logo

фарҳанг

Устод Мителман бо рисолати бузург омада буд

"Аз Маскав то Сталинобод бо қатор ҳафтрӯза роҳ аст. Он ҷо театрест, ки  ниёз ба коргардони хуб дорад. Ҳунарпешаҳояш аз дастаҳои худфаъолиятӣ баромадаанд, касбӣ наянд, аммо муҳаббати зиёд ба пешаи худ доранд. Шояд дар ҳар кадом истеъдоде  нуҳуфтаасту интизори роҳнамоест, ки битавонад онро берун кунад, ошкор созад. Ва шояд ин роҳнамо ту мешавӣ. Агар розӣ ҳастӣ, омодаи сафар бош. Якҷоя месабзед". Шояд байни ҷавон ва устодонаш чунин гуфтугузор ба амал омада буд, ё суҳбате доштанд ба ҳамин маъниву ба дигар тарз…  Он  замон   соли 1936, он макон Маскав, он ҷавон Ефим Мителман, зодаи шаҳри Орёли Русия, хатмкардаи  Донишгоҳи давлатии санъати театрии ба номи Луначарский буд. 25 сол дошт. Диёри ношинос, одамони ношинос дар муқобили шавқи ҷавонӣ, хоҳиши сарфи ҳунару дарёфти маҳорат ҳамроҳи ҳампешаҳо дар Тоҷикистон, шояд  чизе  набуданд, ки боиси ҳаросу рад намудани пешниҳод гарданд.
Ӯ ба Тоҷикистон омад, Тоҷикистоне, ки барояш Ватан гашту манзили охират. 
Соли 2011 Ефим Исоевич Мителман, коргардон ва саркоргардони Театри давлатии  академии драмаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ ва Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский дар солҳои 1936 - 1965, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,  100-сола шуд. Дар ин суҳбат, ки ба хотири арҷгузорӣ ба хидмати ин ҳунарманди маъруф,  шод намудани руҳи покаш анҷом ёфтааст, муҳтарам Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, кушидаанд симои устодашонро дар саҳнаи тафаккуру хотироти хеш биофаранд ва хонандагонро бо рӯзгори маънавии ӯ, ҳамзамон бо пораи таърихи театри тоҷик ошно созанд.

-Устоди муҳтарам, Шумо аз тарбиядидагони Ефим Исоевич ҳастед ва бо эҳтиром гуфтаед: "Ман дар назди устодам сари таъзим  фуруд меорам". Аз ин суханон  чунин бардошт намудам, ки саҳми ӯ дар ҳаёти ҳунарии Шумо тақдирсоз мебошаду ҳунараш тасхиратон кардааст. Бигӯед, ки оғози давраи шогирдиатон дар назди устод бо кадом воқеа алоқаманд асту  дар саҳифаҳои хотираҳоятон чӣ гуна нақш бастааст?
- Оғози давраи шогирдиам дар назди устод бо баргузории озмуни ҳунар дар хотирам мондааст. Ва ҳоло, ки аз озмун ёд шуд,  рӯзҳои соли 1959  пеши назарам меоянд. Бинои театри Лоҳутӣ. Ҷавонони зиёде барои ширкат дар санҷише, ки театр созмон додаст, ҷамъ омадаанд. Ҳама мехоҳанд ҳунарпеша шаванд. Ман ҳам, донишҷӯи 18-солаи омӯзишгоҳи рассомӣ бо ин умед ба ин ҷо омадаам, ҳунари худро нишон медиҳам…
Ин курс бо ташаббуси Ефим Исоевич боз шуда буд ва ҷавонони дар озмун ширкаткарда, баъдтар фаҳмидам, онҳое будаанд, ки   ҳунарашонро  устод дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии  ҳаваскорони санъат тамошо кардааст ва  ҳам онҳое, ки бо эълон омадаанд ё даъват шудаанд. Аз чандсад нафар хоҳишмандони таҳсил дар курси панҷсолаи актёрии назди театри Лоҳутӣ як гуруҳи 15-нафара  интихоб шудем.
- Соли 1939  Ефим Исоевич чунин як курси маҳорат, аммо дусоларо  ташкил карда будааст. Баъди 20 сол зарурати таъсиси  боз як курси дигар пайдо шудааст?
-Бале. Таваҷҷуҳ кунед,  театр ба як оркестри мукаммали симфонӣ монанд аст. Тавре ки ҳар асбоб дар оркестр овози махсусу нотакрори худро дорад,  дар театр ҳам ҳар ҳунарпеша дар шахси худ нотакрор мебошад.  Ҳамон солҳо дар театри Лоҳутӣ камбуди ҳунарпешаҳои касбӣ  эҳсос мегардид. Тавре ки калонсолтар шуда дарк кардам, Ефим Исоевич  андешидааст, ки синни ҳунарпешаҳо боло меравад, барои ояндаи театр  омода намудани ҷавонон лозим аст, бояд чорае ҷуст. Ӯ  борҳо ин масъаларо назди Котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, сарвари вақти давлат  Турсун Ӯлҷабоев гузошта, ташкил  намудани курси маҳорати актёриро пешниҳод карда, билохира дастгирӣ ёфтааст.
Курси мо мақоми омӯзишгоҳро дошт, аммо тибқи барномаи таълимии Донишгоҳи театрии Луначарскии Маскав таҳсил мекардем. Беҳтарин ҳунармандону донишмандони русу тоҷики он давр, аз ҷумла  устодон Низом Нурҷонов,  Леонид  Корнеев,  Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева…ба  мо  дарс мегуфтанд.
-Албатта, дар ин ҷо донишҷӯён бо низоми Станиславский омӯзиш медиданд. Зеро шуморо барои кор дар театри Лоҳутӣ тайёр мекарданд. Он ҷо бошад, Ефим Исоевич ин таълимотро ҷорӣ намуда буд …
-Бале. Ба андешаи ман, ин бузургтарин таълимоти театрист, ки  ҷаҳон шинохтаасту бо вуҷуди пайдо шудани сабкҳои дигари бешумор ҳоло  ҳам истифода мегардад. Зеро ки он  дар саҳна озод ва табиӣ амал намуданро таълим медиҳад. Яъне дар саҳна рафтору гуфтор, ҳаракат, эҳсосот- ҳама бояд табиӣ бошад. То омадани устод Мителман театр як дараҷа равияи романтикӣ, яъне  тахайюлӣ  дошт.  Бо ҷорӣ намудани ин таълимот устод ба  бозии ҳунарпешаҳо руҳияи заминӣ, табиӣ бахшид. 
-Аммо, меандешам, ки ӯ вобаста ба ин таълимот барои тарбияи шогирдонаш шеваҳои хоси омӯзиши худро дошт…
-Албатта. Масалан, дар дарси аввал бо ҳар яки мо бо эҳтиром ва маданияти баланде, ки ӯро хос буд,  шинос шуда, суҳбатро оғоз намуд ва вақте суханҳояшро  ёддошт карданӣ шудем, гуфт: "Қаламу дафтарро канор гузоред. Барои дар майна мустаҳкам нигоҳ доштани  ҳар иттилои бароятон  зарур кӯшиш намоед. Ҳофизаатонро ҳамарӯза тамрин кунед, то қавӣ гардад". Мо қаламу дафтарро канор гузоштему гӯшу ҳуш шудем. Баъдҳо, барои ҳифзи матнҳои  калон иҷрои ин дастури устод ёрӣ расонд. 
Хулоса, он рӯз устод дар бораи театр, сабаби онро дӯст доштани мардум ва бисёр чизҳои дигари вобаста ба ҳунар   суҳбат кард. Аз ҷумла хеле нозук, бо нармӣ фаҳмонд, ки касби ҳунарпеша азхудгузаштанҳо,  заҳмати пурмашаққатро хостор аст. Агар мо ин касбро дӯст дорем,  барои қурбон шудан дар ин роҳ омода бошем, метавонем ба таҳсил шуруъ кунем, агар на, беҳтараш сари вақт аз паи шуғли дигар шавем.
Баъди ду-се дарс ба саҳна баромадем. Устод гуфт, ки  аз рӯзҳои аввал бояд ба саҳна одат кунем. Дар саҳнаҳои умумӣ иштирок менамудем, эпизодҳои хурд - нақшҳои  лаҳзавиро мебозидем. Вазифаи дигар ҳам доштем -  сокиту ором дар курсиҳои охири толор нишаста машқҳоро тамошо мекардем.
Театр вуҷуди зинда аст. Дар он сур ҳам ҳасту суг ҳам, ашк ҳам ҳасту рашк ҳам, муҳаббат ҳам ҳасту кина ҳам, дӯстӣ ҳам ҳасту  рақобат ҳам … Ҳамаи ин чизро, яъне  зиндагии воқеии театрро, мо бояд аз курси аввал медидем. Ефим Исоевич мехост, ки  мо дар ҷараёни зиндагии театр бошем.
Ҳунарпеша дар ифодаи санъати худ нисбат ба соҳаҳои дигар  озод аст. Дарси озодии ботиниро устод аз аввал ба мо хеле хуб омӯзонд. Мегуфт, дар саҳна озодона ҳаракат ва озодона суҳбат кунед. Ҳунарпеша бояд ҳушёру зирак ва импровизатор - бадеҳагӯ бошад. Маслиҳат медод, ки ба бозор, мағозаҳо  равем, дар кӯчаҳо қадам занем, мардумро мушоҳида намоем, симоҳои аҷоиб ёбем.       
Соли дуюми таҳсил мо ҳама дар намоиши "Духтари куҳсор"-и Расул Ҳамзатов нақшҳои хурди лаҳзавӣ доштем. Ҳамсабақи мо Муҳаббат Арабова  дар ин спектакл бо устод Аслӣ Бурҳонов нақши асосиро бозид. Қаҳрамони ӯ духтараки деҳотие буд, ки намехост бо марди калонсол  (Аслӣ Бурҳонов ) издивоҷ кунад, балки мехост дар шаҳр таҳсилашро идома диҳад. Ин нақшро дар аввал як ҳунарпешаи касбии театр  бозӣ мекард, ки синну сол ва маҳорати иҷрояш созгор ба ин нақш набуд. Ефим Исоевич Муҳаббатро дар дарсҳо барои  ин нақш омода сохт ва аз аҳли эҷоди театр хоҳиш намуд, ки  бозии ӯро дар як саҳнаи хеле душвори драмавии  ин намоиш, ки тақрибан 20 дақиқа давом мекард, бубинанд. Муҳаббат ин нақшро хеле олӣ офарид. Ҳама офарин гуфтанд. Ин дар ҳоле буд, ки  нақшро  бе машқи пешакӣ устод бо Аслӣ Бурҳонов, дар саҳна ҳамроҳи ӯ бозида буд. Устод гуфтанд, ман нақшамро минбаъд бо Муҳаббат мебозам.
Бубинед, ӯ чӣ хел мо - ҷавононро аз рӯзҳои аввал  ба кор ҷиддӣ омода менамуд. Дар натиҷа шогирд-шахси навқадами саҳна бо қатъият, бо ҷасорату  маҳорати баланд  нақши асосиро бозӣ карда тавонист. Ва бо кӣ? Бо ситораи санъати тоҷик, Ҳунарпешаи халқии СССР!
Ҳамроҳи мо Гуландом Сафаралиева, Муяссара Аминова, Нисо Муҳаммадҷонова,  Соҳибсултон  Алиназарова,  Раҳмонқул Қурбонов, Абдуллоҷон Ғаффоров, Ҷомӣ Хоҷаев  низ таҳсил мекарданд. Онҳо тӯли ин солҳо ба санъати тоҷик хидмати арзанда  намуданд ва сазовори  унвонҳои олӣ шуданд. 
-Бале, устод.  Бо муҳтарам Гуландом Сафаралиева суҳбат доштам. Он кас бо ташвиқи дӯстонашон, саҳеҳтар гӯем, бо ташвиқи Шумо  ва баъди имтиҳони устод Мителман аз шуъбаи овозхонии омӯзишгоҳи мусиқӣ ба ин курс омада будаанд.
-Бале, ҳамин тавр шуда буд.
-Гуфтанд: "Устод бо мо, ҷавонҳо, бо меҳр кор мекард, муносибаташ мисли падар бо фарзандон буд. Агар эроде дошт, онро нарм мегуфт. Медонист, ки дар театр  мо ӯро муттако ва роҳнамои худ медонем. Намехост аз ӯ озоре ба дил дошта бошему аз санъат дилсард шавем. Дарсҳои маҳорати актёрие, ки аз ӯ гирифтам, дарсҳои  ишқ ба театр буданд. Яъне, роҳи маро Ефим Исоевич дар зиндагӣ ба куллӣ дигар сохт". Афсус хӯрданд, ки устод бар асари беморӣ иҷрои нақши аввалинашонро надиданд. Гуфтанд: "Имрӯз, баъди ҳосили таҷрибаи рузгор бовар мекунам, ки Ефим Исоевич миллати моро дар ҳақиқат дӯст медошт".
-Дуруст аст, устод таърихи мо, фарҳанги моро амиқ омӯхта буд. Адабиётамонро  хеле хуб медонист. Вақте  аз ӯ пурсидам, ки чаро маҳз чанд асари классикони  Аврупоро ба саҳна гузоштааст, гуфт: "Шоҳ Лир"-и Шекспир ба "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, "Ромео ва Ҷулетта" ба Лайливу Маҷнун" ё "Фарҳоду Ширин" монандӣ дорад.
Вақти таҳияи ин намоишҳо Ефим Исоевич  аз ҳунарпешаҳо хоста будааст, ки нақшҳоро бо руҳи тоҷикӣ бозӣ кунанд. Бо иҷрои вижаи нақши шоҳ Лир, яъне бо руҳи миллӣ, Муҳаммадҷон Қосимов мисли Ҳунарпешаҳои халқии СССР Аброр Ҳидоятови ӯзбекистонӣ ва Владимир Тхапсаеви осетиягӣ ҳамчун беҳтарин иҷрокунандаи ин нақш ба Донишномаи ҷаҳонии театр ворид шудааст.
-Зимнан, ба ҷасорати Ефим Исоевич  метавон қоил шуд, ки дар ҷавонӣ, солҳои аввали ба театри Лоҳутӣ омаданаш, бо ҳунарпешаҳо корро рӯи драмаи "Макр ва муҳаббат"-и Фридрих Шиллер, адиби классики олмонӣ, оғоз кард ва соли 1937 онро рӯи саҳна овард. Баъд асарҳои классикии дигар пайи ҳам ба тамошобинон пешкаш шуданд  "Ромео ва Ҷулетта", "Отелло", "Шоҳ Лир"-и Уилям Шекспир…
-Бале, классика барои коргардону ҳунарпеша мактаби хуби эҷодӣ аст. Инро низ, албатта, Ефим Исоевич сарфи назар намекард. Классика донишро меафзояд, тахайюлро вусъат медиҳад. Ман ба ин барвақт муътақид шудаам, яъне замоне ки дар курс барои таҳияи намоиши "Макр  ва муҳаббат" -  кори дипломиамон заҳмат мекашидем.
- Мушкилоти забонӣ байни ҳунарпешаҳову саркоргардон чи гуна  ҳалли худро ёфт?
- Насли аввали театр  забони русиро ба андозае медонистанд. Баъди омадани устод Мителман забондониашон беҳтар шуд. Ӯ ҳам  оҳиста-оҳиста забони моро омӯхт, хеле хуб мефаҳмид. То ҳадде ки эҳсос мекард, дар кадом калимаи ҷумла, ҳатто дар кадом ҳиҷои калима бояд ташдид гузошт. Нозукиҳои забони мо, маънии калимаҳоро хуб дарк менамуд. Дар масъалаи забон  ёварони Ефим Исоевич ҳунарпешаҳо Ҳомид Саидаҳмадов ва Алиназар Хоҷаев буданд. Онҳо забони тоҷикиву русиро хуб медонистанд ва ба ӯ дар тарҷумаву тавзеҳи матнҳо, таҳрири онҳо ёрӣ мерасонданд. Асарҳои драманависони тоҷик барои саркоргардон бо  тарҷумаи русии таҳтуллафзӣ пешниҳод мешуданд, аммо табиист, ки кор бо матни тоҷикӣ сурат мегирифт. Мо бо  ӯ ба тоҷикӣ суҳбат мекардем, моро нағз мефаҳмид. Лекин ба тоҷикӣ гап намезад. Мегуфт, хуб ҳарф зада наметавонам, аз ин сабаб намехоҳам ин забони зеборо хароб карда сухан гӯям, хиҷолат мекашам.
- Бо устод Хайрӣ Назарова суҳбат доштам. Гуфтанд, Ефим Исоевич вақти машқҳо хеле серталабу сахтгир буд…
- Ӯ хислати ҳар ҳунарпешаро хуб омӯхта буд. Дар машқҳо аз чашми ҳунарпеша, аз сухани аввалаш мефаҳмид, ки ба машқ омода аст  ё на. Ба бозии дурӯғини беҳиссиёт роҳ намедод. Агар тарзи симоофарии ҳунарпеша маъқул намешуд, сабабашро  мегуфт. Масалан, мегуфт, шумо ин нақшро  аз ягон ҷой, шояд аз филме нусха кардед, худатон симои қаҳрамонатонро  эҷодкорона биҷӯед, он бояд маҳз симои офаридаи шумо бошад, на ягон ҳунарпешаи дигар аз спектакл ё филми  ҳамном.
Воқеан ҳам коргардон шеваву василаи иҷрои нақшро пешниҳод мекунад, эҷоди симо аз ҳунару эҳсосоти ҳунарпеша вобаста аст. Нақшро зинда намудан, хислати вижа додан кори ӯст. Дар театр, дар ин  бузургтарин ташхисгоҳи касбии мо, ки вақти кор ҳамаи камбудию муваффақият, ҳусну қубҳи намоиш, кори драматург, коргардон, ҳунарпеша таҳлил мешавад, рӯ мезанад, устод Мителман моро "мепазонд". Ҳамаи ин дарсҳоро аз худ мекардем. Барои ҳунарпеша бузургтарин сабақҳо ҳаминҳоянд. Ман баъд  дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода  таҳсил намудам,  ҳамроҳи дигар коргардонҳо фаъолият доштам, аммо дар ҳеҷ ҷо тарзу услуби таҳиягарии Ефим Исоевичро, ки фикр мекунам, хеле муассиру корсоз буд, надидам. Аз ин рӯ нақши  устод Мителман дар зиндагии ман воқеан ҳам тақдирсоз аст. Аслан, агар волидонам маро ба олами ҳастӣ оварда бошанд,  устод Мителман маро ба олами ҳунари ин ҳастӣ овард, маҳз ба шарофати ӯ  ҳамчун ҳунарпеша ташаккул ёфтам. Агар имрӯз  каминаро шиносанду ҳунарамро эҳтиром кунанд, дар ин пеш аз ҳама  саҳми бузурги муаллимам ҳаст, ки аз рӯзи аввал  хидмати содиқонаву ошиқона намуданро ба ин касб омӯзонд, натанҳо ба ман, балки  ба ҳамаи онҳое, ки барояшон ҳақи  устодӣ дошт…
-Дар суҳбате иброз доштаед: "Тавре  ки устодам Ефим Исоевич  мегуфт, агар намоиш, кино, умуман асари ҳунариро ҳама фақат таъриф кунанд, он гоҳ он санъат нест. Ҳамон асар ҳунари ҳақиқист, ки перомунаш гуфтугузори мухталиф сурат гирад ва қиматаш гуногун арзёбӣ гардад".
Фикр мекунам, дар дунё ягон асари ҳунарӣ ё бадеӣ  мукаммал ба вуҷуд наомадааст. Албатта, ё худи муаллиф аз офаридааш пурра қаноатманд нест, ё мунаққид, ё тамошобину хонандаву шунаванда… Дар ин ҷамъ Ефим Исоевич ва намоишҳои рӯи саҳна овардааш низ истисно нестанд. Ин суханони болоро устод ба Шумо баъди нақди гуногуни ягон намоишаш, ё  аз тарафи тамошобин ҳар  гуна пазируфта шудани он, ё танқиди  ин асар изҳор дошта буд? Манзури ман ин аст, ки ӯ нақди гуногуни намоишҳояшро чӣ гуна қабул мекард?

-Аввалан, гуфтаниам, ин суханонашро мо дар дарсҳо шунидаем, на баъди танқид ё тавсифи  ягон асари устод.  Муаллим, албатта, бо тамошои асарҳои дигарону нақди намоишҳояш  аз сӯи мунаққидон ба чунин хулоса омадаву онро ба мо гуфтааст. Зеро воқеан ҳам асаре нест, ки комил офарида  шуда бошад. Дигар ин ки ҳар тамошобин, ҳар мунаққид  нисбат ба намоиши мушаххас назари хос дорад. Ин вобаста ба руҳия, дониш, салиқа, синни ҳар нафар мебошад. Ефим Исоевич мегуфт, бо як дидан ба намоиш баҳои воқеӣ додан душвор аст. Онро чандин бор, хусусан агар нақд карданӣ бошед, бояд тамошо кард. Дуюм, устод ҳама гуна фикр - ҳам тавсиф  ва ҳам танқидро ором, бо таҳаммул мепазируфт. Мегуфт, намоиш моли ман аст, ман онро бо чунин биниш сохтаам. Тамошобин ё мунаққид чӣ хеле ки метавонад, ҳамон хел онро баҳо медиҳад. Назари мунаққидонеро, ки  фикрашон дар назди устод арзишманд ва муҳим буд, ҳатман ба эътибор гирифта рӯи камбудиҳои асар  кор мекард. Агар аз сӯи нафари  сатҳи на он қадар баланди донишу таҷрибадошта  танқид  мешунид,  мегуфт: "Ҷойи ранҷиш нест,  фаҳмиши ӯ ҳамин қадар аст". Ва боз фармуда буд: "Бояд дигаронро гӯш карда тавонист - аз ҳунарпешаи ҳамбозиатон дар саҳна то алоқамандони гуногуни театр. Зеро ҳар фикр - хоҳ манфӣ, хоҳ мусбат - дар бораи кори ҳунарманд ба пешрафти ӯ ёрӣ мекунад".
Дар ҳақиқат, шарт нест, ки намоиш ба ҳама маъқул шавад. Лозим нест, ки ба  хотири ҳатман писанди  омма шудан    таҳия гардад. Вазифааш ин аст, ки байни ҷомеа оид ба мавзуи пешниҳодкардааш  афкоре ба вуҷуд орад, оид ба ин санъати театрӣ, камбуду дастоварди он баҳс барангезад.  Он вақт онро метавон санъат номид. Ва устоди ман сад дар сад ҳақ аст, ки гуфта буд: "Ҳамон асар ҳунари ҳақиқист, ки қиматаш гуногун арзёбӣ гардад".
- Саҳми устод Мителманро дар ташаккулу равнақи драматургияи тоҷик чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Бешубҳа, арзанда. Устод дар театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковский ҳамчун коргардон ҳудуди  40 намоиш рӯи саҳна овардааст. Аз ин шумор шояд  нисфашро  асарҳои драманависони  тоҷик ташкил диҳанд. Ӯ бо ҳамаи драманависон  хеле ҷиддӣ кор мекард. Масалан, бо устод Сотим Улуғзода вақти таҳияи намоиши "Рӯдакӣ", бо устод Ҷалол Икромӣ замони ба саҳна гузоштани "Дохунда" шабу рӯз кор кардааст. Бо Ғанӣ Абдулло ҳаммуаллифи драмаи "Виҷдон"  мебошад.  Вақти таҳияи намоиш аз рӯи асарҳои драмавӣ заҳмати бисёре анҷом ёфтааст. Зеро онҳоро ба театр тайёр наовардаанд.
Маъмулан, дар вақти кор рӯи намоиш камбудиҳои драматург пайдо шудан мегиранд. Дар ҷое барои тақвияти воқеа монолог лозим, дар ҷое баръакс онро бояд ҳазф кард,  дар ҷое ҳунарпеша мегӯяд, ки драманавис қаҳрамони маро хуб нафаҳмидааст, ӯ набояд ин гуна муколама дошта бошад, ё арз мекунад, ки ҳамин лаҳзаи руҳӣ боварибахш  нест, онро ба таври дигар бояд сохт. Оре, ҳунарпеша ҳақ дорад, зеро дар нақши қаҳрамон воқеаро аз сар мегузаронад. Аз ин ҷиҳат  ӯву коргардон беҳтар медонанд, ки дар ин ҷо ин қисматро ё пораи хурдро чӣ гуна, бо кадом гуфтору мизансенаҳо бояд сохт. Дар рафти кор ҳунарпеша  воқеан ҳам муаллифи   қаҳрамони худ мегардад, зеро бо гуфтору рафтор симои ӯро  дар саҳна эҷод мекунад. Пас, албатта, метавон гуфт, ки солҳои саркоргардонии Мителман драматургияи тоҷик дар театри Лоҳутӣ рушд намуд, драманависон, ҳамчунин коргардонҳо  дар ҳамин ҷо бо Мителман ташаккул ёфтанд, омӯзиш диданд ва пеш рафтанд.
-Куллан, нақши устодро  дар пешрафти касбии театри тоҷик аз нигоҳи имрӯзаи худ чӣ гуна дарёфтаед?
-Ефим Исоевич ҳамчун шахси фарҳангии кишвари бузурге бо номи СССР вазифадор шуда буд театри Тоҷикистонро то ба дараҷаи касбӣ расонад. Аз ҳунарпешаҳо шахсиятҳои бузург - ситораҳоро тарбия намояд,  ҳунарашонро дар миқёси умумииттифоқ  муаррифӣ созад. Ӯ ин вазифаро бомуваффақият иҷро кард.
Театр дар ҳама замон дастгоҳи бузурги идеологӣ буд ва ҳаст. Тавассути рушди театри тоҷик  давлати Шӯравӣ бояд ба кишварҳои ҳамсояи ин диёр нишон медод, ки  сарзамини ҳамон вақт кам рушдёфта дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ  имкони омӯзишу тарбияи истеъдодҳо ва равнақ бахшидан ба фарҳанги муосири худро пайдо кардааст. Рушди санъати театрӣ дар ин ҷумҳурӣ далели муътамаде барои исботи ин иддао буд. Ҳанӯз чанд сол пеш аз  соли дар Маскав баргузор шудани Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон медонистанд, ки театри Лоҳутӣ бояд дар ин чорабинии фарҳангӣ намоишҳое манзур созад ва коргардони неруманде онро барои ширкат дар ин маъракаи  муътабар  омода кунад. Ин корро низ устод Мителман дар сатҳи олӣ иҷро намуд, яъне ҳамроҳи ҳамкасбони тоҷикаш ҳунари миллатро муаррифӣ кард ва собит намуд, ки ин халқи  дорои таъриху фарҳанги қадим, имрӯз ҳам ҳунарманд аст. Дар даҳа тоҷиконро бори дигар ва беҳтар бо санъати пешрафтаашон  шинохтанд. Магар ин хидмати Мителман набуд? Ҳунарпешаҳое, ки Мителман ба онҳо ҳақи устодӣ дошт, поягузорони падари театрҳои тоҷик - Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ маҳсуб мешаванд, ки таърихи ин театрро  ҳамроҳи ӯ офаридаанд.
Соли 1941 устод Муҳаммадҷон  Қосимов  унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистонро дошт. Баъди тамошои спектакли "Отелло" дар даҳа Иосиф Виссарионович Сталин аз ҳунарнамоии ӯ дар нақши Отелло ба ваҷд омада мегӯяд: "Это Народный артист СССР"! Баъди ин баҳо ба Муҳаммадҷон Қосимов унвони Ҳунарпешаи халқии СССР дода мешавад. Ин, албатта, обрӯи театр, обрӯи Тоҷикистонро дар Иттиҳод боло бурд.
Солҳои 1943-1946  Ефим Исоевич дар театрҳои фронтӣ кор кард. Аммо дар ҳамон солҳо ҳам  фаъолияти театри Лоҳутӣ идома ёфт,  зеро ба пои худ устувор гашта буд. 
Солҳои баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ театр ҳар ду-се сол бо намоиши беҳтарин спектаклҳояш дар Маскав ҳисоботи эҷодӣ медод. Дар он ҷо медиданд, ки ҳунарпешаҳо бо Мителман, баъдтар бо саркоргардон Ҳоҷиқул Раҳматуллоев дар давоми ин солҳо чӣ кор карданд, чӣ қадар пеш рафтанд. Намоишҳо аз тарафи мунаққидони шинохта баҳогузорӣ мешуданд. Ин барои ҳунарпешаҳо дарси эҷодӣ, имтиҳон буд. Сафарҳои ҳунарии театр ба дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳод, ба дигар кишварҳо -ҳама дар баробари муаррифии сарбаландонаи ҳунари театрии тоҷик, барои аҳли эҷоди он омӯзанда буданд. Маҳз туфайли хидмати бедареғи  устод сатҳи театри Лоҳутӣ то сатҳи театри академӣ боло рафт.  
 Ҳайати эҷодии кинои тоҷикро ҳам дар аввал асосан ҳунарпешаҳои театри Лоҳутӣ ташкил мекарданд. Барномаи "Театр дар назди микрофон", ки бо иштироки онҳо омода мешуд, ҳар якшанбе дар назди радио садҳо мухлисонашро ҷамъ меовард. Коргардони барнома Ҳалима Насибулина, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, аввал дар театри Лоҳутӣ кор мекард. Ефим Исоевич мегуфт: "Ҳалимаҷон, ҷавононро ҳам ба барномаат ҷалб намо, забонашон бурро, тоза  шавад". Мо назди апаи Ҳалима меомадем. Бо маслиҳати устод дар овоздиҳии тарҷумаи филмҳо ҳам иштирок мекардем.
Бубинед, солҳост, ки ҳайати эҷодии театри Лоҳутӣ дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ  то ҳанӯз бо сарбаландӣ иштирок мекунад. Пояи устувори ин муваффақиятҳо дар ҳамон солҳои сиюми асри гузашта гузошта шудааст.
-То ҷое ки иттилоъ дорам, сарони аввали кишвар дар давраи саркоргардонии  устод Мителман ба театр зуд-зуд меомадаанд,  барои фароҳам овардани либосҳои ҳунарӣ,  маводи ороишиву саҳнасозӣ  ёрӣ мерасондаанд. 
-Бале, насли калонсоли театр мегуфтанд, ки Бобоҷон Ғафуров бо шавқи том спектаклҳои театрро тамошо мекардаанд, Турсун Ӯлҷабоев ҳатто барои дидани тамрини  баъзе намоишҳо меомадаанд. Ин далели он аст, ки ҳайати эҷодӣ тавонист дар сиёсатмадорон ишқу алоқамандиро ба театр зиёд намояд. Дар театр роҳбарони ҷумҳурӣ  фикрашонро оиди намоиш баён месохтанд, маслиҳат медоданд. Бо ҳунарпешаҳо ҳамсуҳбат  мешуданд, аз мушкилоташон огоҳӣ  меёфтанд, барои ҳаллаш ёрӣ мекарданд.
Ефим Исоевич барои беҳтар намудани шароити кори театр, вазъи иҷтимоии ҳунарпешаҳо худ ҳам дари мансабдоронро мекуфт - то ба мақсад расидан. Дар аввал  ду театр русию тоҷикӣ дар бинои театри Маяковский фаъолият дошт. Бо талоши ӯ театри Лоҳутӣ соҳиби бинои ҳозирааш шуд. Ҳамон солҳо дар пойтахт барои кормандони соҳаи фарҳанг биноҳои дуошёнаи финӣ сохта буданд,  ки беҳтарин хонаҳои он давр маҳсуб меёфтанд. Бо талоши ӯ кормандони театр ҳам дар ин бино соҳиби манзил шуданд.
-Шахсияти устодро  чун як инсони одӣ чӣ гуна шинохтаед?
-Ӯ инсони одӣ набуд, ӯ инсони олӣ буд. Воқеан ҳам худро қурбони ҳунар  кард, дар иваз чизе нахоста. Гарчанд қадрдонӣ, хусусан қадрдонии ҳукуматӣ ҳар ҳунарпешаро руҳбаланд месозад, вале ӯ на ҳариси унвонҳо, на ҳариси молу чиз буд. 
Шукр мекунам, ки  тақдир маро бо Ефим Исоевич рӯбарӯ карду дар наздаш таҳсил намудам. Мо ӯро хеле дӯст медоштем. Ватандӯстиву инсондӯстиро аз ӯ ёд гирифтем, ишқи касбро ҳам ӯ дар дили мо мустаҳкам ҷой кард. Ҳар қадар бузургсолтар мешаваму бештар дарки маънии ҳунар менамоям, меандешам, ки он бо кадом заҳматҳо, бо чӣ гуна баҳои гарон  ба даст омад ва барои ҳунарманд шудани ману  ҳар шогирдаш устод  чӣ заҳматҳое кашид. Натанҳо ман, ҳамаи ҳамдарсонам чунин меандешанд. Меҳри ин абармарди фарҳанг дар дили ҳамаи мо мисли меҳри падар ҷой гирифтааст. Ӯ фарзанд надошт. Ба мо бо самимияту дӯстдорӣ "ребятушки" гуфта муроҷиат мекард. Вақте ба хонааш меомадем, худаш ва хонумаш Мария Даниловна моро хеле хуб, чун одамони наздиктаринашон пазироӣ  менамуданд. Фикр мекунам,  ӯ ҳамаи  муҳаббати падариашро  ба мо бахшида буд, мо, шогирдонаш - "ребятушки"-ҳояшро мисли фарзанд дӯст медошт.
 Дар тӯли ин солҳо зиндагиам  мисли зиндагии ҳар одами хокӣ ба ҳар  ранг буд. Имкониятҳое ҳам пайдо шуданд касби худро  бо шуғле, ки  дороям мекард, иваз намоям. Аммо ишқе, ки устодам нисбати касбам дар дилам ҷой кард, побарҷост ва то ҳастам, побарҷо хоҳад буд. Гуфта будам ва боз мегӯям: "Ман дар назди устодам сари таъзим  фуруд меорам".
-Шунидаам, ки Ефим Исоевичро воқеаи   барояш номақбул - аз театраш ҷудо карда ба театри Маяковский  саркоргардон таъйин намудан сахт озор додааст…
-Соли 1961 аз театри Лоҳутӣ ба  театри Маяковский ба сифати саркоргардон гузаронидани  устод Мителман дағалтарин хатои роҳбарони вақти Вазорати маданият (ҳоло Вазорати фарҳанг) буд. Аз ин тасмим дили муаллим шикаст. Ин амал ангезаи хусусӣ дошт. Сахттарин зарба буд, ки ба  театри Лоҳутӣ, ба мо, донишҷӯён, ба сари устод фаромад. Ба ҷои ӯ ба театри Лоҳутӣ саркоргардони театри Маяқовский Вениамин Яковлевич Лангеро таъйин карданд. Аммо ӯ ҷойи Мителманро гирифта натавонист. Ҷойи устод холӣ буд. Мо акнун барои омӯзиши маҳорати актёрӣ наздаш, ба театри Маяковский меомадем. Аммо зарба кори худро карда буд: устод  бемор шуд ва ин дарсро ба мо муаллимони дигар таълим доданд. Гарчанд баъди се сол бо исрори ҳунарпешаҳои барҷаста ӯро ба театри Лоҳутӣ баргардонданд,  сазовори  унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гашт, вале дигар дароз кор карда натавонист. Вақте ба беморхона ба аёдаташ мерафтем, моро дида ҳам хурсанд мешуд, ҳам ғамгин. Акнун бо андешаи одами калонсол мефаҳмам, ки барои ояндаи мо, тақдири мо ғам мехурдааст. "Афсус, ки  курси шуморо то охир бурда натавонистам,- мегуфт.- Нақшаҳое бароятон кашида будам". Дар ғайбамону дар ҳузурамон ба   устодони дигар таъкид менамуд: "Ин бачаяконро эҳтиёт кунед, онҳо самимианд, барои театри тоҷик хидматҳои сазовор мекунанд".
Соли 1964 аз хатмкардаҳои  курс-омӯзишгоҳ чанд нафар, аз ҷумла маро дар театр мононданд. Дигаронро ба ҳар куҷо фиристоданд. Агар устод на бистарӣ, саломат мебуд, ҳама ин  ҷо мемонданд, зеро ин қувваи калон-гурӯҳи ҳунарпешаҳои ҷавон   барои ҳамин театр,  барои иҷрои нақшҳое мувофиқи хислатамон, шахсиятамон, тафаккурамон, истеъдодамон тайёр шуда будем. Мо ҳама хеле ва хеле аз ҳамдигар фарқ доштем. Устод ҳар кадоми ин неруро хуб омӯхта буд ва медонист, ки дар чӣ гуна нақшҳо моро метавон ҷалб кард.
Соли 1965 Ефим Исоевич аз олам гузашт. Дар синни 54, дар айни камолоти эҷодӣ. Ӯ, як инсони пок, бо мардуми мо унс гирифта буд, вазифаи худро танҳо иборат аз хидмат ба пешааш, хидмат ба ватанаш медонист. Устод Мителман ба Тоҷикистон бо рисолати бузург омада буд. Онро дар назди виҷдони худ, дар назди миллати тоҷик бо муҳаббату садоқат, сарбаландона ва  олӣ иҷро кард.
…Манзили охирати устод дар ҳамин ҷост. Гоҳо ва ҳатман 7-уми ноябр оромгоҳашро зиёрат мекунам - дар Рӯзи театри тоҷик, дар Рӯзи ӯ - Ефим Исоевич Мителман, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Руҳи устодам шоду манзили охираташ обод бод!

Талъат НИГОРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.03.12    №: 28    Мутолиа карданд: 756

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед