logo

маориф

Маорифи Бадахшон дар ҳоли рушд аст

Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро муттасил идома медиҳад.

Аз Паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 апрели соли 2012


Маориф соҳаи пешқадами ҳаёти ҷомеаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабу маориф афзалияти зиёдеро доро гашт.  Махсусан, пешниҳоду супоришҳои Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳа нумуи тоза бахшиданд.
-Боиси хушнудист, ки ҳар сол ба рушди маориф маблағҳои зиёд ихтисос мегарданд,- мегӯяд Ғарибшо Ғарибшоев, сардори раёсати маорифи ВМКБ. Танҳо дар соли 2011 барои соҳаи маорифи вилоят аз буҷети давлат 46 миллиону 654 ҳазору 028 сомонӣ ҷудо шуд. Ба ғайр аз ин аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон сохтмони бинои мактаби таҳсилоти миёнаи деҳаи Шаймоқи ноҳияи Мурғоб анҷом ёфт.
Моҳҳои август ва сентябри соли 2011 бинои  мактаби президентии шаҳри Хоруғ, мактабҳои деҳаҳои Шод ва Сумҷеви ноҳияи Роштқалъа, деҳаҳои Лугад, Удоб ва Рованди ноҳияи Ванҷ, деҳаи Емси ноҳияи Рӯшон ва ноҳияи Мурғоб, бинои нави Донишкадаи такмили тахассуси касбии  вилоят ва хобгоҳ барои 200 нафар бо тамоми шароит дар назди литсейи касбӣ-техникии рақами 77-и деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон мавриди истифода қарор гирифтанд. 10 синфхона дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон,10 синфхона дар маркази ноҳияи Ванҷ, 8 синфхона дар деҳаи Ғудараи ноҳияи Рӯшон, бинои мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои 480 ҷой ва кӯдакистон дар ноҳияи Дарвоз бунёд ёфтанд. Умуман ба сохтмону таъмири биноҳои муассисаҳои таълимӣ беш аз 70 миллион сомонӣ масраф гардид, ки чунин корҳои ободонии соҳаро то кунун касе дар ёд надорад.
Ҳамзамон таъминоти муассисаҳо бо таҷҳизот (мизу курсӣ, тахтаи синфӣ, ҷевони китоб, либосовезак, рӯйҷо ва ғайра) дар маркази диққати роҳбарияти маорифи вилоят қарор дорад. Дар ин давра аз ҳисоби Вазорати маорифи ҷумҳурӣ 48 маҷмӯъ мизу курсӣ барои хонандагон , 10 миз ва 28 курсӣ барои омӯзгорон, 1 маҷмӯъ мизу курсӣ барои директор, 6 адад тахтаи синфӣ, 8 адад ҷевони китоб, 1 адад мизу курсии компютер барои мактаби № 5-и деҳаи Сумҷеви ноҳияи Роштқалъа, барои литсейи касбӣ-техникии Навобод 50 адад курсии нарм дастрас гардид.
 Дар муассисаҳои таълимии вилоят алҳол 2148 компютер, 353 принтер ва 382 синфхонаи компютерӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Танҳо дар литсейи касбӣ-техникии Навобод 6 компютер ва 4 принтер дар хизмати муҳассилин қарор доранд.
Пайвастшавии муассисаҳои маориф ба шабакаи интернет  ба рушди бештари соҳа мусоидат менамояд. Боиси хушнудист, ки бо маблағгузории Вазорати маориф ширкати "Вавилон" моҳи феврал раёсати маорифи вилоят, шуъбаҳои маорифи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшонро ба шабакаи интернет пайваст. Бо дастгирии раиси ВМКБ 60 мактаб ба шабакаи интернет пайваст гардид.
Як мушкиле, ки солҳои охир раёсати маорифи вилоят дар ҳалли он душворӣ мекашид, дастрасии китобҳои таълимӣ барои мактабҳои қирғиззабони ноҳияи Мурғоб буд. Хушбахтона, ин масъала бо ҷалби  ЮНИСЕФ ҳал шуд. Созмони мазкур ба таълимгоҳҳои ноҳия 4000 нусха китоб бо забони қирғизӣ ҳадя намуд.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактабҳои вилоят 12 номгӯй китоби дарсиро бо теъдоди 15828 нусха дастрас кард.
Имрӯз дар вилоят 315 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла мактаби президентӣ,174 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 64 асосӣ ва 76 мактаби ибтидоӣ 40809 хонандаро ба таҳсил фаро гирифтаанд.
Дар даври сеюми олимпиадаи байналмилалӣ 43 хонанда ба шаҳри Екатеринбург, 26 нафар ба Туркия сафар кард. Аз шаҳри Анатолияи давлати Туркия 4 нафар бо медали тилло, 4 нафар бо медали нуқра ва 5 нафар бо медали биринҷӣ баргашт. Дар Русия 11 нафар ба  медали тилло, 15 нафар ба медали нуқра ва 17 нафар ба медали биринҷӣ сазовор  гардид.
Бо квотаи президентӣ 136 хонанда ба мактабҳои олӣ дохил шуд. Бо дастгирии Барномаи маорифи Хазинаи Оғохон 8 нафар дар Донишгоҳи славянии шаҳри Бешкек, 2 нафар дар Донишгоҳи миллии Қирғизистон машғули идомаи таҳсил аст. Аз ноҳияи Мурғоб тибқи шартномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Қирғизистон 10 нафар ва бо ёрии Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон 11 донишҷӯ ба мактабҳои олии ин кишвар фаро гирифта шуд.  Алъон 10 хатмкардаи мактабҳои вилоят дар Донишкадаи менеҷменти шаҳри Оренбург, 9 нафар дар Донишгоҳи металлургии шаҳри Нижний-Новгород, 1 нафар дар Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии шаҳри  Маскав, 16 нафар дар Донишгоҳи меъмории шаҳри Томск ва 3 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" дар дигар мактабҳои олии Федератсияи Русия ихтисос мегиранд.

Раҳмони ГУЛЗОР,
 "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.12    №: 56    Мутолиа карданд: 811

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед