logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи давлатии "Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон" дар арафаи Соли нави милодии 2012, ш. Душанбе, 28 декабри соли 2011

Фарзандони азиз!
Устодон ва ҳозирони гиромӣ!

Хеле шодам, ки имрӯз дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ бо шумо аз наздик дидору мулоқот менамоям ва дар симои ҳар яки шумо дилгармиву меҳрубонии хосаро мушоҳида мекунам.
Бинобар ин, ҳамаи шумо - фарзандони азиз ва ҳайати омӯзгорону мураббиёни ин муассисаи таълимиву маърифатиро ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, рӯҳи болидаву иродаи қавӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Ҳамчунин мехоҳам зикр намоям, ки ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбону ниёзмандон, бахусус таълиму тарбия ва тавонбахшиву мутобиқгардонии онҳо ба зиндагии фаъолона  аз ҷумлаи вазифаҳои асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 
Барои расидан ба ин ҳадафи нек ва иҷрои ин рисолати инсонӣ мо дар давоми солҳои охир хеле иқдомоти муҳимро амалӣ гардонидем. То имрӯз барои пиронсолон ва дигар шахсони ба ёрии иҷтимоӣ ниёздошта танҳо дар сохтори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ҳафт хона-интернат, чор осоишгоҳ барои собиқадорони ҷангу меҳнат, як маркази миллии тавонбахшӣ барои наврасон ва кӯдакон, як литсей-интернати касбии маъюбон ва корхонаи протезиву ортопедӣ, сивупанҷ шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, чордаҳ маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва марказҳои будубоши рӯзона амал намуда, ба ниёзмандон қариб бист намуди хизматҳои иҷтимоии равониву тиббӣ ва  ҳуқуқиву маслиҳатӣ  мерасонанд.
Ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат  аз тариқи муассисаҳои тобеи вазорати мазкур  ба зиёда аз бист ҳазор нафар эҳтиёҷманд хизматҳои гуногуни иҷтимоии давлатӣ расонида мешаванд.
Дар тӯли бист соли истиқлолият шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ барои маъюбону пиронсолон ва шахсони бесаробонмонда сездаҳ адад афзуда, шумораи ҷойҳо дар муассисаҳои статсионарӣ 520 адад зиёд шудааст. Номгӯи хизматҳои иҷтимоии давлатӣ аз се намуди замони то истиқлолият имрӯз ба бист номгӯи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ расидааст.
Маблағгузории муассисаҳои зикршуда мунтазам афзоиш ёфта, соли ҷорӣ нисбат ба панҷ соли пешин якуним баробар афзудааст. Имрӯз барои нигоҳубини як нафар бошандаи муассисаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлат  дар як моҳ қариб 800 сомонӣ харҷ мегардад.
Сифати хизматрасонӣ ва сатҳи табобати пиронсолону маъюбон рӯз то рӯз беҳтар гардида, бар замми ғамхориҳои доимии давлату ҳукумат ба онҳо мунтазам аз ҷониби сарпарастон ва шахсони саховатпеша кӯмаку дастгирӣ расонида мешавад. Масалан, танҳо дар давоми ду соли охир ба муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ  ба маблағи 2 миллион сомонӣ кӯмакҳои хайрия ворид гардидаанд. 
Ман аз тамоми шахсони ҳимматбаланду саховатпеша, соҳибкорону тоҷирон бори дигар даъват ба амал меорам, ки аз чунин муассисаҳои иҷтимоӣ, ятимону маъюбон, шахсони эҳтиёҷманд ва оилаҳои камбизоат кӯмаки худро дареғ надоранд, зеро тибқи ҳадиси Расули акрам (с) ҳар касе, ки дили ятиму маъюб ва дастнигару мӯҳтоҷеро шод мегардонад, ба подоши он  савоби биҳиштро соҳиб мегардад.
Ҳозирони гиромӣ!
Дар низоми муассисаҳои иҷтимоӣ Муассисаи давлатии "Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон" дар самти таълиму тарбия, касбомӯзӣ ва ба ҳаёти мустақилона роҳнамоӣ кардани шахсони имконияташон маҳдуд нақши калон дорад. Ин даргоҳи касбу ҳунар ҳанӯз соли 1948 барои касбомӯзии маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкил шуда, аз соли 2001  ҳамчун литсей-интернати касбии махсуси маъюбон фаъолият дорад.
Дар ин муассиса касбомӯзӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд  аз рӯи 5 ихтисос, аз ҷумла оид ба таъмиру хизматрасонии дастгоҳҳои радио ва телевизион, мутахассиси техникаи компютерӣ ва интернет-технология, дӯзанда, ҳисобдор ва пойафзолдӯз ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар ин муассиса қариб 270 нафар хонандагони имконияташон маҳдуд аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таҳсил ва табобат фаро гирифта шудаанд, ки беш аз 50 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Таҳсилу истиқомати шогирдон дар ин муассиса аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ шуда, барои онҳо ҳамаи шароити зарурӣ, аз ҷумла хобгоҳ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз, китобхона, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ муҳайё карда шудааст.
Хонандагон бо се вақт хӯроки гарм ва ҷойи хоб таъмин мебошанд. Ба шогирдони ин даргоҳ қариб 100 нафар омӯзгорону мураббиён ва устоҳои таълими истеҳсолӣ хизмати шабонарӯзӣ мерасонанд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани шароити таҳсилу истиқомати хонандагони ин муассиса диққати махсус зоҳир гардида, танҳо дар давоми 5 соли охир маблағгузории он 5 баробар афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, соли 2010 ҳамаи иншооти ин таълимгоҳ аз ҳисоби Фонди Президенти Тоҷикистон ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ таъмиру таҷҳизонида  шуд.
То имрӯз ин муассисаи таълимиро беш аз 2000 нафар хатм намуда, алҳол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар кору фаъолият доранд ва саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон гузошта истодаанд. Дар робита бо ин, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки рисолати ҳар шахси огоҳ дар зиндагӣ саъю кӯшиш ба сӯи инсони комил, яъне соҳиби саводу маърифат ва илму дониш шудан, касбу ҳунар омӯхтан ва накӯкору хайрхоҳу саховатпеша будан аст. Чунонки дар урфият мегӯянд, маъюб он нест, ки бадани заиф дорад, маъюб он аст, ки иродааш заиф аст. Воқеан, аз дасту бозуи солиме, ки ба хотири ободии хонаву дари хеш ва Ватану сарзамини худ хиште болои хишт  намегузорад, на барои ҷомеа ва на барои давлат фоидае нест.
Баръакс, зиёданд шахсоне, ки бо вуҷуди нуқси табиӣ доштанашон боғайрату ҳимматбаланд мебошанд ва кӯшиш мекунанд, ки барои ободиву осудагии ҷомеаву давлат ба қадри имкону тавонашон ҳиссагузор бошанд.Бинобар ин, шумо - фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ худро танҳову носолим эҳсос накунед ва шукрона кунед, ки Худованд ба шумо ақли солим ва иродаи матин ато намудааст. Шукрона кунед ва барои рушди ин неъмати худодод бо азму иродаи қавӣ талош варзед.  Итминон дошта бошед, ки аз ҷониби ҳукумат ҳар кӯмаку дастгирие, ки зарур аст, барои шумо минбаъд низ расонида хоҳад шуд, зеро аз ибтидои соҳибистиқлолиамон ҳифзу ҳимоя ва сарпарастии гурӯҳҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои асосии давлату ҳукумат эълон шудааст ва дар оянда низ чунин мемонад.
Дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ гуфта будам ва ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ҳеҷ як ятиму бепарастор ва шахси ниёзманд аз ғамхориву дастгириҳои доимии давлату ҳукумат бебаҳра нахоҳад монд. Дар навбати худ, ҳар яки шумо бояд ҳамеша дар андешаи пайдо намудани мавқеи муносиб дар ҷомеа бошед ва ба таври возеҳ дарк намоед, ки бо меҳнати ҳалол на танҳо зиндагии шоистаи худ, балки рушду ободии Ватани хешро таъмин месозед.
Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2005  то имрӯз қариб 100 нафар хатмкардагони ин муассисаи таълимӣ бо истифода аз имтиёзҳои барои онҳо муқарраршуда ҷиҳати давом додани донишомӯзии худ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шудаанд.
Дар ҷавоб ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат ҷавонони баору номуси ин даргоҳ сарфи назар аз имкониятҳои маҳдуди ҷисмониашон дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ парчами Тоҷикистонро баланд бардошта, бо кӯшишу ғайрати худ борҳо намунаи ибрати дигарон  гардидаанд. Онҳо аз соли 2002 дар мусобиқаҳои бонуфузи Бозиҳои олимпии махсус дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон иштирок намуда, соҳиби медалҳои тиллову нуқра ва муҳимтар аз ҳама, соҳиби шӯҳрату эътибор гардидаанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ин гуна ҷавонони боғайрату матинирода таҳсину офарин мегӯям. Ҳамчунин бояд гуфт, ки завқи баланд ва ҳисси зебоипарастии ҷавондухтарону ҷавонписарони ин даргоҳ намунаи ибрат ва қобили дастгирист. Дар ин муассиса аз ҳисоби хонандагони боистеъдоду фарҳангдӯст дастаи ҳунарии "Дилсӯз" ташкил карда шудааст, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намуда, дар қатори ҳунармандони касбӣ барои тарғибу ташвиқи суннатҳои фарҳангии аҷдодамон ва расму оинҳои миллӣ  саҳми арзанда мегузоранд.
Дасту дили гарми шумо - фарзандони азиз, ба кору зиндагӣ ва саҳмгузориатон дар шукуфоии Ватани азизамон моро водор месозад, ки ба хотири фароҳам овардани шароити беҳтар ҷиҳати таҳсилу тавонбахшии шумо ва ҳамаи онҳое, ки имкониятҳои маҳдуд доранд, тадбирҳои боз ҳам бештар андешем.
Дар охир бори дигар ҳамаи шумо - фарзандони азиз ва устодону мураббиёни ин даргоҳи касбу маърифатро ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон хониши аъло, бахту саодат ва иродаи қавӣ орзу менамоям.
Бигзор, дар Соли нав ҳамаи орзуҳои шумо амалӣ гарданд!
Ҳамеша саломату сарбаланд ва зиндадилу матинирода бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.01.12    №: 1    Мутолиа карданд: 549

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед