logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"  (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1993,  №15-16, мод.350;  Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996,  №3,  мод.48, фасли ХVIII; с. 1997, №9, мод. 117, фасли VI;  с. 1998,  №10, мод. 119, фасли V;  №22, мод. 318; с. 1999, № 5, мод. 61; №9, мод. 236; №12, мод. 351; с. 2002, №4, қ.1, мод. 158; №11, мод. 711, мод. 735; с. 2005, №7, мод. 406; с. 2007, №7, мод. 695; с. 2008, №10, мод.823; с. 2009, №9-10, мод. 547) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 9 калимаҳои "мақомоти ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.
2. Дар зербанди б) қисми якуми моддаи 18 калимаҳои "комиссияи таъини нафақаҳо" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми дуюми моддаи 34 калимаҳои "комиссияи таъини нафақа" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 88:
- ҷумлаи якуми қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Маъмурият (раёсат) дар якҷоягӣ бо кумитаи иттифоқи касаба дар муддати даҳ рӯзи баъд аз воридшавии ариза ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи собиқаи корӣ ва музди меҳнат ба расмият дароварда, якҷоя бо ариза ва дархости худ онҳоро ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори маҳалли истиқомати аризадиҳанда равон мекунад.";
- дар қисмҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум калимаҳои "шӯъбаи ноҳиявии (шаҳрии) ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ", "шӯъбаи ноҳиявии (шаҳрии) ҳимояи иҷтимоии аҳолии" ва "Шӯъбаҳои ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ" мувофиқан ба калимаҳои "сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдор", "сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори" ва "Сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.
5. Матни моддаи 89 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Нафақаро мақомоти ваколатдор таъин менамояд. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ваколатдорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.".
6. Дар қисми дуюми моддаи 90 калимаҳои "комиссияи таъини нафақа" ва "Шӯъбаи ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" ва "Мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.
7. Моддаи 91 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 91. Шикоят аз болои қарори мақомоти ваколатдор
Аз болои қарори мақомоти ваколатдор мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст.".
8. Дар қисми якуми моддаи 94 калимаҳои "шахсан худи узви комиссияи таъини нафақа - мудири шӯъбаи ноҳиявии (шаҳрии) ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 96 калимаҳои "мақомоти ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ дар" ба калимаҳои "сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори" иваз карда шаванд.
10. Дар ном ва матни моддаи 98 калимаҳои "шӯъбаҳои ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ", "шӯъбаҳои ҳимояи иҷтимоии аҳолиро" ва "шӯъбаҳои дахлдори ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ" мувофиқан ба калимаҳои "сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор", "сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдорро" ва "сохторҳои маҳаллии дахлдори мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.
11. Дар қисми дуюми моддаи 101 калимаҳои "мақомоти дахлдори ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 104 калимаҳои "мақомоти таъминоти иҷтимоии" ба калимаҳои "сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор дар" иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 105:         
- дар зербанди б) қисми якум калимаҳои "комиссияи таъини нафақа" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои "комиссияҳои таъини нафақа" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳафтум калимаҳои "комиссияи таъини нафақа" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,  26 декабри соли 2011, №  789


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони
Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 3 октябри соли 2011,  № 522

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011, № 242


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.12    №: 3-6    Мутолиа карданд: 1101
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед