logo

сиёсат

Ташаббусҳо на, дурӯғҳо саркӯб мешаванд

Посух ба мақолаи ««Чаро ташаббусҳо саркӯб мешаванд?», Радиои «Озодӣ», 24.02.2012
 

Ҳафтаи гузашта (21 феврал) як матлаби банда дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» зери унвони «Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон ё ячейкаи ҲНИТ дар пушти парда?» чоп шуда буд. 24-уми феврал дар ҷавоб ба он радиои «Озодӣ» бо унвони «Чаро ташаббусҳо саркӯб мешаванд?» маводеро ба нашр расонд.
Дар мақола муаллиф ва афроди ҳамсуҳбати ӯ бонги изтироб задаанд, ки: «Ахиран як гурӯҳи ташаббускор аз иқдоми таъсиси ҳизбе ба номи Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон хабар дод. Аммо расонаҳои расмӣ ба шиддат аз он интиқод намуда ва раҳбарони онро дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои исломӣ муттаҳам карданд». Азбаски мақола дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, онҳо ба хулоса омадаанд, ки ин мавқеи давлат аст ва акнун «ташаббуси ташкили ҳизб саркӯб мешавад».
Қабл аз ҳама, мехоҳам ёдрас шавам, ки матлаби навиштаи ман тавассути почтаи электронӣ ба ҳамаи ҳафтаномаҳои тоҷикии ба истилоҳ мустақили ҷумҳурӣ, ҳамчунин  радиои «Озодӣ», ирсол шуда буд, аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо мақоларо нашр накард (сабабашро ҳам бароям нанавиштанд). Бинобар ин,  ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» муроҷиат кардам. Такроран менависам, ки мақола барои нишон додани муқобилат ба «ташаббуси ташкили ҳизб» иншо нашудааст, балки ҳадафи асосӣ ошкор намудани симои аслӣ ва тарафҳои пӯшидаи фаъолияти сиёсии соҳиби «ташаббус» - Иззат Амон барои ҷавонони кишвар буд, то онҳо дарк кунанд бо чӣ гуна шахсият сару кор доранд. Бо он ки онҳо ӯро мепазиранд ё на ва ин ҳизб сабти ном мешавад ё хайр, на кор дораму на парво.
Хандаовараш ҳамин аст, ки навиштаи маро ҳамчун мавқеи давлат нисбат ба ин масъала қаламдод кардаанд. Зеро барояшон ба забон овардани ҳамин калом ҳам осон асту ҳам зуд хонандаро аз мавзуи асосӣ канор мебаранд. Чаро дар матлаби «Озодӣ» далели муносиботи Иззат Амонро бо ҲНИТ ва равияи «Аҳмадия» боиси баҳс қарор надодаанд? Зеро медонанд, ки дар сурати рад кардан, ҳатман асноде пешниҳод мешаванд, ки исботи ин далелро баробари ду ҷамъи ду - чор, яъне раднашаванда, мегардонанд.
Дар матлаби «Озодӣ»  ҳақиқати дигар бароям рӯшан шуд, ки «Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон  худро пайравони мактаби сотсиал – демократӣ унвон мекунад», яъне ҳамин ҳизбе, ки Иззат Амон онро таъсис доданист.  Аммо бароям боз торик мондааст, ки чӣ гуна наҳзатии дирӯза, аҳмадии парерӯза имрӯз якбора сотсиал-демократ гардид. Оё метавон ба шахсияте, ки ҳар моҳу ҳар сол эътиқодашро иваз мекунад, эътимод баст?
Бубинед, охири соли гузашта Иззат Амон худро шаҳрванди Русия низ медонист ва худро бо Русия  «мо» ва Тоҷикистону тоҷиконро «шумо» мегуфт, акнун пайрави «сотсиал-демократ»-ҳо шудаасту ҳизби ҷавонон сохтан дорад. Барои исботи фикр як пораи сӯҳбати ӯ бо Каюмарси Ато (Радиои «Озодӣ», 07.10.2011, «Ҳиҷобдорони тоҷик дар Русия озоданд») иқтибос мешавад:
«Дар суҳбате, ки бо Иззат Амон доштем, аз ӯ пурсидем, ки муносибати мақомоти Русия бо муҳоҷирони мусулмон, аз ҷумла тоҷикон, чӣ гуна аст?
Иззат Амон: Дар Русия гуруҳҳои гуногуни сиёсӣ вуҷуд доранд, ки назару муносибати онҳо ба дин, аз ҷумла ислом, мухталиф аст. Аммо дар асл раёсати кишвари Русия ба ислом ва ҳамин тавр ба мусулмонон назари неку мусбат дорад. Чуноне ки мебинем, тақрибан ҳаштод дар сади (?) имомхатибону муаззинони бисёре аз масоҷиди Русия тоҷикон ҳастанд. Ин раванд дар Русия мисли мӯд шудааст, ки бояд имом-хатибу муаззин тоҷик бошад. Мо ҳатто муфтии тоҷик ҳам дорем.
Радиои Озодӣ: Бубинед, барои бунёди як масҷид дар Тоҷикистон хеле бояд талош кард. Муҳоҷирони мусулмон, аз ҷумла тоҷикон, дар Русия ҳангоми бунёди масоҷид бештар ба чӣ мушкиле мувоҷеҳ мешаванд?
Иззат Амон: Мутаассифам аз он чӣ шумо дар бораи Тоҷикистон мегӯед. Воқеан, хабар дорам, ки боз кардани масҷид чӣ қадар мушкил аст. Вале дар Русия мо кумитаҳое дорем дар назди раисиҷумҳур, ки барои боз кардани марказҳои таҳлиливу динӣ ва масҷидҳо кӯмак мекунанд. Ин кумитаҳо на фишор, балки кӯмак менамоянд »…
Идомаи сӯҳбат ба ҳамин минвол аст. Хоҳишмандон метавонанд аз сомонаи «Озодӣ» онро пайдо карда хонанд ва худ қазоват кунанд. Он гоҳ ҳатман бовар хоҳанд кард, ки мушкилоти имрӯз дар ҷомеаи тоҷик вуҷуддошта, аз назари Иззат Амон, ҳамон мушкилоте мебошанд, ки ҲНИТ ва муллоҳои суннатии мо ҳаррӯза мегӯянд: ришу ҳиҷобу масҷид ва ғайра. На аз ин бештар. Пас бо чунин андеша чӣ гуна метавон ҳизби ҷавонон сохту онро пеш бурд?
Бори дигар таъкид мекунам, ки мавқею андешаи ман дар ин самт танҳо нисбат ба шахсияти Иззат Амон аст, на изҳори мухолифат бо ташаббуси ташкили ҳизбҳои нав. Бигузор, ташаббускорони ташкили ин ҳизб ҷавононе бошанд, ки мафкураю афкорашон солиму нав аст, на бо тарғиботу ташвиқот, идеяҳои берунаи бегона ва дохилии кӯҳна, олудаю заҳролудшуда.
Ман муқобили он мебошам, ки ҳатман шахси наздики Муҳиддин Кабирӣ, узви ҲНИТ, Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон созаду боз барои фиреби назар худро  пайрави сотсиал-демократҳо эълон кунад. Ман муқобили он мебошам, ки фардо дар пайравӣ ба ҲНИТ шогирди Раҳматилло Зойиров ҳизби наве ташкил кунад… бо ақидаҳои наҳзатӣ.
Ман тарафдори онам, ки чандин ҳизбу ҳаракатҳои нав дар ҷомеаи демократии мо зуҳур кунад, бо барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва баҳри некуаҳволии воқеии мардум ҷадал намояд. Ба ҳизбҳое, ки аз батни ҳизбҳои имрӯзаамон бурун меоянд, эҳтиёҷ надорем ва ҳатто ҳамин ҳизбҳои мавҷудаамон низ то ҳол хидмати чашмрасе барои мо, интихобкунандагон, накардаанд.

Самандари МАҚСУД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.03.12    №: 28    Мутолиа карданд: 1253

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Чин аз хавфи тӯфони «Мария» қариб 400 ҳазор нафар кӯчонда шуд

Созмони ҳамкории исломӣ ба музокироти сулҳ дар Афғонистон даъват мекунад

Чин бори нахуст ба раддаи 20 инноватсионитарин кишвар роҳ ёфт

Қазоқистон истеҳсоли гӯшти мурғро чор маротиба зиёд карданист

11.07.2018


Иштироки Музаффар Ҳусейнзода дар Муколамаи сатҳи баланд

Гулистон. Мактаби санъат сохта мешавад

Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона таҷдиду азнавсозӣ шуд

Аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид

БОХТАР. Озмуни "Намоиши ҳунарҳои мардумӣ"

Тайёрӣ ба Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Помпео мавзӯъҳои асосии музокироти Путин ва Трампро ном гирифт

Дар ҳамоиши НАТО маблағгузории неруҳои амнияти Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунанд

Аҳолии Замин дар як сол 83 миллион нафар афзуд

Қазоқистон истихроҷи нафтро зиёд мекунад

10.07.2018


Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири мамлакат

Баррасии пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Дар арафаи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аввалин эстакада ба истифода дода мешавад

Пирӯзии навбатии Дилшод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед