logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Конфронси байналмилалии Наврӯз-2012, шаҳри Душанбе, 25 марти соли 2012

Олиҷанобон, ҷалолатмаобон!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ширкаткунандагони ҷашни ҷаҳонии "Наврӯз"!

Сарфарозам, ки ташрифи бародарони азизу арҷманд Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай - Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷаноби Олӣ доктор Маҳмуди Аҳмадинажод - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Осиф Алӣ Зардорӣ - Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон, роҳбарони ҳайатҳои воломақоми кишварҳои дӯсти Озарбойҷон, Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, намояндагони олирутбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ташкилотҳои дигари байналмилалиро ба Тоҷикистон хайра мақдам мегӯям.
 Нек дар хотир дорам, ки соли гузашта, ҳангоми таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Теҳрон байтеро ба забон оварда будам, ки ба андешаи банда бо лаҳзаҳои фараҳбахши имрӯза низ созгор аст:
Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил
барафрӯзӣ.
Имрӯз мо байни ёрон қарор дорем, ки бо чеҳраҳои кушода ин толори мунаққашро мунаввар гардонидаанд ва чароғи дилҳои моро барафрӯхтаанд. Аз ин рӯ, бароям мояи ифтихору саодат аст, ки ҷашни бузурги байналмилалӣ ва башорати рӯзи ҷадид - Наврӯзи оламафрӯзро дар сарзамини бостонӣ ва фарҳангхези Тоҷикистон ба роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои дӯст ва ба ҳамаи шумо, азизон, бо беҳтарин таманниёту орзуҳо табрику таҳният гӯям. Шодбошҳои самимии хешро ба ҳамаи меҳмонони азизу олиқадр иброз дошта, бо риояи суннати наврӯзӣ бори дигар таҳнияти аҷдодиро ба забон меорам:
Бародар, ҷашни наврӯзат муборак!
Баробар шуд шабу рӯзат, муборак!
Дӯстони арҷманд!
Мо аз он ҳам ифтихор дорем, ки дигар мардумони ҳавзаи фарҳангии наврӯзӣ низ дар ин ҷашни фархунда якдигарро бо ибораи фараҳбахши "Наврӯз муборак!" табрик мегӯянд.
Дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯзи Аҷам ҳаргиз тасодуфӣ нест. Ин иқдоми муҳим на фақат дар рушди тамаддуни муосир фоли нек аст, балки гувоҳи он мебошад, ки имрӯз ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба арзишҳои олии маънавию ахлоқии фарҳанги наврӯзӣ ниёз дорад.
Чандин ҳазор сол қабл ниёгони фарзонаи мо ба суннати фарҳангие асос гузоштанд, ки баёнгари пирӯзии нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва тантанаи покиву садоқат ва тозагиву озодагии инсонӣ мебошад. Дар байни ниёгонамон расми хубе роиҷ буд, ки айёми наврӯзӣ хусумату кинаро аз қалбҳо берун меандохтанд ва дасти нотавону дармондагонро мегирифтанд. Мардум ба истиқболи Наврӯз, ки башорати рӯзи нав ва эҳёи табиату замин аст, манзилу кошонаи худро тозаву озода ва кӯчаву хиёбонҳоро бо ниҳолу гулбунҳо обод мекарданд. Деҳқони ризқофарин дар айёми Наврӯз ба сари замини саховатбахш омада, онро ҷуфт мекард ва ба он тухми умед мепошид.
Наврӯз зиндатарин ҷашне дар рӯи Замин буда, воқеан ҳам омадани соли навро ба он ва сабзиши ҷадиди ҷаҳонро башоратгар аст. Ин ҷашн ҳар сол як маротиба чун бедориву эҳёи табиат фаро расида, бо ҳар равияи ғоявию фарҳангие, ки дар тӯли таърих рӯ ба рӯ шудааст, созгор омадааст ва боз ҳам зеботару ғанитар гаштааст.
Масалан, яке аз русуми Наврӯзи аҳди Сосониён ба якдигар дар субҳи идона рехтани об будааст ва ин расм низ дар қуруни исломӣ ба сурати гулоб пошидан боқӣ мондааст.
Дар боби пайдоиши ин расм ривояти аҷибе ҳаст, ки аслан аз "Авасто" сарчашма мегирад. Ривоят чунин аст, ки дар замони шоҳ Ҷамшед адади ҷонварон чандон зиёд шуд, ки паҳнои замин ба онҳо танг гардид. Худованд заминро се баробари он чӣ буд, фарохтар карда, мардумро амр намуд, ки ба об шустушӯй кунанд, то аз гуноҳҳояшон пок шаванд. Пас ҳама сол дар айёми Наврӯз ин корро мекарданд, то ин, ки Худованд офатҳои он солро аз одамон рафъ гардонад.
Дар замони ислом суннату ойинҳои ҷашни Наврӯз тавсеа пайдо карданд. Ин аст, ки доираи ҷуғрофии ҷашни бостонии Наврӯз дар олами имрӯз васеътару фарохтар гардида, баробари расман ҷаҳонӣ шуданаш боз ҳам зеботару шукӯҳмандтар гаштааст.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ Наврӯз дар замони давлати вақт низ ҷашн гирифта мешуд. Одобу русуми наврӯзӣ он замон дар кишварҳои ҷашнгиранда, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳаддалимкон нигоҳ дошта шуд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шукӯҳу ҷалоли бештар мегирад. Бо фаро расидани ин ҷашни зебои табиат ҳар хонадони кишвар пур аз шодиву фараҳ мегардад ва марди деҳқон мисли пештара ба замин донаи умед мепошад. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тӯли садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонад.
Ба муносибати фарорасии Наврӯз аз рӯи анъана ва суннатҳои қадима мардуми мо беш аз ҳар вақти дигар даст ба корҳои хайр мезананд. Андарзи ҷовидонаи ниёгони башардӯстамон - "Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек" дар тӯли таҳаввули таърихии халқи мо ҳамеша парчами кору амал будааст. Зеро фарҳанг ва тамаддун умуман, аз ҷумла фарҳанги Наврӯзи оламафрӯз, хислату ҷавҳари инсонсоз дорад.
Бо ҳамкориву талоши кишварҳои мо Наврӯз, хушбахтона, ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, ки ин дастоварди барҷаставу арзишманд аст. Акнун моро лозим аст, ки тамоми суннатҳои қадимии қисман ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаи Наврӯзро зина ба зина дубора эҳё намоем. Зеро мо вазифадорем, ки барои ҳифзу тарғиби арзишҳои ахлоқӣ ва рушди суннатҳои неки фарҳангии худ дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ иқдомоти мунтазам ва муассирро амалӣ гардонем.
Умед дорам, ки Наврӯзи ҳуҷастапай имсол ба мардумони куҳанбунёду соҳибфарҳанги мо, аз ҷумла аҳли зиё ҷиҳати бо нури илму маърифат мунаввар намудани роҳи ҷомеа, бахусус насли ҷавон ва ободгариву созандагӣ муждаҳои тоза меорад, моро дар иҷрои нақшаҳои бунёдиву корҳои созандагӣ рӯҳу тавони тоза мебахшад ва барои ҳар як сокини ин сарзаминҳо рӯзи хушу соли накӯ ато менамояд.
Сарфарозам, ки дар ин лаҳзаҳои оғози рӯзгори тозаву навин ва дар ин маҳфили пуршукӯҳу ҷалол ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва аҳли ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро бо ин ҷашни фарруху фархунда бори дигар самимона шодбош гӯям ва ба ҳар яки шумо сулҳу амонӣ, рӯзгори осуда, рӯҳи болида ва иқболу саодат орзу намоям.
"Соле ки накӯст, аз баҳораш пайдост", - мегӯянд. Бигзор аз файзу баракати баҳорон ва Наврӯзи оламафрӯз зиндагии ҳар фарди кишварҳоямон рангу таровати тоза гирад, дастархони ҳар хонадон пур аз нозу неъмат гардад, ваҳдати байналмилалии мо ҷовидона ва сулҳу субот дар саросари олам пойдор бошад!
Эй Худованди замину осмон!
То ба Наврӯзи дигар моро расон.
Бо изҳори ин ниятҳои нек мехостам ба қисмати нахустини нишасти байналмилалии Наврӯз ҳусни фарҷом бахшам ва ҳамаро ба Наврӯзгоҳи пойтахт ба ҷашни байналмилалӣ даъват намоям.
Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.03.12    №: 38    Мутолиа карданд: 605

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед