logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод. 201; с. 2010, №7, мод. 546; с. 2011, №3, мод.177) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи боби 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"БОБИ 1. ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОИЛА"
2. Дар моддаи 1:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Заминаҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба оила";
- дар қисми 2 калимаҳои "Қонуни оила" ба калимаҳои "Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила" иваз карда шаванд.
3. Дар ном ва матни моддаи 2 калимаҳои "қонунҳои оила" ва "Қонунҳои оила" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила" ва "Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 3:
- ном ва қисми 1 модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 "Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила
1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси  мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.";
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Меъёрҳои ҳуқуқи оилавие, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, бояд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур мутобиқ бошанд.".
5. Дар ном ва матни моддаи 4 калимаҳои "қонунҳои", "Қонунҳои" ва "қонунҳои оила" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории", "Қонунгузории" ва "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 5 калимаҳои "қонунҳои оила" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила" иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 6 калимаҳои "қонунҳои оила" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила" иваз карда шаванд.
8. Дар номи боби 2 калимаи "Ҳифзи" ба калимаи "Ҳимояи" иваз карда шавад.
9. Дар қисми 2 моддаи 8 калимаи "усулҳои" ба калимаи "тартиби" иваз карда шавад.
10. Дар қисми 1 моддаи 10 калимаҳои "ба ҷо оварда" ба калимаи "баста" иваз карда шаванд.
11. Дар қисми 1 моддаи 11 пас аз калимаи "Қайди" калимаи "бастани" илова карда шавад.
12. Ба моддаи 14 баъди сархати якум сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ);".
13. Дар қисми 1 моддаи 15 калимаҳои "давлатии тандурустии маҳали истиқомати" ба калимаҳои "давлатии нигаҳдории тандурустии маҳалли истиқоматии" иваз карда карда шаванд.
14. Дар ном ва қисми 2 моддаи 32 калимаҳои "Баробарии" ва "баробарии" мувофиқан ба калимаҳои "Баробарҳуқуқии" ва "баробарҳуқуқии" иваз карда шаванд.
15. Дар моддаи 35:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар қарор дорад, танҳо бо розигии мутақобилаи онҳо сурат мегирад.";
-  дар қисми 3 калимаҳои "Барои анҷоми муомилоти вобаста бо ихтиёрдории" ба калимаҳои "Барои ба анҷом расонидани  муомилот вобаста ба ихтиёрдорӣ кардани" иваз карда шаванд.
16. Дар қисми 3 моддаи 46 калимаи "буда" ба калимаҳои "қарордошта" иваз карда шавад.
17. Дар қисми 2 моддаи 47 пас аз калимаи "аҳдномаи" калимаи "никоҳи" илова карда шавад.
18. Дар қисми 2 моддаи 49 пас аз калимаҳои "бо ҳам никоҳи" калимаҳои "дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" илова карда шаванд.
19. Матни моддаи 54 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Агар муқаррар намудани ҳуқуқи падарӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 50 ва 51 Кодекси мазкур сурат гирифта бошад, фарзандон нисбат ба падару модар ва хешу ақрабояшон дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошанд, ки кӯдакони аз шахсони бо ҳам ақди никоҳбаста доранд.".
20. Дар қисми 2 моддаи 56 калимаи "ҳабс" ба калимаҳои "ба ҳабс гирифтан" иваз карда шавад.
21. Дар моддаи 57:
- дар қисми 1 пас аз калимаи "манфиатҳои" калимаи "қонунии" илова карда шавад;
-дар қисми 2 калимаҳои "ё аз ҷумла иҷро накардан ё иҷрои номатлуби" ба калимаҳои "аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро намудани" иваз карда шаванд.
22. Дар қисми 2 моддаи 61 калимаҳои "мукаллафияти пурра" ба калимаҳои "қобилияти пурраи амал" иваз карда шаванд.
23. Дар қисми 3 моддаи 67 калимаҳои "қонунҳои мурофиаи гражданӣ" ба калимаҳои "қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
24. Дар қисми 2 моддаи 68 калимаҳои "ба тарбияи мақоми васояту парасторӣ" ба калимаҳои "барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ" иваз карда шаванд.
25. Аз қисми 4 моддаи 70 калимаҳои "ё парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунад" хориҷ карда шаванд.
26. Дар қисми 6 моддаи 71 калимаҳои "падару модараш" ба калимаҳои "падару модарӣ" иваз карда шаванд.
27. Дар қисми 2 моддаи 73 калимаҳои "аз онҳо новобаста" ба калимаҳои "ба онҳо вобаста набуда" иваз карда шаванд.
28. Қисми 4 моддаи 74 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Кӯдаке, ки аз падару модар гирифта шудааст, барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ супорида мешавад.". 
29. Дар қисми 1 моддаи 79 калимаҳои "қонунҳои мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" иваз карда шаванд.
30. Дар қисми 1 моддаи 86 калимаҳои "давлатии таҳсилоти миёна ва олӣ" ба калимаҳои "таҳсилоти миёна ва олии касбӣ" иваз карда шаванд.
31. Дар қисми 4 моддаи 88 пас аз калимаи "фарзандони" калимаи "болиғи" илова карда шавад. 
32. Дар матни моддаи 106 калимаҳои "тартиби индексатсия" ба калимаҳои "тартиби дигари индексатсияи андозаи алимент" иваз карда шаванд.
33. Дар номи моддаи 108 калимаҳои "барои алимент" ба калимаҳои "барои гирифтани алимент" иваз карда шаванд.
34. Дар қисми 6 моддаи 114 калимаҳои "қонунҳои мурофиаи гражданӣ" ба калимаҳои "қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
35. Дар қисми 2 моддаи 116 калимаи "даҳ" ба рақами "0,1" иваз карда шавад.
36. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 117 калимаҳои "маълумоти ғалат" ба калимаҳои "маълумоти бардурӯғ" иваз карда шаванд.
37. Дар қисми 2 моддаи 118 калимаҳои "мақсади индексатсия" ба калимаҳои "мақсади индексатсияи пардохти алимент" иваз карда шаванд.
38. Дар қисми 2 моддаи 122 калимаҳои "бо ҳамин Кодекс" ба калимаҳои "тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур" иваз карда шаванд.
39. Дар қисми 2 моддаи 143 калимаҳои "кӯдак ба тарбияи" ба калимаҳои "кӯдак барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба" иваз карда шаванд.
40. Дар қисми 1 моддаи 146 калимаҳои "қабули ҳалнома" ба калимаҳои "қабул гардидани ҳалномаи суд" иваз карда шаванд.
41. Дар қисми 3 моддаи 148 калимаҳои "суд ғайриқобили амал  ё қобилияти амалашон" ба калимаҳои "суд онҳоро ғайриқобили амал  ё қобилияти амалашонро" иваз карда шаванд.
42. Моддаи 1521 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 1521. Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ ғоибанд
1. Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ (зиёда аз 3 моҳ) ғоибанд ё дар таълиму тарбияи хешу ақрабояшон қарор доранд, ки ин хешу ақрабо дорои ҳуҷҷати дахлдор нестанд, аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ таъин карда мешавад.
2. Мақомоти васояту парасторӣ шароити таъминот ва таълиму тарбияи кӯдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро назорат мекунанд.
3. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.".
43. Дар моддаи 153:
- сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд;
- дар сархати чоруми қисми 1 калимаҳои "қонунгузории манзил" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил" иваз карда шаванд.
44. Дар моддаи 154:
- сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд;
- дар сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 1 калимаҳои "қонунгузории манзил" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил" ва калимаҳои "қонунгузории меҳнат" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат"  иваз карда шаванд.
45. Дар қисми 1 моддаи 156 калимаҳои "бартараф месозад" ба калимаҳои "озод менамояд" иваз карда шаванд.
46. Дар номи моддаи 158 калимаҳои "Шикоят ба" ба калимаҳои "Шикоят намудан оид ба" иваз карда шаванд.
47. Дар қисми 2 моддаи 167 калимаҳои "ҳар шахси" ба калимаҳои "ҳар як шахси" иваз карда шаванд.
48. Матни моддаи 170 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ақди никоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 167 ва 169 Кодекси мазкур беэътибор дониста мешавад.".
49. Дар қисми 2 моддаи 171 калимаҳои "ҳолатҳои шаҳрвандӣ" ба калимаҳои "ҳолати шаҳрвандӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 26 декабри соли 2011, №  791


Қарори  Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 16 ноябри соли 2011,  № 565


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 15 декабри  соли 2011, № 244


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.12    №: 3-6    Мутолиа карданд: 792

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед