logo

энергетика

Арзиши барқ боз боло рафт. Чаро?

Қаблан Хадамоти матбуоти ШСХК "Барқи Тоҷик" тавассути сайти худ -barkitojik.tj  асос ва сабабҳои баланд шудани нархи барқро дар кишвар пурра шарҳ дода буд. Вале баъди изҳори назари эътирозии Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар матолиб дар матбуот нисбат ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди нархи барқ зарур мешуморем, ки ин тасмимро бори дигар барои хонандагон шарҳ диҳем. Ҳам Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳам баъзе намояндагони ВАО шояд  бо вазъи кунунии молиявӣ-истеҳсолии системаи энергетикии Тоҷикистон ошно нестанд ва  аниқ дарк намекунанд, ки алҳол бе гузаронидани ислоҳоти нарх на танҳо талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакатро ба барқ наметавон қонеъ кард, балки ҳифзи коршоямии системаи энергетикии кишвар  низ  дар чунин вазъият зери хавф мемонад.
Дуруст аст, ки сатҳи зиндагии мардуми мо баланд нест. Вале набояд фаромӯш кард, ки айни замон воситаи аз ҳама дастрас ва асосии ин мардум неруи барқ асту дар фасли зимистон аҳолии кишвар аз он пурра бархурдор нест ва агар система рушд накунад, иншоотҳои нав бунёд наёбанд, мардумро мувофиқи талаботи рузафзун бо барқ дигар аз тариқи маҳдудсозӣ таъмин намудан ғайриимкон мегардад. Дар ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати амиқ дорад. Тавсияҳои институтҳои молиявӣ ва иқтисодии байналмилалиро меомӯзад, вале ба онҳо тобеъ нест. Агар ҳукумат аз рӯи тавсияи Бонки ҷахонӣ пурра амал менамуд, нархи барқ барои аҳолӣ дар ҷумҳурӣ то ба имрӯз ба 19,44 дирам мерасид. Гап сари он аст, ки дар ду соли охир нархи тамоми маҳсулоти саноатӣ ва воридотӣ бамаротиб боло рафт, вале нархи барқ бетағйир монд. Аммо ҳоло бо он нархномае, ки ду сол боз мавриди амал аст, системаи энергетикии кишвар дигар наметавонад талаботи таъминот бо барқро ҳатто  дар сатҳи имрӯза иҷро намояд.
Дар заминаи сиёсати амиқи энергетикии Президенти кишвар ва   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии стратегӣ эълон шудааст, дар кишвари мо соҳаи энергетика, махсусан бунёди иншоотҳои нав, хеле муваффақ ва пешрав аст. Тасаввур намоед, ки агар имрӯз неругоҳҳои "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" фаъол намебуданд, НБО-и Норак қисман таъмир намегардид ва хати интиқоли барқи 500 киловолтаи "Ҷануб-Шимол" бунёд намеёфт, мо ба чӣ ҳол меафтодем? Аниқ аст, ки муҳтоҷу дастнигар мешудем. Ду роҳ боқӣ мемонд - ё кишварҳои ҳамсоя ба мо барқ намедоданду дар зулмат мемондем ё онро бо арзиши бисёр гароне мефурӯхтанд. Воқеан, як мақсади аз системаи электроэнергетикии давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷудо кардани мо низ ана дар ҳамин буд. Ҳарчанде ки дар ин система будани Тоҷикистон ба кулли ҳамсояҳо манфиатбахш аст, моро ҷудо карда, интизор буданд, ки вилояти Суғд бебарқ мемонад ва мо дар наздашон сархам мешавем. Сар хам накардем: ХИБ 500 "Ҷануб-Шимол"-ро якуним сол пеш аз муҳлат, "Сангтӯда-1"-ро дар муҳлати муайяншуда ба истифода додем, навбати аввали "Сангтӯда-2"  ба кор сар кард. Ҳоло дар як шабонарӯз ин ду неругоҳ қариб  9 миллион кВт.соат ва аз ибтидои соли равон мутаносибан, 150 ва 45 миллион  кВт.соат барқ истеҳсол намуданд.
Вале барқи онҳо бепул нест. Мо аз ҶСК "Сангтӯда-1" неруи барқро   мутобиқ бо арзиши аслии маҳсулоти (неруи барқи) истеҳсолнамудаи онҳо  харида, онро мутобиқи тарифи аз 29 декабри соли 2009 қабулшуда, ба муштариён мефурӯшем. Яъне бо нархи баланд харида, барои он ки мардум бо барқ таъмин бошад, арзон мефурӯшем. Дар зарфи чор сол, солҳои 2008-2011, ширкат аз ин ҳисоб ба маблағи 148,0 млн.сомонӣ зарари молиявӣ дидааст. Паст будани тариф ба ширкати "Барқи Тоҷик" имкон намедиҳад, ки маблағи барқи ҶСК НБО -и "Сангтӯда-1"-ро пурра пардозад ва ҳамзамон қарзи ширкат дар назди ҶСК НБО-и "Сангтӯда-1" ба 218 млн.сомонӣ баробар шудааст.
Соли ҷорӣ ШСХК "Барқи Тоҷик"аз НБО-и "Сангтӯда-2" энергияи барқро бо арзиши боз ҳам баландтар мехарад ба хотири таъмини беҳтари аҳолии кишвар, вале ин бар зарари молиявии ширкат мебошад. Бо вуҷуди кумаки беандоза расониданашон дар таъмини барқ роҳбарияти ҳам "Сангтӯда-1" ва ҳам "Сангтӯда-2" барқи истеҳсол менамудаашонро аз рӯи арзиши аслии маҳсулот мефурӯшанд, ки ин дар шароити иқтисоди бозорӣ амали муқаррарист; онҳо бар зарари худ кор кардан намехоҳанд. Ва то вақте ки мо низ нархи неруи барқи худро аз рӯи арзиши аслии маҳсулотамон ба хотири худтаъминкунӣ ва такрористеҳсолкунӣ ислоҳ насозем, соҳаи гидроэнергетикаамон рушд  ва вазъи   таъминот бо барқ беҳтар нахоҳад шуд.
Бисёриҳо ақида доранд, ки барои истеҳсоли энергияи барқ дар неругоҳҳои Тоҷикистон, ки онҳо неругоҳҳои барқи обиянд ва манбаи истеҳсоли он - об бепул мебошад, хароҷот қариб ки вуҷуд надорад. Онҳо намедонанд, ки баробари дигар хароҷотҳои барои коршоям нигоҳ доштани иншооти барқӣ зарур, барои оби он  ҳам пул сарф мешавад. Дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ширкати "Барқи Тоҷик" аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо аз 32 то 35 млн.сомонӣ тариқи роялтӣ андозбандӣ мешавад. Илова бар ин, ташхиси ҳолати техникии иншооти барқии ҷумҳурӣ, ки аз тарафи ширкати Олмонии Fichner дар соли 2011 гузаронида шудааст, андешидани тадбирҳои ҳатмӣ ва фавриро бобати таҷдид ва аз нав барқарор намудани неругоҳҳои Норак, Қайроққум, Сарбанд, силсиланеругоҳҳои Варзоб, инчунин як қатор хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои баландшиддат зарур мешуморад. Аз рӯи нақша танҳо барои таҷдиди неругоҳҳо  дар солҳои 2012-2020 ҷалби 1,87 миллиард доллари ИМА зарур шуморида мешавад. Ҳаҷми маблағгузории лоиҳаҳои таҷдид дар асоси меъёрҳои техникии байналмилалии муҳлатҳои кафолатии истифодаи таҷҳизоти асосии неругоҳҳо таҳррезӣ гардидаанд. Барои неругоҳҳои барқи обӣ ин муҳлати кафолатии истифодаи  бехатари таҷҳизоти  асосӣ 30 сол муайян шудааст. Аммо агрегатҳои НБО-ҳои Норак- солҳои 1972-79, Сарбанд-солҳои 1962-63, Қайроққум-солҳои 1956-57, "Варзоб-1"-соли 1936, "Варзоб-2"-соли 1949,"Варзоб-3"- соли 1952 ба истифода дода шудаанд. Ҳеҷ муболиға намешавад, агар бигӯем, ки онҳо дар ҳолати пешазсадамавӣ фаъолият доранд ва ба таҷдиди  ҷиддӣ эҳтиёҷманданд. Бояд қайд кард, ки иқтидори умумии ин неругоҳҳо 3436 МВт-ро ташкил дода, дар он  зиёда аз 75 фоизи барқи солонаи ҷумҳурӣ истеҳсол мешавад. Дар ҳолати наандешидани чораҳои фаврӣ оид ба таҷдид ва аз нав барқарор намудани онҳо таъмини бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ дар солҳои наздик зери хавф мемонад. Паст будани тарифи неруи барқ, ки бозгашти маблағҳои сармоявиро таъмин карда наметавонад, ҷалб намудани сармояи хориҷиро бобати татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти муҳими энергетикӣ номумкин гардонидааст.
Ҳамин тариқ, барои баланд бардоштани эътимоднокии барқтаъминкунии муштариён, ширкати "Барқи Тоҷик" дар неругоҳҳо, шабакаҳо ва зеристгоҳҳои барқӣ корҳои зиёди таъмирӣ ва азнавсозиро анҷом медиҳад.  Хароҷоти умумии истеҳсолии ширкат бо назардошти хариди сӯзишворӣ (мазут ва гази табиӣ) барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе,  хариди энергияи барқ аз НБО-ҳои  "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" ва пардохти андозҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, соле 850-900 млн.сомониро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин хароҷотҳо ба тарифи энергияи барқ ворид гардидаанд.
Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ" ба номгӯи (реестри) субъектҳои монополияи табиӣ шомил  буда, танзими фаъолияти ширкат дар масъалаи нархгузории энергияи барқ ва гармӣ ба салоҳияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Ширкати "Барқи Тоҷик" ба хадамоти мазкур тарҳи хароҷот ва даромади ширкатро барои соли 2012 барои омӯзиш пешниҳод намуда буд. Мувофиқи тарҳи мазкур дар соли 2012  хароҷоти ширкат (бе назардошти маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионии бахши энергетика) дар ҳаҷми 995 млн.сомонӣ дар назар аст. Маблағи энергияи барқи ба муштариён интиқолшаванда (аз ҳисоби интиқоли барқи фоиданок ба муштариён) дар ин давра бо назардошти тарифҳои амалкунанда 1099 млн.сомониро ташкил хоҳад дод.  Даромад аз фаъолияти ширкат 104 млн.сомониро ташкил медиҳад (1099-995=104). Аз маблағи даромад аз фаъолияти ширкат 15%, яъне 15,6 млн.сомонӣ андоз аз фоида бояд пардохта шавад, ки дар натиҷа фоидаи соф ба 88,6 млн.сомонӣ баробар хоҳад шуд (104-15,6=88,6). Бояд қайд намуд, ки фоидаи мазкур танҳо дар ҳолати пурра (100%) пардохтани маблағи барқи истифодашаванда аз ҷониби муштариён имконпазир мегардад.
Дар сурати 100% пардохтани маблағи энергияи барқ аз ҷониби муштариён, гарчанде ки ширкати "Барқи Тоҷик" хароҷотҳои истеҳсолии худро пӯшонад ҳам, аммо пардохтҳои ширкат дар назди буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби андозҳо, дар назди ҶСК НБО-и "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2"  ғайриимкон мегардад.
Дар заминаи ҳамин таҳлил аз 1 апрели соли 2012 нархи барқ дар ҷумҳурӣ ба қадри 25 фоиз, аз ҷумла барои аҳолӣ андаке зиёдтар аз 20 фоиз, баланд бардошта шуд. Муштариёни маишӣ (аҳолӣ), ки то ин дам барои ҳар кВт.соат 9 дирам маблағ медоданд, акнун 11 дирам маблағ месупоранд.

Хадамоти матбуоти
ШСХК "Барқи Тоҷик"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.12    №: 46    Мутолиа карданд: 922

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед