logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №12, мод.681;     с.2009, №3, мод. 87) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа - ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамӯҳлат, ки мақсадҳои стратегӣ, вазифаҳо ва самтҳои асосии инкишофи минтақаро муқаррар намуда, захираҳои лозимиро вобаста ба ноил шудан ба мақсадҳои стратегии инкишофи минтақа  муайян мекунад;".
2. Моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 9. Дурнамоҳои инкишофи минтақавӣ
Дурнамоҳои инкишофи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - фарзияи аз назари илмӣ асоснокшудаи эҳтимолияти дар оянда инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа мебошад. Дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳоро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия карда, мақомоти дахлдори намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои корҳои зеринро таъмин менамояд:
- таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба ояндабинии инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо;
- баҳисобгирии баҳодиҳии мутобиқати дурнамоҳои минтақавии таҳияшаванда бо нишондиҳандаҳои дурнамоҳои давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳия гардидани лоиҳаи охирини дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси дурнамои таҳиягардида  иҷрои корҳои зеринро таъмин менамояд:
- андешидани тадбирҳо оид ба муҳайё сохтани шароит барои инкишофи босуботи иҷтимоию иқтисодӣ, бартараф кардани нобаробарии тараққиёти минтақаҳо, истифодаи пурсамари захираҳои табиӣ, моддӣ, меҳнатӣ ва молиявии онҳо, аз ҷумла барои зиёд кардани истеҳсоли молҳои содиротӣ ва ивазкунандаи молҳои воридотӣ;
- таҳияи тавсияҳо оид ба бартараф намудани ҳолатҳои бӯҳронӣ дар минтақаҳо.
Дурнамоҳои инкишофи минтақаҳо барои таҳияи барномаҳои стратегии инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо асос мешаванд.".
3. Ба Қонун моддаи 91 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 91. Барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа
Барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа дар давраи миёнамӯҳлат дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа таҳия мегардад.
Барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа ба таври ҳатмӣ мақсадҳои стратегии инкишофи кишвар, аз ҷумла Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо ба ҳисоб мегирад ва амалишавии онҳоро бо назардошти хусусиятҳои хоси ҳар як минтақа таъмин менамояд.
Барномаи стратегии инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа мақсадҳои стратегӣ, вазифаҳо ва самтҳои асосии инкишофи минтақа, захираҳои лозимӣ ва нақшаю чорабиниҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдорро барои ноил гардидан ба мақсадҳои стратегии инкишоф дар бар мегирад.
Барномаи инкишофи минтақа ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- ҳатмӣ будани таҳияи барномаи инкишофи минтақа ҳамчун механизми банақшагирии стратегии минтақа;
- таъмини пурра ва маҷмӯии барномаи инкишофи минтақа, ки фарогири ҳамаи барнома ва чорабиниҳо мебошад, аз ҳисоби буҷети давлатӣ, воситаҳои ташкилотҳои донорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ маблағгузорӣ карда мешавад;
- иштироки ҳатмии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми таҳия ва татбиқи барномаҳо;
- анҷом додани мониторинг ва баҳодиҳии ҳатмии  барномаҳо.
Барномаи инкишофи минтақа барои таҳияи буҷети маҳаллӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба маблағгузории самтҳои алоҳидаи инкишофи маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ асос мебошад. Тартиби мувофиқакунонии масъалаҳо оид ба маблағгузории самтҳои алоҳидаи инкишофи маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Барномаи инкишофи минтақа барои амалӣ шудани чорабиниҳои аз ҳисоби воситаҳои ташкилотҳои донорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ маблағгузоришаванда асос мебошад.
Барномаи инкишофи минтақа аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия гардида, бо қарори мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
Мониторинг ва баҳодиҳӣ  оид ба  барномаи инкишофи минтақа аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси методикае, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ шудааст, гузаронида мешаванд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонанд мониторинг ва баҳодиҳии интихобии барномаи инкишофи минтақаро анҷом диҳанд. Аз рӯи натиҷаҳои мониторинг ва баҳодиҳӣ барномаи инкишофи минтақа метавонад тасҳеҳ гардад.
Тартиби таҳия намудани барномаҳои инкишофи минтақаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Назорати татбиқи барномаи инкишофи минтақаро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ба зимма  дорад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 декабри соли 2011, № 781

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Ш. ЗУҲУРОВ
ш.Душанбе, 12 октябри соли 2011,   № 539


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011, № 232


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.12    №: 3-6    Мутолиа карданд: 610

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед