logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 402; с. 2007, №7, мод. 660; с. 2008, №10, мод. 800) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;";
- дар сархати чорум калимаҳои ", шахсоне, ки ба шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор баробар карда шудаанд" ва "моддӣ ва ғайримоддиро" мувофиқан ба калимаҳои "ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда" ва "моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигарро" иваз карда шаванд;
- сархати панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор - шахсоне, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансабҳои давлатии хизмати давлатиро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамоянд, ҳамчунин шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад; ";
- сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- шахсони ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор баробаркардашуда - шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсоне, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати номзад ба ишғоли мансабҳои давлатии интихобӣ ё аъзои мақомоти давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд;";
- дар сархати ҳаштум баъд аз калимаи "қудоҳо," калимаҳои "келинҳо, домодҳо," илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 4:
- сархатҳои якум ва дуюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- баробарии ҳама дар назди қонун ва суд;";
- ба сархати якум баъд аз калимаи "қонуният" калимаи ", шаффофият" илова карда шавад;
- сархати чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"-ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;";
- сархатҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- манъ будани иҷрои вазифаҳои давлатӣ дар ҳолати бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ;
- роҳ надодан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ;";
- дар сархати ҳаштум баъд аз калимаҳои "ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта," калимаҳои "ошкор ва муайян намудани шахсони онҳоро тайёркунанда, тайёркарда, содиркунанда ё содиркарда," илова карда шаванд;
- сархати нӯҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат менамоянд;";
- сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ҳамкории давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ.".
3. Дар қисми 3 моддаи 5 калимаҳои "худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
4. Ба Қонун моддаи 61 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 61. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия дар асоси принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ бо мақсадҳои пешгирии коррупсия ва мубориза бо он ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.".
5. Дар сархатҳои дуюм ва шашуми қисми 2 моддаи 8 калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шавад.

6. Дар қисми 1 моддаи 11:
- дар сархати чорум калимаи "амволӣ" ба калимаҳои "молумулкӣ" ва калимаҳои "мансабдори боломақом" ба калимаҳои "мансабдори болоӣ" иваз карда шаванд;
- баъд аз сархати ҳаштум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- ғайриқонунӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ талаб намудани иҷрои шартҳои иловагӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва талаботи дигари бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбининагардида, ба вуҷуд овардани дигар монеаҳои сунъӣ ва ғайриқонунӣ зимни таъин (интихоб) намудан ва (ё) пешбарӣ намудан ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, ҷобаҷогузорӣ, ҷойивазкунӣ, таҳсил, фаъолияти илмӣ ва дар мавриди амалӣ намудани дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва вазифаҳои хизматчии давлатӣ;
- ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мансабӣ аз рӯи ғараз ва манфиати шахсӣ қабул намудани қарорҳо ва дигар санадҳои ғайриқонунӣ, содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла оиди ба кор қабул намудан ва аз кор озод намудани шахс ва дигар амалҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро поймол мекунанд ва ба онҳо зарар мерасонанд;".
7. Дар моддаи 12:
- дар қисми 1:
- дар сархати дуюм калимаҳои "мансабдори боломақом" ба калимаҳои "мансабдори болоӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои сеюм ва шашум калимаҳои "амволи" ва "амвол" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулки" ва "молу мулк" иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум калимаҳои "ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" ба калимаҳои "ва ҳизбҳои сиёсӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати нӯҳум калимаҳои "ва назоратӣ" ба калимаҳои ", назоратӣ ва суд" иваз карда шаванд;
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои "дахолат ба фаъолият, вайрон намудани мустақилият ва ҳуқуқу манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор," ба калимаҳои "ғайриқонунӣ дахолат кардан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, риоя накардани мустақилият ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳо" иваз карда шаванд;
- дар сархати дувоздаҳум калимаҳои "ғайриқонунӣ хориҷ намудан" ба калимаҳои "ғайриқонунӣ аз ҳисоб баровардан", калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" ва калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шаванд;
- дар сархати понздаҳум калимаи "қарордодҳо" ба калимаи "шартномаҳо", калимаҳои "хориҷ кардан" ба калимаҳои "аз ҳисоб баровардан" ва калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "ба ин восита ба" калимаи "манфиатҳои" илова карда шавад;
- дар сархати нуздаҳум баъд аз калимаҳои "мавҷуд аст" калимаҳои ", сарфи назар аз натиҷаҳои он" илова карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" ба калимаҳои "Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 13:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҷавобгарӣ барои дастаҷамъона қабул кардани қарори дорои хусусияти коррупсионӣ";
- дар қисми 1 калимаҳои "мақомоти коллегиалӣ" ба калимаҳои "мақоми дастаҷамъӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи "коллегиалӣ" ба калимаи "дастаҷамъӣ" иваз карда шавад.
9. Дар қисми 1 моддаи 14 калимаи "ғаразноки" хориҷ карда шуда, баъд аз калимаҳои "баробар кардашуда" калимаҳои "бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ ва" илова ва калимаи "хизматрасонӣ" ба калимаҳои "имтиёзҳои дигар" иваз карда шаванд.
10. Дар ном ва матни моддаи 15 калимаҳои "амволи" ва "Амвол" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулки" ва "Молу мулк" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 декабри соли 2011, № 772

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия"
Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 октябри соли 2011, № 542


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,15 декабри соли 2011, №223


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.12    №: 3-6    Мутолиа карданд: 620

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед