logo

иҷтимоиёт

Гургҳо ҳамла мекунанд

Ба беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон як мариз бо иллати  ғайримуқаррарӣ хобонда шуд. Ӯро гург газидааст.
Бале, бо омадани сармои бесобиқа ва бисёр боридани барф шумораи гургҳо дар деҳоти ноҳия хеле зиёд гардид. Ҳар рӯз аз ин ё он деҳа дар бораи бо гург рӯбарӯ омадани одамон хабар мерасад. Дафъаи охирин гург дар деҳаи Сижди Ҷамоати деҳоти Навобод занеро  туъмаи худ кардан хост.  Агар ҳамсояҳо ба фарёдаш намерасиданд, бешак туъмаи гург мегардид. Ӯро  ҳамон рӯз дар беморхона хобонданд.
-Хушбахтона, беморро сари вақт ба беморхона расонданд, - мегӯяд сардухтури касалхона У. Темурбеков. Ба ӯ зуд дору гузаронда шуд. Дар акси ҳол аз газидани гург ба бемор сирояти девонагӣ таҳдид мекард. Алъон фаъолони деҳоти Навобод бо ҳамроҳии мутахассисони шуъбаи ноҳиявии кумитаи ҳифзи муҳити зист шабу рӯз пайи пешгирии  чунин ҳодисаҳои нохуш талош меварзанд.
-Шоми 20 январ боз 5 гургро аз деҳаи Сижд гурезондем,- мегӯяд раиси  деҳоти Навобод  А. Саидраҳмонов. Онҳо гала-гала ба деҳот ҳуҷум меоранд. Бинобар ин дар ҳамаи деҳаҳо навбатдории шабонарӯзӣ ҷорӣ карда шудааст.  Дар кӯҳу пуштаи атрофи деҳа даҳҳо сар гург сайругашт дорад. Аҳли деҳотро ҳар замон таъкид менамоем, ки бидуни зарурат  берун аз деҳа гаштугузор накунанд. Барои ҳимояи одамон аз ҳамлаи ин ҳайвоноти ваҳшӣ ҳаматарафа тадбирҳо андешида шудаанд.

Раҳмони ГУЛЗОР,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.12    №: 20    Мутолиа карданд: 652
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед