logo

сафарҳо

Гузориши муфассал аз ҷараёни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Федератсияи Русия

15-уми май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дод.

Барои иштирок дар иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сарони ҳамаи давлатҳои аъзои созмон дар қасри Кремл ҷамъ омаданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон аъзоянд.
Дар иҷлосия, ки ба замони солгарди 20-уми ба имзо расидани Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ рост омад, натиҷаҳои фаъолияти созмон дар ин солҳо ва вазифаҳои дурнамо, ҳамчунин масоили вобаста ба авзои сиёсӣ дар минтақаҳои доғи ҷаҳон ва ҳамгироии сиёсии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба таври муфассал баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд, албатта, ба идомаи корҳо барои ташкил додани неруҳои минтақавии ҳарбию амниятии созмон, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ пурзӯр намудани ҳамоҳангии фаъолияти муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, кочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа ва бо ҷинояткории созмонёфтаи трансмиллӣ, зоҳир гашт.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро неруи муҳимтарини амниятӣ дар минтақаи масъулияти он номида, таъкид дошт, ки "муттаҳидшавии дохилии созмон ва боло бурдани омодагии ҳарбии неруҳои он аз вазифаҳои умда дар марҳилаи кунунӣ мебошад".
Дар охири ҳамоиш Изҳороти муштараки сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба имзо расид.
Худи ҳамон рӯз дар қасри Кремл ҳамчунин мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо иштироки сарони ҳамаи кишварҳои он баргузор гардид.
Зарурати тақвияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар доираи он аз ҷониби сарони ҳамаи давлатҳо таъкид ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, таъкид дошт, ки барои ҷоннок намудани фаъолияти он иҷрои босамари Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, Минтақаи савдои озод, Барномаи ҳадафманди байнидавлатӣ доир ба ҳамкории инноватсионӣ барои давраи то соли 2020, Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои то соли 2020 ва дигар санадҳо амри зарурист.
Дар ҳошияи ин ҳамоишҳо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия, мулоқоти хосаи дуҷониба анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамшарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.
Владимир Путин аз ҳамкории иқтисодӣ ва ҳарбии Русияву Тоҷикистон ва робитаҳои судманди миёни минтақаҳои ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, иттилоъ дод, ки имрӯз "70 субъекти Русия бо минтақаҳои Тоҷикистон ҳамкории рушдёбанда дорад".
Эмомалӣ Раҳмон низ бо ёдоварӣ аз ҳамкории судбахши низомӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии ду мамлакат изҳор дошт, ки "миёни Тоҷикистону Русия ягон масъалаи ҷиддии ҳалношуда вуҷуд надорад, чанд масъалаи ҳалталабе, ки ҳаст, мо бо назардошти манофеи ҳар ду ҷониб ҳаллу фасл менамоем". Ӯ ҳамчунин изҳор дошт: "Мо ҳамеша ба манфиатҳои шарики стратегиамон дар кишвари худ эҳтиром мегузорем ва Русия низ ба манфиатҳои Тоҷикистон бояд ҳамин гуна муносибат дошта бошад".
Владимир Путин дар посух изҳор дошт, ки "маҳз ҳамин хел мешавад".
Сарони ду давлат ба зердастони худ дастур доданд, ки барои муҳокимаи муфассали масоили ҳалталаб дар ояндаи наздик ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии ду кишварро баргузор намоянд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории миёни ду давлат зоҳир гашт. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту газ ва дигар захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон минбаъд боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
Таҳким ва густариши ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла масоили дароз намудани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201 - уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, дастгирии моддию техникии сохторҳои низомии Тоҷикистон, аз ҷумла неруҳои сарҳадӣ, омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси низомӣ, аз мавзуъҳои асосии суҳбат буд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба беҳсозии фазои сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илму техника ва фарҳанг сурат гирифт.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии сиёсии Тоҷикистону Русия дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи андеша сурат гирифт.
Бо ҳамин барномаи сафар ба поён расид ва Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, шаби 15-ум ба 16-уми май аз Маскав ба Ватан омад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.12    №: 63-64    Мутолиа карданд: 606

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед