logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ»

Моддаи 1. Ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи   соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ.1, мод.5), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Кодекс дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН".
2. Дар моддаи 1 калимаи "баррасӣ" ба калимаи "ҳал" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 2:
- дар сархатҳои якум, дуюм ва чорум калимаи "соҳибкорӣ" ба калимаҳои "фаъолияти соҳибкорӣ" иваз карда шавад;
- аз сархати сеюм калимаи "гузаронидани" хориҷ карда шавад;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- мусоидат намудан ба инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ ва анъанаҳои муомилоти корӣ;";
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ташаккул додани муносибати эҳтиромона ба қонун ва суд.".
4. Дар моддаи 4:
- ба қисми 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Даст кашидан аз ҳуқуқи муроҷиат намудан ба суд беэътибор аст.";
- дар сархати сеюми қисми 3 калимаҳои "суди марҳилаи апеллятсионӣ ва" ба калимаҳои "марҳилаи апеллятсионии судҳои иқтисодӣ ва марҳилаи" иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи "баррасӣ" ба калимаҳои "ҳал намудан" иваз карда шавад.
5. Дар қисми 1 моддаи 10 калимаи "баррасии" ба калимаи "муҳокимаи" иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 11:
- дар қисмҳои 1, 2 ва 3 калимаҳои "Баррасии" ва "баррасӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Муҳокимаи" ва "муҳокима" иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои "Парванда" ва "баррасӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Муҳокимаи парванда" ва "амалӣ" иваз карда шаванд.
7. Ба моддаи 15 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"5. Ҳалнома, қарор ва таъиноте, ки аз тарафи суди иқтисодӣ қабул карда мешаванд, бояд қонунӣ, асоснок ва далелнок бошанд.".
8. Ҷумлаи якуми қисми 1 моддаи 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Парвандаҳо дар марҳилаи якуми суди иқтисодӣ, ба истиснои парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ, аз ҷониби судя танҳо баррасӣ карда мешаванд.".
9. Қисми 3 моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Дар ҷараёни баррасии парванда ариза оид ба худрадкунӣ ё рад намудан танҳо дар мавриде имконпазир аст, ки агар асосҳои худрадкунӣ ё рад намудан ба шахсе, ки онро арз намудааст, баъди оғози моҳиятан баррасӣ намудани парванда маълум шуда бошанд.".
10. Дар қисми 3 моддаи 25 калимаи "фиристода" ба калимаи "супорида" иваз карда шавад.
11. Қисми 1 моддаи 26 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Ба судҳои иқтисодӣ парвандаҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки бо амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, тобеияти идоравӣ доранд.".
12. Дар моддаи 27:
- дар номи модда калимаи "ҳуқуқи" ба калимаи "ҳуқуқии" иваз карда шавад;
- матни модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Судҳои иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоеро, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ бармеоянд ва бо амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо инчунин дигар ташкилоту шаҳрвандон алоқамандро бо тартиби истеҳсолоти даъвогӣ баррасӣ менамоянд.".
13. Дар моддаи 29 пас аз калимаи "соҳаи" калимаи "фаъолияти" илова карда, калимаҳои "ва ҳал" хориҷ карда шаванд.
14. Дар моддаи 30:
- дар ном ва сархати якуми модда калимаҳои "баҳсталаб будани" ба калимаҳои  "мавриди баҳс қарор додани" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм пас аз калимаи "рафти" калимаҳои "амалӣ намудани" илова карда шаванд.
15. Дар моддаи 31:
- дар ном ва матни модда калимаҳои "санадҳои судҳо ва арбитражҳои хориҷӣ" ба калимаҳои "ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ)" иваз карда шаванд;
- дар матни модда калимаҳои "оид ба амал баровардани" ба калимаҳои "ҳангоми амалӣ намудани" иваз карда шаванд.
16. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 33 калимаҳои "дар бораи баҳсталаб будани" ба калимаҳои "оид ба мавриди баҳс қарор додани" иваз карда шаванд.
17. Дар номи моддаи 34 калимаҳои "ва ҷои" ба калимаҳои "ё маҳалли" иваз карда шаванд.
18. Дар моддаи 35:
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои "ҷой дорад," калимаҳои "ба суди иқтисодӣ" илова карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳои "тобеъ будани" ба калимаҳои "тобеияти судӣ доштани" иваз карда шаванд.
19. Дар моддаи 36 калимаи "мувофиқаи" ба калимаи "созишномаи" иваз карда шавад.
20. Дар қисми 4 моддаи 37 калимаи "ҷавобгар" ба калимаи "қарздор" иваз карда шавад.
21. Дар моддаи 38:
- аз қисми 1 калимаҳои "ва ҳал" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати сеюми қисми 2 калимаҳои "хилофи" ва "ба баррасии" мувофиқан ба калимаҳои "бо вайрон кардани" ва "ба истеҳсолоти" иваз карда шаванд;
- аз сархати панҷуми қисми 2 калимаи "агар" хориҷ карда шавад;
- дар қисми 4 калимаи "Парвандаеро" ба калимаи "Парвандае" иваз карда, пас аз калимаи "баррасӣ" калимаҳои "аз ҷониби" илова карда шаванд.
22. Дар моддаи 40:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои "далелҳои пешниҳодкардаи дигар" калимаи "шахсони" илова карда шавад;
- ба қисми 3 пас аз калимаи "барои" калимаи "шахсони" илова карда шавад;
- дар қисми 5 калимаи "иштироккунандагони" ба калимаҳои "шахсони иштироккунандаи" иваз карда шавад.
23. Дар моддаи 41 пас аз калимаи "назоратӣ" калимаи "онро" илова ва калимаи "иштироккунандагони" ба калимаҳои "шахсони иштироккунандаи" иваз карда шавад.
24. Дар моддаи 45:
- дар қисми 2 калимаи "ҷавобгар" ба калимаҳои "ҷавобгари дигар" иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаи "даъвогари" ба калимаи "ҷавобгари" иваз карда шавад.
25. Дар қисми 3 моддаи 47 пас аз калимаҳои "вориси ҳуқуқӣ ба" калимаҳои "парванда дар" илова карда, калимаи "бошанд" ба калимаи "буданд" иваз карда шавад.
26. Дар қисми 5 моддаи 48 калимаҳои "даъвогар" ва "мекунад" мувофиқан ба калимаҳои "ҷавобгар" ва "намекунад" иваз карда шаванд.
27. Дар моддаи 49:
- дар қисми 1 калимаи "мурофиа" ба калимаи "парванда" иваз карда шавад;
- аз қисми 3 пас аз калимаҳои "намуда, ба" калимаи "баррасии" хориҷ карда шавад;
- аз қисми 4 калимаи "баррасии" хориҷ карда шавад.
28. Дар моддаи 50:
- дар қисми 1 калимаҳои "дар мурофиа" ба калимаҳои "ба парванда" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "зиёд ва кам" ва "муқобил" мувофиқан ба калимаҳои "зиёд ё кам" ва "муқобили даъво" иваз карда шаванд;
- аз қисми 3 калимаи "муҳокимаи" хориҷ карда шавад.
29. Қисми якуми моддаи 51 рақамгузорӣ карда, пас аз калимаҳои "нақлиёти Тоҷикистон" калимаҳои "ё муовинони онҳо" илова карда шаванд.
30. Дар қисми 3 моддаи 54 калимаҳои "ба иштироккунандагони" ба калимаҳои "ба шахсони иштироккунандаи" иваз карда шаванд.
31. Дар  моддаи 55:
- ба қисми 4 пас аз калимаи "ҳамчунин" калимаи "барои" илова карда шавад;
- дар қисми 5 калимаи "намояндагони" ба калимаи "намояндагон" иваз карда шавад.
32. Дар қисмҳои 1 ва 4 моддаи 56 калимаҳои "мурофиаи иқтисодӣ" ба калимаҳои "мурофиаи судии иқтисодӣ" иваз карда шаванд.
33. Дар моддаи 60:
- аз қисми 4 калимаи "вале" хориҷ карда, пас аз калимаҳои "ё қонун" калимаи "бошад," илова карда шавад;
- дар қисми 5 калимаҳои "дигари ваколатдор" ба калимаи "дигаре" иваз карда, пас аз калимаи "таъсисӣ" калимаҳои "барои ин" илова карда шаванд.
34. Қисми 1 моддаи 63 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Ҳама гуна маълумоти бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо ба даст овардашудае, ки дар асоси онҳо суди иқтисодӣ мавҷуд будан ё набудани ҳолатҳои асоснокшудаи талабот ва норозигии шахсони иштироккунандаи парванда, инчунин дигар ҳолатҳоеро, ки барои ҳалли дурусти парванда аҳамият доранд, муқаррар менамояд, далелҳо оид ба парванда мебошанд.".
35. Дар моддаи 65:
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад ба шахсони иштироккунандаи парванда таклиф намояд, ки то оғози маҷлиси судӣ далелҳои иловагиро, ки барои муайян намудани ҳолатҳо ва ҳалли дурусти парванда аҳамият доранд, пешниҳод намоянд.";
- дар қисми 5 калимаҳои "муносибатҳои маъмурӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ" ва "аз пеши" мувофиқан ба калимаҳои "муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ ва дигари" ва "бо ташаббуси" иваз карда шаванд;
- дар қисми 8 калимаи "сабабҳо" ба калимаи "сабабҳои" иваз карда шавад;
- дар қисми 9 калимаи "талабнашудае" ба калимаи "талабшуда" иваз карда шавад.
36. Ба қисми 2 моддаи 68 пас аз калимаҳои "пайдокардаи суди иқтисодӣ" калимаҳои "аз рӯи парвандаи" илова карда шаванд.
37. Дар моддаи 71:
- дар қисми 2 калимаҳои "баррасии парвандаро ба ӯҳда дорад" ба калимаҳои "парванда дар истеҳсолоти вай мебошад," иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои "таъмини даъво" ба калимаҳои "тадбирҳои таъминотӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаи "даъворо" ба калимаи "далелҳоро" иваз карда шавад.
38. Дар қисми 1 моддаи 74 пас аз калимаи "ҳуҷҷатҳое" калимаи "мебошанд" илова ва калимаи "мазмуни" ба калимаи "дурустии" иваз карда шавад.
39. Дар моддаи 81:
- дар қисми 1 калимаҳои "пешниҳодшуда бошад ё" ва "ва" мувофиқан ба калимаҳои "пешниҳодшуда зарур бошад ва ё агар" ва "ё" иваз карда шаванд;
- ба қисми 5 пас аз калимаҳои "ирсол мегардад," калимаҳои "мӯҳлате, ки дар давоми он экспертиза гузаронида, хулосаи он бояд ба суди иқтисодӣ пешниҳод карда шавад," илова карда шаванд.
40. Дар моддаи 82:
- ба қисми 1 пас аз калимаи "экспертон," калимаҳои "аз ҷумлаи шахсоне," илова карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи "иштироккунандаи" ба калимаи "иштироккунандагони" иваз карда шавад.
41. Дар қисми 2 моддаи 85 калимаҳои "эксперт ва" ба калимаҳои "эксперт ё" иваз карда шаванд.
42. Дар қисми 1 моддаи 86 калимаи "будани" ба калимаи "набудани" иваз карда шавад.
43. Дар қисми 5 моддаи 95 калимаҳои "баррасӣ нашудани", "қатъи баррасии парванда" ва "қатъ намудани баррасии" мувофиқан ба калимаҳои "бе баррасӣ мондани", "қатъ кардани истеҳсолоти парванда" ва "қатъ кардани истеҳсолоти" иваз карда шаванд.
44. Дар қисми 3 моддаи 96 калимаи "даъвогар" ба калимаи "ҷавобгар" иваз карда шавад.
45. Дар қисми 4 моддаи 102 калимаҳои "талаботи якхелаи" ва "ситонида" мувофиқан ба калимаҳои "дар як вақт талаботи" ва "пардохт карда" иваз карда шаванд.
46. Ба моддаи 105 пас аз калимаи "тарҷумонҳо" калимаҳои "пардохт карда шавад" илова карда шаванд.
47. Дар қисми 2 моддаи 106 калимаҳои "мурофиаи судӣ" ба калимаи "парванда" иваз карда, пас аз калимаҳои "ва бо" калимаи "розигии" илова карда шавад.
48. Ба қисми 2 моддаи 107 пас аз калимаҳои "баррасӣ намояд" калимаҳои "ва ҳалнома қабул кунад" илова карда шаванд.
49. Дар қисми 1 моддаи 110 пас аз калимаи "гардидааст," калимаҳои "пайдо шуда бошад," илова карда, калимаи "даъво" ба калимаи "иддао" иваз карда шавад.
50. Дар қисми 1 моддаи 117 калимаи "мурофиа" ба калимаи "парванда" иваз карда шавад.
51. Дар қисми 6 моддаи 119 калимаҳои "Шикоят аз рӯи таъиноти" ва "қабул карда мешавад" мувофиқан ба калимаҳои "Таъиноти" ва "мавриди шикоят қарор гирифта метавонад" иваз карда шаванд.
52. Дар қисми 1 моддаи 121 калимаи "супоришӣ" ба калимаи "фармоишӣ" иваз карда шавад.
53. Номи фасли ІІ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"ИСТЕҲСОЛОТ ДАР СУДИ ИҚТИСОДИИ МАРҲИЛАИ ЯКУМ. ИСТЕҲСОЛОТИ ДАЪВОГӢ".
54. Дар моддаи 124:
- дар сархати ҳаштуми қисми 2 калимаҳои "мӯҳлати иддао ё ин ки тартиби" ба калимаҳои "тартиби иддао ё тартиби дигари" иваз карда шаванд;
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Даъвогар ӯҳдадор аст нусхаи аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардидаро ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда, ки онҳоро надоранд, бо мактуби фармоишӣ бо огоҳинома дар бораи супурдан равон кунад.".
55. Дар моддаи 125:
- дар сархати якум калимаи "мурофиа" ба калимаи "парванда" иваз карда шавад;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои "ин ки" ба калимаҳои "тартиби дигари" иваз карда шаванд.
56. Дар моддаи 126:
- дар номи модда калимаи "баррасии" ба калимаи "истеҳсолоти" иваз карда шавад;
- дар қисми 1 калимаҳои "барои баррасӣ" ба калимаҳои "ба истеҳсолот" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "баррасии" ва "шахсан" мувофиқан ба калимаҳои "истеҳсолоти" ва "танҳо" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои "суди иқтисодӣ" ва "баррасии" мувофиқан ба калимаҳои "судя" ва "истеҳсолоти" иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи "мурофиа" ба калимаи "парванда" иваз карда шавад;
- дар қисми 5 калимаи "баррасии" ба калимаи "истеҳсолоти" иваз карда шавад.
57. Ба Кодекс моддаи 1261 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 1261. Рад намудани қабули аризаи даъвогӣ
1. Судя дар ҳолатҳои зерин қабули аризаи даъвогиро рад мекунад, агар:
- ариза наметавонад тибқи тартиби мурофиаи судии иқтисодӣ баррасӣ ва ҳал гардад, зеро он бояд тибқи тартиби суди дигар баррасӣ ва ҳал карда шавад;
- ариза ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шахс аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванде пешниҳод гардида бошад, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ё дигар қонунҳо ба онҳо чунин ҳуқуқ дода нашудааст;
- ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд вобаста ба баҳси байни ҳамин тарафҳо аз рӯи ҳамин предмет, тибқи ҳамон асос ё таъинот дар хусуси қатъи истеҳсолоти парванда вобаста ба қабули аризаи даст кашидани даъвогар аз даъво ё тасдиқи созишномаи оштӣ мавҷуд бошад; 
- ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суди ҳакамӣ вобаста ба баҳси байни ҳамин тарафҳо аз рӯи ҳамин предмет, тибқи ҳамин асос мавҷуд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суд додани варақаи иҷроро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ рад карда бошад.
2. Дар хусуси рад намудани қабули аризаи даъвогӣ судя таъиноти асоснок қабул мекунад, ки он дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯз баъд аз рӯзи ба суд ворид шудани аризаи даъвогӣ ба аризадиҳанда якҷоя бо ариза ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои замимагардида супорида ё фиристонида мешавад.
3. Баъд аз рад намудани қабули аризаи даъвогӣ аризадиҳанда наметавонад ба суд вобаста ба ҳамин баҳс, нисбат ба ҳамин ҷавобгар, оид ба ҳамин предмет ва тибқи ҳамин асосҳо такроран муроҷиат намояд.
4. Нисбат ба таъинот дар бораи рад намудани қабули аризаи даъвогӣ шикоят овардан мумкин аст.".
58. Сархати панҷуми қисми 1 моддаи 128 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- шартҳои пешниҳод намудани даъвои муқобили даъво риоя карда нашудаанд.".
59. Дар моддаи 129:
- дар қисми 1 калимаи "ва" ба калимаи "ё" иваз карда шавад;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Суди иқтисодии марҳилаи якум ҳуқуқ дорад якчанд парвандаи якхеларо, ки дар онҳо ҳамон як шахсон иштирок мекунанд, барои якҷоя баррасӣ намудан дар як истеҳсолот якҷоя намояд.".
60. Дар моддаи 130:
- дар қисми 1 калимаҳои "ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи муқобили даъво" ба калимаҳои "ҳуҷҷатҳое, ки норозигӣ нисбати даъворо тасдиқ мекунанд" иваз карда, пас аз калимаи "иқтисодӣ" калимаҳои "равон ё" илова карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи "мурофиа" ба калимаи "парванда" иваз карда шавад;
- дар сархати чоруми қисми 4 калимаҳои "рад намудани талаботи даъво" ба калимаҳои "норозигӣ нисбати талаботи арзшуда" иваз карда шаванд.
61. Дар моддаи 132:
- дар қисми 2 калимаҳои "баррасии судии суди иқтисодӣ ҷой дорад" ба калимаҳои "истеҳсолоти суди иқтисодии марҳилаи якум мавҷуд аст" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи "мурофиаи" ба калимаҳои "парванда ва дигар иштироккунандагони парвандаи" иваз карда шавад.
62. Дар сархати панҷуми қисми 1 моддаи 134 калимаи "баррасии" хориҷ карда, калимаи "муқобил" ба калимаҳои "муқобили даъво" иваз карда шаванд.
63. Дар қисми 4 моддаи 135 калимаи "мурофиа" ба калимаи "парванда" иваз карда шавад.
64. Дар моддаи 136:
- дар қисми 2 калимаи "муқобил" ба калимаҳои "муқобили даъво" иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои "оғоз менамояд" ба калимаи "мекушояд" иваз карда шаванд.
65. Дар қисми 3 моддаи 139 калимаҳои "дароз кардан ё" ба калимаҳои "дароз кардани мӯҳлати" иваз карда шаванд.
66. Дар моддаи 140:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Созишномаи оштӣ аз ҷониби суди иқтисодие, ки парванда дар истеҳсолоти ӯ мебошад, тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолате, ки агар созишномаи оштӣ дар ҷараёни иҷрои санади судӣ баста шуда бошад, он барои тасдиқ ба суди иқтисодии марҳилаи якуми маҳалли иҷрои санади судӣ ё ба суди иқтисодии санади судии мазкурро қабулкарда пешниҳод карда мешавад.";
- ба қисми 7 пас аз калимаи "басташуда" калимаи "ҳамчунин" илова карда шавад;
- қисми 9 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"9. Суди иқтисодӣ созишномаи оштиро тасдиқ намекунад, агар он мухолифи қонун бошад ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунии дигар шахсонро вайрон кунад.";
- қисми 9 қисми 10 ҳисобида шавад.
67. Дар номи боби 16 калимаҳои "БОЗДОШТИ БАРРАСИИ" ба калимаҳои "БОЗДОШТАНИ ИСТЕҲСОЛОТИ" иваз карда шаванд.
68. Дар моддаи 142:
- дар номи модда калимаҳои "боздошти баррасии" ба калимаҳои "боздоштани истеҳсолоти" иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои "баррасии парвандаро" ба калимаҳои "истеҳсолоти парвандаро" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи "пешбурди" ба калимаи "истеҳсолоти" иваз карда, пас аз калимаи "пешбиникарда" калимаи "низ" илова карда шавад.
69. Дар моддаи 143:
- дар ном ва матни модда калимаи "баррасии" ба калимаи "истеҳсолоти" иваз карда шавад;
- дар охири сархати панҷум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- равон кардани супориши судӣ ба суди дигар.".
70. Дар  моддаи 144:
- дар ном ва матни модда калимаҳои "баррасии" ва "Баррасии"  мувофиқан ба калимаҳои "истеҳсолоти" ва "Истеҳсолоти" иваз карда шаванд;
- дар охири сархати чорум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- то гирифтани супориши судии равонкардашуда ба суди дигар.".
71. Дар ном ва матни моддаи 145 калимаи "баррасии" ба калимаи "истеҳсолоти" иваз карда шавад.
72. Дар моддаи 146:
- дар ном ва матни модда калимаи "баррасии" ба калимаи "истеҳсолоти" иваз карда шавад;
- ба қисми 3 пас аз калимаи "боздоштани" калимаи "истеҳсолоти" илова карда шавад.
73. Дар матни моддаи 147 калимаҳои "ба баррасӣ" ва "дар баррасии" мувофиқан ба калимаҳои "ба истеҳсолот" ва "дар истеҳсолоти" иваз карда шаванд.
74. Дар қисми 1 моддаи 148 калимаи "баррасии" ба калимаи "истеҳсолоти" иваз карда шавад.
75. Дар сархати нӯҳуми қисми 2 моддаи 152 калимаҳои "аз талаботи худ даст кашидааст" ба калимаҳои "даъвояшро дастгирӣ менамояд" иваз карда шаванд.
76. Ба моддаи 164 пас аз калимаи "қарор" калимаҳои "ба хонаи алоҳида" илова карда шаванд.
77. Дар қисми 4 моддаи 165 калимаҳои "бинои" ва "бино" мувофиқан ба калимаҳои "хонаи" ва "хона" иваз карда шаванд.
78. Дар моддаи 171 калимаи "фикри" ба калимаи "хулосаи" иваз карда шавад.
79. Дар моддаи 176:
- дар сархати якуми қисми 1 калимаҳои "аммо нисбати ин талабот" ва "накарда" мувофиқан ба калимаҳои "аз ҷониби" ва "карда нашуда" иваз карда шаванд;
- ба қисми 5 пас аз калимаи "бораи" калимаҳои "рад намудани" илова карда шаванд;
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"6. Дар ҳолати бо сабабҳои узрнок гузаронидани мӯҳлати пешниҳоди ариза суд метавонад бо тартиби пешбининамудаи моддаи 116 Кодекси мазкур онро барқарор намояд.".
80. Қисми 2 моддаи 186 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Нисбати таъиноте, ки шикоят намудани он бо Кодекси мазкур пешбинӣ нашудааст, инчунин нисбати таъиноти протоколӣ ҳангоми шикоят намудани санади судие, ки бо он моҳиятан баррасӣ намудани парванда ба анҷом мерасад, изҳори норозигӣ баён кардан мумкин аст.".
81. Дар номи фасли III калимаи "ҲУҚУҚИ" ба калимаи "ҲУҚУҚИИ" иваз карда шавад.
82. Ба қисми 1 моддаи 187 пас аз калимаҳои "шахсони мансабдор" калимаҳои "аз ҷумла иҷрочии суд," илова карда шаванд.
83. Дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 189 калимаи "ҳалнома" ба калимаи "қарор" иваз карда шавад.
84. Дар моддаи 190:
- дар қисми 1 калимаҳои "барои баррасии" ба калимаҳои "ба муҳокимаи" иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 пас аз калимаҳои "содир кардаанд" калимаҳои "муқаррар менамояд" илова карда, калимаи "ҳалнома" ба калимаи "қарор" иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳои "мақомот ва ё" ва "баррасӣ" мувофиқан ба калимаҳои "мақомот ё" ва "баррасии парванда" иваз карда шаванд.
85. Дар қисми 1 моддаи 192 калимаи "мурофиаи" ба калимаи "истеҳсолоти" иваз карда шавад.
86. Дар моддаи 195:
- дар номи модда калимаи "Мурофиаи" ба калимаи "Муҳокимаи" иваз карда шавад;
- дар қисми 1 калимаҳои "баъди аз дохилшавии парванда", "барои баррасӣ" ва "қарор" мувофиқан ба калимаҳои "баъди дохилшавии ариза", "ба муҳокимаи судӣ" ва "ҳалнома" иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаи "мурофиаи" ба калимаи "маҷлиси" иваз карда шавад.
87. Дар қисми 2 моддаи 196 калимаҳои "пардохтпулиҳои" ва "ҷойгиршавӣ" мувофиқан ба калимаҳои "пардохтҳои" ва "ҷойгиршавӣ ё маҳалли зист" иваз карда шаванд.
88. Дар моддаи 201:
- дар номи модда калимаи "Мурофиаи" ба калимаи "Муҳокимаи" иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои "барои баррасӣ" ба калимаҳои "ба муҳокима" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 пас аз калимаҳои "месанҷад, ки" калимаи "оё" илова карда, калимаҳои "ва ё санадҳои" ба калимаҳои "ё санади дигари" иваз карда шаванд;
- ҷумлаи якуми қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Дар ҳолате, ки агар дар рафти муҳокимаи судии парванда дар бораи муқаррар кардани факти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ маълум шавад, ки баҳс оид ба ҳуқуқ пайдо шудааст, суди иқтисодӣ аризаро дар бораи муқаррар кардани факти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ бе баррасӣ мононда, дар ин бора таъинот мебарорад.".
89. Ба қисми 3 моддаи 203 пас аз калимаҳои "ба танзим медароранд" калимаҳои "пешбинӣ шудааст" илова карда шаванд.
90. Дар моддаи 208:
- дар номи модда калимаи "Мурофиаи" ба калимаи "Муҳокимаи" иваз карда шавад;
- дар қисми 1 калимаи "мурофиаи" ба калимаи "истеҳсолоти" иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои "тайёрии парванда ба баррасӣ ва қабули қарор" ба калимаҳои "омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва қабули ҳалнома" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои "мурофиаи" ва "карда мешавад" мувофиқан ба калимаҳои "истеҳсолоти" ва "менамояд" иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои "мурофиаи" ва "қабул мекунад" мувофиқан ба калимаҳои "истеҳсолоти" ва "мебарорад" иваз карда шаванд.
91. Дар моддаи 210:
- дар қисми 2 калимаҳои "мурофиаи суди" ба калимаи "муҳокимаи" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои "моҳи баъди баровардани қарор" ба калимаҳои "моҳ аз рӯзи гирифтани ин ҳалнома" иваз карда шаванд.
92. Дар моддаи 211:
- дар сархатҳои дуюм, чорум, панҷум ва шашуми қисми 2 калимаҳои "қарорро" ва "қарори" мувофиқан ба калимаҳои "ҳалномаро" ва "ҳалномаи" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми қисми 2, сархатҳои дуюм ва панҷуми қисми 4   калимаҳои "мурофиаи суди" ба калимаи "муҳокимаи" иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои сеюм ва панҷуми қисми 4 ва қисми 5 калимаи "қарори" ба калимаи "ҳалномаи" иваз карда шавад.
93. Дар моддаи 212:
- дар қисми 1 калимаҳои "дохилшавӣ" ва "баррасии парванда" мувофиқан ба калимаҳои "дохилшавии он" ва "парванда ба муҳокимаи судӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "барои баррасӣ бо дархости тарафҳои мурофиаи суди" ва "таҳлили" мувофиқан ба калимаҳои "ба муҳокимаи судӣ бо дархости ҳар ду тарафи муҳокимаи" ва "таҳқиқи" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои "мурофиаи суди" ба калимаи "муҳокимаи" иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаи "таҳлили" ба калимаи "таҳқиқи" иваз карда, пас аз калимаи "далелҳои" калимаҳои "ба суд" илова карда шаванд.
94. Дар моддаи 213:
- дар номи модда калимаи "бекоршавии" ба калимаи "бекоркунии" иваз карда шавад;
- дар сархати дуюми қисми 2 калимаҳои "суди ҳакамӣ ва ё мурофиаи ҳакамӣ" ба калимаҳои "судяҳои ҳакамӣ ва ё муҳокимаи ҳакамӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати чоруми қисми 2 калимаҳои "баррасии" ва "созишнома" мувофиқан ба калимаҳои "муҳокимаи" ва "созишномаи тарафҳо" иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми қисми 3 калимаҳои "баррасии суди" ба калимаи "муҳокимаи" иваз карда шаванд.
95. Дар моддаи 214:
- дар қисми 1 калимаи "кадани" ба калимаи "кардани" иваз карда шавад;
- дар сархати сеюми қисми 2, қисмҳои 3 ва 4 калимаи "мурофиаи" ба калимаи "муҳокимаи" иваз карда шавад.
96. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 215 калимаи "мурофиаи" ба калимаи "муҳокимаи" иваз карда шавад.
97. Дар моддаи 216:
- дар сархати сеюми қисми 2 калимаи "мурофиаи" ба калимаи "муҳокимаи" иваз карда шавад;
- дар сархати дуюми қисми 4 калимаҳои "мурофиаи суди" ба калимаи "муҳокимаи" иваз карда шаванд.
98. Дар моддаи 217:
- дар қисми 1 калимаҳои "тайёрии" ва "барои баррасӣ" мувофиқан ба калимаҳои "омодасозии" ва "ба муҳокимаи судӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "барои баррасии" ва "таҳлили" мувофиқан ба калимаҳои "ба муҳокимаи" ва "таҳқиқи" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои "мурофиаи суди" ба калимаи "муҳокимаи" иваз карда шаванд.
99. Дар моддаи 218:
- дар қисми 2 калимаи "мурофиаи" ба калимаи "муҳокимаи" иваз карда шавад;
- сархати панҷуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- ҳалнома барои тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ ҳанӯз ҳатмӣ нашуда бошад ё бекор шуда бошад ё ин ки иҷрои он аз ҷониби суди иқтисодӣ ё дигар суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки аз ҷониби суди давлати дигар, ки дар қаламраваш ҳалнома қабул карда шудааст ё давлате, ки қонунаш татбиқ мешавад, боздошт шуда бошад.".
100. Дар сархати дуюми қисми 2 ва қисми 4 моддаи 219 калимаи "мурофиаи" ба калимаи "муҳокимаи" иваз карда шавад.
101. Дар моддаи 220:
- дар қисми 1 калимаи "корҳое" ба калимаи "парвандаҳое" иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои "ва ё ба иҷрои", "мурофиаи" ва "ва ё суди ҳакамӣ дида баромадааст, баррасӣ мегардад" мувофиқан ба калимаҳои "ё иҷро кардани", "муҳокимаи" ва "баррасӣ кардааст ё тарафи муҳокимаи ҳакамӣ, ҳал карда мешавад" иваз карда шаванд.
102. Дар моддаи 221:
- сархати якуми қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- нусхаи ба таври дахлдор тасдиқ кардашудаи ҳалномаи суди хориҷӣ ё ҳалномаи арбитражи хориҷӣ, ки ситонанда эътироф ва иҷро намудани онро дархост кардааст;";
- дар сархати сеюми қисми 5 калимаҳои "ҳуҷҷате, ки", "шудааст" ва "баррасии" мувофиқан ба калимаҳои "ҳуҷҷати", "шуда" ва "муҳокимаи" иваз карда, калимаи "ҳуҷҷати" хориҷ карда шавад.
103. Дар моддаи 224:
- дар сархати чоруми қисми 2 калимаҳои "фармоиш оид" ба калимаи "ишора" иваз карда шаванд;
- аз қисми 3 калимаи "мақомоти" хориҷ карда шавад.
104. Дар қисми 1 моддаи 225 калимаи "тарфи" ба калимаи "тарафи" иваз карда шавад.
105. Дар қисми 1 моддаи 230 калимаҳои "дар давлати хориҷӣ" ба калимаҳои "дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
106. Дар қисми 1 моддаи 231 калимаҳои "баррасӣ намекунад" ба калимаҳои "бе баррасӣ мемонад" иваз карда шаванд.
107. Дар қисми 4 моддаи 233 калимаҳои "маҳдудиятҳо (реторсия)" ба калимаҳои "маҳдудиятҳои ҷавобӣ (реторсия)" иваз карда шаванд.
108. Дар номи фасли "VI" калимаҳои "САНАДҲОИ СУДИ" ба калимаҳои "САНАДҲОИ СУДИИ СУДҲОИ" иваз карда шаванд.
109. Дар моддаи 239:
- сархати чоруми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- талаби шахсе, ки шикоят овардааст ва асосҳое, ки аз рӯи онҳо шахси шикоятоварда ҳалномаро бо истинод ба қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳолатҳои парванда ва далелҳои дар парванда мавҷудбуда мавриди шикоят қарор додааст;";
- дар қисми 3 пас аз калимаи "апеллятсионӣ" калимаҳои "мумкин аст, ки" илова карда, калимаи "мешавад" ба калимаи "шавад" иваз карда шавад;
- дар сархати сеюми қисми 5 калимаҳои "фиристонидан ва ё" ба калимаҳои "фиристонидан ё" иваз карда шаванд;
- дар сархати чоруми қисми 5 калимаи "ва" ба калимаи "ё" иваз карда шавад;
- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"6. Ба шикояти апеллятсионӣ нисбати таъиноти суди иқтисодӣ оид ба баргардонидани аризаи даъвогӣ, инчунин аризаи даъвогии баргардонидашуда ва ҳуҷҷатҳои ба он зимни ба суди иқтисодӣ овардан замимашуда бояд замима карда шаванд.".
110. Дар қисми 1 моддаи 241 калимаҳои "Иштироккунандаи" ва "назар ҳуҷҷатҳе" мувофиқан ба калимаҳои "Шахси иштироккунандаи" ва "назар ҳамчунин ҳуҷҷате" иваз карда, пас аз калимаи "онро" калимаҳои "ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда" илова карда шаванд.
111. Дар қисми 1 моддаи 243:
- ба сархати якум пас аз калимаи "ҳуқуқи" калимаи "овардани" илова карда шавад;
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- шикояти апеллятсионӣ нисбати санади судие пешниҳод шудааст, ки мувофиқи Кодекси мазкур ба тариқи истеҳсолоти апеллятсионӣ мавриди шикоят қарор гирифта наметавонад;";
- дар сархати дуюм калимаҳои "дароз намудан ва ё" хориҷ карда, калимаҳои "ва" ва "дароз кардани" мувофиқан ба калимаҳои "ё" ва "барқарор кардани" иваз карда шаванд.
112. Дар қисми 3 моддаи 244 пас аз калимаҳои "қатъ кардани" калимаи "истеҳсолоти" илова карда, калимаи "иштироккунандагони" ба калимаи "иштироккунандаи" иваз карда шавад.
113. Дар моддаи 245:
- дар қисми 1 калимаҳои "бо тартиби" ва "мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур" мувофиқан ба калимаҳои "аз рӯи қоидаҳои" ва "бо назардошти хусусиятҳои пешбининамудаи боби мазкур" иваз карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Дар марҳилаи апеллятсионӣ қоидаҳо оид ба якҷоя ва ҷудо кардани якчанд талабот, оид ба тағйир додани предмет ё асосҳои даъво, оид ба тағйир додани ҳаҷми талаботи даъво, оид ба пешниҳоди даъвои муқобили даъво, оид ба иваз намудани ҷавобгари номуносиб, оид ба ҷалби шахсони сеюм барои иштирок дар парванда, инчунин дигар қоидаҳое, ки бо Кодекси мазкур танҳо барои баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи якум муқаррар шудаанд, татбиқ намегарданд.".
114. Дар моддаи 247:
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Далелҳои иловагӣ аз ҷониби марҳилаи апеллятсионии суди иқтисодӣ қабул карда мешаванд, агар шахси иштироккунандаи парванда бо сабабҳои ба ӯ вобаста набуда имкон надоштани ба суди марҳилаи якум пешниҳод намудани онҳоро асоснок намояд ва суд ин сабабҳоро узрнок ҳисоб кунад.";
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Ҳуҷҷатҳои барои асосноккунии норозигӣ нисбати шикояти апеллятсионӣ пешниҳоднамуда мутобиқи моддаи 239 Кодекси мазкур  аз ҷониби марҳилаи апеллятсионии суди иқтисодӣ қабул карда, моҳиятан баррасӣ мешаванд.";
- дар қисми 4 калимаҳои "марҳилаи апеллятсионӣ" ва "ташхис" мувофиқан ба калимаҳои "марҳилаи апеллятсионии суди иқтисодӣ" ва "экспертиза" иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои 5 ва 6 калимаҳои "марҳилаи апеллятсионӣ" ба калимаҳои "марҳилаи апеллятсионии суди иқтисодӣ" иваз карда шаванд.
115. Дар моддаи 249:
- дар номи модда калимаи "ва" ба калимаи "ё" иваз карда шавад;
- дар қисми 1 калимаҳои "ва" ва "суди марҳилаи якуми суди иқтисодӣ" мувофиқан ба калимаҳои "ё" ва "суди иқтисодии марҳилаи якум" иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 калимаи "кор" ба калимаи "парванда" иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои "вайрон ё" хориҷ карда, калимаи "мурофиавӣ" ба калимаи "моддӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаҳои "ҳалли нодурусти қарор" ба калимаҳои "қабули ҳалномаи нодуруст" иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 4 калимаи "корро" ба калимаи "парвандаро" иваз карда, пас аз калимаҳои "маҷлиси суд" калимаҳои "ба таври дахлдор" илова карда шаванд;
- сархатҳои чорум, панҷум ва шашуми қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- агар суд дар бораи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсоне, ки барои иштирок дар парванда ҷалб карда нашудаанд, ҳалнома қабул карда бошад;
- агар парванда дар ҳайати дастҷамъии судяҳо баррасӣ шуда, ба ҳалнома судяҳо ё яке аз судяҳо имзо нагузошта бошанд ё ин ки ҳалнома аз ҷониби на он судяҳое имзо шуда бошад, ки дар ҳалнома нишон дода шудаанд;
- агар дар парванда протоколи маҷлиси судӣ мавҷуд набошад ё ба он на он шахсоне, ки дар моддаи 154 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, имзо гузошта бошанд;";
- дар сархати ҳафтуми қисми 4 калимаи "баровардани" ба калимаи "қабули" иваз карда шавад;
- дар қисми 5 калимаҳои "суди марҳилаи апеллятсионии" ва "ҳалномаи" мувофиқан ба калимаҳои "марҳилаи апеллятсионии" ва "рӯи қарори" иваз карда шаванд.
116. Дар моддаи 250:
- дар қисми 1 калимаҳои "суди марҳилаи апеллятсионии" ва "судяҳо" мувофиқан ба калимаҳои "марҳилаи апеллятсионии" ва "судяҳое, ки парвандаро баррасӣ кардаанд" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи "қарор" ба калимаҳои "қарори марҳилаи апеллятсионии суди иқтисодӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои "марҳилаи апеллятсионӣ" ба калимаҳои "марҳилаи апеллятсионии суди иқтисодӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаи "Қарор" ба калимаҳои "Қарори марҳилаи апеллятсионии суди иқтисодӣ" иваз карда шаванд.
117. Ба қисми 4 моддаи 251 пас аз калимаи "баррасии" калимаҳои "шикоят нисбати" илова карда шаванд.
118. Дар матни моддаи 252 калимаи "мурофиаи" ба калимаи "истеҳсолоти" иваз карда шавад.
119. Дар моддаи 255:
- ба қисми 2 пас аз калимаи "гузаронидаи" калимаи "пешниҳоди" илова карда шавад;
- дар қисми 3 пас аз калимаи "гузаронидаи" калимаи "пешниҳоди" илова карда, калимаи "суди" хориҷ карда шавад.
120. Дар моддаи 260:
- ба сархати дуюми қисми 1 пас аз калимаи "мӯҳлат" калимаҳои "мавҷуд нест" илова карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои "суди марҳилаи кассатсионӣ" ва "таъиноти шикояти кассатсионӣ он" мувофиқан ба калимаҳои "суди иқтисодии марҳилаи кассатсионӣ" ва "таъинот, шикояти кассатсионӣ" иваз карда шаванд.
121. Ба қисми 1 моддаи 261 пас аз калимаҳои "ки агар" калимаҳои "баъди қабули шикояти кассатсионӣ ба истеҳсолоти суд" илова карда шаванд.
122. Дар қисми 2 моддаи 262 калимаи "супоришӣ" ба калимаи "замонат" иваз карда шавад.
123. Дар моддаи 266:
- дар сархати дуюми қисми 1 пас аз калимаҳои "бекор намуда" калимаҳои "ё тағйир дода" илова карда, калимаҳои "ҳақиқии" ва "пурра ва ҳаматарафа бо далелҳои дар парванда буда таҳлил" мувофиқан ба калимаҳои "воқеии" ва "дар асоси пурра ва ҳаматарафа таҳқиқ кардани далелҳои дар парванда буда муқаррар" иваз карда шаванд;
-дар сархати сеюми қисми 1 пас аз калимаҳои "бекор намуда" калимаҳои "ё тағйир дода" илова карда, калимаҳои "ҳақиқии кор" ба калимаҳои "воқеии парванда" иваз карда шаванд;  
- дар қисми 2 калимаҳои "корро муайян ва" ба калимаҳои "парвандаро муайян" иваз карда шаванд.
124. Дар моддаи 267:
- дар қисми 1 калимаи "ҳақиқии" ба калимаи "воқеии" иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаҳои "ҳалли нодурусти қабули ҳалнома ва қарор гардида бошад" ба калимаҳои "қабули ҳалнома ё қарори нодуруст шуда бошад ё шуда тавонад" иваз карда шаванд.
125. Ба Кодекс моддаи 2681 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 2681. Шикояти кассатсионӣ ба таъинотҳои суди
                           иқтисодии марҳилаи якум ва марҳилаи                                                         
                           апеллятсионӣ
Шикоятҳои кассатсионӣ ба таъинотҳои суди иқтисодии марҳилаи якум ва марҳилаи апеллятсионӣ, ки бо риояи қоидаҳои муқарраркардаи ҳамин Кодекс дода шудаанд, аз тарафи суди иқтисодии марҳилаи кассатсионӣ бо тартибе, ки барои баррасии шикоятҳои кассатсионӣ нисбати ҳалнома ва қарорҳои суди иқтисодии дахлдор пешбинӣ шудааст, баррасӣ карда мешаванд.".
126. Ба қисми 1 моддаи 270 пас аз калимаи "аризаи" калимаи "шахсони" илова карда шавад.
127. Ба қисми 4 моддаи 272 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Ба ариза инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ бо тартиб ва андозаи муқарраркардаи қонун замима карда мешавад.".
128. Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 274 калимаи "шавад" ба калимаҳои "шуда бошад" иваз карда шавад.
129. Қисми 3 моддаи 275 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Изҳори назар бо мактуби фармоишӣ бо хабарнома оид ба супоридан дар мӯҳлате фиристода мешавад, ки имконияти бо изҳори назар шинос шуданро то саршавии баррасии ариза ё эътироз аз ҷониби Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.".
130. Дар сархати ҳаштуми моддаи 284 калимаҳои "меъёрҳои ҳуқуқӣ" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.
131. Дар ном ва матни моддаи 291 калимаҳои "баррасии" ва "баррасӣ" мувофиқан ба калимаҳои "истеҳсолоти" ва "истеҳсолот" иваз карда шаванд.
132. Дар қисми 1 моддаи 292 калимаи "баррасӣ" ба калимаи "истеҳсолот" иваз карда шавад.
133. Дар моддаи 296:
- дар номи модда калимаи "ҳуҷҷати" ба калимаи "варақаи" иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои "ё барои фавран иҷро кардан" ба калимаҳои "ё нигаронидани он барои иҷрои фаврӣ" иваз карда шаванд.
134. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 297 калимаи "Ариза" ба калимаҳои "Аризаи ситонанда" иваз карда шавад.
135. Дар қисми 1 моддаи 299 калимаҳои "баррасӣ нашуда бошад ё баррасии" ба калимаҳои "бе баррасӣ мононда шуда бошад ё истеҳсолоти" иваз карда шаванд.
136. Дар қисми 1 моддаи 301 калимаҳои ", дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун оғоз кардааст" ба калимаҳои "оғоз кардааст, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 декабри соли 2011, № 776

 

Қарори Маҷлиси Намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2011, № 582


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011, № 227


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.12    №: 3-6    Мутолиа карданд: 672

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед