logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 7, мод. 345; с. 2009, № 5, мод. 327; с. 2010, № 1, мод. 3) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 1 моддаи 41 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Пардохт барои амалҳои зерини марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд - пардохт) ситонида мешавад:
- пешниҳоди арзнома;
- бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- ворид намудани тағйирот ба Феҳристи давлатӣ ва шаҳодатномаи тамғаи молӣ;
- нигаҳдории эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ ва намунаи саноатӣ;
- тамдид намудани мӯҳлати амали бақайдгирии тамғаи молӣ ва мӯҳлати амали шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол;
- барқароркунии амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- тамдид ва барқарор намудани мӯҳлати гузашта.".
2. Дар моддаи 42 калимаҳои "ҳуҷҷатҳои ҳифзкунандаро мегиранд" ба калимаҳои "амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ ба манфиати онҳо иҷро карда мешаванд" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 1 моддаи 44 калимаҳои "ихтирои" ва "патенти ихтирои" мутобиқан ба калимаҳои "ихтироъ ва"  ва "патенти ихтироъ ва" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 45:
-аз қисми 1 калимаҳои "барои додани ҳуҷҷати ҳифзкунанда" хориҷ карда шаванд;
-аз ҷумлаи дуюми қисми 2 калимаҳои "барои гирифтани ҳуҷҷати ҳифзкунанда" хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 декабри соли 2011, № 784

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2011, № 577

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011, № 235


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.12    №: 3-6    Мутолиа карданд: 656

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед