logo

сафарҳо

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Украина бо натиҷаҳои пурарзиш анҷом ёфт

Аз 3 то 5 – уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина бо даъвати расмии Президенти он Виктор Юшенко сафари давлатӣ анҷом дод.
Бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистону Украина дорои анъанаҳои фаровони ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва пеш аз ҳама дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси муҳандисию техникӣ мебошанд. Ҳадафи асосии сафар, ки барқарорсозии робитаҳои қаблии анъанавӣ ва таҳкиму густариши минбаъдаи онҳо буд, баррасӣ гашт. Аз ин нуқтаи назар  сафар басо пурмаҳсулу бобарор буд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина бо маросими истиқболи расмӣ аз ҷониби Президенти ин кишвар Виктор Юшенко оғоз ёфт.
Маросими пуршукӯҳи истиқбол бо саф оростани горди ифтихорӣ, гузориши фармондеҳи он, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, дар фазои шаҳри Киев танинандоз гаштани садои 21 шиллик аз тӯпхонаҳо ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Масоили таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону  Украина нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Юшенко  баррасӣ шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Украинаро аз шарикони муҳими Тоҷикистон арзёбӣ намуда, баҳри густариши минбаъдаи робитаҳо бо он изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Виктор Юшенко изҳор дошт, ки «Украинаро бо Тоҷикистон муносибатҳои махсуси ҳамкорӣ пайванд месозанд».
Зимни сӯҳбати хоса сарони ду давлат оид ба татбиқи амалии нақшаи ҳамкории Тоҷикистону Украина дар солҳои 2008-2009, ки зимни сафари расмии Виктор Юшенко ба Тоҷикистон баҳори соли равон ба имзо расида буд ва дигар санадҳои ҳуқуқию қарордодии амалкунанда гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Сарони ду давлат бори дигар ҳавасмандии худро баҳри ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, мошинсозӣ нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, илму техника, фарҳанг ва таҳкими робитаҳои ҳарбӣ-техникӣ таъкид намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон Виктор Юшенкоро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф биёрад.
Баъди анҷоми мулоқоти хоса Президенти Украина Виктор Юшенко Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии давлатӣ – ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1 сарфароз гардонд. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Украина Виктор Юшенкоро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз намуд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Юшенко сипас дар гуфтушунидҳои васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт. Зимни сӯҳбатҳо ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳо зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки  баҳри тавсеаи муносибатҳои ҳасанаи байни ду давлат ва мардумони онҳо рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар гузаронда шаванд. Қарор шуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Украина ва аз Украина дар Тоҷикистон кушода шавад.
Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳо Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Украина ва 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ;
Нақшаи чорабиниҳои Барномаи байнидавлатии ҳамкории дарозмуддати иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина барои солҳои 2003-2012;
Шартнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко оид ба ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ.
Баъди анҷоми имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Юшенко барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, аз пайвастагии робитаҳои сатҳи олии сиёсӣ ва натиҷаҳои гуфтушунидҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.Аз ҷумла таъкид гардид, ки Тоҷикистону Украина бо захираҳои фаровони гидроэнергетикии яке ва иқтидорҳои бузурги саноатии дигаре имкон доранд, ки ба сатҳи ҳамкории стратегӣ бароянд, ба хусус бо назардошти талаботи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба нерӯи барқ.
Ба андешаи сарони ду давлат Тоҷикистону Украина имкон доранд, ки дар ҳамкории зич ҳаҷми мубодилоти  тиҷоратиро  байни худ ва бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба маротиб боло баранд.
Ҳамкориҳои судманд дар соҳаи кишоварзӣ ва омодасозии кадрҳо дар мактабҳои олии ду кишвар низ аз самтҳои афзалиятнок ва дарозмуддати ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.
Зимни сафари давлатии худ ба Украина Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ     Раҳмон ҳамчунин бо муовини аввали раиси порлумони ин кишвар Александр Лавринович, собиқ Президенти Украина Леонид Кучма ва бо ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко мулоқотҳои судманд анҷом дода, масоили вобаста ба густариши робитаҳои байнипорлумонӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва таҳсилотиро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод.
Дар Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко миёни Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва устодону донишҷӯёни он сӯҳбати ҷолибу хотирмон сурат гирифт, аз ҷумла таъкид гардид, ки мубодилоти донишҷӯён байни мактабҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Украина бояд барқарор гашта, густариш ёбанд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон метавонад барои Украина кадрҳои хуби соҳаҳои гуманитарӣ, аз ҷумла шарқшиносӣ омода созад ва Украина барои Тоҷикистон мутахассисони муҳандисӣ-техникӣ.
Мулоқоти ҷолибу судбахш ва хотирмони дигар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 100 нафар тоҷикону ҳамватанони  муқими Украина анҷом дода, онҳоро ба кору зиндагӣ ва таҳсили хуб дар хориҷи Ватан ва ба муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги бостонии худ ба сокинони ин кишвари дӯст ҳидоят намуд.
Чунонки маълум шуд, дар Украина зиёда аз 10 ҳазор тоҷику ҳамватанони мо зиндагӣ  ва кору таҳсил мекунанд.
Таваҷҷӯҳу ғамхории падаронаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  ба мушкилоти мавҷудаи тоҷикону ҳамватанони  муқими Украина боиси сипос ва ифтихору сарфарозии онҳо гашт.
Дар шаҳри Киев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба зери пояи ёдгории азими меъморӣ ба муҳофизони гумноми Украина гулчанбар гузошта, ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои волои миллию давлатии ин кишвари дӯст эҳтироми бародарона ба ҷо овард. Зимни сафари давлатӣ ба Украина Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба шаҳри Харков рафта, аз корхонаи азими «Турбоатом», ки аз бузургтарин корхонаҳои саноатӣ оид ба истеҳсоли турбина, агрегат ва дигар таҷҳизоти гаронарзиши нерӯгоҳҳои обӣ, атомӣ,  ҳароратӣ ва ғайра буда, бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамари дерина дорад, дидан кард.
Чунонки дар нишасти матбуотии сарони ду давлат –      Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Юшенко таъкид гардид, наздики 90 дар сади тамоми таҷҳизоти гидротехникии нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон сохти «Турбоатом» ва дигар корхонаҳои саноатии Украина мебошанд, аз ҷумла тамоми таҷҳизоти Нерӯгоҳи барқи обии Норак ва силсилаи нерӯгоҳҳои болои дарёи Вахш.
Дар тӯли 40-50 соли ҳамкорӣ аз ин корхона ба Тоҷикистон 22 гидротурбина, 53 гидрозатвор ё худ дарвозаҳои обӣ ва садҳо таҷҳизоти дигари гаронарзиш фиристода шудаанд. Аз 4,07 миллион киловатт-соат нерӯи барқи умумии Тоҷикистон 3,59 миллионаш бо гидротурбинаҳои корхонаи «Турбоатом» истеҳсол мешавад, ки 88,2 дар садро ташкил медиҳад. Қобили таъкид аст, ки беш аз 35 сол аст ин таҷҳизот бенуқсон кор мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи «Турбоатом» аз наздик шинос шуда, ба таҳкиму густариш додани ҳамкорӣ бо ин корхона дар самти таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда ва таъмини нерӯгоҳҳои нав бо таҷҳизоти гидротехникӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Айни ҳол дар ҳамкорӣ бо «Турбоатом» таҷдиди таҷҳизоти вазнини Нерӯгоҳи барқи обии Норак идома дорад, ки бо ин иқтидори кунунии он бояд 10 дар сад афзоиш ёбад.
Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Харков, Донишгоҳи миллии политехникӣ ва роҳбарони корхонаҳои азими «Турбоатом», «Электротяжмаш» ва ғайра масоили барқарорсозӣ ва густариши ҳамкориҳои бевосита баррасӣ шуданд. Аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо ду санади муҳими ҳамкорӣ дар бораи бунёди ду корхонаи муштараки истеҳсолӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Мутобиқи яке аз онҳо дар заминаи корхонаи «Тоҷиктекстилмаш»-и шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону «Турбоатом»-и Харков оид ба истеҳсоли таҷҳизоти гидротехникӣ барои нерӯгоҳҳои хурд кушода мешавад ва тибқи санади дуюм имконоти бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли тракторҳои ХТЗ дар Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Ҳамчунин қарор шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат филиали Донишгоҳи миллии политехникии Харков дар Тоҷикистон кушода шавад.
Зимни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба шаҳраки Рава Русскаяи вилояти Лвови Украина омад ва бо ҳайати ҳамроҳи худ оромгоҳи бародараш Файзиддин Раҳмоновро зиёрат намуда, дуою фотиҳа карданд. Хотиррасон мекунем, ки Файзиддин Раҳмонов ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ дар сафҳои Қӯшунҳои сарҳадии Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1959 дар сарҳади давлатӣ бо Лаҳистон (Полша) вафот карда, дар шаҳраки мазкур ба хок супурда шудааст.
Муносибати дӯстию бародарии анъанавӣ миёни мардумони тоҷику украин дар ин ҷо низ баръало эҳсос мегардад, зеро оромгоҳи ин тоҷикписари дур аз Ватан хобида ҳам ба мисли ҳама манзилҳои дигар ҳамеша тозаю озода аст.
Месазад таъкид намуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина бо натиҷаҳои намоёну пурарзиш анҷом ёфта, барои барпо намудани муносибатҳои стратегӣ ва таҳкиму густариши минбаъдаи он заминаи боэътимод эҷод намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 969

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед