аз рӯйдодҳои муҳимтарини ҳамин сол маҳсуб мегардад. Ба шарофати заҳмати созандаву фидокоронаи мардуми шарифи Тоҷикистон мо ин санаи бузурги таърихиро бо дастовардҳои арзанда ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намудем.
Дар соли куҳан мо ҳамчунин дар аксари соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем ва муҳимтар аз ҳама, дар қалби мардумамон эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ, рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва хушбинӣ ба ояндаи нек густариши бесобиқа пайдо кард, азму талоши ободкории Ватан боз ҳам вусъат ёфта, ин ҳама ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои истиқлолият ва амалӣ гардидани ормонҳои деринаи халқи Тоҷикистон мусоидат намуд.
Яъне мардуми шарифи Тоҷикистон тамоми ғайрату имконияти худро дар ин соли таърихӣ ба хотири истиқболи сазовори ҷашни соҳибихтиёрии Ватан ва ба номи ин санаи сарнавиштсози миллӣ сафарбар карданд  ва ҳар як фарди бонангу номус дар ин кори хайри умумимиллӣ бо азму иродаи матин шарик гардид.
Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсати муносиби идона бори дигар ба хурду бузурги мамлакат ва ҳар як фарди заҳматкашу олиҳиммати тоҷик барои саҳми софдилонаву ватандӯстонаашон дар ин маъракаи умумимиллӣ самимона изҳори сипос менамоям.
Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди кишварамон дар соли нав низ бо саъю талоши дучанд заҳмат кашида, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат  ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд.
Зеро соли нави 2012 низ аз бисёр ҷиҳат барои мардуми озодандешу фарҳангдӯсти  мо ҳамчун соли муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар ин сол ба санаи тақдирсози миллӣ - баргузории иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки оғози раванди барқарор гардидани  сохти конститутсионӣ, таҳкими давлату давлатдории навини тоҷикон ва пойдор шудани суботу оромии ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, бист сол пур мешавад.
Инчунин Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки соли оянда понздаҳсолагии онро таҷлил хоҳем кард, аз ҷумлаи санаҳои муҳимтарини ҳаёти давлати соҳибихтиёри мо мебошад.
Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки вазифаи аввалиндараҷаи мо дар соли нав, пеш аз ҳама, идома бахшидан ба раванди таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, вусъат додани корҳои бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон, ҳамчунин тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои неки умумибашарист.
Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки фарзандонамон ҳамчун насли бомаърифату соҳибфарҳанг, бонангу номус, ҷӯяндаву эҷодкор, хулоса чун номбардорони халқи куҳанбунёди тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба камол расанд.
Мутмаинам, ки соли нави 2012 барои тамоми мардуми кишварамон соли таҳкими дастовардҳо, рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ ва соли пурфайзу бобарор дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти мамлакатамон мегардад.
Бо камоли итминон изҳор медорам, ки мардуми солору таҳаммулгарои мо минбаъд низ ба шукронаи Ватани озоду давлати соҳибихтиёри худ барои боз ҳам ободу зебо шудани сарзамини аҷдодӣ ва болоравии нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кору фаъолият карда, бо дарназардошти шароити ҳассоси ҷаҳони муосир ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими бештар мебахшанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳар яки шумо - ҳамватанони азиз ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро бо фарорасии соли нави милодии 2012 табрик мегӯям.
Бигзор соли нав барои Тоҷикистони азизи мо ва мардуми шарифу сарбаланди он соли бобарор, пурфайзу баракат ва соли амалӣ гардидани орзуву ҳадафҳои созандаи ҳамватанонамон гардад!
Соли нави милодӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.01.12    №: 1    Мутолиа карданд: 939

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед