logo

маориф

Паёми Президент - роҳнамои имрӯзу фардои мо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар роҳи паймудаи мардуми шарафманди моро дар тӯли як сол мавриди таҳлилу муқоиса қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян намуд.
Воқеан, ҳар як Паёми Президент такони ҷиддие ба пешрафт дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мегардад. Дар Паёми соли гузашта Сардори давлат вазифа гузошта буд, ки дар давоми се соли наздик музди кори кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ду баробар афзоиш дода шавад.

Хушбахтона, ҷаҳде, ки манзураш танҳо кори савоб буд, ба зудӣ амалӣ гардид. Дар навбати аввал музди кори вазифавии кормандони соҳаи маориф ва илми соҳавӣ 30 фоиз, илмҳои академӣ аз 100 фоиз то 3,3 баробар, фарҳангу варзиш ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоию тандурустӣ 40 фоиз ва ҳамаи намуди идрорпулиҳо 40 фоиз зиёд карда шуданд. Боиси хушнудист, ки ин раванд дар соли равон низ идома меёбад. Пешбинӣ гардидааст, ки аз якуми сентябри соли ҷорӣ музди кори кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 60 фоиз, соҳаи фарҳанг 50 фоиз, соҳаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои маориф 40 фоиз, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ 30 фоиз зиёд карда хоҳанд шуд. Афзоиш додани ҳаҷми идрорпулии донишҷӯён то 50 фоиз мӯҷиби афзоиши масъулияти донишҷӯён ба саводомӯзӣ мегардад. Ҳадди аққал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯйи синну сол ба андозаи 30 фоиз зиёд гардида, нафақаи меҳнатӣ то ба 150 сомонӣ расонида мешавад, ки ин яке аз ғамхориҳои бемайлони мақомоти кишвар дар ҳаққи барҷомондагону нафақахӯрон маҳсуб мегардад. Таъкид кардан бамаврид аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳоеро, ки тибқи он музди кори кормандони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ то соли 2014 ду баробар зиёд мегардид, ду сол пеш дар амал татбиқ намуд.
Дар соли 2001 маоши моҳонаи муаллим ҳамагӣ 7, духтур 5, кормандони соҳаҳои фарҳангу иҷтимоӣ 8-10 ва илм 27 сомонӣ буд. Махсусан кормандони илмии мактабҳои олӣ маоши хеле паст мегирифтанд. Ин буд, ки аксари онҳо аз кор дар таълимгоҳи олӣ дида, нишастан дар кунҷи бозорро авлотар медонистанд. Маҳз бо ин сабабҳо агар дар соли 2001 дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав 5 нафар докторони илм, профессорон ва 18 нафар номзадҳои илм, дотсентон кор кунанд, имрӯз бо сабаби афзоиши музди маош ҳам аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҳам аз ҳисоби маблағҳои шартномавӣ, 26 нафар докторҳои илм, профессорон, 73 нафар номзадҳои илм, дотсентон кор мекунанд. Дар назди шуъбаи илми донишгоҳ шуъбаи аспирантура ва докторантура кушода шудааст ва дар айни ҳол зиёда аз 31 нафар аз тариқи рӯзона ва ғоибона муҳассили  он маҳсуб гардида, ба пажӯҳиш машғул аст.
Талабот ба мутахассисони дараҷаи илмҳои соҳаҳои педагогӣ ба мо имконият дод, ки бо иҷозати Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия Шӯрои дифои рисолаҳои докториро аз рӯйи ихтисосҳои назария ва таърихи педагогика, назария ва усули таълиму тарбия (усули таълими математика ва усули таълими физика) кушоем. Аз соли 2008 то имрӯз зиёда аз 40 нафар унвонҷӯ аз рӯйи ихтисосҳои зикршуда рисолаҳои номзадиву докторӣ дифоъ намуданд. Имрӯз маоши моҳонаи докторони илм, профессорон дар донишгоҳи мо аз рӯйи як воҳиди корӣ то 850 сомониро ташкил мекунад. Кӯшиш менамоем, ки минбаъд низ аз ҳисоби маблағҳои шартномавӣ маоши номзадҳои илм, дотсентон ва докторҳои илм, профессоронро баланд бардорем ва онҳоро ба корҳои илмию таълимӣ ва тарбиявӣ ҳавасманд намоем.
Ҳайати профессорону устодони донишгоҳи мо низ чун дигар намояндагони қишри ҷомеаи имрӯза муштоқи ҳарчи тезтар роҳандозӣ шудани ҳадафҳои стратегияи миллии кишвар- таъмини истиқлолияти энергетикиву амнияти озуқаворӣ ва раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошанд, зеро дар шароити буҳрони энергетикиву озуқаворӣ аз ҳама бештар зиёиёни маскуни музофот азоби бебарқиву дигар камбудиҳои рӯзгорро мекашанд. Бинобар ин, мо бовар дорем, ки ислоҳоти дар ин бахш оғозёфтаро Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарбаландӣ амалӣ хоҳад кард. Пешбинӣ шудани сохтмони 70 неругоҳи барқи обии хурд моро муътақид месозад, ки дар солҳои наздик мушкилоти нарасидани барқ паси сар хоҳад шуд. Дар Паём дар қатори соҳаҳои дигар туризм низ яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат муаррифӣ шудааст. Дар ҳақиқат, Тоҷикистон яке аз минтақаҳои мувофиқ ба шароити ҷаҳонгардӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб меёбад. Махсусан, мавзеъҳои Норак, Балҷувону Сарихосор ва Ховалинг, Шуроободу Муъминободу Даштиҷум, Ҷиликул, Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон аз беҳтарин мавзеъҳои туристии кишвар ҳисоб мешаванд. Бо мақсади тарғибу ташвиқи туризм мо соли сеюм аст дар назди факултаи менеҷмент ихтисоси менеҷмент ва туризм ифтитоҳ намудаем.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, барҳақ иброз доштанд, ки "Замони мо замони ниҳоят мураккаб ва печидаи таърихи башарӣ, замони таҳаввулоти бунёдии созмонҳои иҷтимоӣ, замони рушди бесобиқаи илму фановарӣ, иттилоот ва дар маҷмӯъ неруи эҷодии инсон, замони имконияти азими такомули фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ, равобит ва ҳамкории густурдаи халқу кишварҳо ва тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад". Дар иртибот ба ин, изҳори нигаронӣ намудани Президенти мамлакат ҷиҳати костагии арзишҳои бунёдии сирати инсон- ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ асоси воқеӣ дорад. Имрӯз вазифаи  мо аз он иборат аст, ки пеши роҳи чунин паёмадҳои номатлубро гирем ва музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки орзуи чандинсолаи афроди бедордили мамлакат буд, ҳифз намоем. Сардори давлат дар такя ба таҷрибаи ниёгони тамаддунофарамон инсонро падидаи тарбият медонад ва бовар дорад, ки  "Ташаккул ва такомули ҳақиқии инсон раванди пайгир ва огаҳонаи рушди маънавӣ ва ахлоқии ӯ дар робита бо такмили мазмуни инсонгароии низоми иҷтимоист". Бинобар ин, агар мо хоҳем, ки аз хуруҷи харобиовари ҷаҳонишавӣ эмин монему асолат, ҳувият ва сирати миллии худро ҳифз намоем, бояд худшинос ва худогоҳ бошем, то ки мазмуни аслии равандҳову таҳаввулоти иҷтимоиро дарк карда тавонем. Воқеан, зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳолати таълим ва тарбияро дар мактабҳои таҳсилоти миёна тақозокунандаи беҳбудии ҷиддӣ арзёбӣ кард. Дар назди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат омода намудани кадрҳои коргарӣ талаботи бештареро пеш гузошт. Ба фикри мо, имрӯз вақти он расидааст, ки чун даврони шӯравӣ дар мактабҳо таҳсилоти политехникӣ ҷорӣ гардад. Омӯзиши мошинаҳои хоҷагии деҳот ба роҳ монда шавад. Дар шаҳрҳо аз нав эҳё намудани комбинатҳои таълими истеҳсолӣ мувофиқи мақсад мебуд.
Президенти мамлакат оид ба мақоми китоб ҳамчун сарчашмаи донишу тамаддун низ изҳори ақида намуд. Барои пуррагардонии фонди китобхонаи нави вилоят аз тарафи устодону донишҷӯёни донишгоҳ теъдоди зиёди китобҳо туҳфа карда шуд. Имрӯз муассисаи таълимии мо дорои ду китобхона, ки теъдоди 139824 китобро фаро мегирад ва як адад китобхонаи электронӣ мебошад, ки зиёда аз 50 ҳазор китобро дар бар гирифтааст. Ҳамчунин дар ҳамаи 10 факултаи донишгоҳ, ки аз рӯйи 42 ихтисос зиёда аз 11 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсилоти рӯзона ва ғоибона фаро гирифта шудааст, китобхонаҳои алоҳида таъсис додаем.
Сардори давлат барҳақ вазъи қонуншиканӣ дар байни ҷавонон, махсусан ноболиғонро ташвишовар арзёбӣ намуд. Мавсуф ҷараёни иҷрои қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро низ ғайриқаноатбахш маънидод кард. Ин ҳар кадоми моро бори дигар вазифадор месозад, ки дар самти мазкур корро бештару беҳтар ба роҳ монему ҷоннок созем. Ба хотири маърифати бештари ин қонун китоби "Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" (Душанбе: "Маориф ва фарҳанг", 2012, 175 саҳ)-ро ин ҷониб бо ҳамбастагии  олими маъруфи кишвар Маҳмадулло Лутфуллоев барои волидон ва устодону шогирдон интишор намудем, то ки онҳоро дастуру роҳнамо бошад.
Дар донишгоҳ ҷиҳати татбиқи саривақтии Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 низ корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ки дар заминаи мулоқот бо варзишгарон аз 20 декабри соли 2010 баён гардид, толорҳо ва майдончаҳои варзишии донишгоҳ таъмир гардида, бо таҷҳизоти нав таъмин карда шуд. Донишгоҳ дар тайёр кардани варзишгарони мамлакат саҳми арзанда дошта, бо номи дастпарваронаш Сиёвуш Улмасов, Саид Асроров, Зокир Аслонов (бозигарони дастаи футболи "Вахш"-и Қурғонтеппа), Соҳиб Сувонқулов (бозигари дастаи футболи "Истиқлол"), Набимуҳаммад Хоркашев (қаҳрамонии Осиё оид ба самбо), Абдурашид Ҳасанов (қаҳрамони Тоҷикистон оид ба дастхобонӣ), Азиз Мираков (қаҳрамони Тоҷикистон оид ба таэквандо), Саид Аврангов (қаҳрамони вилоят оид ба тирандозӣ) ва дигарон ифтихор дорад.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати давронсоз ва ҳадафманд буда, моро муваззаф месозад, ки "ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем". Махсусан, эътимоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи мардуми фарҳангиву таҳаммулгароямон ва заҳмати содиқонаву софдилонаи халқҳои Тоҷикистон моро ба ободу зебо шудани Ватанамон, дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ мақоми шоиставу арзандаро соҳиб гардидани он дилпур месозад ва умед мебахшад, ки "Барои фарзандону набераҳоямон як мулки ободу давлати нерумандро ба мерос мегузорем".

Т. ШУКУРЗОД,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор,
ректори Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа
ба номи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.12    №: 58    Мутолиа карданд: 721

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед