logo

мулоқотҳо

Президент аз сафирони нави Озарбойҷон ва Британияи Кабир эътимоднома қабул намуд

26 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аз Аббосалӣ Карим огли Гасанов, Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон, эътимоднома қабул намуд.
Зимни суҳбат, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.
"Мо Ҷумҳурии Озарбойҷонро яке аз шарикони муҳими хеш дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил медонем", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат.
Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои қаблан имзошудаи миёни ду кишвар ва тасмимоти оянда, аз ҷумла тақвияти бештари заминаи қарордодию  ҳуқуқии  ҳамкории  гуногунҷанба, зоҳир карда шуд.
Натиҷаҳои ҷаласаи аввали Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, боиси умедворӣ ба густариши минбаъдаи робитаҳо арзёбӣ гардид.
Зикр гардид, ки он рӯзҳо самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабуку вазнин, гидроэнергетика ва нафту газ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, фарҳанг ва туризм мушаххас гардонида шуданд.
Сафири нави Озарбойҷон азми устувори худро барои саҳмгузории намоён дар татбиқи амалии нақшаҳои судбахши ҳамкорӣ таъкид намуд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҳамчунин аз Робин Ҷереми Орд - Смит, Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон, эътимоднома қабул намуд.
Дар мулоқот, ки пас аз маросими эътимодномасупорӣ ҷараён гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.
"Боиси қаноатмандӣ аст, ки Британияи Кабир имрӯз дар қатори дӯстону хайрхоҳони мо қарор дорад ва онро мо яке аз шарикони муҳими хеш дар минтақаи Аврупо медонем", - гуфт зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон ва афзуд, ки "мо хоҳони тавсеаи ҳамкории пойдору гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо Британияи Кабир мебошем".
Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории минтақавии ду кишвар дар соҳаҳои мудофиа ва амният, аз ҷумла дар чаҳорчӯби муборизаи муштараки зиддитерростӣ ва сулҳсозии нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон, ҳамзамон густариши ҳамкории мутақобилан судбахши иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Британияи Кабир зарур шумурда шуд.
Зимнан Робин Ҷереми Орд - Смит ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои мавзеъгирии шоиста дар мусоидат ба нерӯҳои посдори сулҳ ва ҳам саҳми намоёни кишвари мо дар бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёти Афғонистон арзи қадрдонӣ намуд.
Робин Ҷереми Орд - Смит, ҳамчунин изҳор дошт, ки "ҷалби сармояи зиёди Британияи Кабирро ба Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии замони сафирии худ дар ин ҷо" қарор додааст ва барои ин пайваста ҷаҳду талош хоҳад кард.
Барои ин, ҳамчунин тақвияти бештари заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла ба имзо расондани як зумра санадҳои нав зарур дониста шуд.
Ҳар ду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба таъкид намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.12    №: 56    Мутолиа карданд: 536

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед