logo

сиёсат

Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон ё ячейкаи ҲНИТ дар пушти парда?

Нишонаи аслии демократия, озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеа, мавҷудият ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсии гуногунҷанба мебошад, ки ҳар яке барномаю нақшаҳои хоси тавсеа ва рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мардумро пешниҳод мекунанд. Хушбахтона, чунин аҳзоб имрӯз дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон нуфузу мавқеи худро, каму беш доранду новобаста аз камбуду навоқис дар фаъолияти худ, нақши муассиреро дар қабулу роҳандозии иқдомоти сиёсӣ гузошта истодаанд.
Дар рӯзномаи "ИмрӯзNews" №26 (336) аз 09.02.2012 мусоҳибаи рӯзноманигорро бо Иззат Амон, ки ҳамчун  роҳбари созмони «Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Россия» муаррифӣ шудааст, хондам. Тавре аз мусоҳиба бар меояд, номбурда кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки Ҳизби ҷавонони Тоҷикистонро таъсис диҳад. Албатта, иқдоми шоиста ва наҷибест, агар ҳизбе бо чунин ном таъсис ёбаду дар ҳақиқат баҳри минфиатҳои ҷавонони кишвар ҷадал кунад. Зеро дар ин авохир дар бораи зуҳур накардани чеҳраҳои нави сиёсӣ, хусусан ҷавонон, дар саҳнаи сиёсии кишвар зиёд мегӯянду менависанд ва ин андеша то ҷойе ҳақиқат ҳам дорад. Лекин саволи матраҳ ин аст, ки дар ҳақиқат бо номнависшавӣ ва ба фаъолият пардохтани чунин ҳизбе симоҳои нави воқеан ба дарду мушкилиҳои ҷавонон дархӯр сари  кор хоҳанд омад ё не?
Тавре ки аз хабари рӯзномаи зикршуда дар бораи ашхоси дар раъси таъсиси ҳизби пешбинишуда огаҳӣ ёфтам, чеҳраҳо хамонҳоеанд, ки буданд. Аниқтараш кӯшиш ба иваз намудани ниқоб равона гардидааст ва ин иқдом ҳамон бозии маъмулии политтехнологии нав барои ҷомеаи мо ва кӯҳнашуда барои дигарон аст, ки пеш гирифта шудааст. Нимнигоҳе ба симои аслии Иззат Амон кофист, то бифаҳмем кадом бозӣ пушти талоши ташкили ин ҳизб пинҳон аст.
Иззат Амон, яке аз афроди наздики Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ, буда, солҳои 2004-2008 ба ҳайси раиси ҷавонони ҲНИТ дар хориҷи кишвар (Эрон, Покистон, Туркия ва кишварҳои арабӣ) фаъолият дошт. Номбурда дар соли 2008, дар рӯзҳое  ки фаъолияти "Салафия" дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дошт, ба Душанбе омад ва бо пули покистониҳо барои сабти расмӣ намудани фаъолияти мазҳаби "Аҳмадия" дар Тоҷикистон хеле талош кард. Аммо чун фаъолияти "Салафия" ғайриқонунӣ дониста шуд ва сарваронаш ба маҳкама кашида шуданд, Иззат Амон низ роҳи Маскавро пеш гирифт. Он ҷо гӯё фаъолияти ҷиноҳи ҷавонони ҲНИТ-ро роҳандозӣ кард ва новобаста аз он, ки дар гирду атрофаш чанд ҳаммаҳалли худаш гирд омада буду халос, созмонеро бо номи "Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Россия" номнавис кард. Бояд тазаккур дод, ки таъсису номнависи чунин ташкилоту созмонҳо дар ҳудуди Русия кори чандон мушкилу заҳматталабе нест. Ба ивази чанд ҳуҷҷати ҷамънамуда, бо пешниҳоди ойиннома ва нусхаи протоколи ҷаласаи дуруғине ва супурдани маблағи муайян метавон ҳар созмонеро он ҷо таъсис дод. Имрӯз ҳар як маҳалу қавму қабилаи тоҷик дар ҳудуди Русия созмону ташкилоти  номнависшудаи худро дорад. Танҳо дар шаҳри Маскав беш аз 12 созмони тоҷикон вуҷуд дошта, пешвоёни ин маҳалу қабилаҳо, ҳар яке мисли Иззат Амон, худро раиси кулли тоҷикон муаррифӣ мекунанд. Чунин аҳвол дар тамоми шаҳрҳои хурду бузурги Русия мушоҳида мегардад.
Иззат Амон дар тамоми сафарҳои Муҳиддини Кабирӣ ба Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ  ӯро ҳамроҳӣ мекунад ва то ҳол дар ҳеҷ куҷо изҳор накардааст, ки аз узвияти ҲНИТ баромадааст.
Акнун худ қазоват кунед, кӣ Иззат Амонро барои ташкил намудани Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон таҳрик додааст ва дар сурати ташкилшавӣ лаҷоми ин ҳизб дар дасти кӣ хоҳад буд? Яъне ҳизби навтаъсис дар асл ҳизби мустақил мегардад ё ячейкаи ҲНИТ дар пушти парда? Бидуни шаку шубҳа - дувумаш!

Самандари МАҚСУД


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 21.02.12    №: 23    Мутолиа карданд: 1911

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед