logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (Recca-5), шаҳри Душанбе, 26 марти соли 2012

Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай, Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон!
Ҷаноби Олӣ Маҳмуди Аҳмадинажод, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон!
Ҷаноби Олӣ Осиф Алӣ Зардорӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон!
Муҳтарам ширкаткунандагони конфронс!
Меҳмонони гиромӣ!
Хонумон ва ҷанобон!
Сараввал иҷозат диҳед ташрифи шуморо ҷиҳати иштирок дар Конфронси панҷуми байналмилалии ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон сидқан хайра мақдам бигӯям.
Сарфарозам бори дигар ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният арз намуда, ба ҳамаатон саломатию хушбахтӣ ва муваффақият орзу намоям.
Ҳамойиши имрӯза, ки таҳти шиори "Ҳамкорӣ барои пешбурди ҳамгироӣ, субот ва рушди минтақавӣ" баргузор мегардад, аз натиҷаҳо ва вазифаҳои дар ҳамойишҳои қаблӣ оид ба Афғонистон муайянгардида маншаъ гирифта, дар навбати худ саҳифаи наверо дар таърихи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи барқарорсозии ҳаёти осоиштаи ин кишвар оғоз менамояд.
Мо итминон дорем, ки суханрониву баррасиҳои шумо дар ин конфронс тарзу тариқаҳои наверо барои ҳалли мушкилоти Афғонистон мушаххастар намуда, барои таҳияи зербинои рушди устувори он шароити мусоид фароҳам хоҳанд овард.
Тайи чанд соли охир роҷеъ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ҳамойишҳои байналмилалӣ ва минтақавии сатҳҳои гуногун зиёд баргузор гардиданд. Дар онҳо пешниҳоду таклифҳои созанда фаровон садо дода, санадҳои муфид ҳам қабул шуда буданд. Вале, мутаассифона, раванди амалӣ намудани мувофиқаҳои ҳосилшуда муҷиби қаноатмандӣ нест ва алҳол зарурати эҷоди механизми мукаммали татбиқсозии онҳо пеш омадааст.
Аз ин рӯ, мо итминон дорем, ки дар ин конфронси мо дар баробари муайян намудани роҳу василаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба Афғонистон, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани натиҷагириҳои он гомҳои воқеӣ бардошта хоҳанд шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша алоқаманд будани худро ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва таҷдиду эҳёи бахшҳои мухталифи ҳаёти он иброз медошт. Мо мисли ҳамешагӣ сидқан ҷонибдори боэътимоди сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар ин кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, муътақидем, ки истиқрору субот дар Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон робитаи ногусастанӣ дорад.
Имрӯз ин эътиқоди мо бештар шудааст, зеро мусаллам аст, ки бо пойдор гардидани мавқеи мақомоти давлатии Афғонистон ва тадриҷан ба нерӯҳои ҳукуматӣ вогузор шудани масоили таъмини амният имконияти бештаре барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ фароҳам хоҳад омад.
Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини эътидол ва барқарорсозии баъдиҷангии Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, бар он назар аст, ки ба ҷанбаи иқтисодию иҷтимоии он бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.
Ҳамёрони байналмилалӣ ва Ҳукумати Афғонистон зимни ҳамоишу конфронсҳои пешин дар мавриди тавсеаи зарфияти нерӯҳои амниятӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва такмили ташаббусҳо барои комёб шудан ба сулҳу субот мувофиқа ба даст оварданд. Вале зарурати ҳамоҳангии ҳарчи бештари ин мувофиқаҳо ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххас дар Афғонистон то кунун боқӣ мондааст.
Мо бовар дорем, ки чунин шеваи коргирӣ метавонад имкониятҳои созандаи мардуми афғонро ба ин маҷро сафарбар намуда, тадриҷан иштироки бевоситаи онҳоро дар идораи равандҳои гуногуни ҳаёти кишварашон таъмин созад.
Дар ин росто дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди мазкур саривақтӣ буда, метавонад дар мавриди ба кору заҳмати ҳаёти осоишта ҷалб намудани табақаҳои мухталифи аҳолии Афғонистон мусоидат намояд.
Бояд зикр намуд, ки калиди ҳалли мушкилоти Афғонистон, пеш аз ҳама, дар дасти худи мардуми афғон ва ҳукумати кишвар чун намояндаи қонунии он аст. Дар ин росто Тоҷикистон аз иқдомот ва ташаббусҳои ҳукумати кунунии Афғонистон дар мавриди комёб шудан ба мусолиҳа ва таъмини сулҳу суботи устувор дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд. Шубҳае нест, ки дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин иқдомҳо дар марҳилаи ҳозира бояд муассиртар бошад.
Иштирокдорони муҳтарами конфронс!
Тадриҷан ба зиммаи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон гузаштани масъулият барои таъмини амнияти кишвар тақозо мекунад, ки онҳо барои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккил ҳамаҷониба омода карда шаванд. Дар ин росто, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомии Афғонистон дар баробари таъминоти техникӣ ба рушди ҳайати кадрӣ ниёз доранд.
Тоҷикистон омода аст, ки имкониятҳои марказҳои таълимии худро барои тайёр намудани марзбонон, низомиён ва ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, ки ҳоло ҳам истифода мешаванд, васеътар пешниҳод намояд. Вале имрӯз мусаллам аст, ки барои таъмини ҳаёти осоишта истифода намудани танҳо усулҳои низомиву аскарӣ кифоя нест. Барои ба сулҳу суботи пойдор ноил шудан таҳия ва татбиқи барномаю нақшаҳои фарогире зарур аст, ки ҷиҳати маҳви решаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии терроризм, экстремизм ва дигар намудҳои ҷиноят имконият фароҳам оранд.
Фикр мекунам, ки барои татбиқи ин ҳадаф амалӣ намудани барномаи муборизаи муштарак бар зидди парвариш ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳамёрони байналмилалӣ мебошад. Зимни ин амалия масъалаи ҷалб намудани кишоварзони афғон ба ин раванд бояд дар мадди аввали ин барнома қарор дода шавад.
Дар ин маврид на танҳо иваз намудани кишти зироатҳои нашъадор бо дигар намудҳои зироатҳои кишоварзӣ, балки ба таври қотеъ пешгирӣ намудани вуруди прекурсорҳо ба Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Тоҷикистон аз ҷониби худ метавонад барои барқарорсозии системаи ирригатсионии Афғонистон ва обёрӣ намудани заминҳои кишт ҳамаҷониба мусоидат намояд. Бунёди шабакаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва обанборҳо дар Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун манбаи захираҳои обӣ ва энергияи арзон барои азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Афғонистон ва эҳёи бахши кишоварзӣ аз омилҳои муҳимтарин хоҳад буд.
Истифодаи оқилонаи имкониятҳои кишоварзии Афғонистон ҷиҳати таъмин намудани талаботи дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани содироти он ба бозорҳои минтақавӣ дар маҷмуъ ба эҳёи соҳаи мазкур ва қисман ҳал намудани масъалаи бекорӣ дар кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Раванди барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон дар марҳилаи кунунӣ ба рушди омили инсонӣ ниёзи хоса дорад. Бинобар ин ба роҳ мондани ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати таъмин намудани бахшҳои гуногуни иқтисоди миллии Афғонистон бо мутахассисони зарурӣ бояд ба ҳайси яке аз самтҳои калидии фаъолияти ҳамёрони байналмилалӣ пазируфта шавад.
Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоем, ки дар ин росто аз имкониятҳои Тоҷикистон истифодаи васеътар ба амал биёварад. Чунон ки зикри он нукта рафт, Тоҷикистон аллакай ҳамкориҳоро ҷиҳати омода намудани кадрҳои низомиву марзӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон ба роҳ мондааст. Таҷрибаи дар ин соҳа ҳосилшуда собит месозад, ки умумият ва муштаракоти фарҳангиву забонӣ ба самаранокии ин раванд мусоидат менамоянд.
Аз ин лиҳоз мо аз ҳамёрони байналмилалӣ даъват менамоем, ки барои таҳкими ин таҷриба, истифодаи васеи имкониятҳои мо ва ҳамаи кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ҷиҳати омодасозии мутахассисон барои дигар соҳаҳои иқтисоди миллии Афғонистон мусоидати фаъол намоянд.
Таҳти сарпарастии байналмилалӣ дар Тоҷикистон таъсис додани Маркази таълимии бисёрсоҳавии касбию техникӣ метавонад дар ин самт қадами воқеӣ ва муассире бошад.
Меҳмонони олиқадр ва гиромӣ!
Тавсеа бахшидани иштироки Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ тавассути таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя, яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ин кишвар мебошад. Тоҷикистон зарурати истифодаи қабл аз ҳама, имкониятҳои иқтисодӣ ва захираҳои табиии худи Афғонистонро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ин кишвар таъкид месозад.
Мо бовар дорем, ки Конфроси панҷуми байналмилалии ҳамкориҳои  минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон аз тариқи иттихози тасмимоти мушаххас дар ин ҷода саҳми босазо хоҳад гузошт.
Айни ҳол масъалаи таҳияи ташаббусҳои интегратсионӣ, инчунин эҳёи масирҳои таърихии бозаргонӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ барои кишварҳои минтақа таваҷҷуҳи хосаро тақозо дорад. Роҳандозии чунин ташаббусҳо барои ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон ва таҳкими ҳамкориҳо ва ҳамбастагиҳои минтақавӣ шароиту имкониятҳои нав фароҳам хоҳад овард.
Аз ҷумла, масири роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон ва қисматҳои дигари он аллакай аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ мутолеа шудааст. Дар оянда масири мазкур бо Қирғизистон ва Хитой пайваст карда шуда, метавонад ба ҳайси хати транзитии минтақа аз ҳисоби бамаротиб зиёд шудани гардиши мол байни кишварҳо ҳамасола даромади зиёдеро ба буҷаи Афғонистон таъмин намояд.
Лоиҳаи CASA-1000 метавонад масъалаи норасоии қувваи барқро дар Афғонистон ва Покистон аз ҳисоби интиқоли он аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври назаррас ҳал кунад.
Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки дар радифи ин тарҳҳои бузург ва тавассути минбаъд амалӣ гаштани онҳо даҳҳо лоиҳаҳои иқтисодии дигар татбиқ шуда, ҳазорҳо одамон на танҳо дар Афғонистон, балки дар тамоми минтақа бо кор фаро гирифта хоҳанд шуд.
Аз ин лиҳоз мо ин ва дигар лоиҳаҳоро низ, ки ба тавсеаи шабакаи нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ тавассути сохтмони роҳҳои нави оҳан ва мошингард ба воситаи қаламрави Афғонистон, бунёди хатҳои интиқоли барқ, нафт ва газ нигаронида шудаанд, пуштибонӣ менамоем.
Мо итминон дорем, ки ташаббусҳои мазкур дар маҷмӯъ ба равандҳои ҳамгироӣ ва ҳадафи умумии ҳамаи мо - таъмини сулҳу субот ва рушд дар Афғонистон ва минтақа ҷавобгӯ мебошанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз аз ҷониби мо қисмати ақалли имкониятҳое тақдими шумо гардиданд, ки барои барқарорсозии ҳаёти осоиштаи Афғонистон ва таъмини рушди минбаъдаи он тавассути роҳандозии механизмҳои ҳамкориҳои минтақавӣ заруранд. Тафсилот ва ҷузъиёти назари Тоҷикистон нисбати қазияи мазкур ва мавзуъҳои алоҳидаи он дар рафти конфронс аз ҷониби намояндагони кишвари мо манзур хоҳанд шуд.
Тавре ки дар боло зикр гардид, ҳамойиши имрӯза оғози саҳифаи нав дар кори хайр ва наҷиби эҳёи Афғонистон аст. Зеро тағйироте, ки тайи чанд муддати охир дар равандҳои барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон сурат мегирад, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор вокуниш ва ташаккули муносибатҳои ба воқеияти нав ҷавобгӯ ва мутаносибро тақозо менамоянд. Мазмун ва муҳтавои чунин муносибот ба дӯши мо масъулияти боз ҳам бузургтареро барои ояндаи Афғонистон ва минтақа вогузор менамояд.
Фақат роҳандозӣ намудани чунин муносиботи фарогир ва мутаносиб имкон медиҳад, рушди устувор ва суботу амнияти минтақавӣ дар баробари ташаккули вазъи Афғонистон, таъмин гардад.
Умедворем, ки натиҷаҳои ин конфронс дар ҳалли мушкилоти Афғонистон ва минтақа таъмини сулҳу субот ва эҳёи иқтисодию иҷтимоӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ин кишвари дӯст ва бародар нақши муассир хоҳанд дошт.

Дар охир ба кори конфронс муваффақият ва ба иштирокдорони он таассуроти нек аз боздиди Душанбе таманно мекунам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.12    №: 39    Мутолиа карданд: 511

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед