logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №9, мод. 112; мод. 113; с. 1998, №23-24, мод. 340; с. 1999, №5, мод. 69; с. 2002, №4,     қ. 1, мод. 185; с. 2004, №5, мод. 337; с. 2006, №3, мод. 152; №4, мод. 195; с. 2009, №5, мод. 320; с. 2010, №7, мод. 545; мод. 549; с. 2011, №3,       мод. 151), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва матни моддаи 1 калимаҳои "қонунгузории", "ашхоси", "ашхосе" ва "санади меъёрӣ" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба", "шахсони", "шахсоне" ва "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Дар банди 4) моддаи 2 калимаҳои "ҳуқуқии" ва "ҳокимияти маҳаллӣ" мувофиқан ба калимаҳои "меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони" ва "маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми чоруми моддаи 3 калимаи "қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 4:
- дар қисми якум:
- баъди калимаи "Конститутсияи" калимаи "(Сарқонуни)" илова карда шавад;
- дар банди 1) калимаи "бепул" ба калимаи "ройгон" иваз карда шавад;
- дар банди 8) калимаи "қонунҳо" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- дар банди 9) калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шавад;
- дар банди 12) калимаи "аз" ба калимаи "ва" иваз карда шавад;
- дар банди 13) калимаи "қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- дар банди 3) қисми дуюм калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 5:
- дар банди 4) қисми якум калимаҳои "ҷузъии ҳуқуқӣ" ба калимаҳои "меъёрии дохилӣ (локалӣ)" иваз карда шаванд;
- ба банди 1) қисми дуюм баъди калимаи "Конститутсияи" калимаи "(Сарқонуни)" илова карда шуда, калимаҳои "Кодекси мазкури меҳнат, қонунҳо" ба калимаҳои "Кодекси мазкур" иваз карда шаванд.
6. Дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 7 калимаҳои "ашхосе" ва "Ашхосе" мувофиқан ба калимаҳои "шахсоне" ва "Шахсоне" иваз карда шаванд.
7. Дар банди 1) қисми дуюми моддаи 8 ва матни моддаи 9 калимаҳои "қонун" ва "қонунҳо" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
8. Дар ном ва матни моддаи 10 калимаҳои "Идораи", "идораи" ва "ҳиҷрати" мувофиқан ба калимаҳои "Идоракунии", "идоракунии" ва "муҳоҷирати" иваз карда шаванд.
9. Дар матни моддаи 11 калимаи "ҷумҳурӣ" ба калимаҳои "ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
10. Дар моддаи 12:
- дар номи модда калимаҳои "қонунҳои" ва "бетабаа" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба" ва "бешаҳрванд" иваз карда шаванд;
- дар матни модда калимаҳои "ашхоси бетабаа", "қонунҳои", "кардаанд"; "Амали қонунҳои", "ба ашхосе", "Қонуни" ва "ашхоси" мувофиқан ба калимаҳои "шахсони бешаҳрванд", "қонунгузории", "кардааст"; "Қонунгузории", "нисбат ба шахсоне", "қонунгузории" ва "шахсони" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 14:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 14. Амали санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат дар замон"
- дар қисми якум калимаҳои "амали баръакс" ба калимаҳои "ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат қувваи бозгашт" ва калимаи "он" ба калимаи "онҳо" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаи "Қонун" ба калимаҳои "санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат", калимаи "он" ба калимаи "онҳо" ва калимаҳои "дар Қонун" ба калимаҳои "дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои "қонуне" ва "қонун" мувофиқан ба калимаҳои "санади қонунгузорие" ва "санади қонунгузорӣ" иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 15:
- дар бандҳои 8) ва 9) калимаҳои "қонунҳо" ва "қонун" ба калимаҳои "санадҳои қонунгузорӣ" иваз карда шаванд;
- дар банди 20) калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" иваз карда шавад;
- ба банди 21) баъди калимаи "меҳнат -" калимаҳои "аз тарафи корманд" илова карда шаванд.
13. Дар қисми дуюми моддаи 16 калимаҳои "қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи" ба калимаҳои "санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи (қарордоди)" иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 17:
- дар қисми якум калимаҳои "ашхосе мебошанд, ки аз тарафи мақомоти меҳнаткашони ташкилотҳо мутобиқи қонунҳои" ба калимаҳои "шахсоне мебошанд, ки аз тарафи коллективи кормандон тибқи қонунгузории" иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм  калимаи "Қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
15. Дар қисми якуми моддаи 18:
- дар бандҳои 3) ва 6) калимаи "қонунҳо" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- дар охири банди 7) аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад.
16. Дар моддаи 19:
- ҷумлаи дуюми қисми якум қисми дуюми модда ҳисобида шавад;
- дар қисми дуюм калимаҳои "ашхоси ваколатдори ӯ, ки амали дар қисмҳои 1 ва 2" ба калимаҳои "шахсони ваколатдори ӯ, ки амалҳои дар қисмҳои якум ва дуюми" ва калимаи "қонунҳои" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шаванд.
17. Дар матни моддаи 20 калимаҳои "ашхоси", "бепул" ва "қонунҳои" мувофиқан ба калимаҳои "шахсони", "ройгон" ва "қонунгузории" иваз карда шаванд.
18. Дар моддаи 22 калимаҳои "ассоциацияҳо", "созмонҳои", "амвол" ва "меҳнаткашон" мувофиқан ба калимаҳои "ассотсиатсияҳо", "ташкилотҳои", "молу мулк" ва "кормандон" иваз карда шаванд.
19. Дар қисми дуюми моддаи 23 калимаи "Қонуни" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шавад.
20. Дар моддаи 24 калимаҳои "қонунҳо", "иҷрои" ва "(конференцияи)" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон", "иҷрои он" ва "(конференсияи)" иваз карда шаванд.
21. Дар ном ва матни моддаи 25 калимаҳои "қонунҳо" ва "Қонуни" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузорӣ" ва "қонунгузории" иваз карда шаванд.
22. Дар моддаи 27:
- дар қисми якум рақами "15" ба калимаи "понздаҳсолагӣ" иваз карда шавад;
- дар бандҳои 1) ва 2) қисми дуюм калимаҳои "қонун", "Қонун", "фардӣ" ва "ашхоси" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон", "инфиродӣ" ва "шахсони" иваз карда шаванд.
23. Дар қисмҳои дуюм, сеюм ва шашуми моддаи 28 калимаҳои "қонунҳо", "хадамоти шуғли давлатӣ" ва "Қонун" мувофиқан ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", "мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ" ва "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
24. Дар қисми якуми моддаи 29 калимаҳои "ашхоси", "ашхосе", "Қонун" ва "қонунҳо" мувофиқан ба калимаҳои "шахсони", "шахсоне" ва "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
25. Дар моддаи 31:
- банди 2) қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2) ба мӯҳлати муайян - на камтар аз як сол, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи бандҳои 3), 4) ва 5) қисми якуми ҳамин модда;";
 - дар қисми чорум калимаи "Қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
26. Дар моддаи 32:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, дар ду нусха тартиб дода, аз ҷониби тарафҳо имзо карда мешавад. Як нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба корманд дода шуда, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад.";
- дар қисми сеюм калимаҳои "Қонун" ва "санадро" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва  "ҳуҷҷатро" иваз карда шаванд;
- қисми панҷум ҷумлаи дуюми қисми чорум ҳисобида шавад;
- қисми ҳафтум хориҷ карда шавад.
27. Дар қисмҳои якум ва сеюми моддаи 33 калимаҳои "Қонун" ва  "ашхоси" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "шахсони" иваз карда шаванд.
28. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 34 калимаҳои "ашхосе" ва "шогирд" мувофиқан ба калимаҳои "шахсоне" ва "шогирдӣ" иваз карда шаванд.
29. Дар қисми панҷуми моддаи 35 калимаи "Қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
30. Дар қисми якуми моддаи 45 калимаи "номаълум" ба калимаи "номуайян" иваз карда шавад.
31. Дар моддаи 46:
- дар қисми якум:
- ба банди 2) баъди калимаи "мерасонад" калимаҳои ", агар ин номувофиқатии корманд дар натиҷаи аттестатсия ва ё дар асоси хулосаи тиббӣ тасдиқ шуда бошад" илова карда шаванд;
- дар банди 7) калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шавад;
- дар банди 13) калимаи "қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаи "Қонунҳо" ба калимаҳои "Санадҳои қонунгузорӣ" иваз карда шавад.
32. Дар қисми чоруми моддаи 49 калимаҳои "Қонун" ва "хадамоти" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "давлатии" иваз карда шаванд.
33. Дар моддаи 53:
- ба банди 4) баъди калимаи "корманд" калимаҳои "ва ё корфармо - шахси воқеӣ, ҳамчунин аз тарафи суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф гардидани корманд ё корфармо - шахси воқеӣ" илова карда шаванд;
- дар банди 6) калимаи "Қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
34. Дар қисми сеюми моддаи 64 калимаи "Қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
35. Дар моддаи 65 калимаҳои "санади маҳдуди меъёрӣ" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ)" иваз карда шаванд.
36. Ба қисми сеюми моддаи 69 баъди калимаи "муттасил" калимаи "коркунанда" илова карда шавад.
37. Ба қисми чоруми моддаи 70 баъди рақами "161," рақами "162," илова карда шавад.
38. Дар моддаи 72:
- дар қисми дуюм калимаҳои "ин Кодекс" ба калимаҳои "ҳамин Кодекс" иваз карда шаванд;
- ба қисми чорум баъди рақами "152," рақами "162," илова карда шуда, калимаҳои "ин Кодекс" ба калимаҳои "ҳамин Кодекс" иваз карда шаванд.
39. Дар қисми якуми моддаи 75 ва қисми дуюми моддаи 77 калимаҳои "Қонун" ва "қонунҳо" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "санадҳои қонунгузорӣ" иваз карда шаванд.
40. Дар моддаи 80:
- дар номи модда калимаи "амалкунанда" ба калимаи "коркунанда" иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо)" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
41. Дар моддаи 81:
- дар қисми дуюм:
- дар сархати дуюм калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаи "қонунҳо" ба калимаҳои "санадҳои қонунгузорӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаҳои "ин Кодекс" ба калимаҳои "ҳамин Кодекс" иваз карда шаванд.
42. Дар моддаи 82 калимаҳои "ин Кодекс" ба калимаҳои "ҳамин Кодекс" иваз карда шаванд.
43. Дар моддаи 83:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Рӯзҳои ид, ки рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" муайян карда мешаванд.";
- дар қисми сеюм калимаҳои "ин Кодекс" ба калимаҳои "ҳамин Кодекс" иваз карда шаванд.
- қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Дигар рӯзҳои ид, ки бидуни рӯзи истироҳат қайд карда мешаванд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" муайян карда мешаванд.".
44. Дар матни моддаи 86:
- дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюм калимаҳои "ин Кодекс" ба калимаҳои "ҳамин Кодекс" иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаи "қонунҳо" ба калимаҳои "санадҳои қонунгузорӣ" иваз карда шавад.
45. Дар қисми дуюми моддаи 89 ва қисми сеюми моддаи 891 калимаҳои "қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии" ва "зайли ташкилотҳои дар асоси воситаҳои худӣ фаъолиятдошта" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории" ва "дигар ташкилотҳо" иваз карда шаванд.
46. Дар моддаи 90:
- дар қисми дуюм калимаҳои "ин Кодекс" ба калимаҳои "ҳамин Кодекс" иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи "Қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
47. Дар қисми сеюми моддаи 91 калимаҳои "Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ" ба калимаҳои "Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.
48. Дар ном ва матни моддаи 93 ва банди 4) қисми якуми моддаи 95 калимаҳои "ашхосе" ва "қонунҳо" мувофиқан ба калимаҳои "шахсоне" ва "санадҳои қонунгузорӣ" иваз карда шаванд.
49. Дар қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 96, қисми сеюми моддаи 101 ва қисми дуюми моддаи 1044 калимаҳои "ин Кодекс", "ашхос", "қонунҳо" ва "қонун" мувофиқан ба калимаҳои "ҳамин Кодекс", "шахсон", "санадҳои қонунгузорӣ" ва "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
50. Дар моддаи 108:
- дар  қисми якум калимаҳои "санади ҷузъии меъёрӣ" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ)" иваз карда шаванд;
- дар қисми шашум калимаҳои "қонунҳои", "ҷазои" ва "ҷиноӣ" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории", "ҷавобгарии" ва "ҷиноятӣ" иваз карда шаванд.
51. Дар қисми дуюми моддаи 1082, қисмҳои сеюм ва панҷуми моддаи 109 калимаи "ашхоси" ва "қонун" мувофиқан ба калимаҳои "шахси" ва "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
52. Дар моддаи 110:
- дар қисми якум калимаи "қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаҳои "ё ҷамъиятӣ" ва "қонун" мувофиқан ба калимаҳои "ё ташкилоти ҷамъиятӣ" ва "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
53. Дар ном ва матни моддаи 114 калимаҳои "идории" ва "идориро" мувофиқан ба калимаҳои "идоракунии" ва "идоракуниро" иваз карда шаванд.
54. Дар моддаи 115 калимаи "қонунҳо" ба калимаҳои "санадҳои қонунгузорӣ" иваз карда шавад.
55. Дар қисми якуми моддаи 117 калимаҳои "қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрӣ" ба калимаҳои "санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.
56. Дар ном ва қисми якуми моддаи 120 калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шавад.
57. Дар моддаи 121:
- дар қисми дуюм калимаи "қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калимаҳои "қонунҳои", "аз ӯҳдадориҳои меҳнатии корманд" ва "ашхоси" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба", "ба ӯҳдадориҳои меҳнатии корманд вобаста" ва "шахсони" иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои "аз вазифаҳои меҳнатии ӯянд" ва "ашхосе" мувофиқан ба калимаҳои "ба ӯҳдадориҳои меҳнатии ӯ дохил мешаванд" ва "шахсоне" иваз карда шаванд.
58. Дар моддаи 123:
- дар қисми дуюм калимаи "қонунҳои" ба калимаҳои "санадҳои қонунгузории" иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаи "Қонун" ба калимаҳои "санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
59. Дар қисмҳои якум, дуюм ва сеюми моддаи 126 калимаҳои             ", қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии" ба калимаҳои "ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд.
60. Қисми дуюми моддаи 127 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ҷавобгарии корманд барои зиёни ба корфармо расонидашуда истисно мегардад, агар зиён дар натиҷаи қувваи рафънопазир, таваккали асосноки хоҷагӣ, зарурати ниҳоӣ ё мудофиаи зарурӣ ба миён омада бошад.".
61. Дар ном ва қисми якуми моддаи 130 ва қисми якуми моддаи 134 калимаҳои "амволи" ва "зиёни бевоситаи воқеӣ" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулки" ва "зиёни воқеӣ" иваз карда шаванд.
62. Моддаи 132 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 132. Ҷавобгарии моддии корманд барои зиёни ба корфармо расонидашуда
Корманд вазифадор аст, ки зиёни воқеии ба корфармо расонидаашро ҷуброн намояд, ба шарте ки дар Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дар санади меъёрии дохилӣ (локалӣ) тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Новобаста аз зиёни расонидашуда даромади бадастнаомада (самараи аздастрафта) аз корманд рӯёнида намешавад.
Зиёни воқеӣ ин воқеан кам кардани молу мулки нақди корфармо ё бад кардани ҳолати молу мулки мазкур (аз ҷумла, молу мулки шахси сеюми дар назди корфармо қарордошта, агар корфармо барои нигоҳубини ин молу мулк масъулият дошта бошад), ҳамчунин барои корфармо зарурати харҷ ё пардохти маблағи иловагӣ барои харидан, барқарор кардани молу мулк ё ҷуброни зиёне, ки аз ҷониби корманд ба шахсони сеюм расонида шудааст, мебошад.".
63. Дар моддаи 135:
- ба номи модда баъди калимаи "Ҷавобгарии" калимаи "маҳдуди" илова карда шавад;
- дар матни модда калимаҳои "қонунҳои", "ҷузъии", "пул" ва "ашхоси" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории", "маҳдуди", "пулӣ" ва "шахсони" иваз карда шаванд.
64. Дар қисми дуюми моддаи 136:
- дар банди 1 баъди рақами "1" аломати нуқта бо аломати қавси пӯшида ")" иваз карда шавад;
- дар банди 3) калимаҳои "санади махсуси қонунӣ" ба калимаҳои "санадҳои қонунгузории дахлдор" иваз карда шаванд;
- ҷумлаи дуюми банди 8) хориҷ карда шавад.
65. Дар қисми шашуми моддаи 137 калимаи "ашхос" ба калимаи "шахсон" иваз карда шавад.
66. Дар қисмҳои дуюм ва чоруми моддаи 138 калимаҳои "амволи" ва "амвол" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулки" ва "молу мулк" иваз карда шаванд.
67. Дар қисми панҷуми моддаи 140 калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шавад.
68. Дар қисми дуюми моддаи 143 калимаҳои "бо ғарази ҷиноят" ба калимаҳои "дар натиҷаи ҷинояти бо мақсади ғаразнок содиршуда" иваз карда шаванд.
69. Дар қисми дуюми моддаи 144 калимаи "қонунҳо" ба калимаҳои "санадҳои қонунгузорӣ" иваз карда шавад.
70. Дар қисми сеюми моддаи 145 калимаи "қонунҳои" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шавад.
71. Дар қисмҳои сеюм ва панҷуми моддаи 147 калимаҳои "бепул" ва "қонунҳоро" мувофиқан ба калимаҳои "ройгон" ва "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд.
72. Дар қисми чоруми моддаи 149 калимаи "Ашхосе" ба калимаи "Шахсоне" иваз карда шавад.
73. Дар қисми дуюми моддаи 151 калимаҳои "қонунҳо ва дигар санади меъёрии" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд.
74. Дар моддаи 152:
- дар қисми якум калимаи "хадамоти" ба калимаҳои "мақомоти давлатии" иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаҳои "Комиссияи экспертии тиббии меҳнатро" ба калимаҳои "Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоиро" иваз карда шаванд.
75. Дар қисми дуюми моддаи 154 калимаҳои "Қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ" иваз карда шаванд.
76. Дар матни моддаи 155 калимаҳои "акт" ва "акти" мувофиқан ба калимаҳои "санад" ва "санади" иваз карда шаванд.
77. Дар моддаи 156:
- дар қисми якум калимаҳои "қонунҳо ё дигар санади меъёрии" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои "ашхосе", "якдафъавӣ" ва "муқарраршудаи" мувофиқан ба калимаҳои "шахсоне", "якдафъаина" ва "муқаррарнамудаи" иваз карда шаванд;
- дар қисми шашум калимаҳои "ашхоси ғайри қобили кор" ба калимаҳои "шахсони ғайриқобили меҳнат" иваз карда шаванд.
78. Номи боби 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"БОБИ 12. КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ЗАНОН ВА ШАХСОНЕ, КИ ВАЗИФАҲОИ ОИЛАВӢ ДОРАНД"
79. Дар моддаи 159:
- дар қисми якум калимаҳои "шонздаҳсола" ва "Ашхоси" мувофиқан ба калимаҳои "ҳаждаҳсола" ва "Шахсони" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаи "хадамоти" ба калимаҳои "мақомоти давлатии" иваз карда шавад.
80. Дар қисми дуюми моддаи 160 калимаи "ниҳонии" ба калимаи "ниҳоии" иваз карда шавад.
81. Дар қисми дуюми моддаи 161 рақамҳо ва калимаҳои "то 14 - сола" ва "то 16 - сола" мувофиқан ба калимаҳои "синни то чордаҳсола" ва "синни то ҳаждаҳсола" иваз карда шаванд.
82. Дар ном ва қисми дуюми моддаи 162 калимаҳои "ашхоси" ва "ашхосе" мувофиқан ба калимаҳои "шахсони" ва "шахсоне" иваз карда шаванд.
83. Дар қисми сеюми моддаи 165 калимаи "ашхосе" ба калимаи "шахсоне" иваз карда шавад.
84. Дар ном ва матни моддаи 166 калимаи "ашхосе" ба калимаи "шахсоне" иваз карда шавад.
85. Дар моддаҳои 168, 169, 170 ва 171 калимаҳои "шонздаҳсола", "яке аз волидайн", "сарпараст" ва "шонздаҳсоларо" мувофиқан ба калимаҳои "ҳаждаҳсола", "падар ё модар", "парастор" ва "ҳаждаҳсоларо" иваз карда шаванд.
86. Дар қисми якуми моддаи 172 калимаҳои "шонздаҳсола", "мақомоти" ва "қонун" мувофиқан ба калимаҳои "ҳаждаҳсола", "мақомоти давлатии" ва "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
87. Дар ном ва матни моддаи 173 калимаҳои "ашхосе", "қонунҳо ва дигар санади меъёри" ва "васиёни (сарпарастони)" мувофиқан ба калимаҳои "шахсоне", "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "васии (парастори)" иваз карда шаванд.
88. Дар матни моддаи 174 калимаҳои "Ашхоси", "яке аз волидон" ва "ашхоси" мувофиқан ба калимаҳои "Шахсони", "падар ё модар" ва "шахсони" иваз карда шаванд.
89. Дар моддаи 175:
- дар номи модда калимаи "ашхоси" ба калимаи "шахсони" иваз карда шавад;
- дар қисми якум калимаҳои "ашхоси" ва "хадамоти" мувофиқан ба калимаҳои "шахсони" ва "мақомоти давлатии" иваз карда шаванд.
90. Дар моддаи 176 калимаҳои "Ашхоси" ва "қонунҳо ва дигар санади" мувофиқан ба калимаҳои "Шахсони" ва "дигар санадҳои" иваз карда шаванд.
91. Дар моддаи 177:
- дар ном ва қисми якум калимаҳои "ашхоси" ва "ашхос" мувофиқан ба калимаҳои "шахсони" ва "шахсон" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои "ашхоси" ва "қонунҳо ва дигар санади меъёрии" мувофиқан ба калимаҳои "шахсони" ва "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд.
92. Дар ном ва матни моддаи 178 калимаи "ашхоси" ба калимаи "шахсони" иваз карда шавад.
93. Дар қисми якуми моддаи 179 калимаҳои "Музди кори" ба калимаҳои "Музди меҳнати" иваз карда шаванд.
94. Дар номи моддаи 181 калимаи "ашхоси" ба калимаи "кормандони" иваз карда шавад.
95. Дар моддаи 182 калимаҳои "мақоми маҳаллии меҳнат ва" ва "комиссияи оид ба корҳои ноболиғон" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти давлатии" ва "Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак" иваз карда шаванд.
96. Дар ном ва матни моддаи 183 калимаҳои "волидайн, васиён (сарпарастон)", "ашхоси" ва "волидайн ва васиён (сарпарастон)" мувофиқан ба калимаҳои "падару модар, васӣ (парастор), "шахсони" ва "падару модар ва васӣ (парастор) иваз карда шаванд.
97. Дар моддаи 186:
- дар қисми якум калимаҳои "қонунҳо ва дигар санади меъёрӣ" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои "санади меъёрии ҷузъии" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии дохилии" иваз карда шаванд.
98. Дар қисми чоруми моддаи 187 калимаҳои "қонунҳо ва дигар санади меъёрии" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд.
99. Дар қисмҳои якум ва чоруми моддаи 188 калимаҳои "қонунҳо ва дигар санади меъёрии" ва "қонунҳо ё дигар санади меъёрии" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд.
100. Дар матни моддаи 189 калимаҳои "қонунҳо ва дигар санади меъёрии" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд.
101. Қисми дуюми моддаи 190 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Бо шартномаю созишномаҳои коллективӣ тартиби баррасии тосудии баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ташкилотҳо мутобиқи моддаи 191 ҳамин Кодекс муқаррар шуда метавонад.".
102. Дар моддаи 191:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 191. Тартиби баррасии тосудии баҳсҳои меҳнатии фардӣ";
- дар қисми якум калимаҳои "пеш аз суд дар ташкилот баррасӣ шудани баҳсҳои меҳнатии фардӣ" ба калимаҳои "баррасии тосудии баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ташкилот" иваз карда шаванд.
103. Дар моддаи 192:
- дар қисми якум калимаҳои "касони" ва "қонунҳо ё дигар санади меъёрӣ" мувофиқан ба калимаҳои "шахсони" ва "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои "қонун" ва "амволи" мувофиқан ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "молу мулки" иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои "касон", "ашхосе", "ашхоси", "қонунҳо", "акти" ва "акт" мувофиқан ба калимаҳои "шахсон", "шахсоне", "шахсони", "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "санади" ва "санад" иваз карда шаванд;
- қисми чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Судҳо баҳсҳои меҳнатии фардиро дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ мекунанд.".
104. Дар моддаи 194:
- дар қисми якум калимаҳои "санади меъёрӣ" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- ба қисми сеюм баъди калимаи "тасдиқнамудаи" калимаҳои "Маҷлиси намояндагони" илова карда шаванд.
105. Дар моддаи 195:
- дар қисми дуюм калимаи "қонунҳо" ба калимаи "санадҳои қонунгузорӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаҳои "масъалаҳои пул маблағе" ба калимаҳои "талаботи маблағи пулие" иваз карда шаванд.
106. Дар қисми сеюми моддаи 196 калимаҳои "Иҷрокунандаи судӣ" ба калимаҳои "Иҷрочии суд" иваз карда шаванд.
107. Дар қисми дуюми моддаи 197 калимаҳои "қонуни дигар" ва "марбутаи қонун" мувофиқан ба калимаҳои "дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ" ва "дахлдори санади қонунгузорӣ" иваз карда шаванд.
108. Дар қисми якуми моддаи 198 калимаи "қонун" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
109. Дар моддаи 199:
- ба қисми якум баъд аз калимаи "комиссияи" калимаи "оид" илова карда шавад;
- дар сархати якуми қисми сеюм калимаҳои "ғайриамволӣ" ва "қонун" мувофиқан ба калимаҳои "ғайримолумулкӣ" ва "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаи "баррасии" ба калимаҳои "оид ба" иваз карда шавад.
110. Дар моддаи 201:
- дар қисми дуюм калимаи "зуд" ба калимаи "бетаъхир" иваз карда шавад;
- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Суд метавонад иҷрои бетаъхири қарорҳо оид ба дигар парвандаҳои меҳнатиро пурра ё қисман талаб намояд.".
111. Дар моддаи 203:
- дар номи модда калимаҳои "ғайри қонунӣ" ва "айбдор" мувофиқан ба калимаҳои "ғайриқонунӣ" ва "гунаҳгор" иваз карда шаванд;
- дар қисми якум калимаи "қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
112. Дар ном ва матни моддаи 204 калимаҳои "гардонидани" ва "гардонидан" мувофиқан ба калимаҳои "баргардонидани" ва "баргардонидан" иваз карда шаванд.
113. Дар моддаи 205:
- дар қисми якум калимаи "қонунҳо" ба калимаҳои "санадҳои қонунгузорӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаи "қонун" ба калимаҳои "дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" иваз карда шавад.
114. Дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 206 калимаи "(конференцияи)" ба калимаи "(конференсияи)" иваз карда шавад.
115. Дар матни моддаи 207 калимаҳои "(конференцияи)" ва "ассоциацияҳо" мувофиқан ба калимаҳои "(конференсияи)" ва "ассотсиатсияҳо" иваз карда шаванд.
116. Дар қисми чоруми моддаи 208 калимаи "миёнаравро" ба калимаи "миёнаравиро" иваз карда шавад.
117. Дар матни моддаи 209 калимаҳои "ҳукумати ноҳия ё шаҳр", "(низои", "оштидеҳ" ва "қонунро" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", "(низои)", "оштидиҳӣ" ва "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд.
118. Дар қисми якуми моддаи 210 калимаҳои "қонунҳо ва дигар санади меъёрии" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
119. Дар моддаи 211:
- дар қисми якум калимаҳои "(митинг, намоиш ва иқдомҳои дигари оммавӣ)-ро" ба калимаҳои "(гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва чорабиниҳои дигар)-ро" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои "(конференцияи)" ва "конференция" мувофиқан ба калимаҳои "(конференсияи)" ва "конференсия" иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи "ашхосе" ба калимаи "шахсоне" иваз карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаи "қонунҳои" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шавад.
120. Дар моддаи 213:
- дар номи модда калимаи "қонун" ба калимаи "қонунгузорӣ" иваз карда шавад;
- дар қисмҳои якум ва дуюм калимаҳои "маоши ҳадди ақал" ба калимаҳои "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд.
121. Дар моддаи 214:
- дар қисми дуюм калимаи "мардумро" ба калимаи "кормандонро" иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаи "мулкдор" ба калимаи "соҳибмулк" иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаҳои "ин Кодекс" ва "қонунгузории амалкунанда" мувофиқан ба калимаҳои "ҳамин Кодекс" ва "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
122. Дар қисми дуюми моддаи 215 калимаи "ашхосе" ба калимаи "шахсоне", калимаҳои "мадохилот аз" ва "мадохилоти" ба калимаи "маблағҳои", калимаҳои "қонун" ва "Қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
123. Дар қисми якуми моддаи 216 калимаҳои "қонун ва санадҳои меъёрии", "Қонуни" ва "қонун" мувофиқан ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии", "қонунгузории" ва "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
124. Номи боби 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"БОБИ 18. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ".
125. Дар моддаи 225:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 225. Мақомоти назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат";
 - дар қисми якум калимаҳои "қонунҳои" ва "инспексияҳои" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба"  ва "нозироти" иваз карда шаванд;
- қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнатро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд.
Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ назорати дохилиидоравии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнатро аз ҷониби сохторҳо ва ташкилотҳои тобеашон амалӣ менамоянд.
Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнатро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.".
126. Моддаи 226 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 226. Назорати давлатии пешбурди бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ
Назорати давлатии риояи қоидаҳои пешбурди бехатарии корҳоро дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар баробари бозрасии техникии иттифоқи касаба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва мақомоти маҳаллии он амалӣ менамоянд.".
127. Дар ном ва матни моддаи 227 калимаҳои "қонунҳои", "инспекторон" ва "инспекторони" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба", "нозирон" ва "нозирони" иваз карда шаванд.
128. Моддаи 228 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 228. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Кодекси мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Кодекси мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 26 декабри соли 2011, № 778


Қарори  Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 7 декабри соли 2011,  № 608 


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011, № 229


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.12    №: 3-6    Мутолиа карданд: 741

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед