logo

энергетика

Чаро қарзи аҳолӣ аз неруи барқ афзуд?

Ин масъала дар ҷаласаҳои сатҳи гуногун ва дар ситоди вилоятӣ оид ба зимистонгузаронӣ борҳо мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, ҷиҳати ҳалли он масъулони соҳа то андозае кӯшиданд, вале натиҷа қаноатбахш нест. Дар вилоят қарзи аҳолӣ ва корхонаҳо аз истифодаи неруи барқ афзуда, то оғози соли 2012 - ум  203 миллион сомониро ташкил дод.
Таҳлили соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, вазъи кунунии истифодаи неруи барқ дар ҷаласаи солона аз ҷониби Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, нишон дод, ки иҷрои дастури Сарвари давлат дар масъалаи пардохти саривақтии маблағҳои истифодаи неруи барқ ва дар ин самт  андешидани чораҳои бетаъхир  ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар соли 2011 қарз аз неруи барқ  34,5 миллион сомонӣ афзудааст, ки зиёда аз 11 миллионаш ба аҳолӣ дахл дорад.
Танҳо аз шабакаи барқи "Ленинобод"  сокинони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва шаҳри Қайроққум ва шабакаи барқи "Панҷакент" шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маблағи истифодаи барқро пурра пардохтаанд. Нишондиҳандаҳои чор шабакаи барқи дигари вилоят: "Хуҷанд", "Чкалов", "Истаравшан"  ва "Исфара"  дар иртибот ба пардохти маблағ мувофиқи матлаб нест.
Вазъият куллан беҳбудӣ мехоҳад. Аз 203 миллион сомонӣ қарзи умумии пардохти истифодаи неруи барқ  дар вилоят наздики 117 миллион сомонӣ ба Идораи хоҷагии об мансуб аст. Чаро аз тарафи масъулони соҳа дар ин бобат тадбирҳои муассир андешида намешаванд?
- Ҳалли мушкили мо ба фаъолияти мӯътадили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва вазъи молиявии онҳо вобаста аст,- мегӯяд Зарифҷон Шарифов,сардори Идораи хоҷагии оби вилоят. -Соли 2011 онҳо ба маблағи 32 миллион сомонӣ об гирифта, то имрӯз ҳамагӣ 20 миллион сомонӣ пардохтаанд. Табиист, ки ин ҳолат вазъи моро дар пардохти маблағи неруи барқ  низ ногувор месозад.
- Дар вилоят зиёда аз 440 ҳазор муштарӣ ба қайд гирифта шудааст ва масъалаи пардохти маблағи барқ ҳамарӯза  дар мадди назар қарор дорад, -гуфт Мӯъминҷон Тошматов, муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик". - Дар ин самт каме пешравӣ ҳаст. Аз ҷумла мутахассисони шабакаи барқи "Ленинобод" 4 миллион сомонӣ зиёд маблағ ҷамъ оварданд, аммо вазъият дар дигар шабакаҳои барқи вилоят  беҳбудӣ мехоҳад. 
Имрӯз танҳо бо фаъолияти гурӯҳҳои хурди назди шабакаҳои барқ, ки барои ҷамъоварии маблағҳои қарз вобастаанд,  маҳдуд набояд шуд. Мушоҳидаҳо бозгӯй аз онанд, ки ин гурӯҳҳо маблағи ҷамъшударо ба хазина насупурда, моҳҳо ба манфиати шахсӣ  истифода мебаранд.
Вақти он расидааст, ки маблаги пардохти хизматрасонии коммуналӣ, аз он ҷумла барқ , дар вилоят танҳо тавассути "Амонатбонк" сурат гирад.

 Ҷовиди АШТӢ,  "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.12    №: 12-13    Мутолиа карданд: 796

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед