logo

илм

Нодир Одилов – падидаи тозае дар олами илм

«Тоҷикистон ҳамеша барои банда бо таъриху тамаддун ва мавқеи ҷуғрофию миллати шарафманди хеш ҳамчун чашмаи баракату илму ирфон ва маънавиёте, ки асрҳост ҷараён дорад, дар қалбу руҳи ман ҷо гирифтааст. Мероси қадимаи Тоҷикистони ҷавон он қадар дурахшон ва муҳташам аст, ки дидаи афроди ба чашми кам бинандаро хира месозад. Шахсан ман дар он боварам, ки аҳли илму фарҳанг ва сиёсати имрӯзаи тоҷик ин шуур ва мероси таърихиро ба наслҳои нав дода истодаанд».
Ин матлаб порае аз паёми Фатҳуллоҳ Гулен, донишманди турк ва  мутафаккири барҷастаи Шарқу Ғарб, аст, ки дар ҳамойиши илмие таҳти унвони «Мавлавишиносии муосири тоҷик» дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд. Ин конфронс, ки бо ҳузури арбобони илму фарҳанг, доираи васеи олимон, шоиру нависандагон доир гардид, ба 80-солагии профессор Нодир Одилов, донишманди варзидаи тоҷик, узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия, иттифоқ афтод.
Мамадшо Илолов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, хидматҳои Нодир Одиловро дар рушди илми фалсафа ва пажуҳишоти ӯро дар мавриди исломшиносиву мавлавишиносӣ бесобиқа унвон кард. Зикр шуд, асарҳои илмие, ки ба қалами ӯ тааллуқ дорад, барои дигарон чун дастури методӣ хидмат мекунанд.
Дар ҳамойиш таъкид гардид, ки назари борикбин ва воқеан илмии Нодир Одилов дар асари мондагораш «Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ» (1964) ҷамъбасти мантиқии худро ёфта буд. Ин асар дар замони шӯравӣ нахустин тадиқоти ҷиддие буд, ки ба таҳлили ҷаҳонбинии пири хиради Машриқзамин бахшида шудааст. Баъдтар осору шахсияти Мавлонои Рум борҳо ҳадафи пажуҳишоти олимон қарор гирифта, номгӯи китобҳои зиёд низ таълиф шудаанд, вале то ба ҳол бартарияти китоби Нодир Одилов дар бозкушоии фалсафаи Мавлавӣ чун ҳақиқати баҳснопазир боқӣ мондааст. Ин аст, ки  муҳаққиқони зиёде онро чун падидаи ҷадид дар шинохти фалсафаи Ҷалолиддини Румӣ унвон кардаанд.
Нодир Одилов дар ҳеҷ маврид аз мубоҳисаҳои илмӣ наҳаросидааст, балки худ дар бисёр ҳолат ташаббускори баррасиҳои илмии масоили гуногун будааст. Аз ҷумла ӯ ҳанӯз соли 1987 дар назди кафедраи фалсафаи Донишкадаи забонҳои ҷумҳурӣ маркази мубоҳисавӣ таъсис дод, ки ҳар нафари соҳибзавқ метавонист  иштирокчии фаъоли он бошад ва аз баҳсу баррасиҳо баҳра гирад.
Ба қавли Фатҳуллоҳ Гулен, Нодир Одилов аз зумраи мутафаккирони муосирест, ки дар роҳи илму ирфон барои инсоният хидмат намудааст.
Кароматулло Олимов, ноиби президенти Академияи илмҳо,  Акбар Турсунов, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Абдувоҳид Шамолов, директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии АИ, Атахон Сайфуллоев, адабиётшинос ва дигарон дар суханрониву маърузаҳои хеш ба саҳми намоёни Нодир Одилов дар олами илму фарҳанг ва ба камол расондани шогирдони зиёд арҷ гузоштанд. Дар ҳамин ҳол, Амсол Коч, роҳбари Маркази муколамаи АврОсиё дар Тоҷикистон, изҳор дошт, ки Нодир Одилов дар зарфи фаъолияти бисёрсолаи худ ба ним миллион шогирд дарс гуфтааст.
Асарҳои пурарзиши ӯ,  назири «Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ» (1964), «Ислом дар оинаи ақл» (1971), «Ихтилофи ақоид ва низоъҳои мазҳабӣ дар ислом» (1974), «Ислом ва сотсиализм» (1982) дар байни муҳаққиқон ва доираи васеи хонандагон маъруфияти зиёд доранд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.12    №: 49-52    Мутолиа карданд: 1357

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед