logo

маориф

Фарҳанги техникӣ фарогиру ҷавобгӯи талабот нест

Дар шароити кунунии кишвар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии  халқ ба инкишофи техника ва таълими илмҳои дақиқу фанҳои табиатшиносӣ вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намуданд, ки ба таълими фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад ва соли 2010 "Соли маориф ва фарҳанги техникӣ" ба ин хотир эълон гардид. Чунин зарурат моро водор месозад, ки минбаъд низ ҳамасола баҳри баланд бардоштани фарҳанги техникӣ чораҳои зарурӣ андешида, кӯшиш ба харҷ диҳем, то маърифати техникии шаҳрвандон батадриҷ афзун шавад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки консепсияи инкишофи табиати зинда ва ғайризинда, имконҳои табдилдиҳии табиат, рушди босуръати  илмҳои техникӣ ва таъмини аҳолии Замин бо маҳсулоти ғизоӣ танҳо ба рушди илмҳои табиатшиносӣ (физика, астрофизика, математика, кимиё, биология, география, экология, геология) алоқаманд аст.
Дар инкишофи фарҳанги техникӣ физика нақши пешбаранда мебозад ва он яке аз илмҳои асосии оид ба табиат ба шумор меравад. Асрори зиёда аз 80 дар сади ҳодисаҳои табиат дар заминаи илми физика ошкор мешаванд. Маҳз тавассути ин илм инсон дар назди ҳодисаҳои фавқулода оҷиз  набуда, онҳоро меомӯзад, қонунҳояшро муқаррар мекунад ва ба манфиати худ истифода мебарад. Тамоми техникаи муосир ба татбиқи қонунҳое, ки олимон дар соҳаҳои гуногуни физика кашф намудаанд, асоснок шудааст. Ҳамин тариқ, физика аз муҳимтарин риштаи илмҳои табиатшиносӣ ба шумор меравад, ки сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳоро маънидод намуда, робитаи байни онҳоро муқаррар месозад.
Тараққиёти техника дар навбати худ пешрафти илми физикаро таъмин менамояд. Бо инкишофи техника лабораторияҳо бо асбобҳои наву ҳассос муҷаҳҳаз мешаванд ва ҳалли масъалаҳои соҳа осон мегардад, сатҳи корҳои илмӣ -тадқиқотӣ ва саҳеҳии ченакҳо баланд мегарданд.
Дар ин замина, албатта, барои баланд бардоштани маърифати техникии ҷомеа пеш аз ҳама дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ шароитҳои мусоид фароҳам овардан зарур мебошад. Вале аз солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари мо лабораторияҳои омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ бо асбобу дастгоҳҳои таҷрибавии замонавӣ ва маводи кимиёӣ таъмин нестанд. Дастрасии асбобу дастгоҳҳои таҷрибавӣ  доир ба фанҳои табиатшиносӣ душвор ва барои ин маблағи хеле калон лозим аст. Имрӯзҳо ҳатто лабораторияҳои илмӣ -тадқиқотии пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ доир ба таҳқиқи соҳаҳои гуногуни табиатшиносӣ ба дастгоҳҳои таҷрибавии замонавӣ ниёз доранд. Дастгоҳҳои таҷрибавии мавҷуда аз сабаби ба анҷом расидани муҳлати истифодаашон аз кор баромадаанд ё куҳна шудаанду ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд.
Бинобар ин хуб мешуд, ки барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани кори лабораторияҳои таълимӣ  ва илмӣ-тадқиқотии мактабҳои таълимоти умумӣ, олӣ ва пажӯҳишгоҳҳо маблағи зарурӣ ҷудо мегардид. Аммо, мутаассифона, бо сабаби камбуди маблағ мо ин мушкилотро ба пурагӣ на дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ҳал намудем ва на баъд. Алҳол низ вазъ ташвишовар аст. Бо чунин имкон мо наметавонем ба он  мақсаде, ки дар пеш гузоштаем, дар солҳои наздик ноил шавем.
Чаро ки барои баланд бардоштани маърифати техникии хонандагони мактабҳои маълумоти умумӣ бояд марказ ва маҳфилҳои ихтироъкорон, касбомӯзон, техникҳои ҷавон дар зерсохторҳои шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо амал кунанд ва ба кори онҳо мутахассисони варзида ҷалб гарданд. Инчунин сифатнокии фаъолияти онҳоро дар сатҳи зарурӣ бардоштан лозим аст. Вале бо кадом лабораторияҳо?
Бар асари набудани лабораторияҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ва таълими сатҳии мавзӯъҳо айни замон дар ҷомеа шахсонеро дучор меоем, ки ҳатто қоидаҳои истифодаи асбобҳои барқиро дар сатҳи зарурӣ намедонанд. Аз истифодаи нодуруст онҳо зуд аз кор мебароянд ва ба буҷаи оила ва корхона зарар мерасад.
Ба андешаи ман барои баланд бардоштани маърифати техникии  тамоми ҷомеа дар телевизиони ҷумҳурӣ пахши барномаҳои махсус лозим аст, мисли студияи "Таълими дониш", ки дар он дарсҳои намунавии устодони пешқадами ҷумҳурӣ ҳам барои мактабҳои таълимоти умумӣ  ва ҳам мактабҳои олӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, техникаву технологияи замонавӣ намоиш дода шаванд.
Азбаски на дар ҳамаи мактабҳои маълумоти умумӣ  барои корҳои лабораторӣ  дастгоҳҳои таҷрибавӣ ва асбобҳои зарурӣ мавҷуданд, усули виртуалиро истифода бурдан ба манфиати кор аст. Ҳоло дар мактабҳои таълимоти умумии Русия барои гузаронидани ҳамаи намуди фанҳои таълимӣ аз дискҳои таълимӣ истифода мебаранд. Аз ин гуна дискҳои таълимӣ, матни онҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, истифода бурдан мумкин аст. Вале барои истифодаи ин дискҳо низ лабораторияҳо ё синфхонаҳо бояд бо техникаҳои зарурӣ ва неруи барқ таъмин бошанд. 
Дар ҷумҳурии мо баҳри баланд бардоштани фарҳанги техникӣ бояд аз роҳбари корхонаю муассисаҳо то кормандони одӣ сафарбар шаванд. Дар корхонаҳо барои истифодаи самарабахши дастгоҳҳою асбобҳо бо кормандон суҳбатҳо гузаронидан лозим аст. Инчунин ба кормандони корхонаю муассисаҳо бояд фаҳмонд, ки асбобу таҷҳизотҳо ва мошинҳои аз кор баромадаро дар партовгоҳҳо напартоянду барои ҳосил намудани маҳсулоти хом ба истифода диҳанд.
Дар ҷумҳурии  мо дар як сол 300 рӯз офтобист. Истифодаи энергияи афканиши офтоб манфиати зиёд меорад. Энергияи афканиши офтобро ба роҳи хеле осон кор карда, ба энергияи электрикӣ  табдил додан мумкин аст. Барои ба энергияи электрикӣ табдил додани энергияи афканиши офтоб панелҳои махсус (батареяҳои офтобӣ) ихтироъ карда  шудаанд.
Барои истифодаи самарабахши ин неру дар ҷумҳурӣ сохтани танҳо як заводи хурди истеҳсоли батареяҳои офтобӣ кофӣ аст.
Истифодаи неруи афканиши офтоб яке аз роҳҳои баланд бардоштани маърифати техникии ҷомеа ба шумор меравад. Ин масъалае буд, ки Сарвари давлат оиди ҳалли он борҳо дастуру супориш додаанд. Мутаассифона, вазъи иҷроиш на чунонест, ки бояд бошад. Ва ҳам механизми иҷрои онро ёфтану ҷорӣ кардан лозим аст. 
Хуб аст, ки дар кишвар сохтани неругоҳҳои хурди барқи обӣ афзудааст. Ҳар қадаре, ки шумораи онҳо зиёд шавад, сатҳи маърифати техникии ҷомеа ҳамон қадар баландтар мегардад.
Дар донишгоҳи мо баҳри баланд бардоштани фарҳанги техникии  донишҷӯён дар нақшаҳои таълимии низоми кредитии таҳсилот  "Консепсияҳои табиатшиносии муосир" ҳамчун фанни асосӣ ворид шуд ва он ба тамоми донишҷӯён таълим дода мешавад. Ҳамчунин таълими "Технологияи  компютерӣ" низ дар  сатҳи  хеле  хуб  ба  роҳ  монда  шудааст. Дар литсеи назди донишгоҳ низ кабинетҳои  физика, кимиё ва технологияи компютериро ба таври замонавӣ таҷҳизонидаанд. Фароҳамоварии шароити мусоид ва таълими дурусту самаранок сабаб гардид, ки 5 хонандаи литсейи назди донишгоҳ дар олимпиадаи  байналмилалӣ дар Туркия иштирок намуда, соҳиби медалҳои тилло шаванд.
Ҳамин  тариқ, моро зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани  маърифати техникии тамоми ҷомеа аз ҳамаи имкониятҳо самарабахш  истифода барем, то кишварро ба мамлакати аз ҷиҳати техникӣ пешрав табдил диҳем.

Ҳамид МАҶИДОВ,
мудири кафедраи "Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ" - и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,
Арбоби  илм  ва  техникаи Тоҷикистон, доктори  илмҳои  техникӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.12    №: 20    Мутолиа карданд: 872

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед