logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,        с. 1998, №23-24, мод. 342; с. 2005, №12, мод. 631; с. 2007, №7, мод. 685; с. 2008, №10, мод. 806) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима ва қисми якуми моддаи 54 калимаҳои "Ин Кодекс" ва "ин Кодекс" ба калимаҳои "Кодекси мазкур" иваз карда шаванд.
2. Номи бобҳо бо ҳарфҳои калон навишта шуда, рақамҳои римӣ дар бобҳо ба рақамҳои арабӣ иваз карда шаванд.
3. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳои Кодекси мазкур танзими таъмини ҳамлу нақли ҳавоӣ, корҳои авиатсионӣ, мудофиа ва амнияти давлат, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, бехатарии парвози ҳавопаймоҳо, амнияти авиатсионӣ ва муҳити зист мебошад.".
4. Дар қисми якуми моддаи 9, бандҳои 9) ва 10) моддаи 14, қисми дуюми моддаи 22, қисми якуми моддаи 29, қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 43, қисми якуми моддаи 54, қисми дуюм, сархатҳои якум ва дуюми қисми шашуми моддаи 56, ном ва матни моддаи 57, банди 3) қисми дуюм ва қисми сеюми моддаи 77, қисми панҷуми моддаи 78, номи боби XV, ном ва матни моддаҳои 93, 94, 95, 96, матни моддаи 97, ном ва қисми якуми моддаи 98, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 99, ном ва матни моддаи 100, ном ва матни моддаи 101, матни моддаи 102, ном ва матни моддаи 103, қисми якуми моддаи 104, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 105, ном ва матни моддаи 106, номи боби XVII, қисмҳои якум ва сеюми моддаи 109, ном ва матни моддаи 110, ном ва матни моддаи 111, ном ва қисмҳои якум ва сеюми моддаи 112, ном ва матни моддаи 113, матни моддаи 114, ном ва матни моддаҳои 115, 116, 117, 118, 119, 120, матни моддаи 121, ном ва матни моддаи 123, ном, қисмҳои якум ва панҷуми моддаи 126, ном ва матни моддаи 127 калимаҳои "интиқолоти", "интиқоли", "интиқолот" "интиқолӣ", "интиқолоте", "интиқолотдиҳандагон", "Интиқолоти", "Интиқолдиҳанда", "Интиқоли", "Интиқолдиҳандагон", "интиқолдиҳанда", "интиқолиро", "интиқол" ва "интиқолдиҳандаро" мутаносибан ба калимаҳои "ҳамлу нақли", "ҳамлу нақли", "ҳамлу нақл", "ҳамлу нақлӣ", "ҳамлу нақле", "ҳамлу нақлдиҳандагон", "Ҳамлу нақли", "Ҳамлу нақлдиҳанда", "Ҳамлу нақли", "Ҳамлу нақлдиҳандагон", "ҳамлу нақлдиҳанда" "ҳамлу нақлиро", "ҳамлу нақл" ва "ҳамлу нақлдиҳандаро" иваз карда шаванд.
5. Моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 4. Қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
6. Моддаи 5 хориҷ карда шавад.
7. Ном ва матни моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Кодекси мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
8. Дар моддаи 7 ва матни моддаи 123 калимаҳои "шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таври" ба калимаҳои "дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби" иваз карда шаванд.
9. Моддаи 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 8. Молу мулки авиатсия
Молу мулки авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳавопаймоҳо, аэродромҳо, фурудгоҳҳо, воситаҳои техникӣ ва дигар воситаҳое, ки барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо пешбинӣ шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои гуногуни моликият вуҷуд дошта метавонад.
Молу мулки авиатсияи давлатӣ ва объектҳои низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ танҳо дар шакли моликияти давлатӣ буда метавонанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар моликияти шахсиашон ҳавопаймоҳои гражданӣ дошта бошанд.".
10. Дар қисми якуми моддаи 8, қисми якуми моддаи 9, банди 2) қисми дуюми моддаи 13, номи боби VIII, ном ва матни моддаи 43,    ном ва матни моддаи 44, қисми сеюми моддаи 46, ном ва матни моддаҳои 48, 51, 52,  матни моддаи 73, қисми дуюм ва сеюми моддаи 76, банди 1) қисми дуюми моддаи 77, матни моддаи 83, қисми шашуми моддаи 117 ва банди 1) қисми дуюми моддаи 118 калимаҳои "аэропортҳо", "аэропортҳои", "Аэропорт", "Аэропорти", "аэропортест", "аэропорти", "аэропорт", "аэропортро" ва "аэропортҳое" мутаносибан ба калимаҳои "фурудгоҳҳо", "фурудгоҳҳои", "Фурудгоҳ", "Фурудгоҳи", "фурудгоҳест", "фурудгоҳи", "фурудгоҳ", "фурудгоҳро" ва "фурудгоҳҳое" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 9 калимаи "двигателҳои" ба калимаи "муҳаррикҳои"  иваз карда шавад.
12. Дар банди 3) моддаи 14, номи боби VI, ном ва матни моддаи 32, ном ва матни моддаҳои 33, 34, 35, матни моддаи 36, банди 2) қисми дуюми моддаи 60, ном ва матни моддаи 61, қисми якуми моддаи 63, матни моддаи 75, қисми сеюми моддаи 77, қисми якуми моддаи 78,  қисми якуми моддаи 79, қисми якуми моддаи 80, ном ва қисми якуми моддаи 81,  қисмҳои якум ва панҷуми моддаи 82, ном ва матни моддаи 84, қисми дуюми моддаи 85, қисми якуми моддаи 86, ном ва қисми якуми моддаи 87, банди 7) қисми дуюми моддаи 89, қисми якуми моддаи 90, банди 6) қисми якуми моддаи 100, қисми дуюми моддаи 108,  ном ва матни моддаи 125 калимаҳои "экипажҳо", "Экипажи", "экипажи", "экипаж", "экипажҳои", "командири" ва "Командири" мутаносибан ба калимаҳои "ҳайатҳо", "Ҳайати", "ҳайати", "ҳайат", "ҳайатҳои", "сарнишини" ва "Сарнишини" иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 32 пас аз калимаҳои "ҳайати" ва "Ҳайати" калимаи "экипажи" хориҷ карда шавад.
14. Дар қисми дуюми моддаи 33, матни моддаи 35, матни моддаи 75, қисми сеюми моддаи 82, банди 2) қисми дуюми моддаи 89, қисми дуюми моддаи 117, қисмҳои якум ва чоруми моддаи 122, матни  моддаи 123 ва қисми якуми моддаи 124 калимаҳои "амволи", "амволии", "амвол" ва "амволӣ", мутаносибан ба калимаҳои "молу мулки", "молу мулкии" "молу мулк" ва "молумулкӣ" иваз карда шаванд.
15. Дар банди 3) қисми якуми моддаи 34, қисми сеюми моддаи 47, қисми якуми моддаи 69, қисми дуюми моддаи 101 ва номи моддаи 118 калимаҳои "ҳақ" ва "ҳаққи" мутаносибан ба калимаҳои "ҳуқуқ" ва "ҳуқуқи" иваз карда шаванд.
16. Дар қисми сеюми моддаи 42 баъд аз калимаи "аҳмар" калимаҳои "тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
17. Қисми панҷуми моддаи 44 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Бақайдгирии давлатии аэродром ё фурудгоҳи гражданӣ тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.".
18. Дар ном ва матни моддаи 55, ном, қисмҳои якум, дуюм ва шашуми моддаи 56, ном ва матни моддаи 58 калимаҳои "хусусии" ва "хусусӣ" мутаносибан ба калимаҳои "инфиродии" ва "инфиродӣ" иваз карда шаванд.
19. Дар қисмҳои якум, чорум ва шашуми моддаи 56, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 72, матни моддаи 84, матни моддаи 106, қисми якуми моддаи 110, қисми сеюми моддаи 112, матни моддаи 116 ва қисми панҷуми моддаи 126 калимаҳои "шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст" иваз карда шаванд.
20. Дар сархати якуми қисми шашуми моддаи 56 ва қисми дуюми моддаи 121 калимаи "чизи" ба калимаи "муқаррароти" иваз карда шавад.
21. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 69, қисми панҷуми моддаи 72, қисми чоруми моддаи 122, қисми дуюми моддаи 123 ва қисми якуми моддаи 124 калимаи "ашхоси" ба калимаи "шахсони" иваз карда шавад.
22. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 78, банди 2) қисми дуюми моддаи 99, банди 7) қисми якуми моддаи 100, ном ва қисми дуюми моддаи 111, ном  ва матни моддаи 112, қисмҳои якум, чорум ва панҷуми моддаи 126 калимаҳои "ашёву анҷоме", "ашёву анҷоми" ва "ашёву анҷом" мутаносибан ба калимаҳои "ашёҳое", "ашёҳои" ва "ашёҳо" иваз карда шаванд.
23. Дар қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 82, қисми якуми моддаи 90, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 91 калимаҳои "мақомоти худидораи маҳаллӣ" ва "Мақомоти худидораи маҳаллӣ" мутаносибан ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ва "Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
24. Дар бандҳои 2) ва 3) қисми якуми  моддаи 112 ва матни моддаи 113 калимаҳои "ҳадди ақали музди меҳнати" ба калимаҳои "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд.
25. Дар қисмҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва ҳафтуми моддаи 117, банди 1) қисми якум ва банди 2) қисми дуюми моддаи 118, банди 1) қисми якуми моддаи 119 ва қисми якуми моддаи 120 калимаҳои "акти" ва "Акти" мутаносибан ба калимаҳои "санади" ва "Санади" иваз карда шаванд.
26. Дар қисмҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи 117, ном ва  матни моддаи 119, ном ва матни моддаи 120 ва матни моддаи 121 калимаҳои "эътироз" ва "эътирозро" мутаносибан ба калимаҳои "иддао" ва "иддаоро" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 декабри соли 2011, № 775

 


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 16 ноябри соли 2011, № 570


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011, № 226


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.12    №: 3-6    Мутолиа карданд: 561

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед