logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТИИ МОЛ, КОР ВА ХИЗМАТРАСОНӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №3, мод. 158) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 баъд аз калимаҳои "сангҳои қиматбаҳо" калимаҳои, инчунин барои рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ҳолатҳои ногаҳонӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 3:
- дар қисми 1 калимаи "буҷети" ба калимаи "маблағи" иваз карда шавад;
- ба қисми 2 баъд аз  сархати дуюм сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- маблағи муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис додаанд;";
- қисми 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад.
"15. Ҳадди камтарини маблағи харид - нишондиҳандаест, ки барои  моддаи хароҷоти гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ барои як семоҳа муқаррар шуда, то расидан ба он ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад харидро бо тартиби содакардашуда анҷом диҳад. Ҳадди  камтарини маблағи харид барои хариди мол ба дусаду панҷоҳ, барои кор ва хизматрасонӣ ба сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст.".
- қисми 7 хориҷ карда, қисмҳои 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18 ва 19 мувофиқан қисмҳои 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17 ва 18 ҳисобида шаванд;
3.Ҷумлаи якуми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:   
  "Бо мақсади  татбиқи  муқаррароти Қонуни мазкур  ҳангоми иҷрои расмиёти хариди давлатӣ огоҳнома ва (ё) хабардиҳие эътироф карда мешаванд, ки дар шакли хаттӣ  таҳия  гардидаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қисми 1 моддаи 45 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст.". 
4. Дар моддаи 8:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Ба шахсоне, ки ҷиҳати намояндагӣ кардани ташкилоти харидор ваколатдор карда шудаанд, манъ аст:";
- дар қисми 2 калимаҳои "хизматчиёни давлатӣ" ба калимаҳои "шахсоне, ки ҷиҳати намояндагӣ кардани ташкилоти харидор ваколатдор карда шудаанд" иваз карда шаванд.
5. Ба қисми 2 моддаи 9 баъд аз  сархати дуюм сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти  давлатӣ таъсис додаанд;".
6.  Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 10 калимаҳои "шахсони мансабдори соҳибихтисос" ба калимаҳои "шахсони мансабдори дорои Сертификати мутахассис оид ба харид" иваз карда шаванд.
7. Дар сархати ёздаҳуми қисми 2 моддаи 12 калимаи "ҳисобот" ба калимаҳои "ҳисоботи семоҳа" иваз карда,  калимаҳои "дар ҳар семоҳа" хориҷ карда шаванд.
8. Дар моддаи 13:
- ба қисми 1 баъд аз  калимаҳои "воҳиди харид" калимаҳои "барои ҳар як хариди алоҳида" илова карда шаванд;
- аз қисми 2 калимаи "ҳамчун" хориҷ карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои "қарордоди амал дахолат" ба калимаҳои "қарордод баромад" иваз  карда шаванд.
9. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 16 баъд аз  калимаҳои "амволи он таҳти гарав" калимаҳои "бо манъи ҳуқуқи истифода бурдан қарор надошта бошад" илова карда шаванд.
10. Дар моддаи 17:
- сархати чоруми қисми 3  хориҷ карда шавад;
- дар қисми 4  калимаҳои "на дертар аз даҳ рӯзи" ба калимаҳои "на дертар аз даҳ рӯз то" иваз карда шаванд.
11. Моддаи 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 18. Реҷаи мусоид барои истеҳсолкунандагони дохилӣ
Бо мақсади дастгирии соҳаи истеҳсолот барои истеҳсолкунандагони дохилӣ реҷаи мусоид татбиқ мегардад, ки қоидаҳои онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.".
12. Ба сархати сеюми қисми 1 моддаи 19 баъд аз  калимаҳои "иттилооти бардурӯғ" калимаҳои ", далелҳои таҳрифкунанда, гумроҳсозанда" илова карда шаванд.
13. Дар қисми 1 моддаи 20:
- дар сархати чорум рақами "80" ба рақами "81" иваз карда шавад;
- сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- нисбат ба вайронкунандагони расмиёти хариди давлатӣ, ташкилотҳои харидоре, ки қарори мақоми ваколатдорро иҷро накардаанд, чораҳои пешбинишудаи ҷавобгарии маъмуриро татбиқ намояд;".
14. Дар моддаи 21:
- ба қисми 2 баъд аз калимаҳои "пешниҳод гардидааст"  калимаҳои ", баррасӣ намуда" ва баъд аз калимаи "довталаби"  калимаҳои "молрасон (пудратчӣ)" илова карда, калимаи "ва" хориҷ карда шавад;
- ба қисми 3 баъд аз калимаи "довталабон," калимаҳои "молрасон (пудратчӣ)" илова карда шаванд.
15. Дар моддаи 24:
- ҷумлаи сеюми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "Интихоби усули дигари хариди давлатӣ танҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор анҷом дода мешавад.";
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Хариди давлатӣ, ки арзиши он аз ҳадди камтарини маблағи харид зиёд нест, метавонад тибқи муқаррароти моддаи 29 Қонуни мазкур сурат гирад.";
- қисмҳои 4 ва 5 хориҷ карда шаванд.
16. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 26 баъд аз  калимаҳои "табиати махсуси худ" калимаҳои ", вазъи баамаломада дар бозори мол, кор ва хизматрасонии мушаххас" илова карда шаванд.
17. Дар қисми 1 моддаи 27:
- дар ҷумлаи якум калимаҳои "ҳадди баландтарини маблағи харид" ба калимаҳои "ду ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд;
- дар ҷумлаи дуюм калимаҳои "маблағи панҷкаратаи ҳадди баландтарини маблағи харид" ба калимаҳои "дувоздаҳ ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд;
- ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Номгӯи ҳолатҳои махсус аз тарафи мақоми ваколатдор бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешавад.". 
18. Дар қисми 1 моддаи 29 калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ба калимаҳои "ташкилоти харидор" иваз карда шаванд.
19. Сархати панҷуми қисми 1 моддаи 32 хориҷ карда шавад.
20. Дар қисми 1 моддаи 33 калимаҳои "як ҳафтаи" ба калимаҳои   "як рӯзи" иваз карда шаванд.
21. Дар қисми 1 моддаи 34:
- дар ҷумлаи якум калимаҳои "Даъватнома ҷиҳати иштирок дар озмуни харид" ва "бошад" мувофиқан ба калимаҳои "Ҳуҷҷатҳои тендерӣ" ва "бошанд" иваз карда шаванд;
- ба сархати шашум баъд аз  калимаҳои "ифодаи пулӣ" калимаҳои "ва ё баҳо (балҳо)" илова карда шаванд;
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои "шакли намунавӣ" ба калимаи "шакл" иваз карда шаванд;
- ба сархати чордаҳум пеш аз калимаи "мӯҳлате" калимаҳои "бо нишон додани" илова карда шаванд.
22. Дар моддаи 35:
- ба қисми 2 баъд аз  калимаҳои "баъди  гирифтани дархост" калимаҳои ", вале то гузаштани мӯҳлати пешниҳоди дархости тендерӣ" илова карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои "ҳуҷҷати гуфтушунид" ба калимаҳои "ҳуҷҷатҳои тендерӣ" иваз карда шаванд.
23. Дар моддаи 37:
- дар қисми 4 калимаҳои "ирсол мегардад" ба калимаҳои "ирсол гардида, ҳамзамон дар ҳамон воситаҳои  ахбори омма ва (ё) Бюллетени хариди давлатӣ нашр мегардад" иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои "ба маблағи камтар аз нархи баландтарини ниҳоӣ" хориҷ карда, ҷумлаҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд: "Татбиқи ҳуқуқи маҳдуд намудани мӯҳлат танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки ягон довталаби эҳтимолӣ тамдиди мӯҳлати маҳдудшударо талаб накарда бошад. Дар мавриди изҳори чунин талабот, мӯҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ ба мӯҳлати иловагии талабшуда тамдид карда мешавад, вале наметавонад аз мӯҳлати дар сархати якуми қисми 2 моддаи мазкур муқарраршуда зиёд бошад. Талаботи тамдиди мӯҳлати маҳдудшуда бояд на дертар аз 3 рӯз то оғози кушодани лифофаҳои дорои дархостҳои тендерӣ пешниҳод гардад. Оид ба тамдид намудани мӯҳлати маҳдудшуда довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои тендериро дастрас намудаанд, огоҳ карда, ҳамзамон дар ҳамон воситаҳои ахбори омма тағйири дахлдор нашр карда мешавад."; 
- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"6. Дар ҳолати татбиқи ҳуқуқи пешбининамудаи қисми 5 моддаи мазкур мӯҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ наметавонад аз рӯзи нашри даъватнома ҷиҳати иштирок дар озмуни харид камтар аз даҳ рӯз бошад. Дар асоси дархости ташкилоти харидор ҳангоми ба миён омадани зарурати хариди фаврӣ, мӯҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ метавонад аз рӯзи нашри даъватнома ҷиҳати иштирок дар озмуни харид камтар аз даҳ рӯз бошад.".
24. Дар моддаи 39:
- ба қисми 2 баъд аз  калимаҳои "кафолати дархости тендерӣ" калимаҳои "бо фоиз" илова карда шаванд;
- дар сархати сеюми қисми 4 калимаи "бо" ба калимаи "то" иваз карда шавад.
25. Дар қисми 3 моддаи 41 калимаҳои "шакли намунавӣ" ба калимаи "шакл" иваз карда шавад.
26. Дар моддаи 42:
- аз қисми 5 калимаи "(предмети)" хориҷ карда шавад;
- ба қисми 6 баъд аз  сархати чорум сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- агар нархи дархости тендерии довталаб аз маблағи барои хариди иҷрои корҳои сохтмон ҷудогардида зиёда аз 10 фоиз камтар бошад;";
- дар қисми 7:
- дар зербанди а):
- аз сархати якум калимаҳои ", бо  назардошти имтиёзе, ки ба молрасонҳои (пудратчиёни) дохилӣ фароҳам оварда мешавад ва мутобиқи моддаи 18 Қонуни мазкур татбиқ мегардад" хориҷ карда шаванд;
- ба сархати дуюм баъд аз калимаҳои "дар ифодаи пулӣ" калимаҳои "ё фоиз" илова карда шаванд;
- аз сархати якуми зербанди б) калимаҳои "бо назардошти имтиёзоте, ки ба молрасонҳои  (пудратчиёни) дохилӣ фароҳам оварда шудааст ва мутобиқи моддаи 18 Қонуни мазкур татбиқ мегарданд"  хориҷ карда шаванд.
27.  Дар моддаи 44:
- сархати дуюми қисми 1 хориҷ карда шавад;
-дар қисми 5 калимаҳои "сархати якум ва дуюми" ба калимаҳои "сархати якуми" иваз карда шаванд.
28. Дар моддаи 45:
 - қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Ташкилоти харидор ӯҳдадор аст на дертар аз  се  рӯзи баъд аз интихоби ғолиби озмун ҳамаи молрасонҳои (пудратчиёни) иштирокдоштаро дар ин хусус бо ҳар роҳи мақбул, ки метавонад дар мавриди зарурат ва минбаъд тасдиқи худро ёбад,  огоҳ созад.";
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Ташкилоти  харидор  ва ғолиби озмун ҳуқуқ доранд дар сурати оғоз нагардидани расмиёти пешниҳоди шикоят тибқи моддаҳои 79-81 Қонуни мазкур қарордоди харидро баъд аз 3 рӯзи огоҳ сохтани иштирокчиёни озмун дар бораи интихоби ғолиби озмун ба имзо расонанд. Дар сурати гузаштани мӯҳлати амали дархости тендерии ғолиби озмун то лаҳзаи бастани қарордод, аз ҷониби ғолиби озмун ба имзо расонидани қарордод тасдиқи розигии ӯ барои дароз намудани мӯҳлати дархости тендерӣ маҳсуб меёбад. Ҳангоми истифодаи усулҳои "Дархости нархнома" ва "Харид аз як манбаъ" қарордоди харид метавонад дар ҳар вақти баъд аз  хотима ёфтани расмиёти интихоби ғолиби озмун, молрасон (пудратчӣ) ба имзо расонида шавад.".
29. Дар моддаи 46:
-  сархати ҳаштуми қисми 1 хориҷ карда шавад;
- ҷумлаи дуюми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "Ташкилоти харидор дар бораи ин ё он харид ба мақоми ваколатдор  ҳар  семоҳа ҳисоботи ҷамъбастиро тибқи шакли аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқшуда пешниҳод менамояд.";
- аз қисми 4 калимаи "ҳаштум," хориҷ карда шавад;
- дар қисми 6 калимаҳои "таҳияи он" ба калимаҳои "ба имзо расонидани қарордод" иваз карда шаванд.
30. Дар қисми 1 моддаи 70 калимаҳои "ҳадди камтарини маблағи харид" ба калимаҳои "ду ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд.
31. Дар қисми 4 моддаи 74 калимаҳои "дар хусуси арзиши қарордод иттилоот" ба калимаҳои "ҳисобот оид ба расмиёти хариди давлатӣ тибқи моддаи 46 Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.
32. Дар моддаи 79:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
"1. Иштирокчиёни расмиёти хариди давлатӣ ҳуқуқ доранд то бастани қарордоди харид ба ташкилоти харидор ва (ё) мақоми ваколатдор шикоят пешниҳод намоянд. Бастани қарордоди харид ҳуқуқи минбаъд ба мақоми ваколатдор пешниҳод намудани шикоятро  маҳдуд намесозад.";
- аз ҷумлаи якуми қисми 2 калимаҳои "дар давоми 15 рӯзи баъди эълони натиҷаҳои расмиёти харид" ва ҷумлаи дуюм хориҷ карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми 3 рақами "6" ба рақами "5" иваз карда, сархати сеюм хориҷ карда шавад.
33. Дар қисми 1 моддаи 80 калимаҳои "баровардани  қарор  дар бораи интихоби суратгирифта" ба калимаҳои  "бастани қарордод"  иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2012, № 815


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" қабул карда шавад.

Раиси  Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 8 феврали соли 2012, №681


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012, № 289


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.12    №: 49-52    Мутолиа карданд: 815

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед