logo

маориф

Парвандаи 305 нафар мутахассиси ҷавон ба суд ирсол гардид

Абдуҷаббор Раҳмонов,  вазири маорифи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки барои иҷро гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шуд. Дар иртибот ба он китоби "Қонуни раҳнамо" таҳияву нашр ва дастраси муассисаҳои соҳаи маориф гардид.
Дар мавриди нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ изҳор шуд, ки раёсату шӯъбаҳои маориф барои 4354 нафар омӯзгор дархост пешниҳод намуда буданд. Ин талабот аз ҳисоби мутахассисони ҷавон ва таҷрибаомӯзони дарозмуддат таъмин шудааст. Ҳоло бошад, 34 омӯзгор намерасад. Нисбат ба  305 нафар мутахассиси ҷавоне, ки тибқи роҳхат ба ҷойи  кор ҳозир нагардиданд, оид ба баргардонидани маблағҳои буҷетӣ  парвандаҳо омода ва ба суди шаҳру ноҳияҳо фиристода шудаанд.
Дар посух ба пурсиши хабарнигорон вазир гуфт, ки хонандагони болаёқат аз олимпиадаҳои байналмилалӣ 93 медал ба даст оварданд, ки аз ин 18-тоаш тилло мебошад. Аз 874 нафар иштирокчии давраи ҷумҳуриявии Олимпиадаи хонандагони  (синфҳои 11)  33 нафар ғолиби ҷойи якум ва 70 нафар ғолиби ҷойи дуюм  шуданд.

Мафтуна БАХТИБЕКОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.12    №: 8    Мутолиа карданд: 633

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед