logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Карим Оғохони 4

4 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рӯзгори исмоилиёни Тоҷикистон ва ҳолати кунунию дурнамои рушди ҳамкорӣ бо Созмони Оғохон оид ба рушд баррасӣ шуданд.
Карим Оғохони 4 аз расман сабти ном шудани Маркази фарҳангии исмоилия дар шаҳри Душанбе ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, арзи сипос намуда, ин амалро нишонаи возеҳи озодии дину эътиқод ва таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон маънидод кард.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳо ва муҳтавои ҳамкории бисёрсола, аз ҷумла доир ба ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, обрасонӣ, энергетика ва бунёди роҳу пулҳои мошингард, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон густариши бештари робитаҳои судбахшро зарур донистанд.
«Аксари лоиҳаҳои Тоҷикистон, ки бо ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Созмони Оғохон оид ба рушд амалӣ шудаанд ва ё татбиқашон идома дорад, дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, аз ҷумла ба нафъи мардуми Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа низ хизмат мекунанд»,- таъкид гардид зимни суҳбат.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.04.12    №: 43    Мутолиа карданд: 411

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед