logo

ҳукумат

Вазифаҳо барои соли 2012 мушаххас шуданд

18 январи соли 2012  таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар,  маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси васеъ роҳбарият ва аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.
Дар маҷлис натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат дар соли 2012 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас  шуданд.
Дар оғози маҷлис оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2011 ҳисоботи Оқил Оқилов,  Сарвазири ҷумҳурӣ, шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 30,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 5,4 миллиард  сомонӣ зиёд аст. Афзоиши воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 7,4% расид. Ба буҷети давлатӣ бошад 8,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд. Таваррум ба 9,3% расид. Барои дастгирии бештари рушди соҳибкории хусусӣ 5,9 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо гардид, ки 49% он ба соҳибкорони истеҳсолӣ дода шудааст.
Сипас ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии омор, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" шунида шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба беҳсозии механизми ҳисоби маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, сатҳи таваррум, баҳисобгирии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, иҷрои нақшаи тадбирҳо оид ба воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо, иҷрои босифати буҷет, фаъол намудани шабакаи ягонаи электронии миёни сохторҳои молия, андоз, гумрук ва "Амонатбонк" зоҳир карда шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар соли 2011 ҳаҷми пасандозҳои мардум 32,1% афзуда, шумораи пасандозгузорандагон танҳо дар "Амонатбонк" 110 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарони вазорату идораҳои мазкур доир ба беҳтар намудани фаъолияти онҳо супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то охири семоҳаи якуми соли равон лоиҳаи Кодекси нави андоз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардад.
Зимни ҳисоботи Шерхон Салимзода, Прокурори генералӣ, ба роҳбарони сохторҳои марбута доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳо дар миёни наврасону ҷавонон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҳисоботи раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта зимни 1335 тафтишу санҷиш ба андозаи 107,2 миллион сомонӣ зарари  молиявӣ   ошкор гашта, 75,5 миллиони он баргардонда шуд.
Сипас ҳисоботи роҳбарони вазорати энергетика ва саноат, ШХСК  "Барқи Тоҷик", роҳбарони корхонаҳои бузурги саноатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарони сохторҳои дахлдори давлатӣ дастур дод, ки барои соҳибкорони дохилию хориҷии истеҳсолӣ, ки технологияҳои муосир ворид сохта, ҷойҳои нави корӣ бунёд менамоянд, бо бартарафсозии монеаҳои бюрократӣ ва додани имтиёзҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.
Нимаи дуюми рӯз роҳбарони вазоратҳои нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, Кумитаи дин, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Хадамоти алоқа ва раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳисобот доданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҳолати роҳҳои миёни шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллиро ғайриқаноатбахш номида, дастур дод, ки барои ислоҳи ин вазъи ногувор тадбирҳои судбахш андешанд.
Таъкид гардид, ки ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаҷониба кумак расонда шавад.
Доир ба бартарафсозии камбудиҳои ҷиддии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ низ супоришҳои мушаххас дода шуд, аз ҷумла оид ба беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас, ба низом даровардани тартиби таъини нафақаи маъюбӣ, беҳ намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва муомила бо беморон, таъмини пахши пурраи барномаҳои телевизион дар тамоми қаламрави кишвар, тарбияи хуби варзишгарони соҳибистеъдод ва ғайра. 
Зимни ҳисоботи Қодири Қосим, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки имсол дар қаламрави вилоят бо харҷи 43 миллион сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ 11 иншооти наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бунёди даҳҳо иншооти дигар вусъат хоҳад ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, сохторҳои марбутаро вазифадор намуд, ки кишоварзони ин минтақаи дурдастро бо тухмии картошка, ғалладона ва дигар маҳсулоти зарурӣ таъмин намоянд. Ҳамчунин доир ба мустаҳкам намудани соҳили рӯду дарёҳо, беҳсозии ҳолати роҳҳо ва хизматрасониҳои дигар ба мардум супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ғайбулло Авзал, раиси вилояти Хатлон, зимни ҳисоботаш, аз ҷумла иттилоъ дод, ки  соли 2011 нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ 106% иҷро гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 8 миллиарду 51 миллион сомонӣ расид. Тибқи ҳисобот, соли гузашта дар қаламрави вилоят 42 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла 6 корхонаи пахтатозакунӣ бо 2 ҳазор ҷойи корӣ бунёд ёфтааст. Ҳамагӣ дар вилоят дар ин давра 44, 6 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аз вазъи як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ карда, дастур дод, ки барои ислоҳи ҳолати мавҷуда як барномаи давлатӣ бо тадбирҳои мушаххасу муассир таҳия ва пешниҳод гардад.
Дар вилояти Суғд бошад, тибқи ҳисоботи Қоҳир Расулзода,  раиси вилоят, соли 2011 65 корхонаи нави саноатӣ бо наздики 2 ҳазор ҷойи корӣ ба кор дароварда шуд ва 65 корхонаи дигар соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Тибқи ҳисобот, маҳз дар натиҷаи ҳамин раванд тайи 3 соли охир ҳиссаи соҳибкорони хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти саноатии вилояти Суғд аз 23% ба 40% расидааст.
Нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ дар вилояти Суғд соли 2011 ба андозаи  109% иҷро шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки сохтмони оғозёфтаи иншооти сершумор дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва варзиш дар вилояти Суғд зери назорати доимӣ гирифта шавад ва бунёди дигар иншооти иҷтимоӣ вусъат ёбад.
Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти кишвар,  ба раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он барои фаъолияти ибратбахш арзи сипос намуда, ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио дастур дод, ки натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ин минтақаи ҷумҳурӣ  тавассути барномаҳои телевизион чун намунаи ибрат намоиш дода шавад.
Ба раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ доир ба вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
Зимни ҳисоботи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар пойтахт 18 корхонаи нави саноатӣ бо 300 ҷойи корӣ бунёд ёфт ва ҳоло ҳиссаи соҳибкорони хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии пойтахт 58%-ро ташкил медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки доир ба тақвият додани тарбияи мактаббачагони синфҳои болоӣ, пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқшикании наврасону ҷавонон тадбирҳои муассир андешанд.
Зимни суханронии ҷамъбастии худ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳуриро дар соли 2011 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазифаҳои минбаъдаро барои таъмини рушди бонизому бемайлони иқтисодиёту иҷтимоиёт муайяну мушаххас намуд.
Аз ҷумла таъкид гашт, ки суръату вусъати корҳои созандагию бунёдкории соли 2011 бадастомада дар соли равон бояд боз ҳам бештар гардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.12    №: 12-13    Мутолиа карданд: 802

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед