logo

мулоқотҳо

Президент машварати идона доир намуд

22 феврали соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо роҳбарияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба истиқболи солгарди 19 - уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон машварати идона доир намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон роҳбарони вазорату идораҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар симои онҳо тамоми ҳайати шахсии Артиши миллӣ ва кулли воҳидҳои низомиро бо солгарди 19 -уми таъсиси неруҳои дифоии кишвар табрику таҳният гуфта, ба онҳо барои ҳифзи амну суботи Ватани азиз ва ҳаёти осоиштаи мардуми заҳматкаш матонату далерӣ, бурдборӣ, барору комёбӣ, сиҳатии комил ва хушбахтӣ таманно намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо  ёдоварӣ аз таърихи начандон тулонӣ, вале пур аз шебу фарозҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъкид дошт: "Мо артиш надоштем, ҳатто афсару генерали низомӣ надоштем. Ин воқеияти пурдаҳшати он солҳо буд ва ҳар як афсару сарбоз бояд хуб донанд, ки мо дар шароити вазнини зери хаймаҳои саҳроӣ дар фурудгоҳи Айнӣ Артиши миллӣ таъсис додем".
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳоло таъминоти моддию техникии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, яъне маоши афсарону сарбозон ва кормандони дигар мақомоти қудратию ҳифзи ҳуқуқу тартибот, таъминот бо либосворию хурока, техникаю таҷҳизоти муосири хизмати ҳарбӣ ва ғайра нисбат ба солҳои пешин даҳҳо баробар афзудааст ва ин ҳар як муҳофизи марзу буми Ватан ва оромию суботи кишварро ба хизмати софдилонаю садоқатмандона водор месозад. 
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, дар фароварди машварат онҳоро бори дигар бо ин санаи фархунда шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ба боварию эътимоди мардуми шарафманди Тоҷикистон чун муҳофизони шуҷои Ватан ва рӯзгори осудаи сокинони он сазовор бошанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.12    №: 24    Мутолиа карданд: 400

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед