logo

президент

Баррасии лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав ва дигар масоили беҳсозии фазои сармоягузорӣ

10 апрел дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҷаласаи нуҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, роҳбари нави Котиботи Шӯрои машваратӣ ва аъзои нави онро, ки аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод шудаанд, муаррифӣ намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, Завқиҷон Завқиев роҳбари нави Котиботи Шӯрои машваратӣ интихоб шудааст. Роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳодҷон Акбаров, директори кулли Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи ”Помир Энерҷӣ” Далер Ҷумъаев, роҳбари Иттифоқи ассотсиатсияҳои соҳибкорони вилояти Суғд Маъсуда Тюряева ва директори кулли Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқии обии ”Сангтуда-1” Геннадий Ругин ба узвияти шӯро пазируфта шудаанд.
Дар кори ҷаласа Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов, муовини якуми сарвазир, Фаррух Ҳамралиев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, Давлаталӣ Саидов, котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғайбулло Авзал, раиси вилояти Хатлон, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатии бахши иқтисодӣ, шахсони масъули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони хориҷии рушди Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қаблии шӯро, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ахбори раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои лоиҳаи рӯзномаи кории ҷаласаи оянда баррасӣ шуданд.
Зимни гузориши Давлаталӣ Саидов, котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, доир ба рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои қаблӣ аз ҷумла зикр гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти босамари Шӯро чанд тағйиру иловаи муҳим ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Корҳо барои таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, “Дар бораи истифодаи қаъри замин” ва лоиҳаи “Барномаи ҷолибгардонии соҳаи истифодаи қаъри замин” идома доранд.
Ба рафти фаъолияти Шӯрои машваратӣ Улф Ҳиндстром, роҳбари намояндагии Бонки аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ва Гулбаҳор Маҳкамова, роҳбари Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон, баҳои баланд доданд.
Доир ба лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав Сафаралӣ Наҷмуддинов, раиси Комиссияи давлатӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекс, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ахбор пешниҳод намуд ва дар муҳокимаи ин масъала Некрӯй Забиров, роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, Абдуҳалим Қодиров, директори кулли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёқут-2000” ва Марша Олив, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, иштирок намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, пешниҳодҳои онҳоро доир ба содагардонии низоми маъмурии андозбандӣ ва кам кардани шумора ва ҳаҷми андозҳои мавҷуда ва ба ин восита афзун намудани шумораи андозсупорандагон дар маҷмуъ, мавриди дастгирӣ қарор дода, ҳамзамон таъкид дошт, ки роҳҳо ва манбаъҳои ҷуброн кардани коҳиши даромад ба буҷети давлатӣ бояд дарёфт карда шаванд. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҳамчунин таъкид дошт, ки давлат омода аст, тамоми сабукиҳоро ба соҳибкорону сармоягузорон диҳад, вале онҳо низ дар навбати худ бояд дар назди давлат ва мардум, пеш аз ҳама кормандони соҳаҳои буҷетӣ, масъулияти баланд дошта бошанд ва даромадҳои воқеии худро аз андозсупорӣ пинҳон надоранд.
Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти кишвар, қайд намуд, ки воридшавии маблағҳо ба буҷети давлатӣ на аз ҳисоби баланд бардоштани меъёри андозҳо, балки аз ҳисоби зиёд кардани шумораи андозсупорандагон, васеъ намудани сарчашмаҳои андозбандӣ, ҳавасмандгардонии ташаббусҳои соҳибкорӣ, таъмини сатҳи баланди иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ва коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ бояд таъмин карда шавад.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, низоми андозбандӣ бояд чунин ба роҳ монда шавад, ки аз як тараф давлат ва ҷомеа бо захираҳои молиявӣ таъмин гардад, аз ҷониби дигар ташаббусҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҳавасманд бошанд.
Аз ин лиҳоз ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи Кодекси андозро бори дигар омӯхта, таклифу пешниҳодоти соҳибкорону сармоягузорон ва дигар андозсупорандагон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва шарикони хориҷии рушдро ҳангоми такмили он ба инобат гирад.
Супоришҳои мушаххаси дигар ва пешниҳоди мавзуъҳои ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои машваратӣ дар заминаи суханронии ҷамъбастии Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти кишвар, ҳисоботи Ғайбулло Авзал, раиси Шӯрои минтақавии вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, дода шуданд. Аз ҷумла то ҷаласаҳои ояндаи Шӯро бояд лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, масъалаҳои содагардонии расмиёти маъмурӣ барои сармоягузорон, таҳлил оид ба бартараф намудани монеаҳои иловагии маъмурӣ барои фаъолиятҳои соҳибкорие, ки тавассути иҷозатнома амалӣ карда мешаванд ва дигар масъалаҳои мубрами рушди фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ омода карда шаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.12    №: 46    Мутолиа карданд: 12716

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед