logo

мулоқотҳо

Таъмини сулҳ ва суботи Афғонистон - мавзӯи марказии гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай

Шоми 24 марти соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки барои иштирок дар ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси 5 - уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-5) ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд.
Масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Афғонистони ҳамсоя низ нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас зимни музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд. "Мо самимона хоҳони таъмини сулҳ, амният ва суботи Афғонистон ва саодату хушрӯзии мардуми бародари он ҳастем" - таъкид дошт зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон ва афзуд: "Мо ниҳоят зарур медонем, ки ҷомеаи байналмилалӣ баъди соли 2014 низ Афғонистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд".
Тавре таъкид гардид, "Тоҷикистон низ дар доираи имконоти худ ба таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон саҳм мегузорад".
Бо ёдоварӣ аз фаъолшавии хати 220 - киловолтаи интиқоли барқи Сангтӯда - Қундуз - Пулихумрӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки имсол то 700 мегаватт неруи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон содир карда мешавад. "Тоҷикистон, ҳамчунин метавонад дар бунёди неругоҳҳои барқӣ дар Афғонистон иштироки фаъол дошта бошад", - бо итминон изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. Тавре ки иттилоъ дода шуд, аз ҷониби як ширкати Тоҷикистон имрӯз дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон Банди Камолхон бунёд меёбад, ки бо анҷоми он ҳудуди 80 ҳазор гектар замин обёрӣ ва наздики 300 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд. Аз ҷониби ҳамин ширкат як лоиҳаи аз ин бузургтар дар вилояти Форёб оғоз ёфтааст.
Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар соли 2011 мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Афғонистон нисбат ба соли 2010 ҳудуди 2 маротиба афзуда, ба беш аз 200 миллион доллари амрикоӣ расид. Дар соли 2012 ин нишондод имкон дорад то ба 250 - 300 миллион доллари амрикоӣ расонда шавад. Тайи 6 соли охир бошад, мубодилаи мол қариб 40 баробар афзудааст.
Бо назардошти судоварии беҳудуди лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ, аз қабили бунёди роҳҳои нави оҳану мошингард, неругоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва ғайра, ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба афзоиши ҷаҳду талош дар ин масир таъкид доштанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-5), ки рӯзи 26 март дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад, имконоти хуб барои муаррифии шоистаи чунин лоиҳаю барномаҳо ба миён меоварад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.03.12    №: 38    Мутолиа карданд: 371

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед