logo

маориф

Маркази миллии тестӣ - яъне чӣ?

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таъсиси муассисаи давлатии Маркази миллии тестӣ дар заминаи Консепсияи миллии тестӣ 5 марти соли 2008 ба тасвиб расида буд. Низомномаи  он бошад, 27 январи соли 2010 бо Қарори Ҳукумати кишвар қабул гардид.
Вазифаи асосии марказ ин ташкил ва гузаронидани тестҳо ҷиҳати арзёбии сатҳ ва сифати маълумоти хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна, имтиҳонҳои хатмкунӣ, ҳамчунин имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ мебошад.
Фаъолияти марказ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва гранти Федератсияи Русия, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ идора карда мешавад, маблағгузорӣ мегардад.
Дар мавриди ташкил ва гузаронидани тестҳо ҷиҳати қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ чӣ корҳое ба анҷом расиданд? Ва чунин шакли имтиҳонгирӣ чӣ самара медиҳад?
Нахуст бояд ёдовар шуд, ки марказ соли 2009 аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуд. Солҳои баъдӣ гурӯҳи имтиҳонгирандагони маҳаллиро барои фаъолият омода намуданд. Ҳамчунин марказ дар чандин имтиҳонҳои дохилшавии мактабҳои олии хориҷи наздику дури кишвар ва озмунҳои ҷумҳуриявии хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштироки фаъол дошт.
Ба иловаи ин барои мураттибони санҷишномаҳо аз фанҳои математика, таъриху ҳуқуқ, забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, физика, химия, биология ва ҷуғрофия семинарҳо баргузор гардиданд. Бо таҳияи санҷишномаҳои фаннӣ онҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи кишвар таҷриба карда шуданд. Таҷрибаҳо барои такмили санҷишномаҳо мусоидат намуданд. Ҳамин буд, ки ин санҷишномаҳоро ҳамчун меъёри санҷиши дониши хонандагон пазируфтанд. Он, албатта, ба стандартҳои муосир ҷавобгӯст. Барои омӯзгорон бошад, буклетҳо омода карда шуданд, ки оид ба системаи марказонидашудаи тестӣ, раванди таҳияи супоришу саволҳои санҷишӣ иттилоъ дода, намунаи санҷишномаҳоро аз фанҳои асосӣ дар бар мегирад. Низоми ягонаи шомил шудан ба мактабҳои олии кишвар, шартҳои умумии интихобу шомилшавии довталабон ва нақши донишгоҳҳо дар низоми мазкур тариқи сӯҳбату мизҳои гирд баррасӣ гардиданд. Албатта, фаъолияти шаффофу пурсамари марказ дар рушди такомули соҳаи маорифи кишвар саҳми муносиб ва ба болоравии сифати таълим таъсири нек мегузорад.
Савзалӣ Ҷаъфаров, директори Маркази миллии тестии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат гуфт, ки ҳадафи аслии роҳандозӣ кардани ин низом интихоби ягона, шаффоф, одилона, ошкоро ва дастрасии баробари имтиҳонҳои дохилшавӣ ва натиҷаҳои он дар мактабҳои олии кишвар мебошад.
Мавсуф бо таъкиди он ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ин самт мушкил зиёд аст, афзуд, ки пазируфтани низоми нав ба рафъи онҳо мусоидат менамояд. Тибқи гуфтаи ӯ, дар низоми нав довталабони тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути супоридани имтиҳони ягона ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дохил мешаванд. Яъне дигар худи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз довталабон имтиҳони қабул намегиранд. Ин усули имтиҳонгирӣ  сабаби кам шудани ҳодисаҳои коррупсионӣ мегардад.
Кимиё Мабатқадамова, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, иброз дошт, ки "Фаъолияти Маркази миллии тестӣ ба нафъи кишвар аст. Яъне дар оянда бо баланд шудани сифати таълим тамоми мамлакатҳои пешрафта на танҳо номаҳои камоли моро эътироф  мекунанд, балки мутахассисонамонро харидорӣ менамоянд. Ба ҷуз ин овозаҳо ва андешаҳо дар мавриди гирифтани рибо барои имтиҳони қабул рафъ мегардад. Омӯзгорон дар тобистон -  мавсими қабули имтиҳонҳо истироҳат мекунанд ва ё ба таҳқиқи корҳои илмӣ машғул мешаванд. Ба шаффоф гузаштани имтиҳони қабул мо - омӯзгорон низ манфиатдорем, чаро ки ба донишҷӯи ҳақиқӣ илм омӯзондан осонтар ва самарабахштар аст".
Фаъолияти дурусту пурсамари марказ дар оянда имкон фароҳам меоварад, ки довталаб дар ҳама гӯшаҳои кишвар тариқи сомонаи он маълумоти заруриро дар мавриди донишгоҳу донишкадаҳо, имтиҳони қабул, саволҳои он, барномаҳои таълимӣ дастрас намояд. Бо ин роҳ ӯ метавонад дар муддати  зиёду барояш мувофиқ  ба ин имтиҳон омодагӣ бигирад. Соли 2011 ба тариқи таҷриба 3600 хонандаи 120 мактаби таҳсилоти миёна дар ин гуна имтиҳонҳои тестӣ иштирок карданд. Дар солҳои 2012-2013 марказ боз теъдоди бештари хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳуриро ба имтиҳонҳои тестӣ фаро мегирад.
Назархудо Дастамбуев, директори Барномаҳои бахши маорифи шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти "Ҷамъияти кушода"-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон, изҳор дошт, ки "Дар оянда, яъне пас аз ривоҷи фаъолияти марказ, он барои ҳамаи волидайн, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна, довталабон, омӯзгорон бештару беҳтар бояд дастрас гардад. Дар ин сурат омодагӣ ба имтиҳонҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барвақттар ва мақсаднок шурӯъ мегардад. Ва волидайну омӯзгорон ба довталабони оянда ёриву маслиҳатҳои судбахш дода метавонанд. Инчунин имкони шиносоӣ ба натиҷаи имтиҳони фарзандону шогирдонашон дар хона ва мактаб, яъне туфайли сомона, фароҳам оварда мешавад.
Ҳамин тавр, барномаҳои таълимӣ вобаста ба он мувофиқ кунонида мешавад. Бунёди мадад дар Тоҷикистон  барои амалӣ гардидани нақшаҳо дар ин самт як миллиону дусад ҳазор доллар ва Бонки умумиҷаҳонӣ сеюним миллион доллар маблағгузорӣ менамоянд.
Барои сохтмони бинои марказ маблағ ҷудо гардидааст ва он бояд соли 2013 мавриди истифода қарор гирад.
Албатта, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф барои марказ ҳамасола маблағ ҷудо мегардад ва ёрии амаливу назариявӣ барои беҳбуди фаъолияти илмии он расонида мешавад".
Марказ ба сурати пурра соли 2014 ба фаъолият оғоз мебахшад. Дар шаҳрҳои Душанбе,  вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марказҳои имтиҳонсупорӣ кушода мешаванд.
Хулоса, таъсис ва фаъолияти Маркази миллии тестӣ агар масъулияти довталабро афзояд, ҳамзамон аз нигоҳи иқтисодӣ ба буҷаи оилаи ӯ нафъ меорад. Яъне ӯ дигар ба умеди восита ё худ "тағо" намешавад ва барномаҳои зарурии таълимиро аз худ намуда, ба имтиҳони қабул омодагии ҷиддӣ мегирад. Медонад, ки ба натиҷаи имтиҳони супурдааш волидайн, омӯзгорони мактабаш шинос гардида метавонанд. Ва ҳам ӯ дигар барои супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ, агар сокини дигар шаҳру навоҳӣ бошад, ба пойтахт намеояд.

Мафтуна БАХТИБЕКОВА,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.12    №: 8    Мутолиа карданд: 850

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед