logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 176) тағйиру иловаҳои зерин  ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун ва бобҳои он бо ҳарфҳои калон навишта шаванд.
2. Дар муқаддима калимаҳои "иҷтимоию иқтисодӣ ва фаъолиятро" ба калимаҳои "иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
" - тарбияи ҷисмонӣ - қисми таркибии фарҳанг ва соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ буда, аз маҷмӯи арзишҳои маънавӣ ва моддии дар ҷомеа бавуҷудомада ва истифодашаванда иборат аст, ки ба таҳкими саломатӣ, инкишофи қобилияти ҷисмонии инсон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим равона гардидааст;";
- дар сархати ҳаштум калимаҳои "шахси ҳуқуқии дорои шаклҳои гуногуни" ба калимаҳои "шахси ҳуқуқӣ новобаста аз шакли" иваз карда шаванд;
- сархатҳои чордаҳум, понздаҳум ва шонздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (минбаъд - мақомоти ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаи идоракунии давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ менамояд;
 - намудҳои варзиши миллӣ - қисми таркибии тарбияи ҷисмонӣ, ки таърихан дар шакли фаъолияти мусобиқавӣ ба вуҷуд омада, аз намудҳои гуногуни машқҳои ҷисмонӣ ва бозиҳои ба худ хоси халқӣ бо қоида ва тарзи махсуси ташкили фаъолии ҷисмонӣ иборат аст;
- мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ - мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар байни варзишгарон (тимҳо) бо иштироки  намояндагони на камтар аз панҷ давлат;".
4. Дар моддаи 3:
- дар сархати якум калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои "машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва" ба калимаҳои "машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин" иваз карда шаванд;
- дар сархати шашум калимаҳои "(кӯдакони аз оилаҳои серфарзанд, кӯдакони ятим, маъюбон ва ғайра)" ба калимаҳои "(шахсони имкониятҳои ҷисмонӣ ва рӯҳияшон маҳдуд, маъюбон, кӯдакони ятим, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва ғайра)" иваз карда шаванд;
- сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- ба варзиш ҷалб кардани ҷавононе, ки дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ қарор доранд, инчунин пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла нашъамандӣ, майзадагӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон;".
5. Дар моддаи 5:
- дар сархати сеюм калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 7:
- аз матни модда калимаҳои "(минбаъд - мақомоти ваколатдор)" хориҷ карда шаванд;
-дар сархати панҷум калимаи "ваколатдорро" ба калимаҳои "ваколатдори давлатиро" иваз карда шавад;
- сархатҳои  шашум, ҳафтум  ҳаштум ва нӯҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- аз рӯи намудҳои варзиш мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ташкил мекунад ва мегузаронад;
- фаъолияти илмӣ-таҳқиқотиро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташкил ва ҳамоҳанг карда, натиҷаҳои онро дар амалияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷорӣ менамояд;
- назорати манъи истифодаи маводҳои барангезандаю нерӯафзо (допинг)-ро дар варзиш амалӣ менамояд;
- ба инкишофи намудҳои варзиши миллӣ мусоидат менамояд;".
7. Дар моддаи 8:
- сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- ба инкишофи намудҳои варзиши миллӣ мусоидат менамоянд;";
- дар сархати ҳаштум калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад.
8. Дар сархати сеюми моддаи 9, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 26, қисмҳои     2, 3, сархати дуюми қисми 4 ва қисми 5 моддаи 27, қисми 3 моддаи 28, қисми 3 моддаи 29, моддаҳои 34 ва 36 калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 11:
- дар қисми 3 калимаҳои "якҷо" ва "ваколатдор" мувофиқан ба калимаҳои "якҷоя"  ва "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои "якҷо" ва "ваколатдор" мувофиқан ба калимаҳои "якҷоя"  ва "ваколатдори давлатӣ" иваз карда, пас аз калимаи "тайёр" калимаи "мекунад" илова карда шаванд.
10. Дар қисми 5 моддаи 12 калимаҳои "якҷо", "ваколатдор" ва "санадҳои қонунгузорӣ" мувофиқан ба калимаҳои "якҷоя", "ваколатдори давлатӣ" ва "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 13:
- дар қисми 1 калимаҳои "дар шаклҳои гуногуни" ба калимаҳои "новобаста аз шакли" иваз карда шаванд;
 -дар қисми 2 калимаҳои "худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 15:
- дар қисми 1 калимаҳои "кашидани тамоку, истеъмоли машрубот ва маводи нашъадор," ба калимаҳои "ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла кашидани тамоку, нашъамандӣ, майзадагӣ, инчунин" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи "одамонро" ба калимаи "аҳолиро" иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаи "таблиғи" ба калимаҳои "таблиғи истифодаи" иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои "барномаҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзиширо" ба калимаҳои "барномаҳоро вобаста ба тарбияи ҷисмонӣ, солимгардонӣ ва варзишӣ" иваз карда шаванд.
13. Дар қисми 4 моддаи 17 калимаи "Талабагони" ба калимаи "Хонандагони" иваз карда шавад.
14. Дар қисми 2 моддаи 18 калимаи "якҷо" ба калимаи "якҷоя" иваз карда шавад.
15. Дар қисми 2 моддаи 19 калимаҳои  "ваколатдори" ва "ваколатдор" мувофиқан ба калимаҳои "ваколатдори давлатии" ва "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
16. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 20 калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" ва "якҷо" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ва "якҷоя" иваз карда шаванд.
17. Дар моддаи 23:
- дар қисми 2 калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаҳои "ваколатдор" ва "якҷо" мувофиқан ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" ва "якҷоя"  иваз карда шаванд.
18. Дар моддаи 30:
-дар қисми 1 калимаи "ваколатдор" ба калимаи "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад;
- банди якуми қисми 2 қисми 3 ҳисобида, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Шахсоне, ки ба паҳншавӣ ё истифодаи маводи барангезандаю нерӯафзо (допинг) ва ё дигар воситаҳои манъгардида дидаю дониста мусоидат менамоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
19. Аз сархати даҳуми қисми 1 моддаи 31 калимаҳои "иборат мебошад" хориҷ карда шаванд.
20. Дар моддаи 32:
-  дар қисми 1 калимаҳои "мақомоти худидоракунии           маҳаллӣ"   ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;
- дар қисми 8 калимаҳои "ваколатдор" ва "талабагони" мувофиқан ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" ва "хонандагони" иваз карда шаванд.
21. Дар моддаи 33:
- дар номи модда калимаҳои "солимгардонӣ ва варзишӣ" ба калимаҳои "солимгардонӣ, варзишӣ ва иншоотҳои дигари фароғатию солимгардонӣ" иваз карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаи "солимгардонӣ" калимаи ", варзишӣ" илова карда, калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад.
22. Дар моддаи 35:
- дар қисмҳои 1 ва 6 калимаҳои "тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат" иваз карда шаванд;
- ба қисми 4 пас аз калимаи "меъёрии" калимаи "ҳуқуқии" илова карда шавад;
- дар қисми 5 калимаи "одамон" ба калимаи "аҳолӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми 7 калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад.
23. Дар моддаи 37:
- дар қисмҳои якум ва дуюм калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад;
- қисмҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шуда, пас аз онҳо аломати нуқта гузошта шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2012, № 825

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру
 иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 феврали соли 2012, № 691


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" баррасӣ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ 
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012, № 299


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.12    №: 55    Мутолиа карданд: 651

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед